Модараш розӣ нашуд
Овардаанд, ки шайхе буд, ба фазлу бузургӣ машҳур. Рӯзе он шайх қасди зиёрати Маккаи Муаззама намуд. Модаре дошт, иҷозат талабид, модараш розӣ нашуд. Шайх майл накарда равонаи сафар гардид. Модараш гирякунон аз ақиби писар афтода ҳарчанд зора кард, писар аз рафтан бознаистод. Сухани модарро гӯш накард. Модараш ба дарди дил дуо карду гуфт: Илоҳӣ, писарамро бо оташи ҷудоӣ гирифтор кун ва азоби сахтеро гирифтори ӯ гардон. Пас он шайх дар роҳи Макка равон шуд. Шаб ба шаҳре расиду шабро дар масҷиде ба намоз хондан гузаронид.
Дар он шаб дузде ба хонаи шахсе даромад. Соҳиби хона хабардор гардид.
Дузд баромада гурехт. Соҳиби хона аз думболи дузд шитобид. Дузд ба тарафи масҷид омада ғоиб гардид. Мардумон ҷамъ омада чароғ равшан карданд ва ба даруни масҷид даромада диданд, ки шахсе истода намоз мехонад, пас шайхро баста назди подшоҳи он шахр бурданд. Подшоҳ фармуд: дасту пои он шайхро буранду чашмони ӯро кованд ва ӯро бардошта дар бозорҳо фарёд кунанд, ки ин ҷазои шахсе аст, ки дуздӣ кунад.
Шайх гуфт: ин тариҳа фарёд накунед, балки гӯед, ки ин ҷазои он касе аст, ки бе иҷозати модар қасди зиёрати Макка намояд.
Баъд аз он мардумоне, ки ӯро медонистанду мешинохтанд, воқеаро ба подшоҳ хабар доданд. Подшоҳ пушаймон шуда узр хост.
Шайх гуфт: шуморо ҳеҷ гуноҳе нест. Дуои бади модарам буд, ки бе ризои баромада будам, маро ба ии бало гирифтор намуд. Агар хоҳед, ки аз шумоён хурсанд бошам, маро ба шаҳри худ, ба ибодатгохам расонед.
Пас ӯро дар халта андохта ба хонааш оварданд. Шайх шунид, ки модараш дар дуо мегӯяд: Илоҳо, писарамро бар балое гирифтор кунӣ, ки ман ба чашми худ ӯро бубинам. Шайх аз модари худ ин суханро шунида фарёд кард, ки эй зани порсо, ман мусофири гурусна ҳастам. Маро чизе диҳед.
Модараш гуфт: пештар ой, туро ноне диҳам.
Шайх гуфт: пой надорам, ки ба сӯи ту равам.
Модараш гуфт: дасти худро дароз кун.
Шайх гуфт: дасте надорам, ки ба сӯи ту дароз кунам. Модараш гуфт: ман номаҳрамеро надидаам, ки баромада ба ту таом диҳам.
Шайх ҷавоб дод, ки ман чашм надорам, ки ба сӯи ту назар кунам.
Пас модар нонеро бо ҳамроҳи косаи об гирифта аз хона баромада, назди писари худ омад. Шайх рӯи худро ба қадамҳои модари худ молида пойҳои ӯро бӯса карда гуфт: ман писари осии туам, ки аз дуои бади ту бо ин ҳол расидам. Модараш донист, ки писараш аз норозигии ӯ бо ин аҳвол мубтало шудааст.
Бисёр гиря карду гуфт: Илоҳо, ман аз писари худ розӣ шудам, аз даргоҳи ту металабам, ки ҷони маро ва ҷони писарамро дарҳол бигирӣ, ки маро тоқати дидани ӯ ва писарамро тоқати дидани мардум нест.
Дарҳол ба фармони Аллоҳтаъоло модару писар қабзи рӯҳ гашта ба олами хурсандӣ расиданд. Овардаанд, ки ҷавоне буд дар замони Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам. Номи вай Алқама, ҳамеша тоат мекард ва ҳамарӯза рӯзадор ва шабҳо шабзиндадор буд. Баногоҳ ӯ бемор шуд. Чун баромадани ҷонаш наздик омад, забонаш дар гуфтани калимаи шаҳодат нагашт. Расули акрам салаллоху алайҳи ва салламро хабар доданд. Алӣ ва Умарро ба назди ӯ фиристод. Онҳо ҳарчанд калимаи шаҳодат талқин карданд, забони ӯ кор накард.
Амири мӯъминин Алӣ разияллоҳу анҳу Билолро назди Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фиристоду аз он ҳол хабар дод, Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки Алқама падару модар дорад? Гуфтанд модари пире дорад. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, то модари ӯро оварданд.
Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: - эй пиразан, маро аз ҳоли Алкама хабар кун, ки зиндагонии вай бо ту чӣ гуна буд?
Гуфт: ё Расулаллоҳ, бисёр некӯ ва парҳезгор буд, аммо ман аз вай розӣ нестам, ки ӯ ризои зани худро аз ризои ман боло медонад.
Расули акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: аз ҳамин ҷиҳат аст, ки забони ӯ дар банд шудааст, эй пиразан, ӯро биҳил кун, то забони ӯ кушодашавад.
Пиразан гуфт: ё Расулаллоҳ, ӯ дар ҳакки ман чафои бисёр кардааст, ӯро биҳил накунам.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармуд: ё Билол, рафта мардумро даъват кун, то ҳезум чамъ кунанд, Алқамаро бисӯзем, ки модараш аз вай розӣ нест.
Модараш гуфт: ё Расулаллоҳ, фарзандамро дар пеши назарам бисӯзӣ, дилам тоқат намекунад.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) гуфтанд: эй пиразан, оташи дӯзах аз оташи дунё сӯзонтараст, чун ту аз вай розӣ нестӣ, ҳеҷ тоати вай мақбули даргоҳи Илоҳӣ нест.
Пиразан чун ин шунид, фарёд баровард, ки ё Расулаллох, ман аз вай розӣ шудаму ӯро биҳил кардам. Модар чун ба дари хона омад, овози Алқама шунид, ки калимаи шаҳодат мегуфт ва ӯ ҳамон рӯз вафот ёфт. Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) бар вай намоз кард ва ӯро дафн карду гуфт: эй гурӯҳи мусулмонон, ҳар касе қадру қимати зани худро аз кадру қиммати модараш зиёда кунад, дар лаънати Худои таъоло ва фариштагон бошад ва Худованд фарзу нафли вайро кабул накунад. Аз ранҷонидану нохушнудии эшон парҳез бояд кард, ки кори душвор аст ва азоби ӯ бисёр.
Расули акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: шахсеро падару модар розӣ набошад, Аллоҳ таъоло ҷони ӯро ба ғайри калимаи шаҳодат бароварда, рӯзи киёмат дар пешонааш навишта мешавад, ки ин банда оқи падару модар аст.
Фармуданд Расули акрам ( салаллоҳу алайҳи ва саллам), ки Худои таъоло аз он банда розӣ бошад, ки падару модар аз ӯ розӣ бошад ва ҳар бандае, ки падару модари ӯ розӣ набошад, Аллоҳ таъоло он бандаро ба ғазаби худ гирифтор карда, бо оташи дӯзах андозад.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки ду гуноҳ аст, ки инсон, албатта, азоби онро дар дунё мебинад ва ҳам дар охират: яке зулм кардан бар бандагони Худованд, дуюм озор додани падару модар. Боқии гуноҳонро мумкин аст, ки Худои таъоло даргузарад ё азоби онҳоро дар қиёмат бинад.
Шахсе назди Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт: ё Расулаллоҳ, модарам пири барҷомонда шудааст, луқмаи таоми ӯро дар даҳонаш мегузорам ва ӯро оби таҳорат медиҳам. Ӯро бар гардани худ мениҳам ва ба таҳоратҷой мебарам. Магар ҳаққи вайро ба ҷо оварда бошам, ё не?
Расули акрам (с салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки аз сад ҳаққи вай яктоашро адо накарда бошӣ. Дар ҳадис омадааст, ки бӯи биҳишт ҳаргиз ба димоғи озордиҳандаи падару модар намерасад ва бӯи дӯзах ҳаргиз ба димоғи некӯдорандаи падару модар нарасад.
Овардаанд, ки рӯзе шахсе вафот кард. Ӯро чун дар гӯр ниҳоданд, аз гӯраш овози хар меомад. Сабаби онро пурсиданд гуфтанд, ки рӯзе чун модараш сухан мегуфт, модарро: эй хар, хомӯш бош, -гуфта буд.
Модараш аз ин сухан ранҷида гуфта буд: Ҳақ таъоло туро дар гӯр хар гардонад, акнун аз гӯраш овози хар меояд.
Агар ризоӣ ҳақ мехоҳӣ, дар ризоӣ падару модар бикӯш.
Ҷаннат, ки мақоми сарварон аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризоӣ Ҳақ биёбӣ.
Он кун, ки ризоӣ модарон аст.
Волидайн аз ҳар касе хушнуд нест,
Он касаш шоистаи маъбуд нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё