Зеҳн

Зоғ ва кабк

ЗЕ
зеҳни сунъӣ9 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Зоғ ва кабк

Рӯзе Зоғе дар парвоз буд. Кабкеро дид, ки дар рӯи замин мехиромад ва бо он рафтору хиромидани зебо дили наззорагӣ сайд мекард.

Зоғро хиромидани кабк хуш омад ва орзуи рафтани ӯ дар замири дилаш ҷой гирифт. Пас ба хидмати Кабк камар баста, тарки хобу хӯрд гирифта, дар паи он такупӯй пайваста, аз паси Кабк медавид ва тамошои ҷилваҳои ӯ мекард.

Рӯзе кабк гуфт:

-Эй девдидори тирарухсор, мебинамат, ки ҳамвора гирди ман мегардӣ, мақсуди ту чист?

Зоғ гуфт:

-Эй зебохӯи хандонрӯй бидон, ки маро хоҳиши рафтори ту дар сар афтодааст, ки аз паси ту мегардам, ки он рафторро омӯзам ва пеши ҳамсарони худ фахр кунам.

Кабк қаҳ-қаҳа зад ва гуфт:

Ҳайҳот - ҳайҳот, оё ту куҷову мо куҷоем. Роҳи ман дар вазъи дигар аст ва равиши ту дар вазъи дигар.

Аз ин хаёл бигзар ва ин андешаро аз даст бидор.

Зоғ ҷавоб дод:

- ман ки ба коре азм кардаам, ба афсуну афсона тарк нахоҳам кард.

Бечора Зоғ муддате дар ақиби Кабк бидавид ва рафтани ӯ наомӯхта рафтори худ низ фаромӯш кард.

БОЗ

Рӯзе Бози шикорие бо мурғи хонагӣ мубоҳиса карда мегуфт:

-Ту Мурғи бағоят бевафо ва бадаҳд ҳастӣ, ҳол он ки унвони ахлоқи писандида вафо аст.

Мурғи хонагӣ ҷавоб дод:

Аз ман чи бевафоӣ дидаӣ ва кадом бадаҳдӣ мушоҳида кардаӣ?

Боз гуфт:

-Аломати бевафоии ту он аст, ки ҳарчанд одамон барои ту меҳрубонӣ мекунанд ва бе заҳмату такаллуф обу донат медиҳанд, шабу рӯз аз ҳоли ту хабардор шудапосбонӣ мекунанд, аммо ҳар гоҳ ки туро доштанӣ шаванд, аз пешу паси онҳо гурехта бом ба бом мепарӣ ва гӯша ба гӯша медавӣ.

Ман бо он, ки ҷонвари ваҳшӣ ҳастам, агарчи ду-се рӯзе бо одамон улфат гирам ва аз дасти онҳо туъмае хӯрам, ҳаққи онро нигоҳ дошта сайд мекунам ва сайдро ба онҳо оварда медиҳам. Ҳарчанд дуртар рафта бошам, баробари овозе, ки шунавам, парвозкунон боз меоям.

Мокиён ҷавоб доду гуфт:

Рост мегӯӣ, боз омадани ту ва гурехтани ман аз он аст, ки ту бозеро ҳаргиз бар сихи кабоб надидаӣ ва ман бисёр мурғи хонагиро бар тоба бирён дидаам. Агар ту низ онро медидӣ, ҳаргиз гирди онҳо намегаштӣ, агар ман боз бом ба бом гурезам , ту кӯҳ ба кӯҳ мегурехтӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2