Зеҳн

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор - Шеърҳо

ЗЕ
Зеҳн8 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

ШЕЪР ВА НАЗМ

Шеър донӣ чист?

— Марвориде аз дарёи ақл,

Шоир он афсунгаре, к-ин турфа марворид суфт.

Санъату саҷъу қавофй1 ҳаст назму нест шеър,

Эй басо нозим, ки назмаш нест илло ҳарфи муфт!

Шеър он бошад, ки хезад аз дилу ҷўшад зи лаб,

Боз дар дилҳо нишинад ҳар куҷо гўше шунуфт.

Эй басо шоир, ки ў дар умри худ назме насохт!

В-эй басо нозим, ки ў дар умри худ шеъре нагуфт!

ШУҶОАТИ АДАБӢ

Мурдан андар шуҷоати адабӣ,

Беҳтар аз чоплусию чалабӣ!

Ман бар онам, ки нест зери сипеҳр,

Сифате чун шуҷоати адабӣ.

Нуҷабои1 ҷаҳон шуҷоонанд,

Ба шуҷоат-дар аст мунтаҷабӣ.

Рост бошу мадор бок аз кас,

Ин бувад хўи мардуми асабӣ.

Сахтрўӣ зи гурбузӣ беҳтар,

Аҳмадӣ хубтар зи Булаҳабӣ.

Чашм бардор аз он касон, ки сухан,

Бехигўшӣ кунанду зерилабӣ.

Сухане росто ба мазҳаби ман

Беҳ зи сесад намози нимшабӣ!

Гуфтаи омёна, лек сареҳ,

Беҳ зи ҳафтод хутбаи арабӣ!

Тифли густох назди ман бошад

Пиру он пири чарбгўй сабӣ.

Дар ҷаҳонанд бихрадону радон.

Камтару бештар ҷабону ғабӣ

Ту аз он мардумони камтар бош,

Ин бувад маънии фузунталабӣ.

Магузин мазҳаб аз барои заҳаб,

Эй ҳаводори давраи заҳабӣ!

Ёри аҳримананд макру дурўғ,

Инчунин гуфт Зардуҳушти набӣ.

Аз ҳасаб мардро шараф хезад?

Чист фахри шарофати насабӣ?

Ҳон, ту густохию шуҷоатро

Ҳарзалоӣ магиру беадабӣ!

Боадаб бошу рост бошу сареҳ,

Раҳи ҳақ ҷўй аз он чӣ металабӣ!

ДУРУД БА ПУШКИН

Дуруд бар туву фазлу камолат, эй Пушкин!

Ба табъи нозуку лутфи хаёлат, эй Пушкин!

Наёфт умри ту бо рўзи мурданат поён,

Кунун бувад саду панҷоҳ солат, эй Пушкин!

Туӣ зи мо саду панҷоҳ поя болотар,

Барем рашк ба ҷоҳу ҷалолат, эй Пушкин!

Маро ҳанўз назоида моми1 даҳр, аммо

Расидаӣ ту ба авҷи камолат, эй Пушкин!

Ҷанини даҳраму хун мемакам зи нофи ҳаёт,

Ту ҷовидонию набвад заволат, эй Пушкин!

Ба боли нағмаи мавзуни худ биболу бипар

Сўи абад, ки кушодаст болат, эй Пушкин!

Бичам2 бар авҷи асири3 ҷалоли4 хешу мабош

Ба ёди зиндагии пурмалолат, эй Пушкин!

Саодати башар армону идеоли ту буд,

Дуруд бар туву бар идеолат, эй Пушкин!

БА АЙРАҶ

Марсия дар вафоти шоири машҳури Эрон Айраҷ Мирзо, ки дар соли 1923 аз бемории сакта мурда буд.

Айраҷ, рафтию ашъори ту монд

Кўч кардӣ туву осори ту монд!

Чун кунад қофила кўч аз саҳро,

Мениҳад оташе аз хеш ба ҷо.

Бор бастӣ ту зи сарманзили ман,

Оташат монд, вале дар дили ман.

Баъди умре дили ёрон бурда

Дили мо сўхтӣ аз ин мурдан!

Чун кабўтарбачаи парвозӣ,

Баркушудӣ пару кардӣ бозӣ,

Авҷ бигирифтию бол афшондӣ,

Ногаҳон рафтию боло мондӣ.

Тани зори ту фурўхуфт ба хок,

Рўҳи поки ту гузашт аз афлок.

Сўи афлок шуд он рўҳи хафиф,

Ҳар латифе гузарад сўй латиф.

Буд дар назми ҷаҳон софу сареҳ

Мурданат сакта, вале ғайри малеҳ.

Мавқеи сактаат ин давр набуд!

Сўҳбати мову ту ин тавр набуд!

Хома пўшид сияҳ дар ғами ту

Нома шуд ҷомадар аз мотами ту.

Шеър бевазн шуду қофия хор,

Саҷъу радфу равӣ афтод зи кор.

Шаҷари1 фазлу адаб бебар шуд,

Фалаки дониш бе ахтар шуд.

Ёфт абъёт ба мисраъ тақлил,

Шуд матолеъ ба мақотеъ табдил,

Қалами шоирӣ аз кор афтод,

Адабиёт зи миқдор афтод.

Дар азои ту қалам хун бигрист,

Натавон гуфт, ки ў чун бигрист.

Хома дар марги ту шуд мўякунон,

Лиқа дар сўги ту шуд мўйканон.

Дафтар аз ҳаҷри ту бешерозаст,

В-аз ғамат доғи мураккаб тозаст,

Хома чун шуд зи азоят хабараш,

Теғ бар сар заду бишкофт сараш.

Аз сараш хуни сияҳ берун рехт,

Бар варақ аз буни мижгон хун рехт.

Рафт дар марги ту қудрат зи хаёл,

Маза аз нуктаву маънӣ з-амсол.

Рафтию лаззати дониш бурдӣ,

Завқҳоро ба димоғ афсурдӣ.

Кайф аз афъюну нишот аз май шудам

Давраи ишқу ҷавонӣ тай шуд.

Андар оҳанг дигар пўя1 намонд,

Дар лаби тор ба ҷуз мўя намонд.

Бе ту рафт аз ғазалийёт фурўғ,

Бе ту шуд ошиқию ишқ дурўғ.

Бе ту риндию назарбозӣ3 мурд,

Ростӣ, Саъдии Шерозӣ мурд.

Мурдию ахтари мо кард ғуруб,

Лек шуд марги ту аз баҳри ту хуб.

Доштанд орзуи сўҳбати ту

Молеру Корнелу Расин, Руссо.

Ба ту гуфтанд, ки бархезу биё,

Ваҳшию Аҳлию Ҷомию Зиё.

Гўш кардию ба як чашм задан,

Шудӣ он ҷо, ки бибоист шудан.

Бо чунон ҳавза, ки он ҷо дорӣ,

Чӣ ғам аз ғамкадаи мо дорӣ?

Андар он боғ, ки бар шохаи гул,

Ошён сохтаӣ чун булбул.

Зери сар кун зи раҳи меҳру вафо

Гўшае баҳри пазироии мо

АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ!

Ин дуди сияҳфом1 ки аз боми ватан хост,

аз мост ки бар мост!

В-ин шўълаи сўзон, ки баромад зи чапу рост,

аз мост ки бар мост!

Ҷон гар ба лаби мо расад, аз ғайр нанолем,

бо кас насиголем,

Аз хеш бинолем, ки ҷони сухан ин ҷост,

аз мост ки бар мост!

Як тан чу мувофиқ шуд, як дашт сипоҳ аст,

бо тоҷу кулоҳ аст.

Мулке чу нифоқ овараду яккаву танҳост,

аз мост, ки бар мост!

Мо кўҳначанорем, ки аз бод нанолем,

бар хок биболем,

Лекин чӣ кунем, оташи мо дар шиками мост,

аз мост ки бар мост!

Ислом гар ин рўз чунин зору заиф аст,

з-ин қавми шариф аст,

На ҷурм зи Исо, на тааддӣ зи калисост,

аз мост ки бар мост!

Даҳ сол ба як мадраса гуфтему шунуфтем

то рўз нахуфтем,

В-имрўз бидидем, ки он ҷумла муаммост,

аз мост ки бар мвст!

Гўем, ки бедор шудем, ин чӣ хаёлест?

бедории мо чист?

Бедории тифлест, ки мўҳтоҷ, ба лолост,

аз мост ки бар мост!

Аз шимию ҷуғрофию таърих нафурем,

аз фалсафа дурем

В-аз қола ва ин қулту ба ҳар мадраса ғавғост,

аз мост ки бар мост!

Гўянд Баҳор аз дилу ҷон ошиқи ғарбист,

ё кофири ҳарбист,

Мо баҳс наронем дар он нукта, ки пайдост

аз мост ки бар мост!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба