Зеҳн

Саноии Ғазнавӣ - Рубоиёт

ЗЕ
зеҳни сунъӣ8 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Чун чеҳраи худ дилам барафрўз, буто,

Чун зулфи худат макун сияҳрўз, буто.

Хоҳӣ, ки накўном шавӣ дар раҳи ишқ

Пайванд зи нақши фўта омўз, буто.

Дар дасти манат ҳамеша доман бодо,

В-он ҷо, ки туро пой сари ман бодо.

Баргам набувад, ки кас туро дорад дўст,

Эй дўст, ҳама ҷаҳон-т душман бодо.

Ишқо, ту дар оташе ниҳода моро,

Дарҳои бало ҳама кушодӣ моро.

Сабро, ба ту дар гурехтам, то чи кунӣ

Ту низ ба дасти ҳаҷр додӣ моро.

Оне, ки қарор бо ту бошад моро

Маҷлис чу баҳор бо ту бошад моро.

Ҳарчанд басе ба гирди сар баргардам,

Охир сару кор бо ту бошад моро.

Эй кабк, шикор нест ҷуз боз туро,

Бар авҷи фалак бошад парвоз туро.

3-он метвон шинохтан рози туро,

Дар парда касе нест ҳамовоз туро.

Ғам хўрдани ёр шуд дило, кеш туро.

Азбаски намуд фурқати хеш туро.

Гар шод ҳаме зи васли ў хоҳӣ шуд

На-ш тараке, ки ҳаста дар пеш туро.

Чун дўст намуд роҳи томот маро,

Аз раҳ набарад ранги иборот маро.

Чун саҷда ҳаме намояд офот маро

Меҳроб туро боду харобот маро.

Қассоб чунон ки одати ўст маро

Бифканду бикушту гуфт: к-ин хўст маро.

Сар боз ба узр мениҳад дар поям

Дам медиҳадам то биканад пўст маро.

Дар манзили васф тўшае нест маро,

В-аз хирмани ишқ хўшае нест маро.

Гар бигрезам зи сўҳбати ноаҳлон,

Камтар бошад, ки гўшае нест маро.

Дар дил зи тараб шукуфта боғест маро,

Бар ҷон зи адам ниҳода доғест маро.

Холӣ зи хаёлҳо димоғест маро,

Аз ҳастиюш фароғест маро.

Андўҳи ту дилшод кунад мар ҷонро,

Куфри ту диҳад бори каме имонро.

Дил роҳати васли ту мабинод даме

Бо дарди ту гар талаб кунад дармонро.

Бо дил гуфтам: чи гунаӣ? Дод ҷавоб:

Ман бар сари оташу ту сар бар сари об.

Нохўрда зи васли дўст як ҷоми шароб

Уфтода чунин ки биниям масту хароб.

Лабҳот май асту май бувад асли тараб

Чандон туршӣ дар ў нагўӣ чӣ сабаб.

То аз намак ончунон туруш дорӣ лаб

Гар май зи намак сирка шавад нест аҷаб.

Нилуфару лола ҳар ду бе ҳеч сабаб,

Ин пўшад нилу он ба хун шўяд лаб.

Мешўяму мепўшам, эй нўшинлаб,

Дар ҳаҷри ту рух ба хуну аз нил салаб.

Аз рўи туву зулфи ту рўз омаду шаб,

Эй рўзу шаби ту рўзу шаб карда аҷаб.

То ишқи маро рўзу шабат ҳаст сабаб,

Чун рўзу шабат кунам шабу рўз талаб.

Эй ҷони азиз, тан бибояд пардохт,

Гар бо ғами ишқу ошиқӣ хоҳӣ сохт.

Андар дил кун зи ишқ хорию навохт

Бо рўи накў чу ошиқӣ хоҳад бохт.

Он мўй, ки сўзи ошиқон меангехт,

К-аз як шиканаш ҳазор дилдода гурехт.

Охир асари замона ранге омехт,

То дар кафаш аз мўи сияҳ пок бирехт.

Дар дўстӣ, эй санам, чу додам додат

Бар ман зи чӣ рўи душманӣ афтодат.

Душман хонӣ марову хонам бозат,

Эй дўст, чу ман ҳазор душман бодат.

Эй монда замони банда андар ёдат

Додаст малак зи офариниш додат.

Ту аҳди манӣ баъид бинам шодат,

Эй иди раҳӣ, ид муборак бодат.

Беруни ҷаҳон ҳама даруни дили мост,

Ин ҳар ду саро ягон ягон манзили мост.

Заҳмат ҳама дар ниҳоди обу гили мост,

Пеш аз дилу гил чӣ буд, он манзили мост.

Рўз аз талабат пардаи бекории мост,

Шабҳо зи ғамат ҳуҷраи бедории мост.

Ҳиҷрони ту пирояи ғамхории мост,

Савдои ту сармояи ҳушёрии мост.

Гирам, ки чу гул ҳама накўӣ бо туст,

Чун булбул роҳи хубгўӣ бо туст.

Чун оина хўи, айбҷўӣ бо туст,

Чи суд, ки шимаи дурўӣ бо туст.

Лашкаргаҳи ишқ орази хуррами туст,

Занҷири бало зулфи хам андар хами туст.

Осоиши сад ҳазор ҷон як дами туст,

Эй шодии он дил, ки дар он дил ғами туст.

Меҳроби ҷаҳон ҷамоли рухсораи туст,

Султони фалак асиру бечораи, туст.

Шўру шару ширку зўҳду тавҳиду яқин

Дар гўшаи чашмҳои хунхораи туст.

Имрўз бубар з-он чи туро пайванд аст,

К-онҳо ҳама бар ҷони ту фардо банд аст.

Суде талаб аз умр, ки сармояи умр

Рўзе чанд асту кас надонад чанд аст.

Дар доми ту ҳар кас, ки гирифтортар аст,

Дар чашми ту, эй ҷони ҷаҳон, хортар аст.

В-он дил, ки туро ба ҷон харидортар аст

Эй дўст, ба иттифоқ ғамхортар аст.

Мижгону лабаш узру азобе дигар аст,

В-аз кибру зи лутф оташу обе дигар аст.

Бешак, донад он кӣ хирадманд бувад,

К-он офати об офтобе дигар аст.

Ҳар рўз маро бо ту ниёзе дигар аст,

Бо ду лаби нўшини ту розе дигар аст.

Ҳар рўз туро тариқу созе дигар аст,

Ҷанге дигару итобу нозе дигар аст.

Гаҳ ҳаст, будем аз паи васли туву маст,

Гаҳ нест, шудем аз маи қаҳри туву паст.

Чун боди гумону буду банд аст, бишуст,

На маст, на маст монд на нест, на ҳаст.

Хоҳам, ки ба андешаву ёрои дуруст,

Худро бадар андозам аз ин воқеа чуст.

К-аз мазҳаби ин қавм малолам бигирифт

Ҳар як зада дасти аҷз дар шохе суст.

Гуфтам: пас аз он ҳама талабҳои дуруст

Подоши ҳамон якшаба васл омад чуст.

Баргашту ба ханда гуфт: Эй, ошиқи суст

3-он якшабаро ҳанўз боқӣ бар туст.

Маст аст буто, чашми туву тир ба даст

Бас кас, ки ба тири чашми масти ту бихаст.

Гар пўшад оразат зиреҳ узраш ҳаст,

Аз тир битарсад ҳама кас, хоса зи маст.

Чун ман ба худӣ наёмадам рўзи нахуст

Гар ғам хурам аз баҳри шудан н-ояд чуст.

Ҳарчанд раҳӣ асир дар қабзаи туст,

3-ин омаду шуд ризои ту бояд ҷуст.

Эй, чун гулу мул дар ба дару даст ба даст,

Ҳар ҷо зи ту хуррамию ҳар кас зи ту маст.

Онро, ки шабе бо ту бувад хосту нишаст,

Ҷуз хору хумор аз ту чи бардонад баст.

Эй нест шуда зоти ту дар пардаи ҳаст,

Эй савмавайронкуну зуннорпараст.

Мардона кунун чу ошиқон май дар даст

Гирди дари куфр гарду гирди сари маст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба