Зеҳн

Фаъолияти бавусъат мебояд

КИ
Китобдор9 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Ҳар замон махсусиятҳои худро дорост, ки аз табиат, талабот, эҳтиёҷот ва хусусиёти марҳилаи муайяни ҳаёти одамон ба миён меояд. Замони моро давраи рушди босуръати илму техника ва кашфиёти навин меноманд.

Вобаста ба ин, тақозо мешавад,кимутахассисониварзидаву соҳибистеъдод бо ҳадафи идомаи минбаъдаи ин раванд тарбия карда шаванд. Ин, дар навбати худ, самти таҳсилотро дар таълимгоҳҳо муайян мекунад. Вобаста ба рўҳияи замон, махсусиятҳои рушди ҷумҳурӣ ва талаботи воқеияти айём дар кишвари азизамон Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шудааст, ки солҳои 2020-2021ро дар бар мегирад. Маълум, ки имрўз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши техника хеле барҷаста аст ва такмили истеҳсолоту беҳдошти ҳаёти мардумро бидуни истифодаи бавусъату фарогири техника тасаввур кардан имконнопазир аст. Ба ибораи дигар, барои такмили ҳаёти одамон, барои пешрафти ҷумҳурӣ имрўз, муҳимтар аз ҳама, ба фанҳои техникӣ, ба тафаккури техникӣ бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард. Нахустҳадафу нахустҳидояти Бистсолаи мазкур низ ҳамин аст. Моҳиятан илмҳои техникӣ қонуниятҳои равандҳову ҳодисаҳоеро меомўзанд, ки барои ба даст овардан ва оқилона истифода кардани захираҳои сарватҳои

табиӣ, сохтани дастгоҳҳову таҷҳизоти муҳиму самаровари замонавӣ равона карда шудаанд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани самараю маҳсулнокии меҳнат такмили омўзиши фанҳои дақиқ муҳим аст. Агар шогирдони мо имрўз дар омўзиши фанҳои математика (риёзӣ), физика, геометрия, табиатшиносӣ ғайратманду муваффақ бошанд, фардо метавонанд дар мактабҳои олӣ таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони варзида ба камол расанд.

Мо – омўзгорони математикаро мебояд, ки вобаста ба нақшаву тадбирҳои Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф фаъолияти худро вусъат

бахшида, пеш аз ҳама, сатҳу сифати таълими фанҳои дақиқро боло бардорем. Бо шогирдон бояд оид ба моҳияту аҳамияти тадбири мазкури Ҳукумати ҷумҳурӣ силсиласуҳбатҳо ва дарсҳои махсуси тарбиявӣ баргузор намоем. Дигар: бояд дар таълими фанни риёзӣ аз муосиртарину босамартарин усулҳои таълим ва махсусан, аз низоми таҳсили салоҳиятнок истифода кард. Дар тамоми таълимгоҳҳо дарсгоҳҳои (кабинетҳои) риёзӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо навтарин ашёи таълимӣ муҷаҳҳаз бошанд.

Рушди фанҳои дақиқ бо ҳадафи чоруми стратегии сиёсати Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ саноатикунонии босуръати мамлакат пайванди қавӣ дорад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки аз 1 январи соли 2021 теъдоди гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 400 то 3000 нафар зиёд карда шавад. Ҳамчунин, аз шумораи умумии ин стипендия 70 дарсад барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷудо гардад.

Акнун вақти амали бештар самаровар аст, чунин аст посух ба ҳама ибтикороти пурманфиати мазкур.

Ҳар он чизе ки дар табиат мавҷуд аст ва бо инсон алоқамандии зич дорад, яке аз ҳодисаҳои физикӣ маҳсуб меёбад. Баъзе зарраҳое

ҳастанд, ки мо онҳоро намебинем, вале онҳо дар табиат вуҷуд доранд ва ҳамеша дар ҳаракат ҳастанд. Фанни физика тамоми намудҳои ҳаракатро, ки дар натиҷа қонунҳо ва ҳодисаҳои табиат ба амал меоянд, меомўзад. Ҳаракати рўшноӣ, ҳаракати механикӣ, электрикӣ ва ғайра. Ба қонунҳои асосии табиат масса, заряд, энергия, ва монанди инҳо дохил мешаванд. Ин қонунҳо аз мо вобастагӣ надоранд, бинобар ин, онҳоро қонунҳои асосии табиат мегўянд. Об, хок ҷирмҳои осмонӣ, наботот, ҳайвонот, худи мо, яъне ҳамаи он чизҳое, ки моро иҳота кардаанд, табиат ном доранд. Табиат ҳамеша буд ва боқӣ мемонад. Табиат тағйир меёбад, ҳаракат мекунад, сайёраҳо ва ситораҳо мавқеи худро дар осмон тағйир медиҳанд, об дар рўйи Замин гардиш мехўрад, дарё маҷрои худро дигар мекунад, наботот месабзад ва ин қонуни табиат аст. Инсон бо шарофати ақлу меҳнати худ дар табиат дигаргуниҳо меофаранд. Одамон шаҳру деҳаҳо, заводу фабрикаҳо сохта, майдонро васеъ намуда, ба киштзорҳо табдил дода, мошинҳои гуногунро ихтироъ менамоянд. Дар натиҷаи табиатро дарк намудани инсон илмҳо пайдо шудаанд. Табиатпажўҳони давраи атиқа табиатро чун як чизи том медиданд, манзараи умумии табиатро ба дурустӣ дарк карда буданд, вале ҷузъиёти он манзараро ҳанўз фаҳм карда наметавонистанд. Чандин садсолаи дигар лозим буд, ки пажўҳандагони табиат рўйдодҳои муайянро ҷудо-ҷудо муоина карда, сабабу оқибати ҳар як падидаро ҳам ҷудогона ва ҳам дар ҳамбастагӣ бо падидаҳои дигар фаҳм карда, дар заминаи онҳо манзараи табиатро дида тавонанд. Ҳамаи он дигаргуниҳое ки дар табиат руй медиҳанд, обшавии ях, ҷўшидани об, афтидани санг, боридани борон, раъду барқ, ивазшавии шабу рўз ва ғайраҳоро дар физика ҳодисаҳои табиат меноманд. Масалан, ҳар кадоме аз мо мушоҳида кардаем, ки агар ҷисмҳо бо ягон чиз дошта нашаванд, ба замин меафтанд. Дар физика ҳар гуна ашё чўб, оҳан, мошин, об,ҳаво, қалам ва ғайраҳоро ҷисм меноманд. Модда чизест, ки ҷисм аз он таркиб ёфтааст. Оҳан, об, ҳаво, намак, алюминий ва ғайра. Об модда буда, чакраи он ҷисми физикӣ аст. Олимон низ донишҳоро аз мушоҳидаҳо ҳосил мекунанд. Ғайр аз ин, онҳо таҷрибаҳои махсус мегузаронанд. Барои гузаронидани таҷрибаҳо асбобҳои гуногуни физикӣ лозиманд. Баъзеи ин асбобҳо бисёр содда буда, барои ченкуниҳои одӣ пешбинӣ шудаанд. Масалан, хаткашак барои чен кардани дарозӣ, силиндри андозагир барои чен кардани ҳаҷми моеъ, тарозу ва амсоли инҳо аз қабили ҳамин гуна асбобҳоянд.

Дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ҳамчун устоди барҷастаи ғазал шинохтаву эътироф гардидааст. Дуруст аст, ки дар эҷоди ғазал Ҳофиз худро шогирди Саъдию Хоҷўи Кирмонӣ меҳисобад. Вале равшан аст, ки дар сурудани ғазал шоир бо истеъдоди фавқуллодае, ки дошт, ба қуллаи баланд расида, дар ғазалҳояш дасти боло доштани худро бо тафохур баён кардааст. Нубуғи шоиронаи Ҳофизро шоирони дигар, ки пас аз ў ба майдони адабиёт қадам ниҳода, ба таълифи қасидаву достону ғазал пардохтаанд, тавсифу ситоиш намудаанд. Аксари шоирони ҳамасри Ҳофиз ва баъдӣ дар пайравии ў ғазал эҷод кардаву ба ғазалҳояш мухаммас бастаанд. Ҳофиз дорои лутфу табъи баланди Худододи шоирӣ буда, ҷое ошкоро изҳор медорад, ки «қудсиён шеъри варо (яъне

Ҳофизро) аз бар мекарданд». Воқеан, ғазалҳои шоир бо истифода аз саноеи гуногуни бадеӣ , мазмуну ғояи баланд, образнокӣ, таносуби сухан, тавсифу маҷоз, оҳанги дилнавози худ дар қалби кас шўру изтироб, эҳсоси дўст доштани оламу одам, меҳру муҳаббат, тарғиби сифатҳои неки инсонӣ ва бовару эътимод ба худро бедор ва ангезиш медиҳад. Тарғиби ахлоқи воло дар тамоми ғазалҳои Ҳофиз инъикос ёфта, вай аз ҷумла, некию накукориро беҳтарин амали инсонӣ дар зиндагӣ мешуморад:

Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,

Ки ҷуз накуии аҳли карам наҳоҳад монд.

Хуллас, ғазалҳои Ҳофиз дилнишину ҷаззоб буда, бо муҳтавою ғояи ҷовидонаи худ номи шоирро ба таври абадӣ дар саҳифаҳои адабиёти форсу тоҷик сабт намудаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба