МАСЪУЛИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД БОШЕМ!
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо инсонҳое ба сар мебаранд, ки аз оқибатҳои кирдорҳои хеш намеандешанд ва беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи амалҳои ношоиста намуда, ғанимату азиз намешуморанд. Аз ин кирдори ношоистаи чунин нафарон бештар фарзандони хурдсоли онҳо азият мекашанд. Бархе ба ҷойи тарбияву меҳрубонӣ намудан ба фарзандон, хизмат кардан ба волидайн, оилаи худ ва ба халқу давлат умри худро дар паси панҷараҳои зиндон мегузаронанд. Ба ғайр аз қонунҳои амал кунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хазинаи ҳазорсолаи ниёгонамон ҳазорҳо панду андарз ҳастанд, ки дар бораи дарёфти роҳи рости зиндагонӣ ва тарбияи фарзандон пайдо намудан мумкин аст.
Мегӯянд, ки обод кардани манзил, шинонидани дарахт ва тарбия намудани фарзанд се амале мебошад, ки ҳар шахс бояд дар умри худ анҷомдиҳад. Инсоне, ки ин се амалро ба сомон расонида тавонистааст, фардо номи ӯро ба некӣ ёд хоҳанд кард. Чунин инсонҳо асолату рисолати хешро дар назди оила ва ҷомеа сарбаландона адо менамоянд. Чунончӣ мегӯянд: “Имрӯзи мо фардои фарзандонамон аст”. Дар хазинаи тиллоии адабиёти ҷаҳон низ доир ба тарбия ва нақши волидон суханҳои пурарзиш фаровонанд.
Ҷексон Браун як фармудаи олӣ ва таъсирбахш дорад: “Чунон зиндагӣ кунед, ки вақте фарзандонатон ба ёди адолат, садоқат ва меҳрубонӣ меафтанд, шумо дар пеши назарашон ҷилвагар шавед”. Аммо чунин зиндагонӣ кардан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Баррасии парвандаи ҷиноятии як сокини 45-солаи ноҳияи Файзобод, ки айни замон истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошад, моро водор намуд, ки дар атрофи ин қазия изҳори назар намоем.
Маҳкумшуда С.З.Н. оиладор, соҳиби 8 фарзанд мебошад. Нисбат ба ӯ бори аввал моҳи марти соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Роғун барои содир кардани ҷиноят дар асоси моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар пушаймонӣ аз кирдори содир намудааш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудааст. Маротиби дуюм бо ҳукми Суди ноҳияи Файзобод аз 4-уми феврали соли 2021 бо моддаи 177 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Ӯ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда гунаҳкор дониста мешавад. Ҳангоми дида баромадани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба номбурда дар маҷлиси кушоди судӣ дар ноҳияи Файзобод муайян гардид, ки судшаванда дар асоси моддаи 177 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ муқаррар намударо дар чунин ҳолат содир намудааст. Мавсуф моҳи октябри соли 2006 бо шаҳрванд О.Ҳ.Ҷ. оила барпо намуда, аз зиндагии як ҷояаашон соҳиби се фарзанддор гаштаанд. Бинобар нофаҳмоиҳои оилавӣ онҳо моҳи сентябри соли 2012 аз ҳамдигар ҷудошуда, бо ҳалномаи Суди ноҳияи Файзобод аз 22-юми октябри соли 2014-ум С.З.Н. барои таъминоти се нафар фарзандони ноболиғаш ба маблағи 100 сомонӣ барои як фарзанд, ҷамъ 300 сомонӣ барои се фарзанд дар моҳ алимент муайян карда шудааст.
Тибқи талаботи ҳалномаи суд С.З.Н. уҳдадор гардидааст, ки барои таъминоти фарзандони ноболиғаш маблағи муқаррар гардидаро сари вақт супорад, лекин ӯ бидуни сабабҳои узрнок аз моҳи декабри соли 2020 то моҳи декабри соли 2023, дар муддати 36 моҳ аз пардохти маблағ саркашӣ намуда, маблағи 10800 сомониро барои таъминоти фарзандони ноболиғаш насупоридааст. Дар суд С.З.Н. айби нисбаташ эълон карда шударо эътироф намуда, иқрор шуд, ки дар ҳақиқат, баъд аз барҳам хӯрдани муносибатҳои оилавиашон бо ҳалномаи Суди ноҳияи Файзобод аз 22-юми октябри соли 2014 аз ҳисоби ӯ барои таъминоти фарзандони ноболиғаш алимент муқаррар карда шудааст.
Бинобар сабаби душвориҳои зиндагониаш маблағи муқаррашударо сари вақт напардохтааст. Зеро,ӯ боз оиладор буда, соҳиби 8 фарзанди ноболиғ мебошад ва айни замон дар ягон ҷой кор намекардааст. Ҳолатҳои дар боло зикр гардида мавриди санҷиш ва баҳодиҳии судӣ қарор гирифта, собитгари он ҳастанд, ки айни ҳол муносибатҳои оилавии судшаванда ва ҷабрдида пароканда гардида бошад ҳам, аммо аз зиндагии якҷояи дар гузашта доштаашон соҳиби се фарзанд ҳастанд.
Қобили қайд аст, ки новобаста аз зиндагии якҷоя доштан ва ё надоштани волидайн масъулияти гузоштани хишти аввалро ба ояндаи фарзандон худи онҳо бояд доимо дар мадди назар дошта бошанд. Зеро, падару модар дар ибтидои ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак нақши меҳварӣ дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсиро бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯйи ҳамин захираҳои зеҳнӣ муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд. Ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо намуда, мақому нақши онҳо дар зиндагии наврас як умр боқӣ мемонад. Бинобар ин, масъалаи таъмини моддии фарзандон низ то ба синни балоғат яке аз вазифаҳои асосии волидайн мебошад ва дар ҳолати саркашӣ кардан он дар асоси қонун таъмин карда мешавад. Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки масъалаи таъмини фарзандон ҳам аз лиҳози биологӣ асос дорад ва ҳам аз лиҳози динӣ-ахлоқӣ тавассути меъёрҳои анъанавии иҷтимоиву ахлоқӣ низ вазифаи ҷонии волидайн дониста мешавад.
Таассуфовар аст, ки ҳанӯз ҳам волидоне ҳастанд, ки нисбат ба масъалаи таъмини моддии фарзандони хурдсоли худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд, ки ин, албатта, кирдори ношоиста ва ғайри қобили қабул аст.
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Аз ин рӯ, дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз ҷониби масъулин ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронидани корҳои мунтазами тарғибу ташвиқ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур ва аз манфиат холӣ нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё