Саноии Ғазнавӣ - Маснавии «Корномаи Балх»
Маснавии «Корномаи Балх» аввалин маснавии Саноӣ буда, дар вазни «Ҳадиқат-ул–ҳақиқат ва шариат-ут-тариқат» хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф ё мақсур ва дар баъзе ҳолатҳо аслам ё аслами мусаббағ эҷод шудааст, ки арконаш чунин аст:
яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаъилун (ё фаъилон ва ё:фаълун ё: фаълон).
Маснавии мазкур «Мутоибанома» низ номида мешавад. Асар дар шаҳри Балх таълиф гардида, ба Ғазнин фиристода мешавад. Санаи таълиф ё худ эҷоди маснавӣ соли 508Ҳ. (1115 м.) буда, ҳаҷми он дорои 520 байт мебошад.
Дар ин маснавӣ ҳакими бузург Саноӣ ҳар тоифаро тасвир менамояд ва махсусан аҳли девонро бештар аз нигоҳи ҳаҷв назар мекунад.
Асар бо муқаддима оғоз гардида, дар он анъанаи суннати достонсароӣ риоя мешавад, ки он бо чунин байтҳо шурўъ мегардад:
В-ай Ҳаққ, ай нақшбанди бехома,
Қосиди ройгони бенома.
Фалак аз баҳри нохушиву хушӣ,
Карда бар номи ту харитакашӣ.
Баъд аз ин бахш ситоиши Султон Маҳуд ва сифати хонадони Маҳмудӣ оғоз мешавад. Чунончи:
Ҳазрате бинӣ осмон дар ў,
Сад ҳазор офтоб чокари ў.
Зери як сатр1 сад ҷаҳон бинӣ,
Ҳам ситора, ҳам осмон бинӣ.
Пеши ў тоҷвар ҳазор - ҳазор,
Боду шоху камар қаламкирдор.
Бар дари ўст ҳар кӣ тоҷвар аст,
Пой дар рафтан аз бақои сар аст.
Баъд васфи шоҳзодагони Ғазнин меояд:
Баъд аз он шоҳзодагон бинӣ,
Мулки пурофтобу кон бинӣ.
Ҳама якдилу лек бо сад фан,
Ҳама як ҷону лек бо даҳ тан.
Ҳама дар осмон пас аз Маҳдӣ,
Шуда дар ўҳдаи валиаҳдӣ.
---------------------------------
1. Сатр - як хат, як роҳи навишташуда
2. Маҳдӣ-дар дини ислом имоми ғоиб, ки ба назди пайравонаш баргашта баробарию адолатро барқарор менамояд.
Бахшҳои дар боло ёдшуда ҷиддӣ буда, ба тоифаҳои васфшаванда ҳазлу ҳаҷвро Саноӣ раво намебинад.
Абулмаҷд Саноии Ғазнавӣ чунин ҷиддияти тасвирро дар офариниши баъзе лаҳзаҳо, дар муносибат бо баъзе шахсиятҳои динӣ, сиёсӣ ва пеш аз ҳама дар таҳмидияву наътияҳо бо тамоми ҳастии хеш, бо тамоми масъулият ҷиддӣ қабул менамояд ва заррае ба ҳиҷову ҳазл таваҷҷўҳ зоҳир намекунад. Чунон ки дида мешавад, Саноӣ дар ситоиши Худо, сунъи Илоҳӣ, васфи Расули Акрам (с), мадҳи ҳокими вақт, ҳукуматдорони Ғазнавиро (хонадони Султон Маҳудро) бо масъулияти том тасвир мекунад. Ё худ гузаштагони худро, ки шахсиятҳои мўътабари динӣ, фарҳангӣ ва аҳли қаламанд, бо муҳаббати хоса ёд мекунад, бо эҳтиром ситоиш менамояд.
Фаразан дар баёни сифатҳои падари худ чунин арзи дил менамояд:
Падаре дорам аз нажоди киром,
Аз бузургӣ, ки ҳаст Одам ном.
Ҳаст баҳри атои дилбандат,
Падари шаръи ҳар се фарзандат.
Ҷиддияти мазкур кулли асарро фаро намегирад. Шоир хусусан аҳли ҷоҳу мансаб, аҳли дину тасаввуф, аҳли ҳунар, шахсиятҳои ҷудогонаи хешу ақрабо, амалдорони дарбор, ҳамкасбону ҳампешагон ва ғайраро хеле сахт ҳаҷву танқид менамояд. Ҳатто дар баъзе ҳаҷвияҳо Саноӣ баъзан лафзи ниҳоят қабеҳро мавриди истифода қарор медиҳад, ки аз авзои замони шоир бараъло шаҳодат медиҳанд. Масалан, чунин муносибат дар бахшҳои «Сифати занон», «Сифати шоирон», «Ситоиши ҳоҷиби бузург”, «Сифати қузоти мамлакат», «Сифати умарову лашкариён ва ғуломони сарой» ва ғ.ба хубӣ манзур мегардад, ки мо дар ин ҷо байтҳо, мисраъҳои ҳаҷви сахтдоштаро сарфи назар намудем. Масалан, фасли хурдакаке, ки «Дар сифати занон»-ном дорад, бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад, ки арбоби тариқати асри Саноӣ чандон сидқӣ гўё набудаанд:
Гарчи Шиблӣ шуданд муште хар,
Ин Ҷунайдони мода низ батар…
Ё худ фасли «Сифати шоирон» бо чунин байт оғоз мешавад:
Чун зи ҷисмониён гузар кардӣ,
Дар баду некашон назар кардӣ.
Чунин муносибати шоири бузург дар иртибот бо «Ҳоҷиби бузург» низ хеле равшан ба назар мерасад, ки ў дар муносибат бо шоҳ, дар ҳузури шоҳ - банда (ғулом) аст ва дар миёни халқ - амир ва ғ., чунончи:
Хоса ҳоҷиб - бузурги ҷудпазир,
Сўи шаҳ - банда, сўи халқ - амир.
Чокари дунтарини ў - Миррих,
Ҳунари камтарини ў - таърих.
Умуман «Корномаи Балх» дар маҷмўъ маснавии ҳаҷвӣ буда, аввалин асари калон ҳаҷми ҳаким Саноии Ғазнавӣ аст, ки дар он асосан ба фаъолияти табақаҳои гуногуни рўзгори шоир баҳо дода мешавад. Шоир зимни ҳаҷву танқиди хеш фаъолият, кору кирдор, амалу ҳолат, рафтору муомила, муносибату гуфтор, зоҳиру ботин, сидқу сафо ва макру фиреби муосирони худро фош менамояд. Саноӣ худ аз шоирони сўфия - мутасаввифи садаи ХI буда, хусусан ин табақаи ҷомеъаро хеле хуб медонист, бо онҳо сару кор дошт, бо онҳо муомилаву муносибат, шину хез дошт. Аз ин рў, ниҳоди баъзе аз онҳоро хеле хуб омўхта, ба хулосае меояд, ки баъзан миёни ин тоифа одамон низ шахсони нолоиқу тасодуфӣ кам нестанд. Онҳо аз ҳисоби дину муқаддасот истифода намуда, мақсадҳои дигар низ доранд. Аз ин ҷост, ки дар «Корномаи Балх» ғолибан ҳаҷви аксари табақаҳои иҷтимоӣ: деҳқон, мулло, шайх, сўфӣ, ҳунарманд, сипоҳӣ, шаҳна, лашкариён, ғуломон, умарову фузало, хоҷагон, арбоби девону аҳли қалам, шоҳзодагону ҳокимон, шоҳон, амирону вазирон, қозиён, шоирон, арбоби тариқат, занону духтарон ва ғ. дида мешаванд.
Масалан, дар «Сифати қуззоти мамлакат» чунин изҳори андеша менамояд:
То бубинӣ раҳи саодатро,
Нафй1 бинӣ русуми одатро
Асл бинӣ қарини фаръ шуда,
Табъ бинӣ ғуломи шаръ шуда.
Қозиёне чу субҳи содиқ рост,
Майл аз инсофашон ҳамеша бикост.
Соиле биниву ҳазор ҷавоб,
Омиле биниву ҳазор савоб.
1. Нафй - инкор кардан, рад кардан.
2. Соил - суолкунанда, пурсанда.
3. Омил - амалкунанда, коркун.
Ба ҳамин тариқ, маснавии «Корномаи Балх» шояд аввалин асари ҳаҷвии ҷудогона бошад, ки қариб намояндагони аксари табақаҳои ҷамъиятии замони шоирро фаро гирифтааст. ҳаҷви Саноӣ дар маснавии «Корномаи Балх» асосан ҳаҷви малеҳ буда, ҷанбаи танқидӣ низ дорад, вале баъзан, хусусан занону баъзе амалдорҳои давлатиро хеле сахт ҳаҷв карда, дар ин олат ҳаҷви шоир аз доираи ҳаҷви малеҳубур намуда, ба ҳаҷви қабеҳ мерасад, ки бузургвор онҳоро аз сабаби нопокии ботин, фосидии хулқу атворашон ҳаҷви қабеҳ мекунад ва нисбати онҳо алфози кўчагиро раво мебинад. Дар ҳар сурат, ҳаҷвияҳои шоир бо вуҷуди баъзе унсурҳои қабеҳ доштанашон низ дорои аҳамият аст, зеро нуқсону камбудиҳо, норасоиҳову нобасомониҳои замон ва муосирони хешро фош намуда, барои пешрафти ҷамъияти онрўза, баҳри ҳимояи табақаҳои ҳалолкору поквиҷдон кўмак мерасонад. Беш аз он, ба даврони минбаъдаи таърихи халқи тоҷик таъсири фаровони мусбат гузоштааст. Шояд, эҷодиёти Сўзанӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ барин шоирону адибони ҳиҷогў аз ин асари ҳаким Саноии Ғазнавӣ таъсир гирифта бошанд. Умуман мавзўи мазкур дар оғози шеъру адаби форс-тоҷик то устод Рўдакӣ низ ҳаст, вале хеле эҳтиёткорона ва ниҳоят маҳдуд. Мавзўи мазкур асосан ба василаи ҳамин асар ва умуман эҷодиёти ҳаким Саноӣ ташаккул ёфта, рушди минбаъдаи он таъмин карда мешавад.
ҲАСБИ ҲОЛИ ХУД ВА ИЗҲОРИ МАШАҚҚАТИ САФАРИ БАЛХ КУНАД
Эй кӣ гаҳ озарӣ гаҳ озорӣ,
Ҳирфатат заргарию атторӣ.
Хизмати ман ба нокасону касон,
Чун расидӣ ту як ба як бирасон.
Гўй онҳо, ки аҳли Ғазнинанд
Ҳамчу нақшаш ҳамеша избинанд.
Пой бар дидаи ният бинҳед,
Сар ба болини оқибат бинҳед.
Аз дари шаҳр зостар мешавед,
То чу ман хира-хира ғар мешавед.
Об то сайди тову нон накунад,
То чу ман риши говатон накунад.
Мард дар шаҳри хеш бонирўст
Дида ҳам дар миёни чашм накўст.
Пушта ҳомун шавад ба анҷомаш
Ҷўй Ҷайҳун шавад ба оромаш.
Манзили Фаррухӣ дари ҳунар аст,
Гули иқбол чокари ҳунар аст.
Мард бояд, ки боҳунар монад
Чун ҳунар буд, бахт раҳ донад.
Баҳри обе сафар чи бояд хост
Обро худ сафар сўи дарёст.
Мард бояд, ки мулкро шояд
Ҷузв худ сўи кулли хеш ояд.
Хок дар сокинӣ писандидаст
Чун биҷунбид офате дидаст.
На ба ҳар шаҳр тозатар фалакест,
Розиқи ҳар чи кишвар аст якест.
Сафару хона жож дону ҳавас
Кори лутфи Худой донаду бас.
Ҳар киро мояи пашизе нест,
Зи сафар хира-хира чизе нест.
МАСОЛИБИ УЛАМОИ СЎЪ
Гар ту хоҳӣ, ки беш аз ин бинӣ,
Ришу дастору остин бинӣ.
Ин ҳама зираканду пурҳунаранд,
Ришговони русто дигаранд.
Ҳама хар гаштаву таносухиянд,
Нанги Бўзидию машоихиянд.
Хештан бар ҳавои нафс мабанд,
Табаи ақлу рўҳ шав якчанд.
Бидеҳ, эй хоҷа, к-аз ту ин монад,
В-ар ту надҳӣ, замона бистонад.
Ганҷ он к-аз сахо дижам нашавад,
Чун хизони Худой кам нашавад.
Хокро тухмаке диҳӣ гаҳи рош
Аз яке сад ҳамедиҳад подош.
Гар аз ин рўй хок бо карам аст
Он кӣ хок офарид аз ў чи кам аст.
Ҳам намонад муқим дасти тиҳиш
Чи кунад гар диҳиш в-агар надиҳиш.
Ту бимонӣ, ки чун ту поке нест,
Гар намонад раҳит, боке нест.
СИФАТИ БАЛХ
То ба Балх омадам зи Ғарраву Салх,
Айши ман буд чун мусаҳҳаф талх.
Гарчи дидам буруни фазлу адаб,
Гулфурўше, зи сад ҳазор лақаб.
Ғукашонро барои ними пашиз,
Булбулони биҳишт хондам низ.
Лек бо он даҳову ақлу масан,
Андар ин турбату ҳавои афан,
Банда будам чу Йусуфи Яъқуб,
Лек шалғам зи Йусуфӣ шуд хуб.
Кору бори ҷаҳон чунин бошад,
Инчунин низу ҷуз чунин бошад.
Деви ғурбат маро бибурдӣ об,
Гар набудӣ кафи амир Шиҳоб....
СИФАТИ ХОҶАСАРОЁН
Ҳама аз бонгу ном шўҳра шуда,
Бўқҳошон сафедмўҳра шуда.
Чун паямбар ҳама на ризқу на фан,
Чун фаришта ҳама на марду на зан.
Карда аз узлати яке бебок,
Домани азли хубрўён пок.
Нест пас рангу бўю пироя,
Наргиси шўхро аз он хоя.
Чун ду сатр аз вадиа бархонанд,
Он кӣ ин ҷамъ кард хар хонанд.
Ҳар кӣ з-эшон зи рўи бадниятӣ,
Орият хонду бурд ориятӣ.
Кас аз эшон нахонда дар олам,
Илми ислом ҷуз барои салам.
Чун ду донг аз салам ба ҳам банданд,
Кали гармобаро шикам банданд.
Он салафхорагони шумдирой,
Ки каму косташон кунод Худой.
Сару бун чун сару буни пингон,
Аз дарун чун буруни бодингон.
Бибаранд аз тариқи дин ба ду дам
Кафши Исову чодари Марям...
Саг чу мурдор ёфт хон шумарад,
Хар чу каҳ дид заъфарон шумарад.
Дин шуморанд ҷаҳлу пурқайдӣ,
Куфр донанд роҳи Бўзайдӣ.
СИФАТИ ПАДАРИ ХЕШ ГЎЯД
Падаре дорам аз нажоди киром,
Аз бузургӣ, ки, ҳаст Одам ном.
Ҳаст баҳри адои дилбандат,
Падари шаръ ҳар се фарзандат.
Зи талаб ком пеш карда зи умр,
Риш чун қалби реш карда зи, умр.
Чор ҳиссаш зи обу кор шуда,
Ҳисси завқаш яке ҳазор шуда.
Қувваташ нобакор гашта ҳама,
Шаҳваташ бешумор гашта ҳама.
Оби рўяш фурў шуда ба қадам,
Боди буқаш баромада ба шикам.
Ҷуз ба даргоҳи ту паноҳаш нест,
Риш дорад ҷуз ин гуноҳаш нест.
Ба дуо вомдору чокари туст,
Лофгўи ситонаи дари туст.
Аз барои ту дар халову мало,
Як забон дораду ҳазор дуо.
Бар дари чун ту офаринҷўе,
Бад набошад чун ў дуогўе.
Нест кардаст чарх ҳасташ кун,
Ба яке бўи ҷуръа масташ кун.
Гар бад-ў ногаҳе расонӣ изз,
Ба Худой ар зиён кунӣ ҳаргиз.
Аз сари ихтиёри нафсонӣ,
Бартарӣ аз мақоми шаҳвонӣ.
Боз шоҳаспарам хасӣ з-он аст,
Ки бар ў доғи номи шоҳон аст.
Мокиёнро чи роҳат аз хоя,
Чун харах тоҷ бурду пироя.
Ҳама ҳам золиманду хам мазлум,
Ҳама ҳам ходиманду ҳам махдум,
Ҳама меҳтарнавозу меҳтарфаш
Вақти меҳробу вақти кин оташ.
Шери хашманд чун худовандӣ.
Серчашманд ҳамчу хурсандӣ.
СИФАТИ ҚУЗЗОТИ МАМЛАКАТ
То бубинӣ раҳи саодатро,
Нафй бинӣ русуму одатро.
Асл бинӣ қарини фаръ шуда,
Табъчинӣ ғуломи шаръ шуда.
Қозиёне чу субҳи содиқ рост,
Майл аз инсофашон ҳамеша бакост.
Соиле бинию ҳазор ҷавоб,
Омиле бинию ҳазор савоб.
Хомашон аз ҳаво гаҳи фатво,
Ҳамчу номи қиёмати Яҳйо.
СИФАТИ РАНҶИ РОҲ КУНАД
Он чи омад маро дар ин раҳ пеш
Габр дар гўр аз он набинад беш.
Кўҳҳое буридаам бар хир,
Ки қарин буд теғашон бо тир.
Барф назди балоти наъш чунон,
Ки зи панба камони панбазанон...
Ман қадам сохта зи сина чу мор
Даст бар сар ниҳода каждумвор.
Аз нишони ду гунаӣ мани ғур,
Ҳама паж пурнишони пои шутур.
Ашки ман буд ҳамчу дурр ба қиёс,
Теғи сар пур зи барф чун алмос.
Бар хилофи табиат аз дили пур
Суфтам алмосро ба донаи дурр.
3-аш в-аз акси рўи ман ҳама санг,
Зарду пурнуқта ҳамчу пушти паланг.
Ҳар паланге, ки он бадид ба чашм,
Аз паи бими ҷон, на аз сари хашм.
Рўи он кўҳ пеш наспурд ў,
Ки ҳаме пушти худ гумон бурд ў.
Ашки ман гашта буд ёқутӣ,
Рағми беқувватию беқутӣ...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё