Зеҳн

ЛИБОСИ МИЛЛӢ –УНСУРИ МУҲИММИ СИМОИ МИЛЛАТ

ВА
Валиев Султон9 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Мардуми сарбаланди тоҷик дорои фарҳангу тамаддуни ғанию қадима мебошад, ки имрӯз намунаҳои ин тамаддун боиси ифтихори на танҳо мо ворисони шарафманд, балки башарият гардидааст, зеро мазмунҳои волои башардӯстона дар ҳар яке аз ин ёдгориҳо равшан ба назар мерасад, ки хираду тавоноии зеҳнии гузаштагони моро ба намоиш мегузорад.

Чун ҷузъи муҳимми ин тамаддун метавон аз фарҳанги либос ёдовар шуд, ки асрҳо қабл аз ҷониби ниёгони мо чун фарҳанг пазируфта шуда, маданияти хоси худро пайдо намудааст ва ҳамзамон, рамзи завқу диди зебоишиносию зебоипарастии аҷдодони бузургамон мебошад.

Ҳамин аст, ки имрӯз низ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати миллии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба аслҳои он афзуда, эҳёи ин анъанаҳои накӯ аз як ҷониб боиси ифтихор ва аз тарафи дигар, нишони идомаи чунин завқу салиқаи баланди зебоишиносу зебоипарастӣ мебошад.

Воқеан ҳам, либосҳои миллии мо боиси ифтихори бузург ҳастанд, зеро ҳар як нақшу нигор ва ранги онҳо дорои рамзу моҳияти хос буда, нишон аз фарҳангу маданият ва ҷаҳонбинии васеи ниёгони мо мебошад. Дар муқоиса бо дигар халқу миллатҳо, мушоҳидаи рангорангии либосҳои миллии тоҷикӣ мафтункунанда аст. Ҳамин чанде қабл буд, ки тоҷикдухтар Дилноза Раҳимӣ дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ифтихор иброз дошт, ки ҳангоме бо либосҳои миллӣ дар кӯчаҳои шаҳри Батумии Гурҷистон гаштугузор мекардам, таваҷҷуҳи бонувони зиёдеро ба он ҷалб шуд ва онҳо бо ҳавас ба либосҳои миллии мо дида дӯхта, барояшон хеле ҷолиб будани нақшу нигор ва тарзи дӯхти онро изҳор медоштанд.

Дар ҳақиқат, либос ҷузъи муҳим дар муаррифии симои миллат аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар барҳақ иброз доштанд, ки “дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд. Вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад. Онҳое, ки либосҳои бегонаро мепӯшанд, намоишкорӣ мекунанд. Фикр мекунанд, ки аз дигарон фарқ мекунанд, онҳо ақл доранду аз дигарон боло ҳастанд, аксарияташон бесаводанд”.

Ин таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сарчашмаҳои муътамад такя мекунад, дар шароити муосир хеле муҳим аст, зеро баъзеҳо худро шахсият тасаввур карда, дар зеҳнҳо мавҷуд будани либоси ягонаи диниро ба вуҷуд оварда, ин андешаи ғалати худро тарвиҷ додан мехоҳанд. Аммо тавре дида мешавад, ислом ҳеҷ гоҳ мухолифи фарҳангу маданияти халқу миллатҳо ва унсурҳои муҳимми миллии он набуду нест. Воқеан ҳам, ислом худ фарҳанг аст, ахлоқ аст ва ҳеҷ гоҳ ба он унсурҳое, ки ба густариши ахлоқу фарҳанги инсонӣ мусоидат мекунанд, мухолифат намекунад.

Дар ҳақиқат, имрӯз ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки он халқу миллатҳое, ки пайравӣ аз дини ислом мекунанд, либосҳои миллии худро доранд, ки чун ҷузъи фарҳанги миллии онҳо дониста мешавад ва мавриди истифода ҳам қарор дорад.

Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки либоси миллӣ муаррифгари миллат, нишон аз фарҳангдорӣ ва яке аз рукнҳои асосии тамаддуни ҳар халқу миллат аст, аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мост, ки ин ифтихори миллиро тарғибу ташвиқ намоем.

Сабрина ОЛИМИЁН,

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба