Саноии Ғазнавӣ - Маснавии Ҳадиқа
Пешгуфтор
Ин маснавии Саноӣ бо номҳои «Илоҳинома», «Фахринома» низ маълум буда, дорои 10 боб ва 10 ҳазор байт аст ва дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни аслам ё аслами мусаббағ иншо шудааст. Азоҳифи он чунин аст: яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаълун. Ё ин ки: фоъилотун, мафоъилун, фаълон ва фоъилун ё фаъилон. Асар зоҳиран ба ҳокими вақт Баҳромшоҳи Ғазнавӣ бахшида шудааст ва санаи хатми маснавӣ гўё соли 525 Ҳиҷрӣ бошад:
Ин чи з-ин назм дар шумор ояд,
Адади байт даҳ ҳазор ояд.
Ё ки:
Ададаш ҳаст даҳ ҳазор абёт,
Ҳама амсолу панду мадҳу сифот.
Панҷсаду бисту чор рафта зи ом,
Панҷсаду бисту панҷ гашт тамом.
Вале дақиқ он аст, ки маснавӣ соли 535ҳ. (1140/41 м.) ба итмом расидааст.
«Ҳадиқат-ул-ҳақиқат…» хатти муайяни сюжет, ки аз ибтидо то интиҳои онро бо фаро гирифтани унсурҳояш (муқаддима, гиреҳбандӣ, ҳаракат, авҷ, гиреҳкушоӣ) дарбар мегирифта бошад, нест. Балки он аз даҳ боби алоҳида таркиб ёфтааст. Унвони бобҳои «Ҳадиқат-ул-Ҳақиқат» чунин аст:
Боби аввал: «Дар тавҳид».
Боби дуюм: «Дар васфи Каломи Шариф».
Боби сеюм: «Наъти Расул (с)».
Боби чорум: «Ситоиши ақл».
Боби панҷум: «Фазилати илм».
Боби шашум: «Зикри нафси кулл».
Боби ҳафтум: «Дар ғуруру ғафлат».
Боби ҳаштум: «Дар зикри душману дўст».
Боби нўҳум: «Зикри Султон».
Боби даҳум: «Дар сабаби таълифи достон».
Чунон ки маълум гардид, ҳар як боб ба ягон масъала (мавзўъ) бахшида шудааст ва то андозае истиқлол низ дорад. Ба назари муаллиф, ин китоб саропо дар панд будааст. Чунончи, оид ба мавзўи асар худи Саноӣ мегўяд:
Ин китобе, ки гуфтаам дар панд,
Чун рухи ҳур дилбару дилбанд.
Гарчи бисёр дидаӣ таълиф,
Ҳеч дидӣ бад-ин сифат тасниф.
Ҳар чӣ донистаам зи навъи улум,
Кардаам ҷумла халқро маълум.
Як сухан з-ину оламе донаш,
Ҳамчу «Қуръон»-и порсӣ хонаш.
Дар асар асосан риояи аркони исломӣ аз солик талаб карда мешавад, зеро «Ҳадиқа...» ибтидои осори бадеии тасаввуфу ирфон аст ва тасаввуфи ў обидона мебошад. Ҳанўз дар асари Саноӣ рамзу киноя то ба ҳадди эҷодиёти Аттор (хусусан «Мантиқ-ут-тайр») ва Ҷалолуддини Балхӣ («Маснавӣ») нест. Ҳадафи Саноӣ аз таълифи «Ҳадиқа...» тарбияи камолоти маънавии инсон буда, хонанда дар он кӣ будани солик ва чиҳо кардани ўро мебинад ва аз сабаби он ки мушкилтарин масъалаи ҷомеъа ин тарбияи инсон аст, пас мақсади адиб ҳамоно ҳалли ана ҳамин мушкилот мебошад ва ин аст, ки «Ҳадиқа…»-ро «Қомуси тасаввуф» низ меноманд, зеро тамоми масоили фарогирифтаи асар ба тақозои ҳолату ҳадаф ва ҷиҳатҳои хосу оми он бахшида шудааст.
Дар маснавии «Ҳадиқа…» масъалаи ахлоқу тарбияи инсон дар маркази асар меистад. Аз ин рў, дар достон баробари дидактикаи маҳз, ки ҷанбаи ҳалкунанда дорад, баъзан ҳикоёте низ оварда мешавад, ки онҳо новобаста ба ҳадафу мақсад, мавзўъ, ширкаткунандагон ва ғайра ҳадафҳои муайяни ахлоқиро ҳатман фаро мегиранд. Аввал ин ки мо дар «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат…» хелҳои гуногуни ҳикоётро мебинем: ҳикоёти тамсилӣ, ҳаҷвӣ, таърихӣ, ахлоқӣ-тарбиявӣ, мазҳабӣ, тасаввуфӣ ва ғ. Вале ҳамаи онҳо қавитарин оҳангҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ доранд ва барои тарғиби ғояву ҳадафи ҷараёни тасаввуф оварда шудаанд.
Сабки нигориш
Сабки нигориш ва шеваи таълифи «Ҳадиқа…» махсуси шеваи фардии таълифоти Саноӣ буда, ҳеҷ гоҳ аз талаботи сабки хуросонӣ хориҷ нест. Аз сабаби он ки «Ҳадиқа…» ба давраи камолёбии сабки мазкур рост меояд, аз ин рў, аҳёнан баъзе унсурҳои сабки ироқӣ аз қабили: истифодаи оёту ҳадис, калимаҳои арабӣ, истилоҳоти фаннӣ ва ғ. ба назар мерасанд, вале ин ҳолат ҳанўз ба расмият надаромадааст ва чандон характернок нест. Аз тарафи дигар, ў бештар ба шоирони сабки хуросонӣ ва эҷодиёти онҳо рў меорад, аз онҳо ёд мекунад.
Забони Саноӣ дар «Ҳадиқа…» ва умуман маснавиҳояш мисли ашъори лирикиаш мушкил нест. Асосан, ў калимаҳои арабии ношиносу камистеъмолро қариб ки кор намегирад. Танҳо як нуктаро метавон хотиррасон намуд, ки баъзе бобҳои «Ҳадиқа…», масалан, боби I - «Дар тавҳид» ё боби II - «Дар ситоиши Қуръон» ва ё боби III - «Наъти Расули Акрам (с)» буда, ин бобҳо як андоза аз рўи маводи фарогирифтаашону мавзўи марказии бобҳо, то ба ҳадде ба оёту ҳадис ва таркиби луғавии забони арабӣ майли адибро мебинем. Чунончи, боби аввали маснавӣ бо чунин байтҳо оғоз мешавад:
Ай дарунпарвари бурунорой
В-эй хирадбахши бехирадбахшой.
Холиқу розиқи замину замон,
Ҳофизу носири макину1 макон.
Ҳама аз сунъи2 ту макону макин,
Ҳама дар амри ту замону замин.
\\\__________________________
Макин - макондор, соҳиби ҷою макон.
Сунъ - эъҷоз ва офариниш
Магар дар ин абёт калимаҳои ношиносу камистеъмол ҳаст?! ҳол он ки ин боб яке аз бобҳои нисбатан мушкили «Ҳадиқа» бо назардошти таркиби луғавӣ ва истифодаи оёту ҳадис аст. Дар абёти боло калимаҳои холиқу розиқ, ҳофизу носир, сунъу макин, макону замон калимаҳои то ба ҳадде барои хонандаи оддӣ мушкил бошад ҳам, аз моҳияти матн бидуни луғатҳои тафсирӣ маънии онро фаҳмида метавонад. Аз тарафи дигар, ҳатто дар ҳамин боб, вақте ки ҳикояте, ривояте ё масалеро ба ин ва ё он муносибат меорад, тамоман таркиби луғавӣ, забон, шеваи таълифи он соддаву оддӣ ва оммафаҳму муқаррарист. Бинобар ин, мо наметавонем сабки сухани Саноиро берун аз тақозои сабки соддаи Хуросонӣ қазоват намоем.
Яке аз хусусиятҳои эҷодии ў дар таълифи «Ҳадиқа…» он аст, ки на танҳо ҳикоёти таърихӣ ва шахсиятҳои таърихиро меорад, тамсилҳоро ба кор мебарад, ҳикоёти эҷодкардаи пешиниёнро истифода намуда, худ ҳикоёти аҷоибу ғароиби ахлоқӣ-тарбиявӣ таълиф кардааст. Беш аз ҳама, ў аз эҷодиёти даҳонакии халқ низ истифода бурдааст. Масалан, як силсила ҳикоятҳо аз бобҳои гуногуни «Ҳадиқа…», ки аслан аз нигоҳи эҷод онҳо моли халқанд ва Саноӣ бо ҳунар, санъат ва донишу маҳорати хеш аз онҳо дар ғояти устодӣ кор мегирад ва ниҳоят онҳо моломол аз панду андарз, аз ҳикмату насиҳатҳои беғаразона буда, ба намояндагониҳамаи табақаҳои ҷамъият хеле фоидаовару зарурианд. Ба ин қабил ҳикоёт метавон ҳикоятҳои: «Марди яхфурўш», «Дар бевафоӣ», «Достони бостон», «Адли подшоҳ», «Шаҳнаи маст», «Подшоҳ ва канизак», «Марди гадо ва гови вай», «Зани қалтабон», «Нодон ва дарди дандон» ва ғайраро дохил намуд, ки хеле оддиву содда ва аз нигоҳи мазмуну мўҳтаво бою рангин мебошанд. Саноӣ мавриди зикри чунин ҳикоёт шеваи тамоман соддаву оддии баёнро пеш мегирад ва гуфтан мумкин аст, ки пурра муваффақ Ҳам шудааст.
Ҳикояти «Достони бостон»
Аблаҳе дид уштуре ба чаро,
Гуфт: -Нақшат ҳама каж аст, чаро?
Гуфт уштур, ки андар ин пайкор
Айби наққош мекунӣ, ҳуш дор.
Дар кажиам макун ба нақш нигоҳ,
Ту зи ман роҳи рост рафтан хоҳ.
Нақшам аз маслиҳат чунон омад,
Аз кажӣ ростӣ камон омад.
Ту фузул аз миёна берун бар,
Гўши хар дар хур аст бо сари хар.
Ҳар чӣ ў карда айби ў макунед,
Бо баду нек ҷуз накў накунед.
Дасти ақл аз сахо ба нерў шуд,
Чашм хуршедбин зи абрў шуд.
Зишту некў ба назди аҳли хирад
Сахт нек аст, аз ў наёяд бад.
Ба худоӣ сазо мар ўро дон,
Шабу шабгир рав мар ўро хон.
Он накўтар, ки ҳар чӣ з-ў бинӣ,
Гарчи зишт он ҳама, накў бинӣ.
Ҷисмро қисм роҳат омаду ранҷ,
Рўҳро роҳат аст ҳамчун ганҷ.
Лек море шиканҷ бар сари ўст,
Дасту пои хирад баробари ўст.
Дар ҳикояти зикршуда мақсад сунъи илоҳӣ буда, махлуқе ёрои чуну чаро надорад! Зеро ў ақли кулл аст ва ў ҳамаро некў медонад. Агар ҳадафи ҳама чиз дар ҷомеъа натиҷа, яъне амалияи он бошад, пас уштур на каҷ, балки рострав аст. Аз ин рў, ин ва ё он нуқсони ҷисмонии касе ё чизе танҳо барои худи ў нест, балки барои дарси ибрат бардоштани дигарон аст.
Ҳикояти «Марди гадо ва гови вай»
Он шунидӣ, ки дар ҳади Мардошт
Буд марде гадову гове дошт.
Аз қазоро вабои говон хост,
Ҳар киро панҷ буд, чор бикост.
Рустоӣ зи бими дарвешӣ
Рафт, то бар қазо кунад пешӣ.
Бихарид он ҳариси бемоя,
Бадали гов хар зи ҳамсоя.
Чун баромад рабеву1 рўзе бист,
Аз қазо хар бимурду гов бизист.
Сар баровард аз таҳайюру гуфт:
К-ай, шиносои розҳои нуҳуфт.
Ҳар чӣ гўям бувад зи насносӣ2
Чун ту харро зи гов нашносӣ.
\\\____________
1. Рабеъ - яке аз моҳҳои сеюм ва чорум дар солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ.
2. Насносӣ - ҷоҳилӣ.
Дар ҳикояти боло, ки моли халқ аст, шоир саъю кўшиши марди дарвешро барои раҳоӣ аз «дарди қашшоқӣ» ба тасвир гирифтааст. Ҳадафи шоир тасвири панҷаи қавии қазост, ки ягон чизе садди роҳи он шуда наметавонад.
Ҳикояти «Марди яхфурўш»
Масалат ҳаст дар сарои ғурур
Масали яхфурўши Нишопур.
Дар тамуз1> он яхак ниҳода ба пеш,
Кас харидор неву ў дарвеш.
Ҳар чӣ зар дошт ў ба ях дарбохт,
Офтоби тамуз ях бигдохт.
Ях гудозон шуда зи гармиву мард,
Бо диле дардноку бо дами сард.
З-он ки умри гузашта боқӣ дошт,
Офтоби тамузияш нагзошт.
Ин ҳаме гуфту ашк меборид,
Ки басемон намонду кас нахарид.
Чун натарсӣ ту аз аҷал хурдӣ,
Он зи ғафлат шумар на аз мардӣ.
Ту наӣ бар аҷал далер ҳанўз,
Гўр гўр асту шер шер ҳанўз.
--------------
1. Тамуз - моҳи даҳуми суриёнӣ, ки ба моҳи июл рост меояд.
Дар ин ҳикоят, ки мард тамоми дороияшро сарф намуда, саъй мекунад, ки аз бори нодорӣ бираҳад, вале ҳайҳот. Ў ҳангоми хунукии ҳаво ях харида буд ва он ба тезӣ ба фурўш нарафт ва мавсими гармо оғоз шуд. Ў ҳанўз нигарон буд, ки яхи харидааш талаф мешуд ва марди дарвеш чора надошт. Марди дарвеш танҳо менолиду менолид ва дигар чӣ ҳам мекард?!
Ҳадафи шоир сарф кардани бойигарии моддии мард ва ба даст овардани ях ва фоида дидан аз он танҳо дар зоҳир аст. Дар ҳақиқат мақсади шоир мутлақо ин ҷузъиёти нақлшуда нест. Мақсади ҳаким Саноии Ғазнавӣ аз зикри ҳикояти мазкур ғофил мондан аз гузашти умр, беҳуда гузаронидани он, фарорасии реҳлат ба ҷовидон ва тағофул варзидан аст. Яъне, шоир гуфтан мехоҳад, ки умрро эҳтиёт кунед. Онро беҳуда нагузаронед, чун умр гузашт, дигар кўшиши баргардонидани он ба тамомӣ бефоида аст, зеро умри гузашта барнагарданда аст ва гиряву нола, ғаму ғусса дигар фоида надорад. Яъне дар зиндагӣ ҳушёриву зиракӣ зарур аст, не бепарвоиву ғафлат!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё