ДИДГОҲ ВА ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ТАҶДИДИ НАЗАР МЕХОҲАНД
Пахтакориро муҳаррики иқтисодиёти мамлакат ном мебаранд, чунки рушди ин соҳа боиси такомулу ташаккулёбии соҳаҳои дигар мегардад. Далелҳои илмӣ айни ҳол бозгӯи онанд, ки агар аз як гектар пахтазор 30 сентнер ҳосил рӯёнида шавад, он гоҳ аз он метавон то 12 ҳазор м2 газвор, 277 кг равған, 726 кг кунҷора, 47 кг собун, 108 кг тибит (линт) ва дигар маҳсулотҳои зарурии хоҷагии халқро ба даст овард. Мутасаддиёни соҳа бар он назаранд, ки даромади як га ҳосили пахта зиёда аз 12 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Муҳтавои ин далел моро водор намуд, ки зуҳуроти ин масоилро аз нигоҳи дигар бо дидгоҳҳои гуногун аввалан дар асоси Барномаи рушди саноати сабук барои солҳои 2006-2015, баъдан дар доираи Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркардӣ пахта ва саноати нассоҷӣ барои солҳои 2024-2040 мавриди таҳлили назариявӣ қарор дода, дар асоси далелҳои муътамади илмӣ рушди амалии соҳаи пахтакории кишварамонро мавриди арзёбӣ қарор дода, ба ин васила печидагиҳои онро барои оянда баён намоем.
Новобаста аз чунин тадбирҳо сатҳи рушди ин соҳа натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Зимни арзёбии ин мавзуъ саркотиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон М.Неъматов тавсия дод, ки зуҳуроти он на дар асоси назару андешаҳои олимону коршиносони соҳа, балки дар асоси далелҳои оморӣ натиҷагирӣ бояд шавад. Вобаста ба ин масъала собиқ вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов чунин нигоштааст: «аз ҷониби селексионерони тоҷик навъҳои арзишноки пахтаи миёнанах ва маҳиннах ихтироъ шуда бошад ҳам, аммо самараи дилхох надода истодааст, зеро ҳосилнокии ҳар як гектар замин тӯли даҳ соли охир 19,3 сентнерро ташкил медиҳад». Дар китоби «Хотироти Маҳбубов» омадааст, ки «раиси кулли Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ Саидзода С.Т дар шаҳри Турсунзода аз як га навъи пахтаи «Дўстӣ-ИЗ» 54 сентнер ҳосил рӯёнид». Ин далел дар ҳисоботи фаъолияти илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар муассисаҳои комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ соли 2017 чунин дарҷ ёфтааст: «дар китъаи намоишӣ бо усули технологияи муосири парвариши пахта, яъне обёри қатраии зери плёнка олимони институти зироаткорӣ ва ҶДММ “Агросаноат” дар шаҳри Турсунзода аз навъи «Дўстӣ-ИЗ» 50,0 с/га ҳосил ба даст оварданд». Манзур аз овардани ин далел он аст, ки дар баҳси пахтаи ноҳияи Восеъ олимону мутахассисони соҳа ба чунин хулоса омада буданд, ки заминҳои Тоҷикистон имкони то 25 сентнер ҳосил доданро доранд. Тибқи ин натиҷагирӣ нахуст суоле ба миён меояд, кадоме аз ин далелҳо ба воқеият наздикӣ доранд, чунки агар арзишҳои илмиро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки солҳои 1950- 1960 саҳми навъ дар зиёд намудани ҳосил 40-50%-ро ташкил медод, ин нишондиҳанда алҳол ба 80-85% расидааст. Аммо то ҳол дар кишвари мо муайян карда нашудааст, ки саҳми навъҳои офарида дар баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироати техникӣ дар чӣ сатҳ қарор дорад. Танҳо дар маҷмуъ иброз менамоянд, ки ҳар як навъи офаридаи мо аз дигараш бо ҳосилнокии 5-10%-и фарқ мекунад. Муҳақиқони мо имрўз бо ифтихор ҳарф мезананд, ки давоми сӣ соли истиқлолият олимони институти зироаткорӣ 66 навъи пахта офариданд. Дар баробари ин, олимони филиалҳои институти зироаткорӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон навъҳои нави пахтаи маҳиннахи 9326- В, 750- В, 748 -В, 9325-В, 9365- В, 2462-В 2918- В ва пахтаи миёнахи ВД-11, Б-70, ВД- 75, Хатлон -2011, Нодир, Авесто, Назирӣ, Хучанд, Хучанд -01М ва ғайраро офариданд. Ҳамзамон, олимони кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баён доштанд, ки мо давоми ин солҳо навъҳои «Зарафшон, Ҳулбук, Суғдиён, Ҳисор ва ДАТ»-ро офарида, алҳол барои минтақабоб намудани навъи «Баракат» кўшиш намуда истодаем. Шояд баробари ин далелҳо боз дар илм далелҳои дигаре бошад. Аз далелҳо армеояд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ олимони тоҷик зиёда аз 90 навъи пахта офариданд. Худ аз худ пурсон шудам, ки замоне буд, ки мо навъҳои маҳаллӣ надоштем, аммо ҷумҳурӣ анқариб як миллион тонна пахта истеҳсол менамуд. Имрўз бошад зиёда аз 90 навъи маҳаллӣ дорему аммо наметавонем 350-400 ҳазор тонна пахтаро саривақт ҷамъоварӣ намоем. Суоле ба миён меояд, ки муаммои ин мушкилот аз куҷо маншаъ мегирад?
Пеш аз он ки ба тафсили ин мавзуъ бипардозем, нахуст қобили зикр аст, ки боре дар ҳамоиши илмии филиали Институти зироаткории АИК дар шаҳри Бохтар ширкат намудам. Баъди анҷоми қисмати назариявии ҳамоиш қисмати амалии он дар саҳро баргузор гардид. Баробари ба саҳро наздик шудан миёни олимон баҳси лафзӣ оғоз гарид. Яке аз иштирокчиёни ин ҳамоиш эҳсосоти худро нигоҳ дошта натавониста, ҳазломез (вале ба назари мо, ҷиддӣ) ба овози баланд гуфт: «шумо навъҳои офаридаи худро фарқ карда наметавонед, дар оянда кӣ онҳоро фарқ мекунад?».
Зимни сафарҳои хизматиам ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз деҳқонони асил пурсон шудам, ки чаро олимони тоҷик навъҳои зиёдии маҳалии пахтаро офариданду то ҳол таваҷҷуҳи шуморо навъҳои хориҷӣ ҷалб менамояд? Мухтасар ҷавоб медоданд, ки ҳосилнокии навъҳои хориҷӣ зиёдтар аст. Дар асоси сарчашмаҳои илмӣ баён медоштам, ки иқтидори ҳосилнокии навъи «Зарнигор», «Дўстӣ-ИЗ», Ҳисор», «Сорбон», «ВД-1» ва «Меҳнат» 65-70 с/га -ро ташкил мекунад. Ин далел низ таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб накард.
Таҳлилҳои мо дар асоси назару андешаҳои олимону коршиносон нишон дод, ки баъзе навъҳои офаридашуда на ба усули селексионӣ, балки бо усули интихоби фардӣ ба даст оварда шудааст. Интихоби инфиродӣ (индивидуалӣ) интихобе мебошад, ки дар асоси баҳодиҳии ирсии растаниҳои элитавӣ ба роҳ монда мешавад.Аз муаллифони баъзе навъҳо пурсон шудам, ки кадом навъҳои офаридаи шумо берун аз ҷумҳурӣ кишту кор карда мешавад? Аксар иброз намуданд, ки мо чунин навъу намунаҳо надорем. Суоле ба миён меояд, ки агар навъҳои маҳалӣ берун аз Тоҷикистон мавриди истифода қарор нагирад, пас чаро мо ҳамасола аз дигар кишварҳо шаҷара (линия)-и пахтаи онҳоро барои омўзиш қабул мекунем? Ин паҳлуи масъала низ муҳим аст.
Қобили зикр аст, ки имрўз Тоҷикистон соҳаи пахтакории худро дар асоси стандартҳои департаментии кишоварзии ИМА амалӣ намуда истодааст. Дар стандарти амрикоӣ ба намуди зоҳирии нах ва сифати он диққати асосӣ дода мешавад. Доир ин масъала муҳандисони саноати сабук бар он назаранд, ки бояд нахи ҳар як навъи офаридашуда аз лиҳози коркарди технологӣ ва сифати устувории истеҳсолиаш мавриди арзёбӣ қарор гирад. Онҳо ёдовар шуданд, пахтае, ки дарозии нахаш 41 мм мебошад, танҳо дар Исроил истеҳсол карда мешавад. Вобаста ба ин далел агар адабиётҳои ватаниро мавриди омўзиш қарор диҳем, маълум мегардад, ки ҳоло олимони тоҷик навъҳое офаридаанд, ки дарозии нахашон бештар аз 41 мм мебошад. Шояд ин печидагӣ ба он рабт дошта бошад, ки қаблан тамоми навъҳои офаридашуда аз тарафи технологҳои соҳа санҷида мешуданд, ҳатто навҳои селексионии мушкилтозаванда мавриди баҳси селексионерҳо ва технологҳо буд. Айни ҳол ҷумҳурӣ анқариб 350 – 400 ҳазор тонна пахта истеҳсол менамояд ва он дар 127 корхонаи пахта ва 80 корхонаи хурди нахҷудокунӣ коркард мешавад. Вазифаи асосии ин корхонаҳо дар он аст, ки муайян кунанд, то намунаи нахҳо аз як тӯда бошанд ва барои таҳияи сертификатсия бо мақсади содирот ҷавобгў бошанд. Ин пахлуи масъала низ мавриди таваҷҷуҳи мутасаддиёни соҳа қарор нагирифтааст.
Бо ифтихор ҳарф мезанем, ки пахтаи тоҷик аз қадим бо нишондиҳандаҳои сифатии худ шуҳрат дорад, аммо иқрор намешавем, ки чаро имрўз ин шуҳратро аз даст додааст? Агар ба воқеият бо ҷиддият диққат диҳем, маълум мегардад, ки дар назди Тоҷикстандарт шуъбаи бозрасии пахта ва пилла фаъолият менамояд, аммо фаъолияти он ба сертификатсия вобаста аст, на баҳогузорӣ намудан ба нахҳо. Шояд печидагиҳои мавзуъ ба ин ҳам вобаста бошад?
Чунин далелу андешаҳо моро водор намуд, ки муаммою мушкилоти соҳаро аз нигоҳи дигар мавриди назарсанҷӣ қарор диҳем. Барои мо аҷобати ин баҳс ин аст, ки чун сухан дар боби ин соҳа равад, ҳамагон мехоҳанд, ки худро муаррифӣ намояд, вале аз баррасии печидагиҳои ин масоил худро дар канор мегиранд. Як қазоват намоед, яке аз олимони ин соҳа бо ифтихор иброз намуд, ки ман дар давоми умрам 16 навъи пахта офаридам, ки 13 тои он минтақабоб гардидааст. Пурсон шудам, ки аз лиҳози илмӣ барои ҳар як навъро офаридан ба ҳисоби миёна аз 16 то 25 сол лозим аст, агар 16-ро ҳадди ақал ба 16 зарб намоем, 256 сол лозим меояд, инро чӣ тавр метавон фаҳмид?!
Дар баробари ин, иброз намуд, ки ҳамаи навъҳои офаридаи мо аз сикли селексионӣ гузаштааст. Суоле ба миён меояд, ки чаро то ба имрўз дар кишвари мо шаҳодатномаи генетикии ҳар як навъ вуҷуд надорад? Танҳо дар маҷмуъ умумият ва фарқи ҳар як навъро бо хусусиятҳои морфологӣ, ҳосилнокӣ, доштнокии нах, баромади нах, вазни ғўза ва ғайра баён менамоему аз тавзеҳу ташреҳи хусусиятҳои генетикиаш худорӣ менамоем. Ҳол он ки бояд ҳар як навъ аз дигар навъ бо хусусиятҳои хоси генетикӣ фарқ кунад.
Дар ин замина пешниҳод менамоям, ки дар дохили ҷумҳурӣ ё берун аз он хусусиятҳои хоси ҳар як навъи пахтаи олимони мавриди таҳқиқ қарор дода шавад. Муҳаққиқони селексияи мо ба ҷойи таҳлилу таҳқиқи амиқи чунин масъалаҳо мушкилоти ин соҳаро ба технологияи парвариш ва равандҳои тағйирёбии иқлим вобаста намуда, аз печидагиҳои мушкилот худро канор мегиранд, аммо набояд ин тавр муносибат бошад.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё