Зеҳн

Китобхонӣ оммавӣ мегардад

КИ
Китобдор6 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Тайи ду соли охир бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» барои баланд бардоштани маърифати китобхонии мактаббачагон тамоми шароитро фароҳам сохт. Озмун имкон дод, ки толибилмон беш аз ҳарвақта ба китобхониву донишандўзӣ рў биёранд ва бо дарназардошти талаботи номинатсияҳои озмун дар санъати сухандониву суханварӣ ва малакаю маҳорати китобхонӣ сабқат намоянд. Чунонки натиҷаи ҷамъбасти соли дуюми озмун нишон дод, дар байни иштирокчиёни озмун дар ҳама номинатсияҳо ҷойҳои намоёнро мактаббачагон ишғол намуданд.

Имрўз бо ифтихор метавон гуфт, ки мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон қодир ҳастанд дар таълиму тарбияи садҳо чеҳраи нави китобхон, китобдўст ба монанди барандаи шоҳҷоизаи озмун Раъно Насриддинова саҳм гузоранд ва рисолати хешро дар назди ҷомеа сарбаландона иҷро намоянд.

Дар робита ба натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва барои дар солҳои минбаъда боз ҳам хубтару беҳтар баргузор шудани он, ба андешаи мо, бисёр хуб мешуд, ки ба ҳаллу фасли ду масъалаи муҳим эътибори ҷиддӣ дода шавад:

1. Таъмини китобхонаҳои мактабӣ бо адабиёти мувофиқи номинатсияҳои оинномаи озмун пешниҳодшуда. Имрўз вақти он расидааст, ки барои такмили захираи китобхонаҳои мактабӣ бо адабиёти бадеӣ, илмӣ-маърифатӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд. Бахусус, роҳандозии чопи асарҳои илмӣ-маърифатӣ барои кўдакону наврасон оид ба табиати биҳиштосо, бойигариҳои зеризаминӣ, олами набототу ҳайвонот, мавзеъҳои табобативу истироҳатӣ, таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст. Дар мавриди камбуди адабиёти ҷаҳонӣ ва осори классикони адабиёти форсу тоҷик дар захираи китобхонаҳои мактабӣ ба роҳ мондани чопи такрории онҳо метавонад то андозае мушкилоти мавҷударо бартараф намояд.

2. Дар ҳайати ҳакамони озмун дар баробари донишмандону чеҳраҳои шинохтаи илму адаби ҷумҳурӣ ворид намудани омўзгорони соҳибтаҷрибаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакат низ барои боз ҳам афзудани нуфузи он мусоидат менамояд. Ин иқдом барои он зарур аст, ки омўзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хусусиятҳои хоси равонӣ, вижагиҳои синнусолӣ, дараҷаи фаҳмишу идрок, ҷаҳонбиниву маърифат ва сатҳи дониши заминавии шогирдонро хубтар дониста, таҷрибаи ғании педагогӣ доранд ва метавонанд тавассути муошират ва саволу ҷавоб барои бештар озодона сухан гуфтани довталабон шароит муҳайё созанд.

Масъалаи ба мутолиаи осори бадеӣ ҷалб намудани хонандагон имрўз дар мадди аввал қарор дошта, аз омўзгорон тақозо мешавад, ки дар ин самт ҳамарўза аз роҳу усулҳои гуногун истифода баранд. Бахусус, дар синфҳои поёнӣ бедор намудани шавқи шогирдон ба китобу китобхонӣ муҳим буда, вобаста ба синну соли онҳо омўзгор дар ҳамдастӣ бо китобдори таълимгоҳ бояд рўйхати асарҳои бадеиро барои мутолиа тартиб дода, он осорро барои хондан ба хонандагон тавсия ва пешниҳод намояд. Дар ин росто, роҳҳои дигари шавқманд гардондани хонандагон ба китобхонӣ мавҷуд аст, ки баргузор намудани конфронсу маҳфилҳои адабӣ, чорабиниҳои рангоранги беруназсинфӣ, ташкили мулоқоту вохўриҳо бо шоиру нависандагон, гузаронидани машғулиятҳои тарбиявӣ дар мавзўъҳои мухталиф, ки ба мутолиа робитаи мантиқӣ доранд ва намоиши китобҳои тозанашр аз ин қабил маҳсуб меёбанд.

Ба андешаи мо, дар ин масъала, баргузор намудани дарси тарбиявӣ бо роҳи шавқовару ҷолиб, ки хонандаро хаста нагардонад, ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин дарс бояд китобдор, омўзгори забон ва адабиёти тоҷик, падару модарони хонанда иштирок намоянд. Дарс бояд озодона, дар рўҳияи ошкорбаёнӣ ва роҳҳои тарғиби ину он асари бадеӣ ва мутолиаи он аз ҷониби хонандагон роҳандозӣ карда шавад. Нахуст хонандагон шеърҳои аз бар намудаи худро дар васфи китоб мехонанд. Сипас, омўзгор дар хусуси нақшу аҳамияти китоб дар ҷомеа ва зиндагии инсон нақл карда, аз шогирдон дар бораи асарҳои хондаашон пурсон мешавад. Маълум аст, ки хонандагон дар ин масъала ба ҳам баробар набуда, яке бисёр, дигаре камтар мутолиа кардааст. Вале муҳим он аст, ки ҳар яке аз шогирдон дар бораи мазмуну муҳтавои китоби хондаашон ҳарф задаву ба саволи «Чаро ин асар ба ту писанд омад?» посухи қонеъкунанда дода тавонанд. Китобдор, омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ва падару модарон андешаҳои худро дар бораи китобҳои бачагона баён дошта, ба ин васила, муҳим ва зурур будани нақши мутолиаро дар ҷомеаи имрўза таъкид мекунанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба