Зеҳн

Равшангарӣ бузургӣ таърих - Қисми 5

КИ
Китобдор8 ноябри 2024 · 14 дақиқа хондан

Дар замони шўравӣ як фаҳмиши норавои содагии забон пайдо шуда буд: барои ин ки забон халқӣ шавад, барои ин ки навиштаҳо ба оммаи мардум мафҳум бошад, бисёр сода навиштанро талаб мекарданд ва байни содагиву одигӣ тафовут намедиданд, содагиро ба дараҷаи одигии авомона мерасониданд ва нишонаҳои пасттабъӣ зиёд шудан гирифт.Аз забони гуфтории бенизом хасу хошоки зиёд ба забони адабӣ дохил шуд ва фасоҳатӣ забони адабиро коҳиш дод. Афсўс ки устод Айнӣ ҳам гоҳ ин равия, ин содагии нораворо пайравӣ кардааст. Дар асарҳои ў, масалан, калимасозиҳоеро аз ин қабил мебинем, ки ҳар кадоме аз ин таркибҳои чандҷузъа гўё як калимаро ташкил медаҳад: одам бисёркушӣ, аз пас рафта назораткунӣ, баҳампайвастшавӣ, баҳамнисбатдорӣ, рўбарўистодабин, таъсиркунӣ (ва ҳол он ки худи «таъсир» асар кардан аст, яъне маънои феъли «кардан»-ро дар худ дорад ва дигар зарурате нест, ки решаи феъли «кардан»-ро, яъне «кунӣ»-ро ба он илова намоем). Вале сухани одии авомона дар осори Айнӣ бисёр нест. Хусусиятҳои асосии забони Айнӣ дар тадқиқоти донишмандони тоҷик нишон дода шудааст.

Сухани Айнй ба ғоят иқтидорманд аст ва гўё фикре, ҳиссе, ҳолате нест, ки қалами ў ба ниҳояти дақиқӣ ва мўҷазӣ натавонад ифода созад.

Падид овардани ҳусни сухан ва иқтидори забони миллӣ низ хидмати бузурге барои устувор кардани пояҳои ҳастии миллат аст. Забон нишонаи асосии миллат ва қудрату ҳусни забон умдатарин падидаи тавоноии миллат мебошад. Аз оғози даҳаи бистуми қарни мо, ки мавҷудияти забони форсии тоҷикӣ ва миллати тоҷик дар Мовароуннаҳр ҳамеша зери хавф буд— онро аз ҷониби пантуркизм ва панславизми истеъморгарон хавфи нестӣ таҳдид менамуд ва ҳанўз таҳдид мекунад— дар ин шароит фаъол доштани ҳама имконияту қобилияти забон ва қудрату тавони он аз он ҷиҳат аҳамияти бузурги таърихӣ дошт, ки ҷону тани миллатро қувват мебахшид, пояндагии умри ўро таъмин мекард ва ин худ як ,навъи дафъи хатар аз сари миллат буд.

Азбаски забони русӣ дар ҳама ҷумҳуриҳои шўравӣ забони расмии ҳукмрон буд, аз ҷумла дар Тоҷикистон доираи амали форсии тоҷикӣ торафт танг шуда, дар чор девори хона ва мактаб маҳдуд монд ва пояҳои ҳастии он то рафт суст шудан дошт, фаъолияти устоди забардасте чун Айнӣ ин пояҳои ларзонро то андозае устуворӣ мебахшид. Аз таъсири харобкори замони пастмаънавиятӣ дар навиштаҳои тоҷикӣ нуқсонҳои фасоҳатшикани калом, заъфи таълиф, гиреҳҳои лафзиву маънавӣ зиёд шуд ва чандин мақолае, ки Айнӣ дар ин бора навишт, барои пешгирии он таъсирот зиёда муфид омад.

Ин аст, ки фаъолияти Айнӣ дар майдони забони форсии тоҷикӣ низ аз талошу пархош иборат буд, ки натиҷаи онро ба ин тарз метавон хулоса кард.

Айнӣ дар натиҷаи истифодаи устодонаи имконоти фаровони забони гуфтугўии мардуми Мовароуннаҳри қарни бист ба забони адабӣ дигаргуниҳои куллӣ ворид овард, доираҳои забони адабиро афзун кард, ба забони адабӣ ранги имрўзӣ дод, онро барои посух гуфтан ба хосту ниёзи имрўз омода сохт. Дар ин кор баъзе нависандагон ва донишмандони дигар низ ширкат варзидаанд, вале қисми асосии корро Айнӣ анҷом дод, умдатарин усули демократизми забонро ў муайян кард ва дигарон аз ў намуна гирифтанд.

Айнӣ дар забон ончунон иқтидор дорад, ки ўро яке аз бузургтарин устодони навангез дар таърихи забони форсӣ метавон донист.

Комёбиҳои Айнӣ дар эҷодгарӣ барои муайян шудани сарнавишти таърихии тоҷикони Осиёи Миёна ва роҳҳои рушди забони миллии онҳо, барои ташаккули худшиносии миллӣ аҳамияти умда дошт, нерўҳои эҷодкори миллатро ба ҷунбиш оварда, барои бартараф намудани монеъаҳои такомул сафарбар мекард.

Чунонки дидем, инқилоби иҷтимоъӣ аз моҳияти маънавии маорифпарварӣ коста, ҷанбаи иҷтимоиву сиёсии онро қувват дод. Зиёда аз ин маънои мутлақ додан ба назарияи марксиситии синфият, ки ҳастии инсон, моҳияти аслии таърих ва таҳаввули онро фақат аз тақсимоти синфи (табақотӣ)-и ҷомеа, аз зиддиятҳои синфӣ ва муборизаи синфҳо меҷустанд, моҳияти ҳастии шахс, моҳияти ҳаёт ва ҳар рўйдоди онро танҳо аз ҷанбаи иҷтимоиву синфии он дарёфтан мехостанд, чунин натиҷа дод, ки инқилоб дар амал аҳамияти арзишҳои маънавии башариро инкор кард ва ҷанбаи иҷтимоии синфиро асоси ҳастӣ донист. Идеологияи шўравӣ ба ҳамин назария такя дошт ва онро дастурамали умда қарор дод, то ҷаҳонбинии ҳама аҳли ҷомеа танҳо аз ҳамин дидгоҳ сурат бигирад.

Инро ҳам дида будем, ки ба устод Айнӣ муяссар шуд дар даҳаҳои бистуму сиюм на синфият, балки одамият ва миллатро асоси иҷтимоии ҷаҳонбинии худ қарор бидиҳад. Ба сарпанҷаи истеъмор ва худсарии истеъморгарон гирифтор омадани тоҷикон, хусусан муборизаи миллии озодихоҳии тоҷикон бар зидди таҷовузи туркӣ Айниро бар он водошт, ки манфиатҳои миллиро бартар аз манфиатҳои синфӣ донад. Воқеъияти таърихии он рўз онро тақозо менамуд ва Айнӣ «аз рўи фармудаи таърих» амал кард.

Аммо дар асарҳои адабӣ — дар қиссаву романҳо ба Айнӣ лозим омад, ки ҷанбаи иҷтимоъии синфиро ба унвони меъёри аслӣ корбаст оварад. Назари иҷтимоъии синфиятҷўӣ ба хусус дар қиссаи «Одина» (1924), ромаӣи «Дохунда» (1930) ва романи «Ғуломон» (1934) бештар зоҳир шудааст. Айнӣ дар ин асарҳо арзиши инсонро псш аз ҳама аз рўи мансубияти синфии ў муайян мекунад: ҳама беанвоёни заҳматкаш одамони хубанд, аммо аз «истисморгарон» фақат онҳоеро ба тасвир гирифтааст, ки хислатҳои бад доштаанд. Аз ин ҷост, ки давлатмандон, мансабдорон, муллоён персонажҳои манфиянд.Ҳама рафтору гуфтори мардум дар ин асарҳо фақат ба тақозаи сифатҳои синфӣ сурат мебандад.

Шак нест, ки чунин синфиятгароӣ чашмандозро танг мекард, имкони тасвири ҳаққонӣ ва ҳамаҷониба, имкони падид овардани ҳама мураккабиву печидагиҳои ҳастии инсонро аз байн мебурд.

Диди иҷтимоъӣ — ба инсон танҳо аз рўи савияи фаҳмиши иҷтимоъии ў баҳо додан ва хислатҳои ўро аз ҳамин бинишгоҳ аз назар гузаронидан асарҳои номбурдаи Айниро ба адабиёти маорифиарварии оғози садаи бист, чунончи ба осори Абдуррауфи Фитрат «Мунозара» (1911) ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» (1912) андак наздик, бурдааст. Танқидгари рус Владамир Дорофеев боре гуфта буд, ки романи Айнӣ «Дохунда» романи маорифпарварист. Он гоҳ ин гуфтаи ўро касе аз ҳозирони маҷлис ба ҷид нагирифт. Дар ҳаққи асаре чун «Дохунда», ки намунаи реализми сотсиалистӣ донистаем, гумон бурдан, ки шояд ба реализми маорифпарварӣ нисбате дошта бошад, бадгумонӣ ва бозгўӣ нияти нораво ба шумор меомад ва аз ҷумлаи мамнуот буд. Шояд ба ҳамин ваҷҳ ҳозирон он рўз ба сари гуфтаи В. Дорофеев фикр кардан нахостанд. Ва ҳол он ки ба пиндори камина андешаи он мунаққид сазовори ин буд, ки мавриди баҳс қарор бигирад.

Дар навиштаҳои бадеъии Фитрат бартарӣ ёфтани назари иҷтимоъӣ аз он сабаб рўй додааст, ки он гоҳ реализми тасвир ҳанўз дар марҳилаи ибтидоӣ ва ҳанўз амиқ нарафта буд, мақсади нависанда на таҳқиқи амиқи ҳаматарафаи инсон, балки ифодаи ғояи маорифпарварӣ буда., нависанда на аз таҳқиқи бадеъӣ ба сари ғояе, балки аз ғоя ба таҳқиқ омадааст, бештар на худи шахс, балки муносибати ўро ба як масъалаи иҷтимоъӣ нишон додааст. Дар асарҳои Айнӣ, ки пас аз 10-15 соли осори Фитрат навишта шудаанд, тадқиқи бадеъии реалистӣ ва санъати тасвир хеле қувват гирифт, дар ҳикояпардозӣ нигориш бештар аз нақли воқеа мавқеъ пайдо кард, тасвир бештар аз баён аст, вале ба ҳар ҳол нигоҳи ғоявӣ бар нигоҳи тасвирӣ бартарӣ дошт.

Дар асарҳои номбурдаи Айнӣ гоҳ худдорӣ аз падидоварии ҳамаҷонибаи саҷияи шахс ба дид меояд. Аз ҷумла дар «Дохунда» нигориши батааннии реалистӣ хеле густариш ёфта бошад ҳам, дар баъзе мавридҳо нақл ҷои нигоришро гирифтааст ва нависанда ба ҷои ин ки воқеъияти зиндагиро бо санъати тасвир манзара ба манзра аз пеши чашми хонанда гузаронад, воқиаҳоро бо шитоб нақл мекунаду нақли урён дар ин роман, ба вежа дар нишон додани рўйдодҳои баъди инқилоб ва овони ҷанги дохилӣ бештар аст. Гоҳ ҷои нигоришу тасвирро шарҳу эзоҳ гирифта аст, нависанда худи ҳодисаро бо ҷузъиёту тафсилоте ба қалами нигориш наоварда, ба маънидоди он пардохтааст.

Пайоварди чунин нуфузи ҷанбаи публисистии рўзноманигорӣ ва лавҳаҳои репортажмо- нанд он аст, ки бавежа дар қиссаи «Одина» ва нимаи дувуми романи «Дохунда» ва охирҳои романи «Ғуломон» он тарзи тасвир, ки дар адабиётшиносии русӣ реализми маорифпарварӣ меноманд, гоҳ хеле мавқеъ дорад, Ин хусусиятҳои реализми маорифиарварӣ одатан аз афзалият ёфтани ҷанбаи таблиғиву ташвиқӣ ва равшангарӣ сар мезанад. Камина бар инам, ки дар «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва баъзе асарҳои дигари Айнӣ хеле нуфуз пайдо кардани хусусиятҳои насри маорифпарварӣ на аз он аст, ки нависанда аз тасвири мукаммал оҷиз омадааст ва қаламаш ҳанўз нотавон аст. Аз баъзе навиштаҳои пештараи Айнӣ, аз баъзе қисмҳои қиссаи «Ҷаллодони Бухоро» (1922), аз баъзе порчаҳои парокандаи ў (чунончи як тасвири соли 1920 дар Куллиёт, ҷ.9, саҳ. 64) бовар ҳосил мешавад, ки қалами ў пеш аз таълифи «Одина» (1924) хеле иқтидор пайдо карда ва ба тасвирҳои нозук, ба нигоришҳои рўҳиву равонӣ қобил буд. Қудрати қалами ў аз худи «Одина», «Дохунда» ва Ғуломон», хусусан аз аввалҳои ин се асар, аз он қисмҳо, ки тасвири замони пеш аз инқилоб омадааст, низ ба хубӣ дида машавад. Пас чӣ шуд, ки Айнӣ дар қисмҳои дигар, дар тасвири замони шўравӣ аз корбурди дастовардҳои ҳунарӣ худдорӣ кард? Чаро тасвири замони шўравӣ сусттар аз тасвири замони пеш аз инқилоб аст?

Ба пиндори камина устод Айнӣ огоҳона ва қасдан ҷанбаи таблиғиву ташвиқӣ ва оҳанги бадеъии худро қувват дод. Вай мехост, ки замони худро, бавежа замони пас аз инқилобро бештар шарҳу баён кунад, на тасвир. Дар маънидоди моҳияти замон, дар шарҳу баёни воқеаҳои инқилоб аз рўи дастурҳои дастгоҳи идеологӣ амал кардан лозим буд, на аз рўи воқеъияти ҳол. Айниро, ки замони гузашта, замони амирӣ сахт рад карда буд, ў дигар набояд коре мекард, ки замони нав, замони Инқилоби шўравӣ низ ўро рад кунад. Барои ин ки Айнӣ дар як замони бўҳронии сарнавиштсўз битавонад хидмати миллатро адо бикунад, лозим буд, ки дар баъзе мавридҳо ҳар чи бигўянд бигў, бигўяд, ҳар чи бигўянд нагў, нагўяд.

Устод Айнй пеш аз инқилоб, дар замони амир ба муоина дида буд, ки

Мил бар дида гузоранду бигўянд:«Хамўш!»

Тир бар сина халонанду бигўянд:«Манол!»

Вай пас аз инқилоб дид, ки ҳанўз аҳвол ҳамон аст, ки буд, ҳанўз садои «хамўш!» ва «манол!» аз ҳар сў баланд мешавад, вале акнун бештар ба забони русӣ ва ўзбекӣ. Дар ин шароит беҳтар он буд, ки гоҳ ба худ бигўяд: Гар замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз!

Албатта инҳо тахмини камина аст, тахминест, ки ба пиндори камина асоси ҷиддӣ дорад. Мумкин аст. ки дар ҳақиқат чунин набошад. Шояд дар воқеъ устод Айнӣ то охири умр сидқан ва виҷдонан ба таблиғи инқилобӣ миён баста ва шиорҳои онро ай- ни ҳақиқат дониста, биниши иҷтимоъии синфиятҷўиро ба асоси ҷаҳонбинии худ гузошта бошад, зеро синфиятгароӣ зоҳиран ҳимояи манфиатҳои заҳматкашони мазлумро дар назар дошт. Оре, шояд дар ҳақиқат чунин бошад. Агар чунин бошад, он гоҳ байни ин маҳдудназарии синфиятҷўӣ ва он маънавиятгароиву миллатпарастӣ чандон зиддият нест. Дар боло дидем, ки Айнӣ на муборизаи синфӣ, балки ҷунбишҳои озодихоҳии миллиро дар Мовароуннаҳр омили асосии таърихӣ ҳисобида буд ва ҳама фаъолияти маорифпарварии ў дар замони шўравӣ дар роҳи пажўҳиши илмии таърихиву адабӣ пеш рафта, ба ташаккули худогоҳии маънавию миллии тоҷикон мусоидат кард. Азбаски миллати тоҷик миллати ҷафокаши мазлум аст ва як мақсад аз синфиятгароӣ низ ифодаӣ манфиатҳои бенавоёни ситамдида мебошад, метавон гуфт, ки дар фаъолияти Айнӣ миёни ду равия — миёни маънавиятҷўии маорифпарварӣ ва синфиятгароии болшавикӣ на зиддият, балки созгорие вуҷуд дорад.

Ба ин маънӣ диди иҷтимоъии синфӣ ва диди иҷтимоъии маънавӣ дар ҷаҳонбинии Айнӣ чандон хилофи ҳамдигар набуд ва шароити таърихӣ миёни онҳоро риштаи пайванд кашид, ин ду диди хилофи якдигарро ба ҳам созиш дод.Бо вуҷуди ин, ба гумони камина ,созише,ки миёни равияи синфӣ ва равияи маънавӣ сурат гирифта ,ба ҳар ҳол то андозае созвории зоҳирӣ буд.Агар созвории амиқраве мебуд, бояд нерўи бузурги биниши маънавӣ маҳдудиятҳои биниши синфиро бартараф мекард,лоақл қисман аз байн мебурд,лекин аз байн бурда натавонист.Одина дар қиссаи «Одина»,Ёдгор дар романи «Дохунда» вабечорагони сершуморе дар романи «Ғуломон» фақат ҷафокаши ситамдида ва хору зоранд,аз ҳиссиёту андешаҳои мураккаб,ки моҳияти инсонии одамизодро падид овард, ҳанўз дуранд.Нависанда ба онҳо танҳо баъзе сифатҳои синфиву табақотӣ нисбат медиҳаду бас, шахсият онҳоро аз ин зиёдтар санҷидан ва ба мо нишон додан намехоҳад. Бино бар ин аз як ҳолат ба ҳолати дигар, аз як марҳилаи рушди шуури иҷтимоъӣ ба марҳилаи дигар расидани онҳо бо таҳқиқи тадриҷӣ як-як нишон дода нашудааст. Масалан, аз нофаъолӣ бо фаъолиятмандии иҷтимоъӣ ва инқилобкорӣ гузаштани онҳо якбора рўй медиҳад, ҷузъиёту тафсилот ва сабабҳои мушаххаси он номаълум мемонад. Чунин номафҳумиҳо ва норасоиҳо дар асар аз он ҷо роҳ ёфтааст, ки на шахсияти инсон ба мукаммалӣ, балки таяҳо сифатҳои иҷтимоъист вай дар мадди назар асту бас, инсонро на ботинан, балки зоҳиран нишон медиҳад, нависанда аз маънавиятҷўӣ худдорӣ кардааст.

Он асари сегонаи Айнӣ дар адабиёти тоҷикӣ аз дигар ҷиҳат дорои аҳамияти бузургест. Дар ин асарҳои Айнӣ на тасвири барҷастаи шахсияти инсон, балки тасвири умумии ҳаёти миллат мақсади эҷоди халлоқият қарор ёфта буд ва натиҷаҳои ҷиддӣ дод. Зиндагонии мардуми тоҷик дар замони пеш аз ипқилоб дар ин се асар хеле барҷаста ва пургустариш омадааст. Устод Айни зиндагонии тоҷикон — чи мардуми Бухоро ва чи кўҳсорони Тоҷикистони куниниро, ки дар он асарҳо мавриди тасвир қарор ёфтааст, ба дараҷаи аъло медонад ва бисёр махсусияту вежагиҳо ва рангомезиҳояш, тарзи зисту маъишат, расму таъомул, мазнараҳои табиат ва ғайраро пеши чашми мо ба ҷилва меорад.

Қудрати қалами Айнӣ дар тасвири нозукбинонаи зиндагии миллат падид омадааст ва ин ҳам ба шарофати ҳамон равияи эҷодиёти ў, ки маънавиятҷўии миллатпарварона буд, даст додааст.

Қалами Айнӣ дар тасвири зиндагонии ҷомеа ва синфу табақаҳои гуногуни он, дар тасвири рўзгорони пеш аз инқилоб аз қиссаи «Одина» то романи «Дохунда» ва аз он то «Ғуломон» торафт қувват ёфта, аз як сў нигоришҳо пурғунҷоиш ва барҷастатар шудааст ва аз сўи дигар фарогирии зиндагонӣ густариш ёфта, ба вежа дар «Ғуломон» бисёр гўшаҳои ҷомеаро дар бар гирифтааст. «Ғуломон»-ро аз он сабаб романи эпопея номидаанд,ки давраҳои гуногуни инкишофи таърихӣ дар муддати зиёдтар аз сад сол—аз соли 1825 то 1934 ба доираи тасвирҳои он даромадааст, дар воқиаҳои пуршўри он бештар аз 400 нафар иштирок доранд. Аксари ин шахсҳо ва воқиаҳои пеш аз инқилоб, ки дар романи «Ғуломон» нигориш ёфтаанд, воқеъиянд. Он шахсҳо дар ҳақиқат вуҷуд доштаанд ва он воқеаҳо дар ҳақиқат рўй додаанд. Асоси воқеъии ҳикояпардозиро дар тасвири замони шўравӣ низ як андоза мебинем, чунончи дар бахши чорум, ки рўйдодҳои солҳои 1920—1923-ро дар бар мегирад, ба дасти душманони инқилоб кушта шудани дигар бародари Айнӣ — Муҳиддинхоҷа низ зикр шудааст.

Айнӣ таъкид карда буд, ки ҳама осори адабии ў асоси воқеъӣ дорад, аз рўи дидаву шунидаҳои худи ў, аз рўи санадҳои мўътабар навишта шудааст ва номи шахсҳо аксаран бидуни тағйир зикр гардидааст. Вай гуфта буд: «Ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиям ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд». Асоси воқеъии тадқиқи бадеъии ҳаёт дар романи «Ғуломон» бештар аз дигар асарҳое, ки Айнӣ, дар даҳаи бист ва то то нимаи даҳаи сӣ эҷод кард, падид омада, то он ҷо, ки замони пеш аз инқилоб тасвир шудааст, дар такомули усули реалистии насри ў ба унвони омили муҳимме нақш гузошт.

Мутаассифона, нигориши рўйдодҳои зиндагӣ дар бахшҳои чоруму панҷуми романи «Ғуломон», ки давраи инқилоби Бухоро ва солҳои пас аз онро дар бар гирифтаанд, гоҳ-гоҳ чандон мўътамад нест, воқиаҳо ғайритабиъӣ ва сохта менамоянд, Гумон меравад, ки ин нигоришҳои ғайритабиъӣ ва сатҳӣ на аз он ҷо сар задаанд, ки қалами Айнӣ аз тасвири эътимодбахш оҷиз омад, балки шояд натиҷаи он бошанд, ки нависанда аз тасвири ҳаққонӣ худдорӣ кардааст, воқеъияти зиндагониро он тавр ки буд, нишон додан нахостааст. Агар нависанда ҳақиқати воқеъиро падид меовард, масалан, агар воқиаҳои давраи инқилоб ва ё колхозиро он тавр ки рўй дода буданд, ба қалам мегирифт, бешак даҳшату қабоҳати баъзе аз онҳо ошкор мегардид. Бино бар ин онҳоро айнан тасвир накардааст. Аз тасвири онҳо даст кашидан ҳам мумкин набуд, зеро яке аз талабҳои идеояогияи шўравӣ ин буд, ки нависандагон ҳатман замони инқилоб ва сохтмони ҷомеаи сотсиалистиро бояд тасвир бикунанд. Ин аст, ки Айнӣ ба роҳи сохтакорӣ қадам гузошт ва воқиаҳое аз худ бофт, ки агарчи ба ҳақиқат чандон наздикӣ надоранд, ба дархосту тақозои дастгоҳи идеологӣ мувофиқ меоянд Аз эҳтимол дур нест, ки Айнӣ чунин «ҳилаи шаръӣ» пеш гирифта бошад. Акнун касе наметавонист даъво бикунад, ки Айнӣ замони шўравӣ ва муваффақиятҳои онро тасвир накардааст. Дар айни ҳол ба ў муяссар шуд, ки аз тасвири ҳаққонӣ худдорӣ бикунад ва ба ҷазо гирифтор нашавад. «Ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёрам наранҷид».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба