Зеҳн

Равшангарӣ бузургӣ таърих - Қисми 2

АХ
Ахбор8 ноябри 2024 · 13 дақиқа хондан

Мақсад аз ҷўяндагиҳо он буд, ки шахс ва ҷомеа ба худшиносии маънавӣ бирасанд ва чунонки Аҳмади Дониш гуфтааст, «Халқ бидонанд, ки барои чӣ омаданд ва бар чӣ буданд ва чӣ карданд». Мақсад таъмини худогоҳии маънавии миллат буд, то ки дар ҷомеаи тоза, ки дар садади бунёд кардани он буданд, пояҳои маънавии зиндагӣ устувор бошад.

Охири садаи нуздаҳ давраи ташаккули асосҳои илмиву назарии маорифпарварӣ, марому маслак ва идеалҳои иҷтимоъиву маънавии равшангарӣ буд, ки ин кор асосан бо кўшиши Аҳмади Дониш анҷом ёфт. Дигарон дар оғози садаи бист онро такмил доданд. Ибтидои қарни бист давраи дувуми ҷунбиши маорифпарварӣ — давраи амалӣ шудани марому маслакҳо буд. Равшангарон дар ибтидои қарни бист худро тараққихоҳон меномиданд, гоҳ ҷавонбухорӣ ҳам мегуфтанд, вале бештар бо номи ҷадидон шўҳрат ёфтанд, зеро «мактаби усули ҷадид» кушоданд, дарсномаҳои нав, рўзномаву маҷаллаҳо чоп карданд, фаъолияти таблиғгариву равшангарӣ ривоҷ доданд. Ҷадидони Туркистон, аз ҷумла маорифпарварони Самарқанд ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъиву сиёсӣ бештар рағбат зоҳир намуданд, дар роҳи фарҳанггустарӣ фаъолияти амалӣ вусъат доданд, аммо дар Бухоро бунёди маънавии фаъолияти амалии равшангарӣ бештар муҳофизат шуд.

Садриддини Айнӣ аз фаъолони ҳамин давраи дувуми маорифпарварӣ буд. Таҳаввули фикрӣ ва фаъолияти иҷтимоъии ў аз дигар равшанфикрони тозаназари замон тавофут дошт. Ў чи пеш аз инқилоб ва чи баъд аз он роҳе ба худ хос тай намуд.

Фаъолияти равшангарии Садриддини Айнӣ асосан аз таъсиси мактаби усули нав оғоз ёфт.

Пас аз ииқилоби Русияи 1905 равшанфикрони тоҷик ҷуръат пайдо карда, барои фаъолияти амалӣ қадам бардоштанд. Осори Аҳмади Дониш ва равшангарони дигар, китоби Зайнулобидини Мароғаӣ «Саёҳатномаи Иброҳимбек», рўзномаҳои форсиву туркӣ, ки аз кишварҳои гуногун меомад, чунончи ба форсӣ «Ҳаблулматин» аз Ҳинд, «Чеҳранамо» ва «Парвариш» аз Миср, «Сироҷул- ахбор» аз Афғонистон, «Тарҷумон»-и туркӣ аз Боғчасарои Қирим, «Мулло Насриддин»-и озарӣ аз Тифлис мерасид, маҷаллаҳое, ки аз Тотористону Бошқирдистон мегирифтанд, роҳи фикрро қушода, ҷавонони навназарро ба фаъолияти амалӣ омода карда буд. Айнӣ, ки мисли аксари мардуми Бухоро забони ўзбекиро намедонист, ба мақсади хондани рўзномаву маҷаллаҳои туркӣ ба омўхтани ин забон аз девони Навоӣ шурўъ кард (ва чунон омўхт, ки баъди инқилоб ба ўзбекӣ шеъру повесту романҳо навишт). Барои равшангарии амалӣ оғоз кардани зиёиёни тоҷик матбуоти туркӣ таъсири бузург дорад ва Айнӣ чун нахустин бор аз омилҳои бедории худ ёдовар шуда буд, чанд рўзномаву маҷаллаи туркиро низ ном бурда буд:

Рўзгор охир зи хоби ғафлат бедор кард,

Чун ба худ дидам,зиҳоли худ хиҷолат доштам,

«Тарҷумонӣ» кард аҳволи замон аз ҳоли ман,

«Вақт»-ро дар пеши худ «Миръоти ибрат» доштам…

Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён,

Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.

Ин ҷо рўзномаи туркии «Тарҷумон», ки нашрияи сарвари ҷадидияи туркони Русия Исмоили Ғаспарӣ (1851—1914) буд, рўзномаи туркии «Вақт», ки тоторҳои Оренбург чоп мекарданд, инчунин маснавии форсии «Миръоти ибрат» (1913), ки ба қалами шоири тоҷик Сайид Аҳмадхоҷаи Саддиқии Аҷзӣ тааллуқ дорад ишора шудааст.

Сарчашмаҳои афкори нави равшанфикрони тоҷик дар ибтидои садаи бист хеле гуногун буда, гоҳ аз кишварҳои дурдасти Шарқу Ғарб оғоз меёбад. Ҷустуҷўҳои андешапардозони варзидаи мусулмонони туркнажоди Русия, фалсафаи иҷтимоии баъзе озодандешони Эрон, Ҳинд, Туркия, Миср ва ғайра дар равшангарии тоҷикӣ нақше дорад. Назариёти Ҷалолиддини Афғонӣ (1838—1897) ва Муҳаммади Абдўҳ (1849—1905) низ то андозае ба дастраси ҷадидони Осиёи Миёна, аз ҷумла, ҷавонбухориён қарор доштааст. Равшангарони тоҷӣк дар Бухоро маҳз ба тақлиди ҷавонтуркони Туркия ҷавонбухориён низ номида шудаанд, ки ин худ ишорае ба таъсири равшанфикрони Туркия аст. Чунон ки ҳама олами ислом ба ҷунбиш омада, ҳама Шарқи мазлум ба сўи ҷаҳони наве роҳ пеш гирифта буд, мунавварфикрони ҷавони тоҷик низ миллатро аз чанголи ҷавру зулм, аз хориву афсурдагӣ ва ақибмондагӣ наҷот додан хостанд.

Ҳамчунон ки дар садаи нўҳу даҳи мелодӣ, дар аҳди оли Сомон масъалаи растагорӣ — раҳоӣ ва наҷот дар афкори иҷтимоъӣ аз мавзўъҳои асосӣ буд, аз охирҳои садаи XIX дар навиштаҳои Аҳмади Дониш ва дигарон боз растагории миллӣ фармудаи таърих дониста шуд. Растагории миллиро аз «кушодани фикр» ва расидан ба фарҳанги замонӣ оғоз ниҳодан хостанд ва ин корро аз омўзишу парвариши кўдак ибтидо кардан лозим донистанд. Абдуррауфи Фитрат дар тарбия рисолае навшит, ки «Роҳбари наҷот» ном дорад. Айнӣ ба кўдак чунин муроҷиат кард:

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту дод илму одоб,

Мактаб ба ту дод дурри ноёб.

Ин аст, ки «илму одоб»-ро «дурри ноёб» ва мактабро «сабаби наҷот» ба шумор оварданд, яъне маънавиятро шаҳсутуни бинои нави зиндагонии одамвор ҳисобиданд ва бо ин андеша амал сар карданд.

Соли 1903 мулло Абдулқодири Шакурӣ (1875—1943) дар Самарқанд мактаби усули нав кушод ва муваффақ шуд, ки бача дар шаш моҳ хатту савод бароварад ва сипас аз ҳисоб, ҷуғрофия, таърих ва ғайра маълумоти ибтидоӣ пайдо кунад. Ҷавонбухориён аз ин илҳом гирифта шоирони намоёни замон Мирзо Абдулвоҳвди Мунзими мазкур, ки низ аз дастпарвардони Садри Зиё буд, Садриддини Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ (1884— 1946) ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ (ки 9-и марти 1918 аз дасти ҷаллодони амир кушта шуд) соли 1908 дар Бухоро мактаби нав кушоданд. Садри Зиё ва ду-се нафари дигар барои харҷи ин мактаб ва таблиғоти равшангарон ҳар моҳ маблағи муайян медоданд. Айнӣ дар ин мактаб омўзгор буд ва китобҳои дарсие ба номи «Таҳзибуссибён» (китоби хониш, 1910 ва 1917), «Заруриёти диния» («Таълими имон», 1914) ва «Тартилулқуръон» (ки соли чопаш маълум нест) навишт. Ин мактаб ба иғвои муллоҳои иртиҷоъӣ баъди як сол баста шуд ва чанде ба тарзи пинҳонкорӣ амал кард. Айнӣ, Мунзим, Меҳрӣ, Ҳамдӣ ва чанд нафари дигар соли 1910 дар Бухоро ба номи «Тарбияи атфол» як «ҷамъияти махфӣ» таъсис доданд, ки мактабҳои усули нав мекушод, ба вилояту кишварҳои дигар барои таълим талаба мефиристод. Айнӣ гуфтааст, ки «маромномаи ин ҷамъият фақат илмӣ буда, дар низомномаи он барои эҳтиёт «ҷамъ- ият мутлақо ба сиёсат дахл намекунад» навишта шуда бошад ҳам, аъзоёни ҷамъият халқро ба ислоҳоти умумӣ ташвиқ карда, фасодҳои тарзи идораи амирро фош намуда, аҳолиро бар зидди ин идораи золимона бармеангехтанд»6-Мақсадҳои асосӣ дар ин ҷамъият дар арафаи ииқилоб — соли 1917 боло гирифт, аммо то ин гоҳ «Тарбияи атфол» асосан як созмони фарҳангӣ буда, фаъолияти густурдаи равшангарӣ дошт.

Мароми аслии матбуоти ҷадида, аз ҷумла «Бухорои Шариф» (1912), ки якумин рўзномаи форсии тоҷикист, рўзномаи «Тўрон» (1912), ки равшангарони тоҷик барои ноҳияҳои ўзбекзабони Бухоро ба забони туркӣ таъсис доданд , низ маорифпарварӣ ва фарҳанггустарӣ буд. Нашрияҳои ҷадидони Самарқанд— рўзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» (1914—1915), ки ҳардуро муфтӣ Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ба туркию форсӣ нашр мекард, низ масъалаҳои мухталифи зиндагиро аз дидгоҳи равшангарӣ баррасӣ кардаанд. На танҳо дар ин баррасӣ дахл шудани сиёсат, балки кўшиши тараққихоҳон барои кушодани чашми мардум ба оламу одам, ба ҳоли кишвару миллат, кўшише барои раҳнамоӣ ба сўи ҳаёти маънавӣ, фарҳанги замонӣ ва илму дониши нави аврупоӣ буд.(Чунончи он гуфтаи Сиддиқии Аҷзӣ, ки «Агар аз зиндагӣ доред уммед, Урупо ҳар чи медонад, бидонед» — ин ҳама боис мешуд, ки кўтоҳбинони каҷфаҳм онҳоро такфир мекарданд, ҳамеша зери назорат медоштанд, мактабу матбуоташонро мебастанд, китобҳояшонро мусодира мекарданд.

Дар ин шароит накўҳиши сахти тартиби мавҷудаи фуқародорӣ, ҷаҳолати муллоҳои иртиҷоъӣ, хурофот ва расму одатҳои зарарнок хеле хавф дошт. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Садриддин Айнӣ дар осори адабӣ аз танқиди сахти замон даст кашид. Он ифшогарӣ, он талху тунд ва неши забон, кинояҳои обдор, ки дар навиштаҳои Аҳмади Дониш мебинем ва дар оғози садаи бист дар рисолаҳои Фитрат «Мунозара» (1911) ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» (1912) ё дар осори Садри Зиё, чунончи дар «Тазкиратулҳумақо»-и ў ба назар мерасад, дар асарҳое, ки Айнӣ то соли 1917 навиштааст, дида намешавад.

Инро ақибнишинӣ аз равияи Аҳмади Дониш ва марому маслаки равшангарӣ набояд донист. Худдории Айнӣ аз танқиди ошкоро на ақибнишинӣ аз як шарти маорифпарварӣ, балки нишонаи ҷустуҷўи имконоти бештаре барои иҷрои барномаи мусбат, нишонаи марказият додани диққат бар сари тарбияи маънавӣ буд. Маънавиятҷўӣ ва маънавиятгустарӣ асли мақсади маорифпарварӣ буд ва дар фаъолияти Айнӣ мақоми асосӣ ба он дода шуд. Ў «инқилоби илмӣ» мехост, ки маънои он дигаргунии куллии фарҳангӣ буд. Ва мужда медод, ки «дар байни мардуми Бухоро фикри инқилоби илмӣ пайдо шуд»8- Маорифпарварони тоҷик барои эҳёи маънавии миллат мубориза мекарданд.

Садриддини Айнӣ муборизи роҳи маънавият буд ва ҷавҳари таълимоти равшангарии тоҷикӣ дар эҷодиёту фаъолияти ў аз баъзе ҷиҳатҳо барҷаста падид омадааст. Вай чунон ки баъд аз инқилоб гуфтааст, «кушодани фикри мардуми Бухороро, ки дар зери идораи асримиёнагии сахти амир ва таъсири муллоҳои мутаассиб ях баста буд», лозим медонист ва ин яхро бо нури матбуот, илму дониш ва маърифатомўзӣ об кардан мехост.

Аз ин ҷиҳат як шеъри ў, ки ба номи «Нидо ба ҷавонон» соли 1914 дар маҷаллаи «Ойина»~и Самарқанд (№5) чоп шуда буд, ҷолиб аст. Ин шеър дар тазмини байти:

Ҳар сарви саҳӣ, ки боғбон кишт,

Охир ҳама ҳезум асту ангишт.

гуфта шудааст. Матни пурраи шеъри Айнӣ ин аст:

Ҳар сарвқаде, ки қад барафрохт,

Охир ба мағоки хок ҷо сохт

Ҳар маҳрухе, ки рух барафрўхт,

Охир ба шарораи фано сўхт.

Ҳар гул, ки ба навбаҳор бишкуфт,

Охир ҳамаро хазон чу хас рўфт.

Ҳар ҷост, ки обшору гулгашт,

Охир шуданист хушк чун дашт.

Ҳар қаср, ки сохт дасти меъмор,

Дар дасти фаност охири кор

Ҳар моҳ, ки ёфт авҷи иқбол,

Гардид ҳилол охири ҳол.

Дар сафҳаи рўзгор аз кас

Номи баду нек монаду бас.

Эй дил, чу гузаштанист, айём,

Бар хурду бузург, кому ноком,

Он беҳ, ба замини зиндагонӣ.

Тухми амали накў фишонӣ.

Чун моҳ, ба авҷи комронӣ

Бар рўи ҷаҳон зиё фишонӣ.

Чун боғ ба вақти навбаҳорон

Бикшой дили ҳазини ёрон.

Чун сарв агар самар надорӣ,

Аз сояи худ бубахш боре

Чун меҳр туро чу нест тобе,

Боре чун абр пош обе.

Чун абр гар оби дилкашат нест,

Охир на зи оҳ оташат нест.

Дар мавриди эҳтёҷ оташ

Кам нест зи оби хубу дилкаш

Бахшой ба қадри иститоат

Аз умр ба хидмати ҷамоат.

Ин аст, ки устод Айнӣ ба қадри тавон адо кардани хидмати ҷамоатро вазифаи асосӣ медонад. Агар дар мавриди зарурат истифода аз оташро ҷоиз шумурдааст, на оташи оламсўзи хашму ғазаб, балки оташе, ки масалан дар зимистон тану ҷонро роҳате бахшад, дар назар аст. Хосту ниёзи ў аз ҳар касе ин аст, ки чун моҳ «бар рўи ҷаҳон зиё фишонад» ва шаби торикро равшан кунад.

Аз ҳама назму насре, ки устод солҳои фаъолияти равшангарӣ — аз оғози қарн то соли 1917 навиштааст, ошкор аст, ки ў васияти Аҳмади Донишро ба ҷо овардан мехоҳад, дар роҳи дафъи ноинсофиву беадолатӣ, дар роҳи ислоҳи инсон ва ҷомеа ҷаҳду ҷадал карданист, вале на ба роҳи инқилоб, балки ба роҳи равшангарӣ ва ислоҳоти маорифпарварона ба сарманзили мақсуд расидан ният дорад.

Дар Бухоро ва Туркистон бисёр ҷадидон роҳи инқилобии расидан ба дигаргуниҳои иҷтимоъиву иқтисодӣ ва фарҳангиро рад карда.

роҳи ислоҳоти маорифпарварона ва равшангаронаро пеш гирифта буданд. Аз ҷумла Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ки яке аз сарварони ҷадидони Туркистон буда, андешаи ў дар байни ҷавонони тараққихоҳ эътибори баланде дошт, чунин ақидае пеш рондааст. Шояд дар маҷаллаи «Ойина», ки Беҳбудӣ чоп мекард, нашр гардидани шеъри Айнӣ «Нидо ба ҷавонон» як нишонаи ҳамфикрии муаллифу ношир дар масъалаи роҳҳои амалӣ кардани фикрҳои маорифпарварӣ бошад.

Ба пиндори мо, муносибати Садриддин Айнӣ ба Абдуррауфи Фитрат низ аз ҳамин бинишгоҳ муайян шудааст ва баъд тағйир ёфтааст.

Медонем, ки Айнӣ Фитратро бағоят ҳурмат мекард, дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ўро «бародар Фитрат» номидааст ва «муҳаррири оташзабон» донистааст. Соли 1921 дар бораи маҷмўаи шеърҳои Фитрат «Сайҳа», ки соли 1910 дар Истанбул ба чоп расида буд, гуфтааст: «Шоир дар ин маҷмўа аз ҷабру зулме сухан меронад, ки олами ҷаҳонгирон дар ҳакқи олами Шарқ ва ислом мекарданд. Агар бигўем, ки ин асар ба хонандагон чун қувваи электр таъсири сареъ ва қавӣ дошт, ҳаргиз муболиға накардаем» Он гоҳ Айнӣ равияи танқидии Фитратро низ маъқул дониста, фазилати рисолаи «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ»-ро дар ин дида буд, ки «дар ин асар аҳволи илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Бухоро бераҳмона, гоҳо ба тариқи ҳаҷв танқид шуда буд»10. Рисолаҳои баъдии Фитрат «Раҳбари наҷот» (1915) ва «Оила» (1916) ба марому маслаки Айнӣ бештар наздикӣ доштанд. Вай якумиро «китоби ахлоқ ва иҷтимоиёт» (асосҳои иҷтимоии ҳаёт) ва дувумиро асаре оид ба «ислоҳи ҳаёти оилавӣ» ҳисобидааст.Алҳақ, Фитрат дар ду рисолаи охир бунёди маънавию ахлоқии ҳастии инсон ва ҷомеаи ояндаро муайян кардан мехоҳад ва гўё ҷузъе аз барномаи навсозии маорифпарваронаи ҳаёт пешниҳод намудааст.

Лекин бо наздик расидани инқилоб миёни Айнӣ ва Фитрат носозӣ пайдо шуд. Пас аз инқилоби феврали 1917, ки дар Русия тахту тоҷи Романовро сарнагун карданд, ҷамъияти махфии равшангарони Бухоро қатъан ба ду гурўҳ тақсим шуд. Айнӣ дар як гурўҳ ва Фитрат дар гурўҳи дигар қарор ёфтанд. Ҷадиди ҷавон Файзулло Ҳоҷаев (1896—1938), ки дар гурўҳи Фитрат буд, бо сарзаниш гуфтааст, ки гурўҳи ҷадидони солхўрда Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ, Меҳрӣ ва дигарон «тарафдори ислоҳоти бидуни тазалзулҳо, бахусус талотумҳои инқилобӣ буданд» ва «мегуфтанд, ки намоишу тазоҳуроти инқилобӣ, метавонад ҳатто хунрезӣ ба бор оварад»11 Ба гуфти Ф. Хоҷаев гурўҳи дувум—гурўҳи ҷадидони ҷавон ҳавои амалиёти қатъӣ дар сар дошт, иборат аз «як ҷараёни фаъолу инқилобӣ буд, ки ҳатто аз шўриши мусаллаҳона наметарсид».

Ба ақидаи мо он чи Файзулло Хоҷаев дар бораи худдории Айнӣ ва баъзе тараққихоҳони солдида аз муборизаи инқилобӣ гуфтааст, ба ҳақиқат рост меояд, зеро ба он чи худи Айнӣ навиштааст, мухолиф нест.

Дар ҳақиқат Айнӣ дар соли 1917 зидди ҳаракатҳое буд, ки ба ҷунбиши инқилобӣ монандие дошта бошад. Чун амири Бухоро 7 апрели 1917 фармони ислоҳот нашр кард ва «ҷадидони ҷавон» хостанд «намоиши шодиёна ва шукрона» барпо намоянд, Айнӣ якё аз онҳое буд, ки қатъиян ба муқобили намоиш бархостанд. Айнӣ мегуфт, ки агар намоиш шавад, амир «намоишро баҳона карда, аксулҳаракат мехезонад». Дар ҳақиқат 8 апрел «ҷадидони ҷавон» ба «намоиши шукрона» баромада буданд, ки аксулҳаракат хост, «одамони амир баъзе ба намоиш иштирок кардагонро дастгир карда ҳабс карданд» . Айнӣ дар ин тазоҳурот ширкат наварзид. Бо вуҷуди ин 9 апрел Айниро дастгир намуда, 75 дарра таъзир карданд.Ҳукми 75 дарра баробари ҳукми қатл буд ва дар ҳақиқат Мирзо Нарзуллоҳи ҷадид, ки он рўз баробари Айнӣ 75 чўб -хўрд, пас аз се рўз фавтид. Вале Айнии ҷонсахт намурд ва баъди 52 рўзи муолиҷаи пизишкони касалахонаи Русия андаке сиҳат ёфта, ба Самарқанд паноҳ бурд ва дигар то охири умр он ҷо зиндагӣ кард.

Сабаби асосии ин, ки Айнӣ аз Фитрат, Файзулло Хоҷаев ва шарикони онҳо алоқа бурид, он буд, ки баъзе «ҷадидони ҷавон» аз рўи худғаразӣ ҳаракати инқилобӣ сар карда буданд ва аз инқилоб мақсадҳое доштанд, ки аз озодихоҳӣ ва маърифатпарварӣ дур буд.

Инқилобхоҳии онҳо натиҷаи таҳаввули ақидаҳои маорифпарварӣ, пайомади як фароянди тадриҷӣ ва кам-кам аз маорифпарварӣ ба демократияи инқилобӣ гузаштани онҳо набуд.Баръакс онҳо хилофи идеалҳои маорифпарварӣ рафта, бо мақсадҳои нопоке ба роҳи моҷароҷуӣ даромада буданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба