Зеҳн

УМАРИ ХАЙЁМ – ШОИРИ МУМТОЗ ВА РИЁЗИДОНИ БАРҶАСТА

ВА
Валиев Султон9 ноябри 2024 · 8 дақиқа хондан

Осори гаронбаҳои риёзидонҳои Машриқзамин аз қабили Муҳаммад ибни Мусо Хоразмӣ, Умари Хайём, Абурайҳон Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигарҳо барои рушди илми риёзии башарият хизмати босазо дорад. Ин нуктаро ағлаби муттафаккирони ҷаҳон таъкид кардаанд ва эътироф намудаанд. Яке аз мутаффаккирони барҷаста, олими файласуф, тиб, забоншинос, шоир, риёзидон ва донандаи илми нуҷум, ҳаким Ғиёсиддин Абулфатҳ ибни Иброҳим Умари Хайём маҳсуб мешавад, ки соли 1048 дар Нишопур чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар ҳамин шаҳр соли 1123 оламро падруд гуфтааст. Ҳарчанд Умари Хайём тавассути рубоиёташ машҳури олам гардида, вале осори илмии ӯ, бахусус дар риштаи риёзӣ рисолаҳои зиёде таълиф намуда, ки қимати бузургеро молик аст. Бар замми ин, бори устодиро низ бар дўш дошта, чунонки худ ишора дорад:

Якчанд ба кӯдакӣ ба устод шудем,

Якчанд зи устодии худ шод шудем.

Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид,

Чун об баромадему чун бод шудем.

Қайд мекунем, ки дар маҷаллаи Илм ва ҳаёт, рақами 3 соли 2019 аз тарафи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А. Маҳмадаминов ва М. Солеҳов ба тариқи тақриз ба нашри нави рубоиёти Умари Хайём, ки аз ҷониби Р.Ҳ. Раҳимзода ба нашр омода шудааст, маводи хеле хубе пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар он гуфта мешавад, ки дар ин маҷмӯа нисбат ба нашрҳои пештараи рубоиёти Умари Хайём миқдори рубоиҳо бештаранд (466 рубоӣ). Ин маҷмӯа ба арзиши илмии бештар соҳиб буда, барои мутахассисони соҳа, аҳли адабу фарҳанг ва муҳаққиқон арзишмандтар мебошад.

Бо вуҷуди он ки банда мутахассиси соҳаи таърихи риёзӣ нестам, ҳамчун муҳаққиқи олами риёзӣ нисбати асарҳои риёзии ин олими забардаст баъзе афкору андешаҳои хешро иброз медорам.

Нахуст асари риёзии Умари Хайём рисолаи (трактати) «Мушкилоти арифметика» ном дорад. Тавре дар қайдҳои худ оид ба рисолаҳои риёзии Умари Хайём Б.А. Розелнфелд ва А.П. Юшкевич (минбаъд мо онҳоро мухтасар мувофиқан Б.Р. ва А.Ю. ном мегирем) овардаанд, матни нусхаи аслии ин /рисола ба мо дастрас нест, вале баъзе маълумотҳоро аз рисолаҳои алгебравӣ ва геометрии (қайди М. И.) ӯ дарёфт карда метавонем.

Се рисолаи дигари Умари Хайёмро бори аввал соли 1953 аз дастхати арабӣ бо забони русӣ донишманди машҳури риёзиёт Б. Розенфелд тарҷума намудааст. (Ниг. ба «Тадқиқотҳои таърихию риёзӣ», барориши VI, зери таҳрири Г.Ф. Рибкин ва А.Ю., Москва, 1953, саҳ. 15-112).

Ин рисолаҳо инҳоянд:

1) «Оид ба исботҳои масоили алгебра ва алмуқобила»;

2) «Тафсирҳо бо постулатҳои душвори китобҳои Уқлидус (Евклид);

3) «Дар бораи санъати муайян намудани миқдори тилло ва нуқра дар ҷисми аз онҳо иборатбуда».

Рисолаи алгебравии У. Хайёмро соли 1851 Ф. Венке дар Париж бо забонҳои арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума намудааст. Ин тарҷумаҳоро Ф. Венке аз дастхатҳои дар китобхонаи миллии Париж маҳфузбуда иҷро намудааст.

Рисолаи геометрии У.Хайёмро муҳаққиқ Таги Эронӣ дар соли 1936 дар Теҳрон ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Матни ин тарҷумаро Т.Эронӣ аз дастхати дар китобхонаи донишгоҳи Лейдени Париж маҳфузбуда, иҷро намудааст. Нашри Эронии ин рисоларо ба мутарҷим — Б.Р. директори шуъбаи дастхатҳои АУ РСС Озарбойҷон М. Султонов дастрас намудааст.

Рисолаи савуми Умари Хайём дар шакли ду дастнавис мавҷуд аст. Дастнависи яке аз он дар китобхонаи забонҳои шарқии ш. Гота (Олмон) буда, дувумаш (пуррааш) дар боби 5, китоби 4-уми асарҳои Абдар Раҳмон Хазинӣ «Тарозуи ақл» (-«Мизан ал- Ҳикма») дохил карда шудааст. Хазинӣ шогирди Умари Хайём буда, ин рисолаашро соли 1121 дар шаҳри Марв навиштааст. Дастнависи ин асари Хазинӣ дар китобхонаи шаҳри Ленинград (Санкт Петербург) ба номи Салтиков- Шедрин маҳфуз аст. Рисолаи Умари Хайём дар саҳифаҳои 57-60 –и ин асари Хазинӣ акс ёфтааст.

Ба ақидаи В.М. Датар рисолаи алгебравии Умари Хайём дар солҳои 1069-1074 навишта шудааст. Соли 1077 Умари Хайём рисолаи геометрии худро навишта ба охир расонидааст. Санаи навишта шудани рисолаи савуми Умари Хайём тахминан соли 1115 мебошад.

Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шоҳи Салҷуқиҳо Ҷалолиддини Маликшоҳ даъват мешавад. Дар он ҷо вазири Маликшоҳ шахси бомаърифат, тараққипарвар ва арбоби давлатии халқи тоҷик Низомулмулк Хайёмро зери ҳимояи худ мегирад. Умари Хайём сардории расадхонаи шаҳри Исфаҳонро ба уҳда мегирад. Натоиҷи корҳои ин расадхона дар намуди «Ҷадвалҳои астрономии Маликшоҳ» ба табъ расидаанд. Умари Хайём дар тақвими офтобии Эрон ислоҳот даровард, ки он ба тақвими ҳозираи мо монанд мебошад. Дар тақвими Умари Хайём, ки бо «Замони (эраи) Ҷалолиддин» машҳур аст, 8 соли кабиса на дар 32 сол, балки дар 33 сол меояд, аз ин сабаб саҳв то як рӯз дар давоми 5000 сол ҷамъ мешавад (дар тақвими ҳозираи мо бошад, ин саҳв дар давоми 3300 сол ҷамъ мешавад), яъне тақвими Умари Хайём нисбат ба тақвими имрӯзаи мо 1,515 маротиба ва агар яклухт кунем, қариб 2 маротиба саҳеҳтар мебошад.

Ба ғайр аз рисолаҳои риёзӣ, Умари Хайём якчанд рисолаҳои дигар оиди бахшҳои мусиқишиносӣ, нуҷум, тиб, табиатшиносӣ, ҷуғрофия ва фалсафа низ дорад. На ҳама асрҳои ӯ ба мо омада расидаанд.

Мураттиби «Рубоиёт»-и оламгири Умари Хайём М. Муллоаҳмадов, дар муқаддимаи ин маҷмӯа бисёр хуб навиштаанд: «Умари Хайём аз зумраи он ситорагони тобноки осмони илму адаб аст, ки бо гузаштани солҳо боз ҳам дурахшонтару пурнуртар гардида, ба дилҳои мардум сурур, ба дидагон нур ва талошҳои ононро равшан месозад. Дар замони худ ва асрҳои минбаъда Умари Хайём, пеш аз ҳама ҳакиму донишманди беназир , риёзидону мунаҷҷими беҳамто, файласуфу мусиқишиноси нуқтасанҷ шуҳрат дошт, ҳарчанд рубоиёти ӯ аз таронаҳои писандидаи мардум ба шумор меравад».

Акнун мухтасар оиди се рисолаи дар боби риёзии дар боло номбаршудаи Умари Хайём истода мегузарем.

Дар оғози рисолаи алгебравии Умари Хайём омадааст: «Яке аз саволҳои судманди фасли фалсафа, ки риёзиёт ном дорад , санъати алгебра ва ал муқобила буда, мақсадаш муайян намудани номаълумҳо чӣ ададӣ ва чи ченшаванда мебошад».

Дар рисолаи алгебравии худ Умари Хайём 25 намуди муодилаҳои

дараҷаи якум, дувум ва сеюмро мавриди ҳал қарор медиҳад. Исботи ҳалҳоро ӯ аксаран бо тарзи ададӣ (алгебравӣ) ва геометрӣ медиҳад. Ҳангоми исботи ҳалҳо Умари Хайём аз асари Уқлидус (Евклид) «Ибтидо» ва ду китоби Аполлоний «Буриши конусӣ» истифода мебарад. Тарзи геометрии ҳалли ин муодилаҳо хеле диққатҷалбкунанда мебошанд. Аз исботи геометрии ҳалли ин муодилаҳо бармеояд, ки Умари Хайём асарҳои Уклидус ва Апаллонийро хеле хуб омӯхтааст. Аз 25 муодилаи алгебравии дараҷаи якум, дувум ва савум, ки Умари Хайём ҳал кардааст, 6-тоаш дуаъзогӣ, 12-тоаш сеаъзогӣ ва 7-тои боқимондааш чораъзогӣ мебошанд. Ӯ якчанд муодилаи дараҷаи чорро низ мавриди муоина қарор додааст.

Рисолаи дувуми У. Хайём «Тафсирҳо ба постулатҳои душвори китобҳои Уқлидус» ном дошта, аз се китоб иборат аст. Китоби якум «Дар бораи маънои ҳақиқии мувозиҳо (параллелҳо) ва шубҳаҳои маълум» ном дошта, китоби дувумаш, «Дар бораи нисбатҳо, таносубҳо ва маънои ҳақиқии онҳо» баҳс мекунад. Китоби савум «Дар бораи тартиб додани нисбат ва тадқиқи он» ном дорад. Дар сарсухани рисолаи дувум Умари Хайём оид ба ҳандаса (геометрия) чунин мегӯяд: «Ин фан фасли фалсафа буда, ба мо мавзунӣ (айёнӣ) бахшида, хотираро тақвият дода, боварӣ накардан ба чизи исботнашударо ёд медиҳад, зеро қоидаҳои аввалини он маълум буда, исботи осон доранд, дар он тасаввурот ёрирасони ақл буда, зиддиятҳо каманд».

Баъдан Умари Хайём якчанд постулатҳои аввали «Ибтидо»-и Уқлидусро оид ба чоркунҷа, панҷкунҷа, секунҷа ва дигарҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Дар мавриди постулати 5-уми ин китоб: “Ҳар гуна ду хати росте, ки хати рости сеюмро дар ду нуқта мебуранд ва аз ҳамон тарафе, ки онҳо кунҷҳои дарунии суммаашон аз ду кунҷи рост худро ташкил медиҳанд, агар то ба беохир давом дода шаванд, онгоҳ онҳо якдигарро аз ҳамон тараф мебуранд”. Умари Хайём қотеъона собит менамояд, ки ин постулат аз тарафи Уқлидус беисбот дода шудааст. Албатта олимони дигар низ ба монанди Герон механик, Евтокий, Хазинӣ, Шинни, Табрезӣ, Абу Алӣ ибни Хайсам ва дигарон кӯшиши исботи онро карданд, вале исботи ҷиддии он ба ягонтои онҳо муяссар нагардидааст. Барои ҳалли ин ва боз дигар мушкилиҳо ман ин рисоларо навиштаам – мегӯяд Умари Хайём.

Дар рисолаи савум «Оид ба санъати муайянкунии миқдори тилло ва нуқра дар ҷисми аз онҳо иборат буда» Умари Хайём аз тарозуҳои хеле

саҳеҳ ва ҷумлаи 12-уми ҷилди 1, саҳ. 158-и китоби 5-уми «Ибтидо»-и Уқлидус оид ба таносуб истифода бурда, бо як маҳорати ниҳоят баланд миқдори тилло ва нуқраро дар ҷисми аз онҳо иборат буда, муайян мекунад. Ба фикри мо, гарчанде зиёда аз 900 сол гузашта бошад ҳам,  тарзи муайян намудан микдори тилло ва нукра аз ҷисми аз онҳо таркибёфта, аҳамияти худро то ҳоло гум накардааст. Умари Хайём ҳалли ин масъаларо бо ду усул: усулҳои алгебравӣ ва геометрӣ додааст. Бояд кайд кунем, ки ин усули Умари Хайём на ин ки барои омехтаи аз ду металли қиматбаҳо иборат буда, балки барои ҷисме, ки аз ду зиёд ҷавоҳирот дорад, истифода бурдан имконпазир аст. Барои ин аз таносуби байни зиёда аз чор ададҳо бояд истифода кард.

Бисёр бамавриду судманд ва қобили қайд аст, ки Умари Хайём дар исботҳои алгебравӣ ва геометрии худ аз нисбат ва таносуб хеле моҳирона истифода мекунад. Дар замони зиндагии Умари Хайём на он қадар (нисбат ба ҳозира) методҳои ҳалли муодилаҳои хаттии алгебравӣ ва системаи муодилаҳо маълум буданд. Боз метавон гуфт, ки Умари Хайём дар ҳалли рисолаи савуми худ танҳо аз амалҳои риёзии нисбат ва таносуб истифода кардааст. Яъне ӯ ин масъаларо бо методи хеле сода ҳал намудааст. Ин ҳам бузургии ӯро нишон медиҳад.

Таҳлили корҳои илмии Умари Хайём собит месозанд, ки ӯ дар баробари рубоиёти оламгираш на ин ки донандаи беҳтарини асарҳои илмии олимони Юнони қадим ва давомдиҳандаи корҳои онҳо буда, балки худи ӯ низ дар тараққӣ додани илмҳои риёзиву табиатшиносии ҷаҳонӣ хизмати бебаҳое намудааст.

МУҲАММАДҶОН ИСМАТӢ,

доктори илмҳои физикаю математика, профессор

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба