Тошхоҷа Асирӣ
Тошхоҷа Асирӣ соли 1864 дар гузари Сангбуррони Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Асирӣ аз падараш Эшонхоҷа ҳунари сангтароширо омӯхта ва тамоми умр бо ин ҳунар шуғл намудааст. Ӯ дар синни 16-солагӣ аз падар ятим мемонад. Асирӣ аввал дар мактаб ва пас чор сол дар мадрасаи Шоҳини Хуҷанд таҳсил намуда, ҳашт сол дар мактабҳои гуногуни Қўқанд илму дониш андўхтааст. Ӯ забони русиро нағз дониста, ба ин забон китоб мутолиа мекардааст ва хат менавиштааст.
Шоир соҳиби нўҳ фарзанд буда, бо меҳнату машаққат онҳоро тарбия кардааст. Асирӣ 3 марти соли 1915 дар Хуҷанд вафот кардааст.
Ашъори ў дар саҳифаи рўзномаҳои «Туҷҷор» ва «Самарқанд», баёзҳои «Армуғони Хислат» (Тошканд, 1912), «Тўҳфаи Хислат» (Тошканд, 1913), «Баёзи Муҳалло» (Тошканд, 1915) чоп шудаанд.
БА ТАРАҚКИЁТ РУҶӮЪ КУНЕД
Бародарҳо, чу бар сар ҳуш доред,
Ба таърихи ниёгон баргуморед!
Ниёгони шумо машҳур буданд,
Ба касби ҳар ҳунар мақдур буданд;
Ба кори дунявӣ чолок буданд,
Ба роҳи азми худ бебок буданд.
Асарҳое, к-аз эшон ёдгор аст,
Биною букъаи хайриштиҳор аст;
Сарою такяву дорулмасокин,
Дабистон, кўшк, коху қаср, лекин
Ҳама бо тахту услуби худаш буд,
Ба ҳар аср ингуна бунёд мешуд,
Узиру чашмаю чўқои корез.
Работу қалъаеву чоҳи лабрез.
Чу омад асри нав, кўшиш намоед,
Мутобиқ бар ҳамин ҳиммат физоед.
Кушода чашми худ бар илми дунё,
Бинокории нав созед эҳё,
Наояд ҳеҷ хайре аз ҷаҳолат,
Чунон к-аз танпарастию батолат!
Шумо, бо роҳу ойини тамаддун
Биёроед гулзори тафаннун!
Шумо, бикшода боби ихтироот,
Муравваҷ, сохта расми саноот,
Макотибҳои нав бунёд созед,
Раҳи дарси навӣ иршод созед!
Ду чашм аз хоби ғафлат боз доред,
Ба заръи дунявӣ киште бикоред.
Сазад роҳи нази икмол ҷустан,
Зи ҳар дар роҳи истиқбол ҷустан,
Қироатхонаҳо барпо намоед.
Мақоми маслиҳат иншо намоед.
Ба авлоди азиз фан ёд додан
Бувад таҷдиди истеъдод додан.
Сари кори наве бояд гирифтан,
Ба роҳи тоза шояд пеш рафтан!
Агар Чин аст ё Маскав, ба ҳар ҳол,
Сазад рафтан паи таҳсили икмол.
Зи ихвони забондони муосир
Сазад омўхтан, эй абди қосир.
Ба ҳар як лафз дар фанни малоҳат
Китобат кун зи таснифи саноат!
Чӣ аз мошинаю фабрикаи рус,
Чӣ меъморӣ зи Мисру равзаи Тўс,
Зарур омад ҳунарҷўию хониш
Паи ободию такмили дониш!
Руҷўе бар тараққиёт бояд,
Ки дониш боби худ бар мо кушояд!
Асирӣ, нафъи фан тамҳид кардам,
Ба фан оред рў, таъкид кардам!
ДАР БОРАИ УЛУҒБЕК
Улуғбек буд, дар асраш расад сохт,
Ба панҷоҳаш нигаҳ нокарда, сад сохт.
Ба фавқи тоқаташ дар кор кўшид,
Заминро кофт, сўи осмон дид.
Зи аҳволи арозӣ бехабар буд,
Зи аҳкоми самовӣ дарди сар буд.
Нигоҳаш бар само шуд ҳамчу ҳола,
Расад чун бар сари гул буд лола.
Эй асбоби тамаддун он расад баст,
Бар афлоки нуҷум тоаш бувад даст.
Дар ин шебу фароз оё чӣ сир ҳаст?
Чӣ ҳикмат дар маҳу меҳри мунир ҳаст?
Ғараз, з-ин кўҳсору чашмасораш?
Чӣ бошад маънии абри баҳораш?
Чаро бар сатҳи хок афтода анҳор?
Чаро бар қуллаи кўҳ аст ашҷор?
Аз ин кўҳу дамаи мазмун чӣ бошад;
Ба табъаш сарвати макнун чӣ бошад?
Фазои даштро паҳноӣ аз чист?
Хаёме абрро болоӣ аз чист?
Аз ин саҳрои бесомон чӣ хезад?
В-аз он чатри сияҳ найсон чӣ резад?
Зи абраш гавҳари ноёб ояд,
Шарар дар санг в-аз чӣ боб ояд?
Ҳубоби баҳр чӣ ё лаълу ёқут?
Заминаш чист ё лоҳуту носут?
Зи абраш ҳар тараф ҷў метавон кард,
Заминро рашки мину метавон кард.
Замин — мошини озардастгоҳ аст,
Ба сурат гарчи маҳсулаш гиёҳ аст!
Қувои ноҳия дар хок мадфун,
Шуда дар баҳр аз чӣ дурри макнун?
Чу обу хок бо ҳам шуд мукорин.
Ба даст ояд из он беҳад хазоин!
Улуғбек ин ҳама асрор фаҳмид,
Зи илми коинот овард таснид;
Вай ин асрорро бар мо ҳамехост.
Бифаҳмонад расадгоҳе биёрост!..,
Арозӣ з-ин ҳунар маъмур гардид,
Аҳолӣ фозилу масрур гирдид!... ,
Аз он олам, ҳам аз таърихи ў ёд
Касе гар мекунад, дониш ба ў бод!
Хирадро кард, Асирӣ, бо ҳунар ҷуфт,
Мисоле мухтасар зо-н зўфнун гуфт.
ГИРОМОФУН
Ба гўшам мерасад сози фусунсози гиромофун,
Диҳад бар пайкарам ҷон сўзи овози гиромофун.
Зи анфосаш Масеҳо ёд гирад рӯҳбахширо,
Ба Исо карда таълими дам устози гиромофун.
Садои авҷу аксаш мум созад нағмаи Довуд,
Ба аршу фарға ку як сози дамсози гиромофун?!
Аҷаб аъҷубаи навихтирои тозаиншое,
Кунад анҷом хатми нағма оғози гиромофун,'
Шуданд аҳли каромат ошиқи эъҷози довудӣ,
Бубин, аҳли каромат, инак зъҷози гиромофун!
Кунад гул ёр гулёри тараннумсози «Гулёр»-аш,
Ба «Шаҳноз» аст дарс аз нози таннози гиромофун.
«Сифоҳон»-у «Ироқ»-аш рост созад «Насри Сегоҳ»-аш,.
Кунад фатҳи «Ҳиҷоз»-и назм такутози гиромофун.
Навои «Дилхарош»-аш дил кунад чоку ҷигар пора,
Мақоми «Чоргоҳ»-и гиряпардози гуромофун.
Адилаш кам, мисолаш нодиру камёб монандаш,
Асир, алқисса, гў, олам даҳонбози гиромофун.
САЛЛАИ ПАПҶ КАРАТ БУЗУРГ
Фақеҳе рўзе аз роҳе ба иде,
Ба сар як қуллаи кўҳи сафеде,
Ҳамеомад ба сўи ман хиромон,
Ту гўӣ, сўи Рустам деви Аквон..,
Бад-ў гуфтам: «Ба сар ин борат аз чист?
На салла, қуллае, ин корат аз чист?».
Ҷавобам дод, к-ин таъби киром аст,
Шиори суннати хайруланом аст!
Дигар, алломагон ин гуна банданд,
Чу ман алломаи вақтам чӣ ханданд?!
Бад-ў гуфтам, ки дар ин бидъатобод
Кадоми суннату ку хавфи меод?
Агар алломаӣ, аммомаат чист?
В-агар аммомаӣ, алломаат кист?
Бигуфто: «Чун манон суннаттарошанд,
Мухолиф гар шавӣ, рўят харошанд!»
Бихандидам, ба ў гуфтам: «Аҷоиб
Дар ин маврид шуда зам бо ғароиб:
Ба кам аз панҷ карат бечора калла,
Бузург аз панҷ карат бечора салла!»
«Асирӣ,— гуфт ў,— даҳрист, рў тофт,
Сўи маъбад гаронборона биштофт.
ЭҶОДИ ҲАДИҚА
Хоб дидани шоир ва меҳнати ў ба бедорй 6о деҳқонони камбағал
Шабе бо хоби хуш будам ҳамоғўш,
Ниҳода сар ба болин, дўш бар дўш.
Зи шуғли ҳусни зоҳир гашта отил,
Ба сайри ботинӣ пардохта дил.
Нафас дар ғояте болидагӣ буд,
Ҳавас аз заъф доманчидагӣ буд,
Мизоҷ оинадори эътидоле,
Табиат аз ғубори ранҷ холӣ...
Чу марде дидамаш бар сар кулоҳе,
Аҷаб мекард ў бар ман нигоҳе,
Бигуфт: «Эй ки ба дунё пойдорӣ,
Ба дунё монда аз мо ёдгорӣ,
Туӣ равшанчароғи дудаи мо,
Тўй нури нигохи дидаи мо
Ба ҳазри ҷадвале нав ҳуш бигмор,
В-аз ин ҷо дар чаман ободӣ барор.
Аз ин ҷадвал шавад ин дашт обод,
В-аз он об ояд ин ҷо наҳр бунёд!»
Шудам аз хоб бедору мусаммам,
Қадам аз хона берун монда дидам:
Маҳи зилқаъда он дам ёздаҳ буд,
Рухи барги дарахтон ҳамчу каҳ буд.
Ба дорулмулки гулзору чаманҳо
Шуда фасли хазонӣ ҳукмфармо...
Чу Фарҳоди сари он чашма варрод
Расидам, зуд барпо кардам авдод.
Фигандам чун аноқиб тарҳи хона,
Бинои хона, баҳри обу дона.
Ҳама пайдову ман гум будам он ҷо,
Ба чашми чашма мардум будам он ҷо
Барои кандани он манбаи об,
Ҳар он чи буд, овардемаш асбоб,
Ба ҳамдастии аҳли кор меҳнат
Фузун кардем бо нирўи қиммат.
Чу рўзи нуздаҳ, он ҷо бар сар омад,
Ба чишми чашма ҳавзе пур баромад...
Шавад он ҳавз то чандин баробар
Ба ҳаҷми худ бузургу баҳраовар,
Амиқу баҳрӣ саҳро обанбор,
Ба мазраъҳои нав бошад заросор,
Ба бунёдаш басе кардем иқдом,
Ба даҳҳо рўзи дигар ёфт итмом...
Мураввақ чашма шуд дар ҳавз ҷўшон,
Ту гўӣ, ҳотифам мегуфт аз он:
«Зиҳӣ, ғофил гар аз матлаб нахобӣ,
Биёбӣ гар рух, аз матлаб натобӣ!
Ҳало, бар кандани ҷўбор биштоб,
Хуш аз хобе, ки таъбираш бувад об!».
Сипас бо аҳли кори кордида
Машаққатҳо паи роҳат кашида,
Ба сўи шарқи он ҳавзи мусаффо
Яке чун панҷа ҷўборе ба саҳро
Кашидем, обро чорӣ намудем,
Ба ободии он ёрӣ намудем...
Ба дил мегуфтам: ин саъй аз чӣ дорӣ,
Кадомин хонаро гул менигорӣ?
Наӣ омир, худ ин ташвират аз чист?
Ба санг хок ин тадбират аз чист?...
Хулоса, ҳосили он хоби маҳмуд
Ба бедорӣ, зи бедорӣ чунин буд...
Нишаста бар фарози хони меҳнат,
Шикаста ношито аз нони меҳнат.
Саҳаргоҳи яке рўзе зи хона
Бурун рафтам, шудам он ҷо равона,
Чу рафтам, ҳавзро дидам пур аз об
Ва он ҷўбори пур з-ин ганҷи камёб,
Дар он ҷо хона месозанд чанде
Зи деҳқонони онҷоӣ, хуҷандӣ,
В-аз аҳли Қистакўзу давру атроф
Ҳашарчӣ камбағал мардони дилсоф
Ҳар он ҷо,гарми коранду ионат;
Паи таъмири ҷои истиқомат...
Ба дигар қитъа дидам чусту чолок,
Дар он ҷо чанд марде меканад хок:
Ба теғи бел, нўги лўму метин,
Ба сози монугиру ҷаъми дўшин!...
Ба жарфи хоки тар, гўё, ба амно,
Аҷаб як тахтасанге гашта пайдо.
Вале он санг аз ҷо бар намехост,
Ба сад зарбе аз он лахте намекост.
Худ охир, бар фарози он ҳамора
Шудам, аз баҳри тадқиқу азора.
Ба таҳташ чида санге чанд, дидам;
Ба болои ҳама, он гашта мунзам...
Ба тўлу арз мисли бўрёе
Буд он санге надида нақши пое.
Гирифтам митраке аз дасти муздур,
Задам, баҳри шикастан аз камар зўр!
Ба панҷоҳу ду митрақ гашт пора,
Бишуд во чашмае нав, зад фавора...
Бигуфтам: боз як сарчашма во шуд,
Парии обӣ аз вай рўнамо шуд!
Бигуфтам: боз як маъдан ҷавоҳир
Ба чашми мо бишуд з-ин хок зоҳир!
Бигуфтам: з-ин муравваҷ чашма, ёрон,
Арўси бахти дигар гашт хандон!
Чӣ гуфтам: бас хуҷаста омад ин ид,
Ба оби гул биёбад дашт таъмид!...
Ман ин ҷо сохтам як ҳавзаи боб,
Вале ин чашма буд хурду тунукоб,
Ба ҷўе обро аз ҳавза берун
Баровардам ба сўи марзу ҳомун...
Зи матлаъ то ба мақтаъ тўли он ҷў
Ба қадри сеҳазор олчин буд ў...
Зиҳӣ, оби зулоли чашмаву чоҳ,
Ту гўӣ, аз дили мо буд огоҳ;
Зиҳӣ, ду чашмаи гулшан дар оғўш.
Бараҳна хокро созанд гулпўш!..
Дар он водӣ чу шуд он об ҷорӣ,
Даромад мурдаро ҷони баҳорӣ,
Замин шуд қобили кишти зироат,
Гирифта созу ранги иститоат.
Намудам ман ҳам ин ҷо бо дили шод
Бароям як ҳадиқа тозабунёд.
Дусад бун нахли зардолу нишондам,
Басо донак зи шафтолу фишондам.
Дигар, олучаю гелосу бодом,
Биҳию чормағзу себи зарфом,
Анору анҷиру навбоваи тут,
Лимуи Кавказу норинҷу шотут,
Дусад аз кунда бехиток мондам,
Ба атрофаш ниҳоли нок рондам:
Чу шавқе доштам, бо ин тариқа,
Шудам фаллоҳи атрофи ҳадиқа:
Намудам кишт ғалла бо ду дастам,
Кунун аз мардуми инҷоӣ ҳастам!
Ба васфи обу хоку деҳқонӣ
Муқаддар шуд маро ин тарзабонӣ,
Ба васфи косибӣ ҳам майл дорам.
Чунин шому сабоҳу лайл дорам! '
Асирӣ, хоб агар дидӣ, чи исрор?
Чу бедорӣ, биҷў таъбираш аз кор!..
НАСИҲАТ БА ФАРЗАНД
Биё, эй нури чашму ҷону дида,
Зи ман бишнав яке панди ҳамида:
Зи илму касби обо тўша андўз,
Дигар илми замони аср омўз!
Ҳамон идаме, ки дунё созад обод,
Туро созад зи банди ҷаҳл озод.
Ҳамон илме, ки бошад ҳосили ақл
Ба ҳикмат дарсиришта шомили ақл.
Ба таҳсили камолу фазл мекўш,
Чу зар дар бўта баҳри пухтагӣ ҷўш!
Намегўям, ки худро соз аълам
Зи шўҳрат то физояд меҳри дирҳам.
Қаламдону давотат чун гирифтӣ,
Чӣ, кўшӣ, ки туро хонанд муфтӣ!
Нагўям саллаи гунбадаломат
Бубанду бош дар шуғли имомат.
Ва ё мебош бар мансаб муҳаввис,
Ва ё мебош дар кунҷе мударрис...
Маошат аз ҳунар гар ҳосил ояд,
Туро роҳат ба ҷон мустаҳсил ояд,
Зи ман омўз илми ин саноат,
Ба хондан бо риёзат кун қаноат.
Ба илми дунявӣ кўшиданат беҳ,
Аз ин оби бақо нўшиданат беҳ!
Асирӣ чун падар додат чунин панд,
Ба гўши ҳуш гир онро чу фарзанд
ШАҲОМАТИ МАКТАВӢ
...Махон ту мактаби деринаро мумидди камол,
Ҳазор мартаба з-ин раҳ фаротар асту банд.
Куҳанбалои сияҳоли маҳбаси атфол
Ҷаҳаннами аламу дўзахи азоби шадид...
Ба ҷуз шалоқу адабчўбу силии устод
Аз ин ҷафокада дигар чӣ ҳосил асту падид?!
Зи вазъи тарбияташ эҳтироз воҷиб дон,
Ба ояту ба ҳадису хабар диҳам таъёид.
Чӣ аъламу чӣ мударрис, чӣ муфтию қозӣ
Ҳавопарасти ривоҷанду рутбаи ҷовид.
Ту турраҳоти рақиқи муонидон машуназ,
Махўр фиреб, ки ин худъа асту дарёбед...
\\\*
Фалак бар тоқу айвони фазои хеш менозад,
Маҳу хуршед бо нуру зиёи хеш менозад.
Замин дар сина дорад гавҳару дур дар садаф дарё,
Ки ҳар як бо баҳои ганҷҳои хеш менозад.
Шаҳе нозад ба тоҷи зар, вале гоҳе гадое ҳам
Чу тобад аз тамаъ рў бар ризои хеш менозад.
Адибони фалотунтабъ менозанд бар дониш,
Асирӣ дам, ки бар созу навои хеш менозад.
\\\*
Зӣ Фалотунфитратон, ҳадде ба кори ман баред,
Маҳмили зўрозмо доред, бори ман баред!
Йурам аз рўи гуландоме, рухаш шуд ранги коҳ,
3-ин хазони ман паёме бар баҳори ман баред!
Медиҳад ҳар ғунча аз чоки гиребонам нишон,
3о-н нишоне бар гули гулшаннигори ман баред!
Ғурбате дорам чу зулматхона бе нури чароғ,
Ламъаи шамъи нигоҳе бар мазори ман баред!
«Лутф агар оред бар ҷони ҳазинам, аҳли дард,
Раҳм бар ҳоли дили зору низори ман баред!
Мавҷи сайри ашки ман бар рўи гулҳо диданист,
Хайма бар саҳро ба боғи гулъузори ман баред!
Қитъаи арзи заминбўсӣ, Асирӣ аз Хуҷанд
Барнавишт, эй аҳли дил, онро ба ёри ман диҳед.
\\\*
Одамият чист?— худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи бемар доштан.
Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,
Аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.
Аз нитоқи ҳусни ҳиммат бар миён бастан камар,
Бар сар аз тарки ҳавоҷас зеби афсар доштан...
Қомати ҳастӣ ба дебои камол оростан,
Ҷомаи фазлу ҳунар пирояи бар доштан,
Бе гумони ину он дар чорсўи коинот,
Халқро аз хулқи некў уду анбар доштан.
Аз шамими атри зулфи шоҳиди ҳусни баён
Шомаи асҳоби маъниро муаттар доштан.
Аждаҳои нафси саркашро ба таълими садод
Аз қаноат қут додан, қалъи Хайбар доштан.
Зикрро кардан биҳиштиншои зикри васфи ёр,
Фикрро хулдошнои ёди дилбар доштан...
Аҳдро пироя бахшидан зи тамҳиди вафо
Бар вафо аз хумии ихлос зевар доштан.
Ҷавҳари пури нангро мавҷ доданд аз ҳаё,
Бар ҳаё аз гавҳари одоб ҷавҳар доштан...
Соя густурдан чу нахле бар сари аҳли ниёз,
В-аз карам навбозаи эҳсон мусаммар доштан.
Ғарқи дарёи ҳунар гаштан ба касби эътибор
Дар муҳити обрў худро шиновар доштан.
Давр гаштан баҳри нафъи ҷамъият паргорвор,
Бар муҳити маркази омол меҳвар доштан.
Суръати саъе фаро бурдан паи сайди мурод
Аз шитоби барқ ҷаволони таковар доштан.
Ҳосили маънӣ дар он ошўбгоҳи эътимод
Гўшро аз ҳарфи лағви ҳарзагон кар доштан.
Покдил будан барӣ будан зи қазуроти зарқ,
Яъне аз лавси биё худро мутаҳҳар доштан.
Касрати ваҳдаттарошони тасаввуф чуну чанд
Корашон мавҷуду воҳидро муқаддар доштан.
Фикрро таъвизи бозуи равони худ гузин,
3-ин фурўғ ин ҷо фурўи дил муқаррар доштан.
Суфпӯшонанд ин ҷо дар ғами дебои Рум
В-аз кўлаҳ то кай ҳавои тоҷи қайсар доштан?!
Анкабутонанд ҳангоме, ки гиранд эътикоф
Сайди мазлуме гар аз дар зери чодар доштан.
\\\*
Ҷумла чун чархи мушаъбид дар тилисми рўзғор,
Мўҳра дар тоси ҳиял аз вазъи ахтар доштан.
Миси имонро намуда, кимиё гўянд:
«Ин гулшани таҳдиро қибрити аҳдсор доштан».
Аз риёзи эътиқоди ин риёкорон чӣ суд
Он баҳору ин чаман, он нахлу ин бар доштан
Дар шамимободи ҳусни хулқ, эй дилбар, хуш аст
Анбару атру абиру мушки азфар доштан.
"Зеби ашъорам, Асирӣ, худ бадеъ иншоияст,
Ҳусни ашъорам бувад ирфондовар доштан
\\\*
Фиғон зи фоли бахту толеи анқис,
Туро нишонд ба ҳоле, ки гиру дори Балис.
Бар осмони муродат зи шумии иқбол,
Мудом кори зуҳал мекунад ҳаме Бирчис.
На ёри ҳамнафасу на муқорини дилсўз,
На роздони мувофиқ,на ҳамзабони салис.
На ҳампиёлаи хушмашрабе нукотписанд,
На ҳамнавоии софи замиру ёри анис.
На меҳрубони садоқатнишону тозабаён,
На дўстори муосир,на ғамгусори ҷалие...
Зи ҳар амомабузурге маҷў хасоили нек,
Ба ҷуз тарокуми ашколи ин маводи афис.
\\\*
Пур аст сатри тафосиру сафҳаи ахбор,
Зи турраҳоти ҷидоли равоҳи бу қассис.
Туро ба даъвати абнои рўзгор чӣ кор
Ба марг аз чӣ шитобӣ, чу нестӣ Чарҷис?!
На кори мадраса хубу на тарзи мактаби ў,
Мароми ҷаҳл ба тадрис карда мударрис,
Зи по фитода гурўҳе зи дасти фитнаи чарх,
Бале, ки зулми фалак бадтар аст аз пиқрис.
Рабуда санги ҷояш ҳавои сабр зи дил,
Шуда ба оҳони сабраш ҷафош миқмотис
Гузашт навбати ишроқу дарси Афлотун,
Бимонда сафсатаҳои қиёси Тартолис.
Агар зи чарх гурезӣ, зи даҳри ҳамчун ҳеҷ,,
В-агар ба ҳулд хиромӣ зи адл чун Идрис.
Ба ришва шаръ фурўшонду душмани инсоф,
Мароғагоҳи ҷуҳоланду даъб бар тадрис.
Зи зарби тешаи бедоду сели истисмор
Кушодаи ба дил кўчаю канал чу Суис.
Чу лунбаем ба селобкаш, мазиқфишор,
Гирифта шаш ҷиҳат олам дар фишори полис.
Ба ҳоли ҳозираи мардумон, Асирӣ, биё,
Ту ҳам таронаи ҳасрат навозу нола навис!
\\\*
Чилу се сола ҷавонам, адаб омўхтаам,
Ақли пирӣ ба чароғи назар омўхтаам.
Қомати умр ба дебои фан оростаам,
Ҷомаи фазлу ҳунар бар тани худ дўхтаам,
Борҳо аз шарари шўри ҷигарсўзи фироқ,
Ҳамчу Маҷнун паи Лайлисифатон тохтаам.
Ман ҳам аз давлати ишқ, эй ки ба он менозӣ
Ҳар чӣ имрўз ту андўхтӣ, андӯхтаам.
ВАСФИ ЯК ИМОРАТ
Зиҳӣ байтулшараф, бобе кушуда,
Диҳад бедорӣ аз бахти ғунуда.
Ба рафъат қадри айвони баландаш,
Ту гӯӣ бартар аз ҳар қаср буда!
Чунин зебоиморатро дар ин шаҳр,
На чашме дида, не гўше шунида.
Зи юсуфкориаш Яъқуб — наҷор,
Ба тарҳ аз Миср ташбеҳе намуда.
Ба нақши Мир Ҳакими сеҳрпардоз,
Насақ аз сунъи меъморӣ рабуда.
Ба шодӣ гуфт килкаш вақти тасвир:
Ҳамида қасру айвони сутуда!»
Чу дидам, шод гаштам, з-ин нигориш
Асирӣ, сайқали табъам фузуда.
ҲУМО ИН ҶОСТ
Биё, ки фасли баҳори фараҳфизо ин ҷост,
Замони сайри гулу вақти дилкушо ин ҷост
Ба зери чарх диле бе гудози варзиш нест,
Ту фикри гандуми худ кун, ки осиё ин ҷост,
Ҳавои салтанат аз гарди боли анқо бехт,
Ғубори домани девор шав, ҳумо ин ҷост.
Фиреби домани зоҳид махўр чу тифли сиришк
Саре ба ҷайби адам бурдаӣ, ки по ин ҷост.
Чу зарра партави меҳрӣ, ки заъфаронат кард?
Катони хирмани маҳ бош, қаҳрабо ин ҷост.
Ба ёди сарвқадони гузашта афғон кун,
Ба доғи лоларухон теғи шавқзо ин ҷост.
Агар ба олами маънӣ паи дуҳул барӣ,
Асирӣ, бедили маҳзуну бенаво ин ҷост.
ДАР ХУСУСИ ҶЎИ НАВИ БЕГОБОД
Ба ҳукмӣ бонуфузи давлати рус,
Ба саъю техникаи миллати рус.
Ҳазору нўҳсаду ду соли милод,
Ба ҳазри ҷадвале шуд нақша иршод.
Зи истеъмоли мошинҳои ҳаффор,
Ба шуғли кофтан гаштанд тайёр...
Гузашт аз ибтидояш ёздаҳ сол,
Ки кори эҳтифодаш ёфт иқмол.
Ба панҷум з-ўктябр расми кушодаш
Бишуд ҷорӣ чу об андар ниҳодаш.
Ҳазору нўҳсаду сенздаҳ буд афзун
Зи итмомаш халоиқ гашт мамнун.
Бинокорону мардум ҷамъ гаштанд,
Гирифта анҷуман чун шамъ гаштанд...
Зи мансабдорҳои рус чанде,
Ҳам аз ҳуккоми хоразмӣ, ҳуҷандӣ,
Муҳандисҳою устодони босир,
Бинокорони ғайратноку моҳир,
Ҳам аз мулки Бухорову Самарқанд,
Дигар аз Андиҷону шаҳри Ҳуқанд,
Дар он маҷмаъ ҳама ташриф намуданд,
Раҳу расми ҳаводорӣ сипурданд.
Чу тўлу арзи он ҷўро бидиданд,
Чу нутқи нотиқонро ҳам шуниданд,
Зи ҳайрат, инчунин в-аз шодмонӣ,
Бигуфтанд: «Офарин!»— бо ҳар забоне.
Аҷоиб буд ҷўи тоза-иншо,
Ҳама мекард бо шавқе тамошо.
Бараш ҳаштод олчини расо буд,
Вале қаддаш надонам то куҷо буд.
Саробаш ёздаҳ дарвоза дорад,
Ба ҳар як сегазӣ андоза дорад.
Бувад дарвозаҳо з-оҳан мурассас,
Ба фатҳулбоб як мошин мухассас,
Пуле ҳам будаш аз оҳан ба боло,
Ба услуби саноати Урупо.
Канору таҳти он аз сангу семен,
Мураттаб, лек ҳамчун кўҳи сангин.
Агар он ҷумла дарҳоро кушоянд.
Фаровон об аз Сайҳун рубоянд.
Ба қадри шибр аз он дарҳо кушуданд,
Ба чашми ҷумла меҳмонон намуданд.
Мусулмонон лаби ҳайрат газиданд,
Ба савти «ўро!» — русон ҳам сипурданд.
Дар он санъат аз аввал то ба охир
Муҳандис буд русе марди фохир
Дар ин гулгашт то он ҷуст соқӣ,
Бимонад номи меъморон-ш боқӣ.
ДАР ҲАҚҚИ ОСИЁИ МИЁНА
...Хусусан Осиё — рустозамин аст,
Замини пурбаҳо, ганҷофарин аст.
Дар ин ҷо кишти ҳар кас, ҳар чӣ корад
Ба некўӣ фузунаш ҳосил орад.
Арози қобили заръ асту камёб,
Аҳолӣ камсаводу чашм дар хоб
Чӣ дар саҳрои Урганҷу чӣ Фороб,
Паи деҳқонӣ монда кўҳна асбоб. .
Чу халқ ин ҷо фаровонӣ биҷўяд,
Хусусан обу ободӣ биҷўяд.
Гар аз Ҷайҳун ду-се ҷў ҳарф оранд,
Бухору Хиваро Фирдавс созанд.
Ба Сайҳун боз агар шохе физоянд
Ба саҳрои Чуқур-Бекат кушоянд.
Шавад он ҷо ҷаҳони тоза пайдо,
Замину осмони тоза пайдо.
Чунонаш водиҳо маъмур гардад,
Ки рашки Кашмиру Лоҳур гардад,
В-аз он пас, аз ҷафои Уш як ҷўй,
Ба таҳти дашт ояд то ба дин сўй.
Зи фавқи Марғилон, то Конибодом.
В-аз он ҷо то саводи хиттаи Ом
Хавосу Истаравшан то ба Зомин
Шавад ғайратфизои мулк то Чин.
Асирӣ, як чунин кор аз мақолот
Гар ояд дар амаҷ, набвад хаёлот.
ҚИТЪАҲО
Дар ҷавоб даъват ба меҳмонии амири Бухоро
Ман амиратро ба як мирӣ намегирам бирав!
Илтифоти ў надорад қимати як дона ҷав.
Гарчи номи ман Асирӣ, хуш асираш нестам
В-арна медод ў азоби беҳисобам нав ба нав,
БА МИРЗО
Шутурлаб, тахтагардан, говпайкар, хирапешонӣ
Бад-ин осон шакли нолоиқ, чаро мирзои эшонӣ!
Ту мирзоӣ, ба пеши зодаи худ рав, ки мезебад,
Ба ту бояд намояд илтифоташро вай арзонӣ,
ДАР ҶАВОБИ НОМАИ ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ
Ҳоли аксар мардуми ин ҷо табоҳ,
Улфаташ кулфат, навояш — оҳу воҳ,
Зебу орои макону манзилаш
Хоки тобистону лои тирамоҳ.
РУБОИЁТ
Айёми бақо чу боди наврўз гузашт,
Рўзу шаби мо ба меҳнату сўз гузашт
То чашм ниҳодем ба ҳам, субҳ дамид,
То чашм кушодем зи ҳам, рўз гузашт,
\\\*
Дарсе, ки ҳақиқат аст, дар сина бувад,
Дарсина бувад он чӣ дар сина бувад.
Сад хона китоб хонӣ, судат накунад,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад.
\\\*
Гад подшоҳеву тоҷ бар сар дорӣ,
В-ар ҳукми билоду баҳр ҳам бар дорӣ,
Пиндор, ки арзанат наёрад гандум,
Ҳар дона, ки коштӣ, ҳамон бардорӣ,
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё