Зеҳн

Зани Ҳунарманд

ВА
Валиев Султон8 ноябри 2024 · 7 дақиқа хондан

Як замоне дар як шаҳр як бой зиндагонӣ мекард. Вай ҳар пагоҳ, баъд аз ноништа, дар рӯи суфаи чорбоғ ба рӯи ҳафт қабат кӯрпача дароз мекашиду занашро ба наздаш ҷеғ зада, ба худтаърифкунӣ сар мекард:

Ту, эй зан, дар сояи ақли расо ва давлати безаволи ман ба бахту тахт ғӯтидаӣ, ба шарофати обрӯи калони ман дар байни занҳои шаҳр обрӯманд ва иззатманд гардидаӣ. Аз паи боигарии ман шикамат сер ва танат пӯшида аст, ба Худо ҳазор бор шукр кун, ки ман барин як шахси соҳиби ақли комил ва давлати фаровон шавҳари туам...

Зан бошад, ҳар пагоҳ, ҳанӯз чашми рӯз кушода нашуда мехест. Молҳоро меҷӯшид, хӯрок медод, хонаю ҳавлиро рӯбу чин мекард, наҳорӣ тайёр менамуд, ҳар пешину бегоҳ барои шавҳараш ва меҳмонони шикамкалони ӯ таомҳои болаззат тайёр менамуд ва дар вақтҳои аз ин корҳо холӣ буданаш ба тўппидӯзӣ машғул мегардид.

Вай туппиҳои хеле зебо медӯхту онҳоро хизматгорони бой ба нархи қиммат фурӯхта, пулашро оварда ба бой медоданд. Мана баъд аз ҳамаи ин, зан аз бой хамин хел гапҳоро мешунид.

Рузе, вақте ки бой аз нав ба таъриф кардани худ ва наҳ задани зан сар кард, зан дигар мутеъкорона хомӯш наистода гуфт;

Ман аввалҳо гумон мекардам, ки дар ҳақиқат аз давлати шумо шикамам сер ва танам пўшида аст, вале акнун мебинам, ки барои афзудани боигарин шумо хизмати ман ҳам кам нест ва ин гапҳоятон ҳамагӣ беҳудаанд.

Бой, ки шунидани ин гуна суханҳоро чашмдор набуд, дар ғазаб шуда, аз ҷояш хесту фарьёд зад:

Ту, ту, зани аҳмақ, ту, муйдарози кӯтоҳакл, ин хел гапҳо мегӯӣ?! Ту бе ман гадо мешавӣ, ту бе ман ба чирк ғӯтида, мурда меравӣ, гум шав, ба назарам нанамо!

Аммо ин дафъа занро аз шунидани дуғи бой ларза фаро нагирифт, вай ба рӯи ғафсу анор барин сурхи ӯ бо нафрат нигоҳ карда, гуфт:

Хуб, ман аз назари шумо гум мешавам, вале хотирҷамъ бошед, гадо намешавам, ба чирк ғўтида мурда намеравам! Балки ба камбағалтарин мард зан шуда, ӯро осудаҳолу хушбахт мекунам!

Зан чизу чораашро бўғча карда, аз ҳавлии бой баромада рафт. Вай дар роҳи худ як гурӯҳ ҷавононро дучор омада, пурсид, ки:

Марди камбағалтарини ин шаҳр кист? Ҷавонон ҷавоб доданд, ки:

Дар канори ин гузар Саиди ҳезумкаш ном шахсе зиндаги мекунад, ки дар тамоми умри худ ғайр аз атола чизеро нахӯрдааст, ғайр аз ҷандаи чиркини ҳазорямок либосе напӯшидааст.

Зан суроғ карда, ҳавлии Саидро ёфта рафт, дид, ки дари каҷу пӯсидаи ҳавли кушодааст, ба рӯи ҳавлӣ даромад, саҳни васеи он ифлосу норӯфта. Ба хонаи нимвайрони пахолкаш дохил шуда, дар рӯи хона як кӯрпаи кӯҳнаю дарида, болишти аз чирк чуб барин сахтшуда, як деги лабшикаста, чойчуши сип-сиёҳу як косаи қадоқинро ёфт. Дар даруни дег каме атола буд.

Зан рафта аз чашма об овард, ба рӯи ҳавлию хона об зада рӯфт, ҷилдҳои кӯрпаю болиштро канда ҷомашӯӣ кард, баъд аз он аз буғчааш дарзашро бароварда, ба тўппидӯзӣ машғул шуд.

Як вақт Саид ҳам омада монд. Вай дар пушторааш ду банд ҳезумро бардошта, сарашро ба замин овезон карда меомад. Хезумро ба як кунҷи ҳавлӣ монда дид, ки рӯи ҳавлӣ рӯфтагӣ, либосҳояш шустагӣ ва паҳн кардагӣ. Саид ҳайрон шуда, аз дари хона нигоҳ кард, ки як зани зебо тӯппи духта нишастааст, вай аз ин ҳол боз ҳам зиёдтар ҳайрон шуда:

Ман хато кардаам, ин ҷо хонаи ман не,- гуфта гашта рафтанӣ шуда буд, ки зан аз ҷояш хеста гуфт:

Шумо хато накардаед, хонаатон ҳамин ҷо!

Саид бовар намекард, ки ҳамаи инро ба чашмаш дида, бо гӯшаш шунида истодааст. Вай дар ҷои худ шах шудамонд.

Занак ҳолати ӯро фаҳмида гуфт:

- Ҳайрон нашавед, аз ҳамин рӯз сар карда ман зани шумо мешаваму ҳамроҳ зиндагӣ кардан мегирем. Ҳоло ба ман гӯед, ки шумо чӣ хел рӯз мегузаронед?

Саид ҷавоб дод, ки:

Ҳар пагоҳӣ ба саҳро рафта, ду банд хезум мебиёраму бурда ба бозор мефурӯшам. Ба пулаш орд харида, як атолаи ғафсу балаззат мепазам ва хӯрда то пагоҳии дигар баҳузур хоб мекунам. Ҳар рӯз аҳволам ҳамин аст.

Ин тавр бошад, - гуфт зан,— ҳозир ҳезуматонро ба бозор бареду фурӯшед, ба нисфи пул орд харед ва нисфи дигарашро гашта биёред.

Мардак гуфтанӣ шуд, ки «орде, ки ба нисфи пул харидан мукин аст, ба ду кас чӣ мешавад», вале фикр кард, ки «ин занак ягон гапро медонад, канӣ гуфтагиашро кунам, охираш чӣ мешуда бошад». Вай ҳезумашро бардошта рафт ва зан ба тўппидўзиаш давом кард.

Баъди чанд вақт Саид гашта омада, нисфи пул ва орди харидагиашро ба зан дод. Зан хест, атола пухт, ҳар ду шишта хӯрданд, баъд зан ба Саид гуфт, ки:

Акнун лой хобонеду ҷойҳои афтидагии бому деворатонро андова кунед!

Саид, ки ҳар рӯз дар ин маҳал бо роҳати тамом хоб мерафт, бо дили нохоҳам ба лой кардан сар кард. Зан бошад, бетанаффус туппӣ медӯхт.

Рӯзи дигар зан ба Саид фармуд, ки ду-банд не, чор банд хезум ҷамъ кунаду рост ба бозор барад.

Вақте ки бозор рафтед, - гуфт зан ба дасти ӯ тоқии тайёр кардаашро дода, — мана инҳоро ҳам фурӯшед, нисфи пулро сарф накунеду ба нисфи дигараш орд, пиёз, шалғам ва як дегу ду-се коса харида биёред.

Саид гуфтаҳои занро иҷро карда омад. Зан аз сари тоқидӯзӣ хеста, дар деги нав пиёба пухт. Пиёбаро ба косаҳои нав кашида, ба рӯи дастурхон оварда монд. Саид пиёбаро бо қотурмаи гарму мулоим хӯрда «бай-бай», «хай-хай»-кунон мегуфт:

Оббо, пиёба ин қадар балаззат, қотурма ин қадар ширин будааст! Эй зан, кошкӣ ҳар рӯз ҳамин хел хӯрок тайёр мекардӣ!

Зан гуфт:

«Меҳнату роҳат» гуфтаанд. Агар шумо зиёдтар меҳнат кунед, пиёба не, шӯрбо, қотурма не, фатири равғанин мехӯред. Саид хурсанд шуда гуфт:

Ин тавр ки бошад, гӯй, боз чӣ кор кунам?

Ҳоло рӯз барвақт аст, — гуфт зан, — раведу то бегоҳ боз чор банд ҳезум биёред. Саид филҳол банду тешаашро гирифта, ба беша рафт.

Ғайрати Саид дам ба дам зиёд мешуд. Зиндагии онҳо рӯз аз рӯз беҳтар мешуд. Рузе зан пулҳои сарфа кардаашро ба шавҳараш дода гуфт:

- Ба ин пул як хари нағз харед, хар меҳнати шуморо сабук мекунад.

Баъд аз ин Саид ҳар рӯз ду банд не, чор банд не, шонздаҳ-ҳаждаҳ банд ҳезум оварда мефурӯхту вақти боқимондаашро ба шикасту рехти ҳавлиаш сарф мекард. Вай бо ёрӣ ва роҳбарии занаш девори ҳавлию хонаашро вайрон карда, аз нав бардошт, дару дарвозаҳои нав созонда шинонд, сар то сари рӯи ҳавлиашро току дарахтзор кард.

Рафта-рафта рӯзгорашон аз ҳар ҷиҳат таъмин шуд. Баъд аз он рӯзе зан ба Саид гуфт, ки якчанд калоншавандагон ва обрӯмандони шаҳрро ба меҳмонӣ ҷеғ занад. Зан ба қатори онҳо шавҳари аввалаашро ҳам ном гирифт.

Саид ба меҳмондаъваткунӣ рафту зан ҳамсоязанҳоро ҷег зада, дастурхони пур аз нозу неъмат, фатирҳои равғанин, таомҳои гуногун тайёр кард. Ба рӯи шоҳсуфаи бо палҳои гулҳои хушбӯи рангоранг Ba току дарахтон иҳота кардашуда қабат-қабат кӯрпачаҳо партофта, ҷой тайёр кард...

Дере нагузашта меҳмонон ҳам омадан гирифтанд. Дар айни авҷи чақ-чақу зиёфатхӯрӣ яке аз калоншавандагон аз Саид пурсид: Эй Саид, мо медонистем, ки ту камбағалу қашшоқ будб, баъд ба мо маълум шуд, ки зиндагониат нағз шудааст, ва хеле бадавлат шудаӣ, ин иморату ин боғу ин суфаю ин зиёфат ҳаваси моро меоварад, ту ба мо гӯй, ки чӣ тавр ба ин ҳама соҳиб шудӣ?

Бо ёрии занам, - гуфт Саид.

Ҳама тааҷҷуб карданд. Вале шавҳари аввалаи зан ҳайрон нашуд. Вай баъд аз пеш кардани зани меҳнатдӯст ва меҳрубонаш кадри зани нағзро хеле хуб фаҳмида буд. Баъд аз рафтани зан, ҳарчанд ки хизматгоронашро дам надода, кор мефармуд, вале рӯзаш беҳ нашуд ва зиндагониаш монанди пештара ҳаловатбахш набуд. Бой андӯҳгинона ба фикр ғӯта хӯрда, аз гуфта ва кардаи худ пушаймон мешуд.

Хайр, ин хел зани ҳунармандро аз куҷо ёфти? пурсид калоншавандаи дигар ба Саид муроҷиат карда.

Худаш омада монд, - гуфт Саид,- зани ҷудо меҳнатдӯсту зирак, тоқиҳои киматбаҳо медӯзад, ҳар кор аз дасташ меояд.

Аз ин ҷавоб бой фаҳмид, ки ин зани аввалаи ӯст. Суханони зан ба хотираш омад: «Ман шахси камбағалтаринро осудаҳолу хушбахт мекунам». «Оре, ӯ гуфтаашро кардааст», - фикр кард бой ва аз чунин фикр тамоми баданаш ба дард даромад ва ӯ то дами маргаш аз ин дард халос нашуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба