Саноии Ғазнавӣ - Қитъаот
ДАР МАЗАММАТИ ДУНЁ ВА ДУНЁДОРОН ГЎЯД
Гандапирест тирарўй ҷаҳон,
Хиради мо бад-ў назар кардаст.
Ба сапеди рухон-ш ғарра машав,
К-он сиёҳӣ сафед баркардаст.
Ин ҷаҳон бар мисоли мурдорест
Каргасон гирди ў ҳазор-ҳазор.
Ин мар онро ҳаме занад маҳлаб
Он мар инро ҳамезанад минқор.
Охируламр барпаранд ҳама
В-аз ҳама бозмонад ин мурдор.
Мардумон якчанд аз тақвою дин ронданд кор,
3-ин ду чун бигзашт боз озарму шарм омад шиор.
Боз якчанде ба рағбат буду миннат буд кор
3-ин пас андар асри мо на пуд мемонад на тор.
Гар мунозеъ хоҳӣ, эй маҳдӣ, фуруд ой аз ҳисор,
В-ар мутобеъ хоҳӣ, эй Даҷҷоли гумраҳ сар барор.
Зи ҷумла неъмати дунё чу тандурустӣ нест,
Дуруст гардадат ин, чун бипурсӣ аз бемор.
Ба корат андар чу нодурустие бинӣ,
Чу тан дуруст бувад, ҳеч дил шикаста мадор.
ДАР МАРСИЯИ АМИРУШ-ШУАРО МУИЗЗӢ ГЎЯД
Гар тири фалак дод кулоҳе ба Муиззӣ
То з-он кулаҳ ин ҷой ғазо ҷони малак сохт.
Ў низ, сўи тири фалак рафту ба подош
Пайкони малак тоҷи сари тири фалак сохт.
ДАР МАРСИЯИ АМИД МАНСУРИ САЪД ГЎЯД
Хоҷа Мансур бипажмурд зи марг
Тозагии ҷаҳл зи пажмурдани ўст.
Оламе бастаи ҷаҳланду кунун
Зиндагии ҳама дар мурдани ўст.
АМИР МУЗЗИИ ШОИРРО МАРСИЯТ ГЎЯД
Шуд бози гуҳартабъи гуҳарзои Муиззӣ,
Шуд сўи фалак ақли фалаксои Муиззӣ.
Гар Зўҳра ба чархи дуюм ояд аҷабе нест
Дар мотами табъи тарабафзои Муиззӣ,
К-аз ҳасрати дурҳои ятимаш чу ятимон
Биншаст Уторуд ба Муаззои Муиззӣ.
Суханро ба хоб андарун дўш гуфтам:
Ки гар шуд Муиззӣ ту доим ҳаме зӣ.
Фалак сард боде бароварду гуфто:
Дареғо Муиззӣ, дареғо Муиззӣ,
ДАР АҲВОЛИ ХУД ВА ГАРДИШИ ЧАРХ ГЎЯД
Зи ту, эй чархи нилиранг, дорам
Ҳазорон сон анову дарди ҷомеъ.
На танҳо аз ту бал к-аз ҳарчи ҷуз туст
Ба ман бар, ҳаст ҳамчун сайфи қотеъ.
Маро з-он мард нашносӣ ту зинҳор,
Ки гардам аз ту андар роҳ роҷеъ.
Тамаъ чун бигсалам аз халқу аз ту
Маро хо(ҳ) ёр башу хо(ҳ) мунозеъ.
Чу бе тамъию озодӣ гузидам
Дилам безор гашт аз ҳирсу қонеъ.
Бари озодмардону каримон
Гаронтар нест кас аз марди томеъ.
Аз ин ёрони чун морони ботин
Хилофи якдигар ҳамчун табоеъ.
Ба сони насри шоир рост бошад,
Ба пешу пас ба сони насри воқеъ.
Адў бисёр кас, к-ў мар касеро
Намонад Ҳақтаъоло ҳеч зоеъ.
Чу Исоро аду бисёр шуд, зуд
Бибурд Эзид варо дар чархи робеъ.
Хасисонро чаро икром кардем?
Бахилонро чаро гардем хозеъ?
Ҳамеша хок бар фарқи касе бод,
Ки нашносад бадиро аз бадоеъ.
Ҳазар кун, эй Саноӣ, ту аз онҳо,
Туро боре надонам чист монеъ?
Дар ифтихороти худ гўяд:
Ту маро аз насабу ҷону хирад хеши манӣ,
Ман аз омезиши ин чор гуҳар хеши туам.
Ту ҳамарўза биёроста чун дини манӣ,
Ман ҳамасола бараҳна шуда чун кеши туам.
Пеши ман ҳусн ҳамон аст, ки ту пеши манӣ,
Назди ту айб чунон аст, ки ман пеши туам.
Чун ман ба раҳи сухан дарун оям,
Хоҳам, ки қасидае биёроям.
Эзид донад, ки ҷони мискинро
То чанд анову ранҷ, фармоям.
Сад бор ба қаър дар шавам, то ман
Аз ўҳдаи як сухан бурун оям.
Эй Саноӣ, бубину нек бубин,
Ки замона ситамгарест азим.
Гаҳ зи чўбе кунад диҳанда шиканҷ.
Гаҳ зи гўсолае Худои карим.
Ҳар киро фазл нест, ним пашиз
Ба шутурвор сов дораду сим.
В-он ки чун теғи ҷонрабой аз фазл
Мўйро чун қалам кунад ба ду ним.
Ба Худой ар харон-ш бигзоранд
Бе ду донги сияҳ бар охури тим.
Ин ҳама қиссаву ҳикоят чист
В-ин ҳама ишваву тағаллубу бим?
Ба биҳишти Худой нагзоранд
Бе зару сим тоате зи раҳим,
Гуфт ҳакиме, ки муфарраҳ бувад
Обу маю лаҳни хушу бўстон.
Ҳаст, валекин набувад назди ақл
Ҳеч муфарраҳ чу рухи дўстон.
Чанд гўӣ, ки заҳматат кардам,
То нагардӣ зи ман карону гарон.
Ба сари ту, ки дўсттар дорам
Заҳмати ту зи раҳмати дигарон.
Манам он муфлис, ки кисаи ман
Надиҳад шодие ба тарророн.
Сим дар дасти ман нагирад ҷой
Чун хирад дар димоғи майхорон.
Мастӣ аз сўҳбатам бипарҳезад
Ҳамчу хоб аз ду чашми беморон.
Ман чунин озманду навмедам
Аз ту, эй қиблаи накўкорон.
Офтоби умедро фалакӣ,
Хушксоли ниёзро борон.
Як рўз бипурсид Манучеҳр зи солор:
К-андар ҳама олам чӣ беҳ, эй Соми Наримон?
Ў дод ҷавобаш, ки дар ин олами фонӣ
Гуфтори ҳақимон беҳу кирдори каримон.
Хоҳад, ки шоирони ҷаҳон бе сила ҳаме
Бошанд пеши хонаш доим мадеҳхон.
Алҳақ, бузургвору хирадманд меҳтарест
К-ўро касе мадеҳ барад хоса ройгон.
Мадҳаш чаро кунам, ки биёлоядам хирад
Ҳаҷваш чаро кунам, ки бифарсоядам забон.
Чу шеъре ҳакимона гуфтам туро,
Ту ҷуди каримона бо ман бикун.
Азеро ки аз мо паси марги мо
Намонад ҳаме ҷуз сахову сухун.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё