Зеҳн

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор - Ғазал

АХ
Ахбор8 ноябри 2024 · 7 дақиқа хондан

ФИРДАВСӢ

Сухан бузург шавад, чун дуруст бошаду рост,

Кас ар бузург шуд аз гуфтаи бузург, равост.

Чи чид, чи ҳазл дарояд ба озмоиши каҷ,

Ҳар он сухан ки напайваст бо маонии1 рост.

Шунидаӣ ки ба як байт фитнае бинишаст?

Шунидаӣ ки зи як шеър кинае бархост?

Сухан гар аз дили доно нахост зебо нест,

Гараш қавофӣ2 матбўу лафзҳо зебост.

Камоли ҳар шеър андар камоли шоири ўст,

Санеи доно ангораи3 дили доност.

Чу мард гашт данӣ, қавлҳои ўст данӣ4,

Чу мард воло шуд, гуфтаҳои ў волост.

Саховат орад гуфтори шоире, ки сахист,

Гадоӣ орад ашъори шоире, ки гадост.

Каломи ҳар қавм ангораи сароири5 ўст.

Агар фарисаи6 кибр аст ё шикори риёст .

Нишони сирати шоир зи шеъри шоир ҷўй,

Ки фазли гулбун дар фазли обу хоку ҳавост.

Дурустшеърӣ фаръи дурустии табъ аст,

Баландрахтӣ фаръи баландии болост1.

Бувад нишонаи хубси Ҳатиа2 гуфтаи ў,

Чунон ки гуфтаи Ҳассон3 далели сидқу сафост,

Камоли Шайх Муаррӣ зи фикри ўст падид,

Шаҳомати Мутанаббӣ4 зи шеъри ў пайдост.

Нишони хўи Дақиқию хўи Фирдавсист

Тафовуте, ки. ба шаҳномаҳо бибинӣ рост.

Бале, тафовути шаҳномаҳо ба маънию лафз

Дурусту рост ба ҳанчори8 хўи он ду гувост,

Ҷалолу рифъати гуфторҳои шоҳона

Нишони ҳиммати Фирдавсӣ аст, бекамукост.

Итобҳои ғаюронаву шуҷоатҳо,

Далели мардии гўянда асту фахр ўрост .

Муҳовироти ҳакимонаву дироятҳош6,

Гувоҳи шоир дар ақлу рои ҳикматзост.

Сареҳ гўяд гуфторҳои ў к-ин мард,

Ба ғайрат аз умарову ба ҳикмат аз ҳукамост.

Куҷо тавонад як тан ду гуна кардан фикр?

Ҷуз он ки гўӣ ду рўҳ дар тани танҳост .

Ба сад нишон ҳунар андеша карда Фирдавсӣ

Наузу биллаҳ, пайғамбар аст, агар на худост!

Даруни саҳнаи бозӣ яке намоишгар,

Агар ду гуна намоиш диҳад, басе волост.

Яке ба саҳнаи «Шаҳнома» бин ки Фирдавсӣ,

Ба сад либоси мухолиф ба бозӣ омада рост.

Амири кишваргир асту гурди1 лашкаркаш,

Вазири равшанрой асту шоире шайдост.

Муколамоти мулуку муҳовироти риҷол2

Ҳама қариҳаи3 Фирдавсии суханорост.

Бруни парда ҷаҳоне зи ҳикмат асту ҳунар,

Даруни парда яке шоири ситудалиқост.

Ба тахти мулк Фаридун, ба пеши саф Рустам,

Ба эҳтишом Сикандар, ба макрамат4 Дорост.

Ба гоҳи пўзиш5 хоку ба гоҳи кўшиш об,

Ба вақти ҳайбат—оташ, ба вақти лутф—ҳавост.

Итобҳош чу сели дамон наҳангавбор6

Хитобҳош чу боди вазон ҷаҳон паймост.

Ба вақти риққат чун кўдаки накарда гуноҳ,

Ба вақти хашят7 чун наррадеви хўрда қафост8

Ба вақти рой задан9 беҳ зи сад ҳазор вазир,

Ки ҳар вазире дорои сад ҳазор даҳост.

Ба базмсозӣ монанди боданўш надим,

Ба порсоӣ чун марди мустаҷобдуост.

Ба гоҳи хавф муроқиб10, ба гоҳи кин бедор,

Гаҳи сабот чу кўҳу гаҳи ато дарёст.

Ба ҳасби ҳол куҷо бишмурад ҳикояти хеш,

Ҳадисҳои сареҳаш тиҳӣ зи рўю риёст.

Бузургворо, Фирдавсиё, ба ҷои ту ман

Як аз ҳазор наёраст гуфт аз он чи равост!

Туро сано кунаму бас, ки з-ин дағал1 мардум,

Ҳаме надонам як тан, ки мустаҳиққи саност.

Дареғ, к-аз паси як умр хизмати ватанӣ

Надид чашмам як ҷузъ аз он чи дил мехост.

Зи пухтакории ағёру хомтабъии қавм

Чунон бисўхт димоғам ки дуд аз он бархост.

Сано кунем туро, то ки зиндаем ба даҳр,

Ки «Шоҳнома»-ат, эй шўҳрамард, мўҳъии2 мост!

ДОМАНАИ АЛБУРЗ

(Дар пайравии устод Рӯдакӣ)

Ёди субҳ аз кўҳсор ояд ҳаме,

ЁДИ ёри ғамгусор ояд ҳаме.

Ёр, гўӣ, сўи шаҳр ояд зи кўҳ,

Дўст, гўӣ, аз шикор ояд ҳаме.

Бомдодон дар ҳавои гарми Рай,

Бўи лутфи навбаҳор ояд ҳаме.

Қуллаи Албурз дар чашмони ман,

Чун яке зебонигор ояд ҳаме.

Бар фарози фарқи симин чодираш,

Лўъбате симинузор ояд ҳаме.

Боз чун тобад бар ў заррин фурўғ,

Чун дурахше зарнигор ояд ҳаме.

Дар нишебаш сабз водиҳо зи дур,

Дидаро шодигувор ояд ҳаме.

Рост гўй, сўи дашт аз кўҳсор,

Лашкаре найзагузор ояд ҳаме.

Хайл дар хайлу дарафш андар дарафш.

Ин пиёда, он савор ояд ҳаме.

Кўшкҳо ҳар ҷой маҳсур1 аз дарахт,

Чун ҳисоре устувор ояд ҳаме.

Гирдашон ашҷор чун ҷайше ки танг,

Гирд бар гирди ҳисор ояд ҳаме.

Ё тановар киштие дар сахт мавҷ,

К-иш пас аз кўшиш қарор ояд ҳаме.

Обшор аз гўшаи водӣ ба чашм,

Чун яке симина тор ояд ҳаме.

В-ар бар ў наздик тозӣ дар назар-т

Ҳамчу пўлодин манор ояд ҳаме.

Гўи аз боло хурўшон зӣ нишеб,

Аждаҳое девсор ояд ҳаме;

Осмон бошад ба лавну дар сифат,

Осмоне обдор ояд ҳаме.

Гар на чарх аст, аз чиаш қавси қузаҳ

Аз гиребон ошкор ояд ҳаме?

В-аз чй ҳамчун каҳкашон дар вай падид

Ахтарони бешумор ояд ҳаме?

Сабза андар сабза ёбӣ пурнасим,

Гар зӣ боло гузор ояд ҳаме.

Чашма андар чашма бинӣ пурфурўғ,

Чун-т раҳ зӣ ҷўйбор ояд ҳаме.

Чун зи боло бингарӣ сўи нишеб,

Дар сар аз ҳавлат давор ояд ҳаме.

Бўйҳои тоза ҳамроҳи сабо

Аз карони марғзор ояд ҳаме.

Бонги кабк ояд зи болои камар,

Бонги қумрӣ аз чанор ояд ҳаме.

Ҳар саҳаргоҳон хурўшон чуғзи зор,

Рўҳро андўҳгусор ояд ҳаме.

Дар миёни дашт занбўҳи ҳавом

Зер-зеру зор-зор ояд ҳаме.

Ҷард, гўӣ, назди моми занҷара,

Аз барои хостор ояд ҳаме.

Ҳар замон боде қавӣ бо тутбун

Дар ҷидолу гиру дор ояд ҳаме.

Морчўба дар буни санги сиёҳ,

Чун яке хаммида мор ояд ҳаме.

Шохи олуи сиёҳ андар масал,

Ҳамчу море болдор ояд ҳаме.

Себи зарду андар ў рагҳои сурх,

Ҳамчу рўи бодахор ояд ҳаме.

Шохи амрўди хамида пеши бод.

Хозеу пўзишгузор ояд ҳаме...

САЪДӢ

(Мусаддас бар як ғазали ӯ)

Саъдиё, чун ту куҷо нодирагуфторе ҳаст?

Ё чу ширин суханат нахли шакарборе ҳаст?

Ё чу «Бӯстон»-у, «Гулистон»-и ту гулзоре ҳаст?

Ҳеҷам ар нест, таманнои туам боре ҳаст,

«Машнав, эй дўст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст,

Ё шабу рўз ба ҷуз фикри туам коре ҳаст!».

Лутфи гуфтори ту шуд доми раҳи мурғи ҳавас

Ба ҳавас бол заду гашт гирифтори қафас

Пойбанди ту надорад сари дамсозии кас,

Мўсй ин ҷо биниҳад рахт ба уммеди Қабас,

«Ба каманди сари зулфат на ман афтодаму бас,

«Ки ба ҳар ҳалқаи зулфи ту гирифторе ҳаст».

Бе «Гулистон»-и ту дар даст ба ҷуз хоре нест,

Беҳ зи гуфтори ту, бешоиба, гуфторе нест.

Фориғ аз ҷилваи ҳуснат дару деворе нест,

Эй ки дар дори адаб ғайри ту дайёре нест,

«Гар бигўям, ки маро бо ту сару коре нест,

Дару девор гувоҳӣ бидиҳад: коре ҳаст».

Дил зи боғи суханат вирди каромат бўяд,

Пайрави маслаки ту роҳи саломат пўяд.

Давлати номи ту, ҳошо, ки тамомат ҷӯяд,

К-оби гуфтори ту домони қиёмат шўяд,

«Ҳар ки айбам кунад аз ишқу маломат гўяд,

То надидаст туро бар манаш инкоре ҳаст».

Рўз набвад ки ба васфи ту сухан сар накунам,

Шаб набошад, ки санои ту муқаррар накунам

Мункири фазли туро наҳъй зи мункар накунам,

Назди аъмо сифати меҳри мунаввар накунам,

«Сабр бар ҷаври рақибат чӣ кунам, гар накунам?

Ҳама донанд, ки дар сўҳбати гул хоре ҳаст».

Ҳар киро ишқ набошад, натавон зинда шумурд,

В-он ки ҷонаш зи муҳаббат асаре ёфт намурд,

Турбати Парс чу ҷон ҷисми ту дар сина фишурд,

Лек дар хоки ватан оташи ишқат нафисурд,

«Бод хоке зи мақоми ту биёварду бибурд,

Оби ҳар тийб, ки дар таблаи атторе ҳаст».

Саъдиё, нест ба кошонаи дил ғайри ту кас,

То нафас ҳаст ба ёди ту барорем нафас,

Мо ба ҷуз ҳашмату ҷоҳи ту надорем ҳавас,

Эй дами гарми ту оташ зада дар нокасу кас,

«На мани хомтамаъ ишқи ту меварзаму бас,

Ки чу ман сўхта дар хайли ту бисёре ҳаст».

Коми ҷон пуршакар аз шеъри чу қанди ту бувад,

Байти маъмури адаб табъи баланди ту бувад,

Зинда ҷони башар аз ҳикмату панди ту бувад,

Саъдиё, гардани ҷонҳо ба каманди ту бувад,

«Ман чӣ дар пои ту резам ки писанди ту бувад?

Сару ҷонро натавон гуфт, ки миқдоре ҳаст!»

Ростӣ, дафтари Саъдӣ ба гулистон монад,

Тайиботаш ба гулу лолаву райҳон монад,

Ўст пайғамбару он нома ба Фурқон монад,

В-он ки ўро кунад инкор ба шайтон монад,

«Ишқи Саъдӣ на ҳадисест, ки пинҳон монад,

Достонест, ки бар ҳар сари бозоре ҳаст»

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба