Зеҳн

Равшангарӣ бузургӣ таърих - Қисми 4

КИ
Китобдор8 ноябри 2024 · 17 дақиқа хондан

Пантуркистҳое, ки пас аз инқилоб ба сари қудрат омаданд, хилофи воқеъияти рўз ва таърих амал мекарданд. Айнӣ ҳақиқати таърихро ба дасисаҳои пантуркистӣ зид гузошт ва барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ,иҷтимоиву сиёсии рўз ба кор даровард.

Туркпарастон пас аз инқилоб тоҷиконро аз матбуот ва имкони нашри китоби дарсӣ маҳрум намуданд, мактабҳоро саросар ўзбекӣ карданд, дар ҳама санадҳо бо зўру заҷр тоҷиконро ўзбек менависониданд. Ўзбеконидани тоҷикон нахустин меваи инқилоб буд, ки бисёр талх омад ва ба хусус дар Бухорову Самарқанд чун заҳри ҳалоҳил амал кард. Мехостанд, ки пештар ва бештар аз ҳама ин ду ноҳия, ки аз устувортарин марказҳои бостонии забону фарҳанги форсии тоҷикист, туркӣ шавад.Бавежа чун ба тақозои туркпарастон ва Маскав тадоруки тақсими ҳудуди миллӣ — марзбандии Осиёи Миёна оғоз ёфт, мубоҳисаву муборизаи сахте дар сари масъалаи тоҷикон бархост. «Тоҷик нест, мо ҳама турку ўзбек ҳастем!» —ҳамин буд шиори туркпарастон дар Бухорову Самарқанд. Собит кардани мавҷудияти тоҷикон амалан бар зиммаи устод Айнӣ монд. Асосан ў бо далелу бурҳони қотеъ ва гувоҳии таърих ба субут расонид, ки тоҷикон дар Мовароуннаҳр аз қадим вуҷуд доштанд ва чун имрўз барои ўзбекҳо ба номи Ўзбекистон ва барои туркманҳо ба номи Туркманистон давлате ташкил кардан лозим будааст, барои тоҷикон ҳам давлате ба номи Тоҷикистон созмон додан зарур аст.

Бисёр касоне аз қабили Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Тўрақули Зеҳнӣ(1892—1983), Абдулқодир Муҳиддинов (1892 — 1934) бо таблиғу ташвиқи Айнӣ чашмро аз ғубори пантуркистӣ тоза карда, боз ба хидмати миллат даромаданд.

Чун Абдулло Раҳимбоев ва Файзулло Хоҷаев соли 1924 тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёнаро бар зарари тоҷикон анҷом дода тақсимномаро барои тасвибу тасдиқ ба Маскав бурданд, Абдулқодир Муҳиддинов ва Чинор Имомов (1898—1938) ба Маскав рафта, бо талоши зиёде барои таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон замина омода карданд ва Абдулқодир Муҳиддинов сарвари нахустин ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Якум коре, ки Абдулқодир Муҳиддинов чун раиси ҳукумати Тоҷикистон кард, ин буд, ки ба Айнӣ тартиб додани китоберо ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик» супурд, то мавҷудияти миллат ва забону адабиёти вай исбот шавад. Айнӣ ин супоришро ба зудии зуд иҷро кард: бо як заҳмати қаҳрамонона таълифи асареро дар ҳаҷми 626 саҳифа дар зарфи ҳафт моҳ анҷом дод ва Абулқосими Лоҳутӣ (1887—1957), ки ба мулки шўравӣ паноҳ оварда буд, онро ба зудии зуд соли 1926 дар Маскав чоп кард (ҳатто худаш ҳуруфчинӣ карда буд).

«Намунаи адабиёти тоҷик» бо ин суханони муаллиф оғоз ёфтааст: «Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрўз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон чунонки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳе ва амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва Манғит, ки ирқан муғул, турк ва ўзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷёфта ҳаст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост» Устод Айнӣ ҳамин ҳақиқатро бо таҳқиқи илмӣ ва далелҳои раднашуданӣ исбот карда, даъвоҳои пантуркистҳоро як-як рад намуд.

«Намунаи адабиёти тоҷик» китоби тазкирамонандест, ки мусанниф осори 212 нафар шоирону насрнависони форсизабони Мовароуннаҳрро аз замони Сомониён ва Абўабдуллоҳи Рўдакӣ то баъзе қаламкашҳои ҷавони даҳаи бисти садаи мо мухтасаран баррасӣ намуда, дар давоми ҳазор сол бисёр асарҳои оламшумул ба вуҷуд овардани аҷдоди тоҷиконро нишон дод, то ҳама бинанд, ки миллати тоҷик фарҳанги баланди бостонӣ дорад ва забонаш на «форсии вайрон», балки як забони иқтидорманд ва қолиби мўъҷизаҳост. Албатта ин натиҷа зарбаи сахте ба пантуркистҳо буд ва чунонки худи Айнӣ гуфтааст, «пардаи он иғвогаронро даронид ва ба даҳонашон мўҳри хомўшӣ зад».

Он мўҳри хомўшӣ дер напоид. Пантуркистҳо иғвои дигар ангехтанд. Онҳо яке аз сарварони шўравиро дар Маскав ба миён андохта, аз забони ў эълон карданд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» китоби «шоҳпарастии аксулинқилобист», ки шеърҳое аз қабили ин байти Рўдакӣ дорад:

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме.

Айнӣ гўё бо ин шеъри Рўдакӣ амири манғити гурезаро ба Бухоро даъват карда будааст.

Ин аст, ки соли 1930 «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро манъ карданд ва аз дўкону китобхонаҳо чида, ба коми оташ партофтанд.

Вале «Намунаи адабиёти тоҷик» кори худро карда буд. Тири Айнӣ ва ҳамкорони ў, ки сафашон рўз то рўз меафзуд, ҳар чи бештар ба нишон мерасид.

Натиҷаи талошҳои даҳаи бист ин шуд, ки соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати Ўзбекистон ва соли 1929 Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон таъсис ёфт ва тоҷикон дар як гўшаи дурдасти ватани худ—дар кўҳистони ақибмондаи Бухорои Шарқӣ давлате ташкил карданд, ки агарчи давлате номустақил дар ҳайъати импиротурии шўравӣ буд, таъсиси он ба ҳар ҳол рўйдоди бузурге ба ҳисоб меравад, зеро лоақал як қисми тоҷикони Мовароуннаҳрро аз чанголи абарқудратони пантуркист як андоза раҳоӣ бахшид.Агарчи мутаассифона Бухорову Самарқандро аз он чанголи бадханҷол рабудан муяссар нашуд ва соли 1924 Тоҷикистон ягона ҷумҳурии шўравӣ буд, ки як шаҳр надошт (ва онро як намуна аз беинсофию худсарии роҳбарони шўравӣ бояд ба шумор овард), бо вуҷуди он дар Осиёи Миёна ва Маскав эътироф шудани мавҷудияти миллати тоҷик комёбии қобили мулоҳиза буд.

Дар ин пирўзии таърихӣ ҳиссаи Садриддини Айнӣ зиёдтар аз ҳиссаи ҳар муборизи дигар аст.

Мубориза дар роҳи исботи мавҷудияти миллати тоҷик, дар роҳи созмон додани «давлати миллӣ» он моҳиятан муборизаи миллии озодихоҳӣ буда, андешапардозу мафкурбардори он устод Айнист. Устод дар ин муборизаи сиёсӣ бо силоҳи илмиву равшангарӣ ширкат варзид, балки роҳбарӣ кард. Вай он солҳо маорифпарвари бузурге буд, ки илму донишро дар шаби тори таърих машъали роҳи миллат кард.

Тоҷикони Мовароуннаҳр дар рафти ин мубориза ба нахустин пояҳои худшиносии нави миллӣ расиданд, баъзе нишонаҳои ҳувияти миллиӣ худро дарк намуданд. Мардуме, ки як муддат надонистанд, ки худ кистанд: турку ўзбак ҳастанд ё форсу эронӣ ё тоҷик ё ғалча ва ё сорт — ҳар кас онҳоро ба сўе мекашид ва номе аз номҳои мавҷуда медод—ниҳоят ба номи тоҷик худро бозёфтанд, решаҳои таърихии худро устувор диданд, ёди таърихи босуръат ғанӣ шуда, обу ранги миллӣ пайдо кард. Дар ин худҷўиву худрасии миллат низ «Намунаи адабиёти тоҷик» ва мақолаҳои устод Айнӣ, ки дар даҳаи бист ба форсии тоҷикӣ ба шумурди камина 94 мақола ба чоп додааст ва ба туркии ўзбекӣ ҳам хело мақола дорад, нақши асосӣ иҷро намуд. Фаъолияти маорифпарварии устод Айнӣ омили асосӣ дар ташаккулу таҳаввули худогоҳии миллии тоҷикони Осиёи Миёна буд.

Ба ин тариқ муборизаи таърихӣ ҷанбаи илмиву таҳқиқии равшангарии Айниро зўр ва густариш бахишда, маорифпарвариро чун як нерўи ҷиддии иҷтимоъиву сиёсӣ, ки асоси иқтидормандии маънавӣ дорад, ба ҷавлон овард.

Чунонки таъкид карда будем, асоси маънавии маорифпарварии тоҷикӣ аз замони Аҳмади Дониш ба ғоят пурзўр буда, дар даврони инқилоб, ба хусус аз солҳои 1917- 1918 ҷанбаи иҷтимоиву сиёсии он қувват гирифт. Ин ҷанбаи иҷтимоъиву сиёсӣ пас аз инқилоб ба чорчўбаи синфиву табақотӣ даромадан оғоз намуд ва ин ҳолат хавфе пеш овард, ки мазмуни маънавӣ ва башарии ҳамагонии маорифпарварӣ маҳдуд шавад ё аз байн равад. Айнӣ маорифпарвариву равшангариро аз роҳи сиёсии синфиву табақотӣ берун карда, ба роҳи муборизаи миллии озодихоҳӣ даровард, бо ҷустуҷўи решаҳои таърихии миллат ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ки пояҳои ҳастии миллатро устувор ва бақои умри ўро таъмин мекунанд, боз асосҳои маънавии равшангариро мустаҳкам кард. Дар ин сурат ғояҳои худшиносии миллӣ бунёди иҷтимоъии маорифпарварӣ қарор ёфт, мазмуну мундариҷаи маънавии онро ташкил кард. Чунин дигаргунии бунёди маънавии маорифпарварии тоҷикӣ бештар ба ҷаҳду ҷадали устод Айнӣ вобастагӣ дорад.

Дар замони шўравӣ ранги миллӣ додан ба идеалҳову ҳадафҳои маорифпарвари хавфе азим дошт. Хавф иборат аз он буд, ки мумкин буд ин корро нишонаи миллатпарастиву миллтагароӣ бидонанд, хилофи интернасионализми шўравӣ тараққӣ кунад ва гуноҳи бузурге ба қалам диҳанд. Айнӣ барои ин ки гуноҳи миллатгароӣ ба гардани ў нагузоранд, Ленинро шафеъ овард. Вай соли 1925 навишт: «Рафиқ Ленин медонист,ки дар Шарқ аз худи аҳли Шарқ сармоядорони бузург нест… Бино бар ин ҷамоаи муздороне, ки дар як ҷо гирд омада бошанд, ҳоло нестанд… Сабаб он буд, ки рафиқ Ленин бинои озодии Шарқро ба муборизаҳои синфӣ нагузошта, ба ҳаракатҳои миллӣ гузошт».

Айнӣ намегўяд,ки ин назарияро ба Ленин ба асоси кадом гуфтаву навиштаи ў нисбат додааст.Чунин акидаро изҳор кардани Ленин аз эҳтимол дур аст,зеро назарияпардозон ва сарварони шўравӣ он солҳои баъд бартарии омили синфиву он солҳои баъд бартарии омили синфиву табақотиро гаштаву баргашта гўшрас овардаанд ва масалан Сталин дар анҷумани 12-и ҳизби коммунистӣ соли 1923, яъне ду сол пеш аз он гуфтаи Айнӣ таъкид карда буд: «Масъалаи миллат масъалае тобеъи масъалаи коргарон аст». Дар ҳақиқат муборизаи озодихоҳии миллат ягонагии миллӣ ба миён меорад ва ҳиссиёти миллатпарвариро қувват медиҳад. Ва ҳол он ки ягонагии миллӣ мумкин аст «сулҳи синфиву табақотӣ» дар пай дошта бошад.

Аммо пайравони марксизм—ленинизм ба суст шудани муборизаи синфӣ, ба оштии синфҳо ҳаргиз наметавонистанд розӣ бишаванд. Аз ин рў дар замони шўравӣ ягонагии миллат бадтарин падидаи миллатгароии буржуазӣ дониста мешуд ва Ленин гуфта буд: «Марксистҳо бо ҳама шаклҳои миллатгароӣ қатъиян мубориза мекунанд».

Ба ин сабаб чунин ақидаи Айнӣ, ки муборизаи синфии пролетариат дар кишварҳои Шарқ омили умдаи фарояндҳои ҷомеъа нест ва ҷунбишҳои миллӣ дар Мовароуннаҳри даҳаи бистуми қарни мо омили асосии таърихист, хилофи идеологияи ҳукмрони кишвари шўравӣ мерафт. Пеш рондани чунин ақида ба хусус дар даҳаи сиюм, ки давраи авҷи зўроварии якҳизбӣ ва террор буд, хеле хавф дошт. Шояд аз ин ҷиҳат аст, ки дар навиштаҳои баъдии Айнӣ чунин андешае дигар баён нашудааст. Лекин чунонки поинтар хоҳем дид, ҳама фаъолияти илмии ў дар дарҳаи сӣ боз ҳам дар ҷараёни муборизаи роҳи устувор кардани ҳастии миллии мардуми тоҷик идома гирифт, яъне равшангарии ў дар даҳаи сӣ ҳам моҳиятан ба ҳамон назарияи бартарии ҷанбаи маънавӣ ва инсониву миллӣ такя дошт.

Иштироки фаъолонаи Айнӣ дар муборизаи миллии озодиҷўии мардуми тоҷик ин идомаи талошҳои Аҳмади Дониш аст. Муҳаққиқи тоҷик Субҳони Амир ба ин ҳақиқат диққат ҷалб кард, ки дар осору фаъолияти Аҳмади Дониш нишонаҳои «худшиносии миллӣ ва истиқлолхоҳии мардуми тоҷик» ба дид меояд, зеро Аҳмади Дониш дар Мовароун- наҳр, дар ин сарзамини бостонӣ ривоҷ гирифтани зулму бедод, фисқу фасод, таназзули дину шариат ва тамаддуну маърифатро аз ҳукмронии «қавми саҳронишин ва истилогар» яъне манғитиён медонад. Дар ҳақиқат Аҳмади Дониш таъқид мекард, ки дар садаҳои 18—19 аз «тороҷи ўзбак», аз ин, ки «мудом лашкаркашиву ҷангу ҷидол дар мобайни элоти ўзбак воқеъ буд», аз он ки «тозу бози ўзбакия аз ҳад» гузашт, ҳоли Бухоро табоҳ шудааст ва ба «сабаби он ки мардуми ўзбак дар умури давлатӣ тадохул ёфта, ҷиҳати безабтии салтанат шуда, ҳар чи аз ҳар ҷо ёфтаанд, мутасаррифу молик шуда, шўъла аз чароғи бевазан ва нон аз анбори қоқ дуздиданд»".

Аз ин ҷост, ки ҷандалаи Аҳмади Дониш дар роҳи пешгирии ҷавру зулм натанҳо муборизаи инсондўстонае буд, балки ранги миллӣ дошт. Маълум аст, ки ў бо истилогарони рус, бо гуфти худаш бо «Русияи рўсияҳ» низ талошҳо кардаст. Фаъолияти ҷадидон дар ағози садаи 20 ҳам як ҷузъи муборизаи озодиҷўии миллӣ буд, ки дар баъзе мавридҳо ба муқобили бегонагон ва аксаран бар зидди мустамликадорони рус равона шуда буд.

Ҷидду ҷаҳди фидокоронаи Айнӣ дар даҳаи бист дар роҳи истиқлоли миллии тоҷикон, дар роҳи фош кардани дасисаҳои пантуркистҳо бешак давоми ҳамон муборизаҳои Аҳмади Дониш ва пайравони ўст. Агар дар замони инқилоби шўравӣ дар ҷаҳонбинии Аинӣ шакли миллии шуури иҷтимоъӣ бар шакли синфии он пирўзӣ ёфт, шуури миллӣ аз шуури табоқотӣ пурзўртар омад, ин ҳам ба шарофати он даст дод, ки ба халқу миллат, ба орзуву омоли иҷтимоъиву маънавии Аҳмади Дониш, ки машъалдори роҳи эҳёи миллист, садоқати комил дошт .

Дар даҳаи сиюм муборизаи таърихии миллат андак хусусияти дигар пайдо кард.

Пас аз он ки «Намунаи адабиёти тоҷик» чоп шуд, туркпарастон ва баъзе шарқшиносони рус даъво карданд, ки он ҳама адибоне, ки дар ин китоб зикр шудаанд, намояндагони адабиёти форсиянд ва тоҷикони Осиёи Миёна ба онҳо ҳақ надоранд. Баъди кашмакаши зиёде баъзе ховаршиносон ба ин ақида омаданд, ки адабиёти Мовароуннаҳр танҳо пас аз қарни шонздаҳу ҳафтдаҳи мелодӣ, ки миёни Осиёи Миёна ва Эрон ҷудоии сиёсӣ ва мазҳабӣ руй дода, адабиёти Осиёи Миёна ва забони форсӣ андак-андак хусусиятҳои маҳаллӣ пайдо кард,шояд аз қарни ҳаждаҳу нуздаҳ, чунончи аз Аҳмади Дониш сар карда мумкин аст, адабиёти тоҷикӣ номида шавад. Ховаршиносон мегуфтанд, ки он чӣ адабиёти форсӣ ном дорад, аз садаи нўҳу даҳи мелодӣ, яъне аз аҳди Оли Сомон то садаи шонздаҳу ҳафтдаҳ моли Эрони имрўз аст ва Тоҷикистони навбаромад бояд ба он даст дароз накунад.

Ин аст, ки боз хавфи он омад, ки тоҷикон аз таърхи худ, аз мероси фарҳангӣ ё як қисми бузурги он маҳрум шаванд. Устод Айнӣ боз талоши илмӣ оғоз кард, барои исботи ҳуқуқи тоҷикон ба мероси фарҳангӣ ҷустори илмӣ пеш гирифт.

Устод Айнро ҷавлони андеша бар он ҳақиқат овард,ки адабиёти форсӣ мероси муштараки тоҷикони Осиёи Миёна ва мардуми Эрони кунунӣ аст, азбаски Рўдакӣ,Фирдавсӣ, Носири Хусрав,Камол,Ҷалолиддини Румӣ ва дигар бузургон аз Хуросон (аз ҷумла аз Фарорўд) хестаанд,бояд бигўем,ки адабиёти форсиро аҷдоди тоҷикони имрўза ва эрониёни кунунӣ бо ҳам эҷод кардаанд,ба ҳама эронтаборони имрўзӣ баробар тааллуқ дорад.

Чунончи зикр шуд, Айнӣ дар аввали кор, яъне дар «Намунаи адабиёти тоҷик» фақат он адибонеро, ки аз Мовароуннаҳр бархостаанд, бо мафҳуми «адабиёти тоҷикӣ» фаро гирафта буд ва дар ин китоб ё мақолае нагуфтааст, ки ин адибон дигар ба мардуми Эрони кунунӣ тааллуқ надоранд, танҳо аз тоҷикони Мовароуннаҳранду бас. Не, чунин гузориши масъала ба назар намерасад.

Аз ин сабаб рафта-рафта ҷараёни фикр бар ин овард, ки адабиёти форсӣ дар ҳар ду тарафи Ому мероси муштараки тоҷикони Осиёи Миёна ва мардуми Эрони кунунӣ ва форсигўёни Афғонистон аст. Чун сухан аз забони форсии дарии адабӣ меравад, Омў аз аввали аҳди Сомониён то ҳол ҳеҷ гоҳ марзи забон ва адаб набуд. Аз аввали пайдоиши забони форсии дарӣ ва адабиёти форсии нав фарояндҳои фарҳангиву адабӣ, ки ин забон ва ин адабиётро ба вуҷуд оварданд, дар Мовароуннаҳру Хуросон як буданд ва як пайомад доштанд. Инҳоро як халқ эҷод кардааст ва имрўз он забон ва он адабиёт моли муштараки авлоди он халқ аст.

Ба ин ваҷҳ Айнӣ назарияе пеш ниҳод, ки адабиёти форсии то охири қарни понздаҳи мелодӣ,яъне то аҳди ўзбакия бояд дар Тоҷикистон адабиёти форс-тоҷик номида шавад. Илова шудани сифати «тоҷикӣ» ба истилоҳи мавҷудаи «адабиёти форсӣ» ҳуқуқи тоҷиконро ба ин адабиёт таъкид мекунад, тоҷиконро низ соҳиби комилҳуқуқи адабиёти бузурги форсӣ эълон менамояд.

Баски забони форсии дарӣ ва адабиёти форсии нав дар аҳди Сомониён дар Мовароуннаҳру Хуросон шакл гирифтааст,яъне аҷдодони тоҷикони кунунӣ дар шаклгирии он аз нахуст бештар саҳм доштаанд,ховаршиноси рус Иосиф Брагинский, ки назарияи Айниро қабул карда буд,таклиф кард,ки дар номи ин адабиёт сифати «тоҷикӣ» аз сифати «форсӣ» пештар гузошта шавад,яъне «адабиёти тоҷикӣ-форсӣ» ном бигузорем.

Баъдтар баъзеҳо, Носирҷон Маъсумӣ пешниҳод карданд,ки чун сухан аз фарзандони Мовароуннаҳру Хуросон,масалан аз Рўдакӣ ё Носири Хусрав ва ё Абдурраҳмони Ҷомӣ равад ,онҳоро «шоири тоҷик-форс» бигўем ва намояндагони ғарби Эрони кунунӣ, чунончи Саъдиву Ҳофизро «шоири форс-тоҷик» биномем.

Аммо устод Айнӣ дар ҳама нигоштаҳои илмии худ фақат «адабиёти форс-тоҷик» навишта ва «форс»- -ро пештар аз тоҷикӣ гузоштааст.Шояд андешаи ў ин буд,ки истилоҳи аслии «адабиёт форсӣ» мебошад ва мо ба он истилоҳи мавҷудаи устувор сифати «тоҷик»-ро илова мекунем ва ин илова бояд ба охири он гузошта шавад.Бешак, ин гап ҷон дорад.Банда бар инам,ки ин мулоҳиза бояд ба назар гирифта шавад ва ба ҷуз ин,на «адабиёти форс- тоҷик»,балки «адабиёти форсӣ- тоҷикӣ» гуфтан беҳтар аст,зеро истилоҳи аслӣ «адабиёти форӣ» (на «адабиёти форс») аст ва ба он бояд сифати «тоҷикӣ» (на исми «тоҷик») илова гардад.

Устод Айнӣ ақида изҳор кард,ки аз садаи шонздаҳи мелодӣ нисбат ба адабиёти форсии Мовароуннаҳр бояд истилоҳи «адабиёти тоҷикӣ» ба кор равад.Дар ин сурат ҳуқуқи меросбарии фарҳангии тоҷикон боз бештар таъкид мегардад.Ин ҳама дар солҳои сӣ пешниҳоди муҳим буд, ки ба халқи тоҷик барои шинохти ҳаққи таърихии худ бештар имкон фароҳам овард. Ин номгузорӣ барои муаррифии халқи тоҷик дар саҳнаи байналмилалӣ, барои мукаммалтар нишон додани нақши таърихии онҳо дар фарҳанги эронтаборон хеле аҳамият дошт.

Имрўз ки мардуми тоҷик дар шинохти ҳаққи хеш ва худшиносии ориёӣ хеле пеш рафтаанд,ба ақидаи банда ,адабиёти форсии Мовароуннаҳри пас аз садаи понздаҳро низ «адабиёти форсӣ- тоҷикӣ» метавон номид. Бо ин истилоҳ решаҳои таърихӣ ва моҳияти аслии адабиёти тоҷикзабонони Мовароуннаҳри панҷсад соли охир беҳтар падидор меояд.

Дар масъалаи забон ҳам устод Айнӣ риояи меросбарӣ ва пайванди замонҳоро равия кардааст. Ў андўхтаҳои олиҷаноби забони ҳазор сол ва имкониятҳои беҳадди забони умумихалқии имрўзро бо табъи баланд ва нозукбинии камназир ба ҳам созвор овардааст. Аз навиштаҳои Айнӣ (бар хилофи баъзе нависандагони дмрўзаи тоҷик) тамоман равшан аст, ки ў захираи фарҳангии замонҳои гузашта, аз ҷумла забони форсии классикӣ ва забони мардумии имрўзро ба дараҷаи аъло медонад ва ганҷинаи забони имрўзро бештар аз рўи меъёрҳои классикӣ ба корбаст мегирад.

Ба диққати он «сухансанҷон»-и охирзамон, ки аз «забони дурага» гап мезананд, порчае аз навиштаҳои Айнӣ овардан мехоҳем. Айнӣ таъкид кардааст, ки «ин порча ба лаҳҷаи Буоро таҳрир шудааст».

«Ашўр деҳқони мнёнаҳол буд, як дар хона, як гова корӣ, як модагов, хар ва ҳашт таноб замин дошт. Ашўр бо Аҳмад, ки гови кории ў ҳам тоқа буд, ҳамюғ шуданд, ҳар кадоми инҳо дар замини худ шаб дар миён ба навбат говронӣ мекарданд. Ашўр марди коркуни боғайрат буд. Шабе, ки навбати говронӣ ба худаш мерасид, сари шом гови Аҳмадро оварда, дар таҳти соботи худ мебаст, ба говон ба сериву пурӣ хўрок медод, худаш ҳам бо обу явғоне, ки дошт, шикамашро сер карда, зуд мехобид. Дар аввали ҷеғ задани хурўс аз хоб мехест.»

Аз ин пора ошкор аст, ки лаҳҷаи Бухоро имрўз асолати форсии дариро ба хубӣ нигоҳ доштааст ва аз ҳамин сабаб дар навиштаҳои Айнӣ унсурҳои он зиёд ба кор рафтааст. Аммо такяи Айнӣ на танҳо ба забони аҳли Бухфову Самарқанд, балки бештар, чунонки гуфтем, ба имконоти олидараҷаи андўхтаи асрҳо буд, ки дар навиштаҳо ва гўишҳо маҳфуз аст.

Барои он ки ҳусни сухани Айнӣ ва оҳанги дилнавози он маълум шавад, як порча аз романи «Дохунда» (1930), ки нахустин романи тоҷикист, меорем:

«Чашми сиёҳи оташбор, мижгони дарози ҷоншикор ва абрўи каҷи дунболадори ў дили ҳар бинандаро аз ҷо мебурд. Қадди навруста, рўи хуҷиста, зулфи шикаста, абрўи пайваста—ҳама ба якдигар мутаносиб, ҳама ба якдигар шинам, ҳама ба якдигар зебанда афтида буданд. Донаҳои ашки алмосгун, ки аз чашмони дурахшонаш ба рўи рахшонаш мечакиданд, намуди шабнами саҳариро ба рўи гулбарги сурхи таре ҷилва медоданд».

Ин тасвири Гулнор аст, ки аз биниши Ёдгор омадааст. Мақсади нависанда на тасвири мушаххас, балки ифодаи ҳиссу ҳаяҷонест, ки Ёдгорро аз дидани Гулнор ҳосил шуд. Ин ҳиссу ҳаяҷони пурҷўш бо суханони рангини шўрангез баён шудааст, ки аз сабки классикӣ, чунончи андаке аз унсурҳои насри мусаҷҷаъ баҳраманд аст. Инро ҳанўз нигориши реалистӣ наметавон номид. Вале нигоришҳои реалистии Айнӣ низ бештарин рангомезу барҷаста, ҳамзамон дақиқ ва қобили дид мебошанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба