Зеҳн

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор

АХ
Ахбор8 ноябри 2024 · 12 дақиқа хондан

САРСУХАН

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор яке аз барҷастатарин шоирон ва нависандагони давраи охири Эрон мебошад. Адабиётшиносон ўро «яке аз ситорагони тобноки осмони адаби Эрон» мешуморанд, ки ин таъриф дар ҳаққи шоир сазовор ва муносиб аст. Баҳор дар зарфи панҷоҳ соли охир роҳи пурпечу тоби фаъолияти сиёсиро гузашта ва қалами худро шамшер намуда, ҳамеша, барои мудофиаи ҳуқуқи халқи худ, барои халос намудани вай аз чанголи фишору тааддии истисморгарони дохилӣ ва империалистони хориҷӣ, барои ба зиндагонии осуда, озод ва маданӣ расонидани мардуми ватанаш мубориза бурдааст. Баҳор яке аз насрнависони барҷастаи замони худ буда, ба муқобили забони адабии пуртакаллуфи қадим исён бардошта, дар эҷоди насри нави содда ва фаҳмо яке аз арбобони пешқадами матбуоти Эрон будааст. Вай бо асарҳои илмии худ ба соҳаи тадқиқ ва омўзиши забону адабиёти форс ҳиссаи пурарзише ҳамроҳ кардааст.

Баҳор бо шеърҳои дар ҳусни лафз ва ҳусни маънӣ барҷастаи худ ба бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти иҷтимоӣ нуфуз намуда, ба муқобили зўроварони замона ва ба тарафдории халқи худ ҷидду ҷидол кардааст. Ў солҳои охири умри худро, бо вуҷуди бемори бистарӣ буданаш, ба мудофиаи сулҳу осоиш сарф намуда, дар сафи аввали сулҳҷўёни Эрон истода барои тантанаи сулҳу осоиш кўшидааст. Баҳор яке аз аъзоёни фаъоли ҷамъияти алоқаи мадании Эрон ва СССР буда, барои мустаҳкам шудани ин алоқа хизматҳо кардааст.

Муҳаммад Тақии Баҳор дар соли 1886 дар шаҳри Машҳад дар оилаи шоири машҳури Хуросон Маликушшуаро Муҳаммад Козими Сабурӣ ба дунё омад. Ҳанўз дар айёми наврасӣ истеъдод ва завқи шоириаш намоён гардид. Ӯ аввалин шеърҳои худ-ро ба падараш нишон дод ва аввалин дарси шеърнависиро аз падараш омўхт. Ӯ донишҳои замони худро дар пеши устодони машҳури ватанаш Хуросон азхуд кард ва ҳанўз дар ҳаждаҳсолагиаш бо қасидаҳои эътирознопазираш бо муқобилони худ, ки ба шоириаш шубҳа мекарданд, ба ҷанги тан ба тан баромад.

Бо сар шудани аввалин ҳаракатҳои револютсионӣ дар Эрон, дар солҳои 1907, шўҳрати Баҳор ҳам сар шуд. Қасидаҳовц миллии оҳангдори вай, ки бештар мавзўъҳои муҳими ҳаёти онрўзаи Эронро дар бар мегирифтанд, шўҳрати зиёде пайдо карданд. Баҳор аз соли 1910 ба нашр намудани газетаҳои «Навбаҳор» ва «Тозабаҳор» шурўъ кард. Бо мақолаҳои оташин ва шеърҳои фасеҳу ҳаяҷонбахши худ ба муқобили мустамликачиёни хориҷӣ-империалистони англис ва ҳукумати подшоҳии Россия, ки дар он давра барои дар байни худ тақсим карда гирифтани мамлакати Эрон ҷангу ҷидол доштанд, садои эътироз баланд кард. Баъд аз баста шудани давраи дуюми Маҷлис-парламенти Эрон, қувват гирифтани иртиҷоъ ва мудохилаи давлатҳои хориҷӣ, Баҳор дар сафи аввали муборизони роҳи озодӣ истода бо фаъолияти пурҷўшу хурўше аввалин натиҷаҳои машрутиятро мудофиа намуд ва чандин бор ҳабс ва бадарға карда шуд. Вақте ки офитсери фавҷи қазоқ-Ризохон бо қасди диктатор шудан ба майдон баромад, Баҳор аз ҷумлаи муқобилони ў буд ва дар тамоми муддати диктатории Ризохон, ки баъд худро шоҳи Эрон эълон намуд, аз бадхоҳони он ба шумор мерафт ва ҳамеша дар таҳти таъқиб ва назорати политсия буд ва бинобар ин ҳам дар замони ҳаёташ нашр кардани куллиёти ашъораш ба вай мумкин ва муяссар нагардид (куллиёти дуҷилдаи шоир фақат пас аз вафоташ, дар соли 1956 нашр гардидааст)

Баҳор дар баробари фаъолияти сиёсӣ фаъолияти пурсамараи илмии худро низ давом дод. Ў аввал дар дорулмуаллимин ва пас аз ташкил карда шудани донишгоҳ-университети Теҳрон дар он ҷо дарси адабиёти форсӣ ва услубшиносӣ медод. Асари машҳури сеҷилдаи Баҳор «Сабкшиносӣ ё татаввури (дигаршавии) насри форсӣ» дар соҳаи тадқиқоти забон ва услуби насри форсӣ-тоҷикӣ асари хеле муфид ва мўътабаре буда, барси таърихи адабиёти форсу тоҷик аҳамияти бузурги илмӣ дорад.

Тарҷумаҳои манзуми вай аз забони паҳлавӣ («Андарзи Озарбуд Морсфандон» ва «Ёдгори Зарирон»), иштироки вай дар таълифи сарфу наҳви дуҷилдаи забони форсӣ ва китобҳои хoниш барои мактабҳои миёнаи Эрон, осори тадқиқотии адабӣ ва таърихии вай дар бораи аҳволи Фирдавсӣ, Монӣ, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ ва ғайра, «Таърихи аҳзоби сиёсии Эрон» ном асари вай, ки фақат ҷилди аввалаш нашр гардидааст, аз ёдгориҳои пурарзиши илмии ин донишманд мебошанд.

Баҳор замоне ки аз Хуросон ба Теҳрон омад, дар солҳои 1918—1919, яке аз аввалин анҷуманҳои адабии Эрон «Донишкада»-ро таъсис намуд ва б нашри маҷаллаи адабии «Донишкада» иқдом кард, ки ношири асарҳои аъзоёни ин анҷумани адабӣ буда, яке аз беҳтарин журналҳои адабии то он замон нашршудаи Эрон мебошад. Эҷоди навигарӣ дар шакл ва мазмун яке аз шиорҳои асосии ин ҷамъияти адабӣ буд.

Дар давоми 30—40 соли охири таърихи Эрон ҷеч як ислоҳоти барои халқ ва мамлакат фоидаманди иҷтимоие нест, ки Баҳор дар сари он наистода ва ташаббускори он нашуда бошад. Чунончи, ў ҳанўз дар солҳои 1913—1914 дар рўзномаи «Навбаҳор»-и худ аввалин бор дар бораи озодии занон мақолаҳо нашр намуда, зарурати рафъи ҳиҷоб—фаранҷипартоиро ба майдон гузошта буд. Баҳор охирин рўзҳои умри худро, ки бештар дар бистари беморӣ мегузаштанд, ба мубориза барои сулҳ ва осоиш сарф намуд. Ў аз рўзи аввали таъсиси ҷамъияти тарафдорони сулҳ дар Эрон дар сари ин ҳаракат меистод. Ў байрақдори сулҳ шуданро барои худ ифтихори бузурге мешумурд. Баҳор дар ин давра яке аз қасидаҳои ҷовидони худ «Чуғзи ҷанг»-ро навишт. Ӯ аз борони тўҳмат ва иғвоҳое, ки аз тарафи муқобилонаш ба сараш меборид, парвое накарда мегуфт:

«Ман амри (кори), сулҳро ба хотири сулҳ, на ба хотири он касоне, ки дар бораи он сўҳбат мекунанд, дўст медорам. Хоҳ ҳаводорони сулҳ аз Америка ва Инглистон бошанду хоҳ аз Шўравӣ ва Чин, фарёди сулҳхоҳи асил ва қобили эҳтиром аст».

Баҳор дар 21 апрели соли 1951 дар Теҳрон аз дунё гузашт.

Мерoc

Баҳор дар қасидасароӣ яке аз устодони забардасти замони худ ба шумор мерафт. Ӯ дар шеър пайрави услуби Хуросон буд, ки онро сабки (услуби) туркистонӣ низ меноманд. Баҳор дар пайравии осори барҷастаи шоирони классикии форс-тоҷик бо мазмунҳои нав ва тасвирҳои барҷастаи оригuналӣ қасидаҳои фасеҳу пуробу тобе сурудааст. қасидаҳои Баҳор аксаран мавзўъ ва мазмунҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсии злмони ҳозираи Эронро дар бар мегиранд.

Эрон дар муддати ҳаёти Баҳор яке аз давраҳои пурҷўшу хурўши таърихи худро мегузаронд. Дар ибтидои асри мо инкишофи капитализми ҷаҳонӣ ва ҳаракати револютсионии соли 1905 дар Россия Осиёи хуфтаро ба ҷунбиш оварда буд.

В. И. Ленин дар «Бедории Осиё» ном мақолаи худ менависад:

«Аз паси ҳаракати русии соли 1905 револютсияи демократӣ тамоми Осиёро фаро гирифт». Дар ин давра зиддиятҳои иҷтимоӣ дар Эрон ба дараҷаи ниҳояти худ расида ва норизоии оммаи халқ ба шакли як ҳаракати умумӣ медаромад. Халқи Эрон, ки аз харобиҳои иқтисодӣ ва фишори истисморгарони дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷон расида буд, барои озодӣ, барои ба даст овардани ҳуқуқҳои ичтимоӣ-сиёсӣ, барои барқарор намудани истиқлоли аз дастрафтаи мамлакати худ, ба муқобили усули идораи истибдодӣ ва фишори рўз то рўз афзояндаи мустамликачиён ба мубориза мехест. Баҳор дар чунин як давра фаъолияти адабӣ ва сиёсии худро сар кард. Фаъолияти сиёсӣ ва адабии ин муборизи роҳи озодии ватани худ, дар ҳама давраҳои ҳаёт ва фаъолияти вай якҷоя давом намудааст. Баҳор дар қасидаи «Дамованд» халқро ба кўҳи азими Дамованд ва қувваи исёнкории онро ба оташфишонии вулкан ташбеҳ намуда, ба вай хитобан мегўяд:

Бифкан зи пай ин асоси тазвир!

Бигсал зи ҳам ин нажоду пайванд!

Баркан зи бун ин бино, ки бояд

Аз реша бинои зулм барканд!

Мубориза давом мекард. Дар шаклҳои идора тағйирот пайдо мешуд, амалдорони калону хурди ҳукумат дигар мешуданд, аммо аз он озодие, ки Баҳор орзу мекард, ҳанўз дарак набуд. Ч,абру тааддӣ, маҳрумияту эҳтиёҷ мисли абри сиёҷе сар то сари мамлакатро фаро гирифта муҳитро ба як зулмати шаб мубаддал гардонида буданд. Роҳи нафаси шоир баста мешуд ва ў «омадам з-ин шаби музлам ба сутўҳ» гуфта фиғон мебардошт ва «Ҳар шаберо бувад аз паӣ саҳаре!» гўён боз бо умед ба мубориза давом мекард.

Ману д.ажҳими хиёнаткирдор,

Бигузаронем ҷаҳони гузарон.

Хуфта ў масту ман, инак, бедор,

Бар вай аз дидаи нафрат нигарон.

Вале бемуваффақиятиҳои пай дар пай ва ба матлаб норасиданҳо шоирро ба ноумедӣ меандохт, ў ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданашро надониста мемонд, дудила ва гумроҳ мешуд. Шоире, ки бо як ҷўшу хурўши исёнкоронае:

З-ин таконҳо зи ҷо нахоҳам рафт,

Зери бори Ризо нахоҳам рафт,

Гар фурўшам китоб дар бозор,

Беҳ ки гўям қасида дар дарбор

гўён бар зидди Ризошоҳ эътирози худро ошкоро баён менамуд, баъзан ба нохост ин ҳайкали истибдод ва худсариро ягона наҷотдиҳандаи Эрон мешумурд ва риштаи умедҳояшро ба танаву решаи фасурдаи ин дарахти зулм мебаст. Бале, ин гуна зиддиятҳо дар фаъолияти сиёсӣ ва эчодиёти Маликушшуаро дида мешаванд ва ногузир маҳсули он вазъияти пур аз зиддиятҳо ва харҷу марҷ мебошанд, ки мамлакати Эрон дар ин давра дошт. Лаҳзаҳое мешуданд, ки ваъдаҳои ширину фиребандаи зимомдорони мамлакаташ ўро ба ғафлат меандохтанд. Ӯ худаш ҳам инро инкор намекунад:

Дареғо, муддате к-андар сиёсат

Зи нодонӣ раҳи шайтон гирифтам.

Зи соли бист то наздикии шаст.

Ҷавонӣ додаму ҳирмон гирифтам

Вале ў зуд ин гумроҳии худро дарк мекард ва боз ба ҷабҳаи мубориза баргашта дар ин ҷабҳа ҳама умедро ба ҷавонони ватанаш баста, ба онҳо хитоб карда мегуфт:

Эй ҷавонони ғаюри фардо,

Пурдилу бошарафу зираксор!

Пок созед зи гургони дағо,

Ҳарами поки ватанро як бор!

Ӯ бо яъс ва ноумедие, ки ҷавонон — қувваҳои солиму қобили ватанашро фаро мегирифт, доимо мубориза мебурд, ҷавононро аз афтодан ба гирдоби ҳалокатовари ноумедӣ барҳазар намуда ба кору фаъолият, ба устуворию пойдорӣ даъват мекард:

Бирав, коргар бошу уммедвор,

Ки аз яъс ҷуз марг н-ояд ба кор!

Гарат пойдорист дар корҳо,

Шавад саҳл пеши ту душворҳо.

Ў дар тамоми муддати ҳаёти худ барои ватанаш истиқлол ва тараққӣ, барои ҳамватанонаш зиндагонии озод, маданӣ ва сарафрозонае орзу мекард, дар ин роҳ фидокорона мекўшид. Ӯ дар роҳи расидан ба ин матлаб ва мақсади асосии ҳаёташ баъзан мутараддид мемонд, ба василаҳое муроҷиат мекард, ки ўро ба манзили мақсуд расонида наметавонист.

Соли 1945, вақте ки ба хоки советӣ меҳмон шуда омад ва бо муваффақиятҳое, ки халқи Озарбойҷони советӣ ба шарофати Револютсияи Кабири Октябр ноил шудаанд, шинос шуд, дар ин ҷо ба вуҷуд омадани орзуҳои дерини худро дид, Баҳор дар қасидаи пурмазмуни «Ҳадяи Боку» идеалҳои худро дар бораи зиндагонии осуда, озод, бошарафона ва маданӣ зикр намуда, мегўяд:

Инчунин қоидаву назми ман андар Боку Дидаму ёфтам аз гумшудаи хеш асар.

Баҳор ҳамеша яке аз тарафдорони самимии дўстии байни Эрон ва Иттифоқи Советӣ буд. Ӯ яке аз ташаббускорон—аъзоёни фаъоли ҷамъияти алоқаи мадании Эрон — СССР буд, барои мустаҳкам шудани ин алоқа ва ин дўстӣ кўшиш мекард. Ӯ фоидаҳои ин дўстиро бо мамлакати бузурги ҳамсояи ватанаш ба хубӣ медонист ва чунон ки бояду шояд, ба қадри он мерасид:

Ман бар онам, ки, зи ҳамсоягии Руси бузург,

Барад ин мулк дар оянда ҳузузи авфар. . .

Дину оини ту вобастаи ақлийяти туст,

Набувад дўстии Шўравӣ илҳомовар.

Рус ҳамсояи мустағнию қодир хоҳад,

На ки ҳамсояи нолону заифу музтар.

Замоне, ки зимомдорони кўтаҳандеши Эрон ватанашро ба пирдоби ҷангҷўӣ тела медоданд, замоне ки ба қавли Баҳор, «ҷаҳонхўрони ганҷбар» бо садақаҳои ноҷизона, бо ваъдаҳои хом, бо чормағзҳои пуч кисаҳои мардуми фақиру бенавои Эронро пур карда, онро ба моҷароҳои сиёсии худ ҷалб менамуданд, Баҳор мардона ба майдон баромада халқ ва ҳукуматдорони мамлакаташро аз хатари ояндаи ин «доду диҳишҳои» боғаразона ва асоратовар меогоҳонид:

Ниҳанд миннати надода бар сарат

В-агар диҳанд, чист моҷарои ў?

Ба нони арзанат бисозу кун ҳазар

Зи гандуму ҷаву мису тиллои ў!

Ба сони каҳ, ки сўи қаҳрабо равад,

Равад зари ту сўи кимёи ў.

Атошро нахоҳаму лиқошро,

ки шумтар атош аз лиқои ў!

Лиқои ў палид чун атои вай,

Атои вай кареҳ чун лиқои ў.

Натиҷаҳои паймони Баҳор—тобеъ шудан ба мустамликадорони Ғарб ва иштирок дар моҷароҷўиҳои таҷовузкоронаи империалистон имрўз Эронро ба вартае расонидааст, ки Баҳoр ҳанўз дар соли 1951 пайғамбарона аз он хабар дода буд. Ҳар сол бештар аз нисфи бyҷaи мамлакат сарфи маҷбуриятҳои ҳарбие мешавад, ки Эрон ба муносибати паймони Бағдод ба ўҳда гирифтааст. Вазнинии ҳамаи ин хароҷоти бесамар ба зиммаи оммаи заҳматкаши халқ афтода, сатҳи зиндагиро паст гардондааст. Бале, Баҳор инҳоро қабл аз вуқўи воқеа пешбинӣ карда ва гуфта буд:

Рифоҳу эманӣ тамаь мадор, ҳон,

Зи кишваре, ки гашт мубталои ў!

Ў орзуманди «аҳди ростию мардумӣ» буд, ки дар он нури ишқу муҳаббат бар сари тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониён тобида бошад. Ў давраи «ёрӣ, бародарӣ ва ҳаёти ҷовидон»-ро орзy мекард, ки инро фақат «кабўтари сафеди оштӣ» таъмин карда метавонад. Бинобар ин аст, ки Баҳор сари шуми чуғзи ҷангро дар зери пои ин тимсоли саодат ва осоиши башар аз тан ҷудо намуда қурбон мекунад.

Зиҳӣ ҳусни хотима!

Баҳор ба фаъолияти адабӣ ва сиёсии панҷоҳсолаи худ низ бо ҳамин қасидаи ҷовидониаш хотима додааст.

Ин маҷмўаи мунтахаби ашъори Баҳорро, ки гулчине аз кул-лиёти ба наздикӣ чопшудаи вай мебошад, ба хонандагони мўҳтaрами худ тақдим намуда, умедворем, ки ин намунаҳо аз осори манзуми шоири забардасти ҳозиразамони Эрон бештар ва беҳтар аз он чи ки дар ин муқаддимаи хурд гуфтанаш мумкин буд, ҳаёт ва фаъолияти адабӣ ва иҷтимоии соҳиби асарро дар назари хонандагон муҷассам карда метавонанд1.

Раҳим Ҳошим

1 Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адабӣ ва сиёсии Маликушшуаро Баҳор дар журнали «Шарқи Сурх», (№ 1 соли 1958) дар мақолаи Б. Жола маълумоти муфассалтаре дода шудааст

Ғазалҳо

Панҷ сол афзун бар бист гузаштаст акнун,

К-абри истиқлол афшонда бар ин хок матар

Шуд бад-ин шодӣ ороста ҷашневу шуданд,

Дар вай аз ҳар тарафе гирд басе номовар.

Мо ҳам аз Рай сўи ҳамсоя дуруд овардем,

Ки зи ҳамсоя сухан гуфт басе пайғамбар.

Озарободон ҳамсояи пурмояи мост,

Ғайри ҳамхунию ҳамкешию аҳволи дигар.

Ман бар онам, ки зи ҳамсоягии руси бузург,

Барад ин мулк дар оянда ҳузузи авфар1.

То нагўй, ки зи ҳамсоягии Рус маро,

Дину фарҳанг ҳабо2 гардаду одоб ҳадарз.

Дину оини ту вобастаи аҳлияти туст,

Набувад дўстии Шўравй илзомовар4.

Гар ту ноаҳл шудӣ, чист гуноҳи дигарон?

Дар чанори куҳан аз хеш дарафтад озар-5

Рус ҳамсояи мустағнию6 қодир хоҳад,

На ки ҳамсояи нолону заифу музтар.

1 Ҳузуи авфар—баҳраи фаровон;

2 Ҳабо—хок, гард;

3 Ҳадар—зоеъ, барбод;

4 Илзомовар маҷбуркунанда ба чизе;

5 Озар— оташ;

6 Мустағнӣ—тавонгар, бадавлат;

Ман забони ватани хешаму донам ба яқин,

Бо забон аст дили мардуми Эрон ҳамсар.

Он чи орам ба забон рози дили Эрон аст,

Бу, ки1 андар дили ёрон кунад ин роз асар.

1 Бу, ки — бувад, ки, шояд ки;

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба