ИНСОН ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Дар асри XX ва оғози асри XXI экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон гардид. Ба олудашавии муҳит на танҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ ва нақлиёт, ки партовҳои зиёди истеҳсолии ба саломатии инсон ва табиат зарарнокро ба табиат мепартоянд, сабаб шаванд балки инсонҳои алоҳида низ сабаб мешаванд, ки партовҳои маиширо ба ҳар ҷо партоянд, дарахтонро буранд, кабудизорҳоро нест кунанд, ҳайвонотро шикор карда, ба камшавии саршумори онҳо сабаб шаванд, гиёҳҳои шифобахшро решакан карда, мувозинати табиатро вайрон кунанд. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба cap барад, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи генофони миллатро дар назар дорад.
Сабабгори ҳама ҳодисаву воқеаҳо, ҳамчунин тағйироти иқлим дар сатҳи курраи замин инсон маҳсуб мешавад. Зеро тамоми ин амалҳо тавассути инсон анҷом дода мешавад. Аз ин хотир, саҳми инсоният барои дигаргун сохтани иқлими атроф ниҳоят бузург аст. Омилҳои тағйирёбии иқлим мухталиф мебошанд. Яке аз он омилҳои асосӣ ин воситаи нақлиёт ба шумор меравад. Қайд кардан лозим аст, ки аз сабаби сатҳи пасти даромад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои нақлиётие ворид карда мешаванд, ки ҷавобгӯи талаботу дархостҳои меъёрҳои ҳолати муҳити зист намебошанд. Аз диду назари иқлимшиносӣ бошад, анвои мухталифи нақлиёти автомобилӣ яке аз манбаъҳои асосии тағйирёби иқлим мебошад. Воситаҳои нақлиёт дар тамоми давру замон яке аз сарчашмаҳои асосии партовҳо ва маводи заҳролудкунанда нисбат ба ҳавои атмосфера маҳсуб мешаванд, ки ин пеш аз ҳама ба сифати пасти сӯзишвории истифодашаванда ва ҳолати ғайриқаноатбахши васоили мухталифи техникӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Воситаҳои мухталифи нақлиёт дар солҳои охир аҳамияти назаррас пайдо карда, аҳамияти нақлиёти автомобилӣ рӯз то рӯз боло рафта истодааст. Дар бозорҳои мо сӯзишвории сифатан пастро мавриди хариду фуруш қарор медиҳанд, ки ин дам ба ифлос шудани муҳити атроф мусоидат менамояд. Ҳаминро ба назар гирифта таъкид намудан лозим аст, ки миқдори ниҳоят зиёди маводи зараровар, мадҳушкунанда дар таркиби сӯзишвориҳои гуногуни истифода гардида, инчунин ҳангоми ба танзим надаровардани низоми сӯзишвории воситаҳои нақлиёт ба миён меояд. Муносибати дурусти тарзи истифодаи маводи сӯзишворӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷму андозаи партовҳо якчанд маротиба, заҳролудшавии муҳити атроф аз ҳисоби газҳои хориҷшаванда, ки ба тағйирёбии иқлим дар тамоми сатҳи замин мусоидат менамояд, чандин маротибаҳо камтар шавад. Яке аз омилҳои асосие, ки ба тағйирёбии иқлим оварда мерасонад, ин нобудшавии ҷангалзорҳо мебошад. Бештари мардуми мо роҷеъ ба хусусиятҳои боз ҳам нодиру манфиатбахши табиии ҷангалзорҳои атроф маълумоти зарурӣ надоранд. Ҷангалзор ҳам аз нигоҳи глобалӣ ва ҳам дар сатҳи ниҳоят маҳдуд фароҳамоварандаи муҳити хуби экологӣ, дар маҷмуъ барои кулли мавҷудоти рӯи замин, аз ҷумла барои инсон маҳсуб дониста туда, барои тағйирёбии иқлим нақши муҳим дорад.
Умуман, ҷангалзор таърихан ба рушду инкишофи ҳаматарафаи аҳолии рӯи замин ва тағйирёбии худудҳои он, барои эҳтиёҷоти мухталиф алоқамандии бештаре дорад. Бинобар ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷангалзорҳо яке аз ҷиҳатҳои муҳим ва зарури фаъолияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба тағйирёбии иқлим монеъ шуда метавонад. Моро лозим аст, ки дар ин самт барои мақсаднок истифода бурдани захираҳои табиӣ бо созмонҳои байналмилалӣ як қатор созишномаҳо таҳия намоем, ки он ҳам ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд. Ҳолатҳои муҳими барқарорсозӣ, ташкил ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин Конференсияи Созмони милали Муттаҳид доир ба муҳити зист ва рушд «КОСР-92» (Бразилия, соли 1992), Конференсияи панҷуми умумиҷаҳонии вазирони ҳифзи муҳити зист «Муҳити зист барои Аврупо» (Киев, моҳи майи соли 2003), Конфронси чоруми Вазирон «Муҳити зист барои Аврупо» (Орхус, Дания, соли 1998), ҷаласаи байналмилалии наҷоти Арал ( 17-уми майи соли 2002), Саммита умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор ( Йоханнесбург, Африкаи Ҷанубӣ, соли 2002), Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби нӯшокӣ (Душанбе, 31-уми августа 2003), Конфронси тарафҳои Конвенсияи Орхус (Алмаато, соли 2005) ва боз чандин чорабиниҳои мухталифи дигар мебошанд, ки бо саъю кӯшиши сарварони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд ва масоили муҳими ҳаётии ҷаҳони муосирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои монеъ шудан ба тағйирёбии иқлим каме ҳам бошанд саҳмгузорӣ карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода сарфи назар аз ҳама душвориҳо ва мушкилоти дорои хусусияти ҷаҳонӣ тавонист дар омода намудани масоили нисбатан муҳим, ки аз созишномаҳо ва дигар мушоҳидаҳои байналмилалӣ иборат аст, саҳм гузорад ва ба як қатор пешравиҳо ноил гардад. Масоили тағйирёбии иқлим рӯз то рӯз яке аз масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Бинобар ин, ҳукуматдорони моро лозим ва зарур аст, ки лоиҳаҳои мухталифи миллӣ ва минтақавиро оид ба самтҳои асосии мақсаднок дар соҳаи тағйирёбии иқлим, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (олудашавии ҳаво, об, зиёдшавии партовҳо мухталифи зараровар ва барбодшавии системаи экологии кӯҳӣ) барои пешниҳод ба созмонҳои бузурги байналмилалӣ таҳия намоянд. Дар шароити кунунии Тоҷикистон бояд дар кору фаъолияти сиёсати берунии худ барои боз ҳам мустаҳкам намудан ва тавсеаи ҳамаҷонибаи рушду инкишофи муносибатҳо оид ба ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд, ки аз аҳамият холӣ буда наметавонад. Умуман, агар инсоният дар маҷмуъ ба табиати атроф муносибати хубу беҳтареро ба роҳ монад, ба захираҳои табии он оқилона муносибат намояд, метавонад садди роҳи тағйирёбии иқлим шавад. Яъне ҷанбари тағйирёбии иқлим дар тамоми сатҳи замин дар дасти худи инсон аст ва сабабгори асосии тағйирёбии иқлим инсон маҳсуб мешавад.
Рамазон ИЗЗАТУЛЛОЗОДА,
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё