Равшангарӣ бузургӣ таърих - Қисми (охир) 7
Садриддини Айнӣ рўзгоре ба сар бурд, ки пур аз талош ва шиддат буд ва фоҷиаҳое дошт. Аз он гоҳ ки қадам ба арсаи фаъолияти иҷтимоъӣ гузошт ва соли 1908 дар Бухоро омўзгори мактаби усули нав шуд, ҳаёти ў ҳамеша дар зери хавф буд. Дар ҳар даҳ сол хавфи нобудӣ ба сари ў меомад. Нахустин бор соли 1917 хавфи нестӣ ба сараш омад, ки аз ҷаллодони амири Бухоро ҳафтоду панҷ дарра хўрд ва ба таври мўъҷизаосо аз чанголи аҷал ҷон ба саломат бурд. Бори дувум дар замони шўравӣ чун китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» чоп шуд, соли 1927 аз Тошканд ва Маскав айби «шоҳпарастии аксулинқилобӣ» ба гардани ў гузоштанд ва лозим буд, ки ҷазои сахте бинад, вале толеъаш баландӣ карду халос шуд. Шояд васфи инқилоб дар шеъру мақолаҳо ва романи «Дохунда», ки таълифаш соли 1929 поён ёфт, сабаби наҷоти ў шудабошад. Бори савум соли 1937, ки террори булшавики ба нуқтаи олӣ расид, боз Айнӣ хадафи тири бало қарор гирифт; ўро низ «душмани халқ» номиданд. Яке аз мақолаҳои зидди ў, ки дар рўзномаҳо, аз ҷумла дар рўзномаи ўзбекии «Бухоро ҳақиқатӣ» ба забони форсии тоҷикӣ дарҷ шуд, «Ниқобпўшии Айнӣ» ном дошт, ки гўё Айнӣ дар даврони шўравӣ ҳамеша душмани ниқобдор будааст. Китобҳои ўро аз китобхонаву дўконҳо гирифта сўзонданд. Ҳар шабе гўш ба дар дошт, ки меоянд ва ўро мебаранд. Чанд моҳ аз хона берун нашуд ва назарбанд буд. Дар ин муддат ба номи «Луғати нимтафсилии тодикӣ» фарҳанге тартиб дод, ки ёздаҳ ҳазор вожаро дар бар мегирад ва ними ин луғатҳо «аз забони зиндаи халқи тоҷик гирифта шудаанд» ва ин шаклу маънӣ дар дигар фарҳангҳо дида намешаванд. Ва ба болоҳо чанд арзаву тақозо нома навишт. Ниҳоят Абулқосими Лоҳутӣ, ки дар Маскав зиндагӣ мекард, котиби Иттиҳодияи нависандагони шўравӣ буд ва суханаш эътибор дошт, ба тавассути Вячеслав Молотов, ки шахси дувум дар Иттиҳоди Шўравӣ буд, ба Сталин муроҷиат кард. Ба сабаби кафолати Лоҳутӣ ё ба сабаби дигаре Сталин фармоиш дод, ки Айниро озор надиҳанд. Айнӣ халос шуд.
Чун соли ҳафтуми ҳар даҳа балое ба сари Айнӣ меомад, баъзеҳо аз наздик расидани соли 1947 шояд тарсе доштанд. Дар ҳақиқат пас аз пирўзӣ дар ҷанги Олмон, яъне баъди соли 1945 сар то сари кишвари шўравӣ чанд мавҷи таъқибот омад ва бисёре аз равшанфикрон ҷазо диданд. Дар Тоҷикистон низ чанд соли баъди ҷанг «мубориза бо миллатгароии буржуазӣ» авҷ гирифт ва мекўшиданд,ки зиёиёнро саркўб бидоранд,вале нафаре аз онҳо зиндонӣ нашуд. Ва ҳол он ки дар дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ нависандагон ва донишмандон гурўҳ-гурўҳ ба ҳабс меафтоданд. Сабаби ин, ки таъқиботи он солҳо дар Тоҷикистон бидуни зиндонӣ шудани зиёиён анҷом ёфт, он буд, ки аз соли 1946 то 1956 котиби якуми ҳизби коммунистӣ ва шахси аввали ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуров буд ва ба ў муяссар шуд, ки террорро пешгирӣ кунад. Вай зиёиёнр сарпарастӣ кард. Аз ҷумла эҳтироми устод Айниро чунонки лозим аст, ба ҷо овард ва соли 1947 устод вакили Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҷашни ҳафтодумин зодрўзи устод соли 1948 бо шукўҳи тамом баргузор гардид. Чун соли 1951 дар Тоҷикистон Фарҳангистони улум таъсис ёфт, бо пешниҳоди Ғафуров Айнӣ раиси он интихоб шуд ва бо пофишориҳои Ғафуров, Айнӣ аз Самарқанд ба Душанбе кўчид. Соли 1950 ўро боз ҳам бо тавсияи Ғафуров вакили Шўрои Олли Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ интихоб карданд.
Этътибори устод Айнӣ дар байни мардуми тоҷик аз аввал ба ғоят баланд буд. Пеш аз инқилоби соли 1917 асосан дар ҳудуди Бухоро, пас аз он, ба хусус аз нимаи даҳаи бистум, ки муборизаи собитқадамонаи ў дар роҳи устувор кардани ҳуқуқи миллати тоҷик шурўъ шуда, «Намунаи адабиёти тоҷик»,қиссаи «Одина»ва дигар осори адабию илмии ў паи ҳам чоп шуданд, дар чашми тамоми миллат эҳтироми азим пайдо кард.
Аз аввалҳои даҳаи сиюм то охирҳои даҳаи шастум дар Тоҷикистон фақат се нафарро бо унвони «устод» ном мебурданд, ки яке устод Рўдакӣ, дигаре устод Айнӣ ва савумӣ устод Лоҳутӣ буд. Ин олитарин дарҷаи бузургдошт дар даврони ташаккули худшиносии таърихӣ ва худогоҳии миллии тоҷикони Осиёи Миёна аст. Рўдакӣ чун бунёдгузори адабиёти ҷаҳоншумули форсӣ аз аҳди оли Сомон сазовори ин унвон шуда буд. Садриддин Айнӣ аз ҳамзамонон бо он ҳама дониши беҳад ва ҷонбозиҳо, ки дар роҳи миллат кард ва Абулқосими Лоҳутӣ ба сабаби он маҳбубияти ҳамагонӣ, ки дошт ва шеърашро дар дурдасттарин гўшаҳои Осиёи Миёна — ҳар ҷо тоҷике бошад, мехонданд ва месуруданд, дар назари мардум ба дараҷаи устоди миллат расида буданд.
Садриддини Айнӣ дар як муддати тўлонӣ —дар ҳудуди 20—25 сол сипосгузории миллатро ба чашми худ дид. Дар назари инсонпарваре аз ин зиёдтар саодат нест. Чун соли 1991 Тоҷикистон ба истиқлол расид ва унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» таъсис шуд, нахустин ду нафар, ки соли 1997 соҳиби ин унвон гардиданд, Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров буданд. Умед аст, ки минбаъд на танҳо тоҷикони Осиёи Миёна, балки ҳама тоҷикони Хуросони Бузург, тамоми мардуми эронинажод онҳоро қадршиносӣ хоҳанд кард.
Дар ин мақола 28 нафар аз адибон, донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷики қарни нуздаҳ, ва бист номбар гардидаанд, ки чор нафари онҳо аз дасти ҷаллодони амири Бухоро ва даҳ нафарашон ба дасти шўравиён кушта шудаанд ва ҳашт нафари дигар аз амир ё аз шўравӣ ҷазои сахт дидаанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё