Зеҳн

Саноии Ғазнавӣ - Муқаттаот

ЗЕ
Зеҳн8 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Эй ки атфол ба гаҳвора дарун аз ситамат,

Сур нодида биҷўянд ҳаме мотамро.

Қафасе шуд зи ту олам ба ҳама оламиён

Ин-т заҳмат зи вуҷуди ту банӣ одамро.

Ваҳ, ки то рўзи қиёмат паи олоиши мулк

Тоире аз ту наҷастар набувад оламро.

Ҳар ҷой, ки равзаест вардест,

Ҳар ҷой, ки нолаест дардест.

Гетӣ ҳама сар ба сар кулўхест,

Қисми ту аз он кулўх гардест.

Ҳар к-аз ту ба хирқае фузун аст

Кам гўй, ки бахтиёр мардест.

Зарбати гардуни дун озодагонро хаста кард,

Ку дили озодае, к-аз теғғи ў маҷрўҳ нест

Дар ано то кай тавон будан ба уммеди беҳӣ,

Гар касеро сабри Айюбиву умри Нўҳ нест.

Бархезу барафрўз ҳало қиблаи Зардушт,

Биншину барафган шиками қоқам бар пушт.

Бас кас, ки ба Зардушт нагарвиду кунун ў

Ноком кунад рўй сўи қиблаи Зардушт.

Бас сард напоям, ки маро оташи ҳиҷрон

Оташкада кард ин дилу ин дида чу чархушт.

Гар даст ниҳам бар дил аз сўхтани дил

Ангишт шавад бешак дар дасти ман ангушт.

Як ними умри хеш ба беҳудагӣ ба бод

Додему ҳеч гаҳ нашудем аз замона шод.

Аз гашти осмону зи тақдири эзидӣ

Бар кас чунин набошаду бар кас чунин мабод.

Бо рўзгори кинакаш аз мард донишест

Ё қисми ман зи дониши ман камтар уфтод?

Маро ба Ғазнин гарчи дўстон буданд

Ба номае зи ман он қавмро наёмад ёд.

Магар ки ҷумла бимурданду низ шояд буд

Худои азза ваҷал ҷумларо биёмурзод,

Хоҷа дар рағми ман ар гуфт, ки чун бехирадон

Дин бадал кардаӣ андар раҳи дунё лобуд,

Дев дар гўши ҳавову ҳавасаш мегўяд

Аз паи кибру манӣ чун Мутаннабӣ сид ҷуд.

Ман чи донистам к-аз тарбияти Руҳулқудс

Даргузаштаст зи шодию гузашта зи ашуд.

Карда як завқ ба роҳи Аҳадӣ чун Аҳмад

Шукр чун кўҳи Ҳарӣ сабре чун кўҳи Уҳуд.

Гар бидонистаме он хўи сулаймонии ў

Пеши ў саҷдакунон омадаме чун ҳудҳуд.

Дил манеҳ бо занон аз он, ки занон

Мардро кўзаи фақеъ созанд,

То бувад пур, зананд бўса бар он

Чун тиҳӣ шуд зи даст бандозанд.

Манишин бо бадон, ки сўҳбати бад

Гарчи покӣ, туро палид кунад.

Офтоб арчи равшан аст, варо,

Пораи абр нопадид кунад.

Дўсте гуфт: «Сабр кун, зеро-к

Сабр кори ту хуб зуд кунад.

Оби рафта ба ҷўй боз ояд,

Корҳо беҳ аз он, ки буд, кунад».

Гуфтам: Ар оби рафта боз ояд,

Моҳии мурдаро чӣ суд кунад?

Чун хок бош дар ҳама аҳвол бурдбор,

То чун ҳавот бар ҳама кас қодирӣ бувад.

Чун об нафъи хеш ба ҳар кас ҳамерасон,

То ҳамчу оташат зи ҷаҳон бартарӣ бувад.

Даври ин олам бе охир омадаст аз баҳри он-к

Ҳар замон бар родмарде сифлае меҳтар шавад

Он набинӣ офтоб он ҷо, ки хоҳад шуд фурўъ

Сояи гавҳар фузун з-андозаи гавҳар шавад.

Чун ту шудӣ пир, баландӣ маҷўй

К-он ки зи нав зод баланд он шавад.

Рўз набинӣ, ки ба охир расад,

Сояи ҳар чиз дучандон шавад.

Азиз умр чунон магзарон, ки охири кор

Чу офтоби ту ногоҳ зери меғ ояд.

Ҳар он кӣ бишнавад аҳволи ту дар он соат

Ба хайр бар ту дуо гуфтанаш дареғ ояд.

То бақои падар ба сар н-ояд,

Шодии меӣтарӣ ба сар н-ояд.

Шамс дар Ғарб то фурў нашавад,

Аз сўи Шарқ бадр барн-ояд.

Чунон зиндагонӣ кун, эй некрой,

Аз он пас, ки тавфиқ додат Худой,

Ки хоянд з-андўҳат ангушту даст

Чу андар замин-т ояд ангушти пой.

Макун дар ҷаҳон зиндагонӣ чунонк

Ҷаҳоне ба марги ту доранд рой.

Накунад доно мастӣ, нахурад оқил май,

Дар раҳи мастӣ ҳаргиз наниҳад доно пай.

Чи хурӣ чизе, к-аз хўрдани он чиз туро

Най чу сарве бинамояд ба масал сарв чу най.

Гар кунӣ бахшише гўянд, ки май кард, на ў

В-ар кунӣ арбада, гўянд, ки ў кард на май.

Касеро, к-ў насаб покиза бошад,

Ба феъл андар наёяд з-ў дуруштӣ.

Касеро к-ў ба асл андар халал ҳаст

Наёяд з-ў ба ҷуз кажжию зиштӣ.

Мурод аз мардумӣ озодмардист

Чи марди масҷидию чи куништӣ.

ДАР ҲИФЗИ ВАҚТ ГЎЯД

Ҳамакнун аз ҳам акнун дод бистон,

Ки акнун аст бешак зиндагонӣ.

Макун ҳаргиз ҳаволат сўи фардо,

Ки ҳолу қиссаи фардо надонӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба