Зеҳн

Ба Ватан носипосӣ нашояд

АХ
Ахбор6 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Хиёнат ба давлату миллат носипосӣ ба обу хоки сарзамин мебошад. Бадрафторӣ, ҷоҳилию нотавонбинӣ ва амалҳои баду зиёновари баъзе нафарон метавонад раванди шукуфоиву пешрафт ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварро халалдор созад.

Бо меҳнати ҳалол ҷўёи ризқ шудан иродатмандӣ ва шарафи инсонист. Воқеан, агар саъю кўшиш ва заҳмату талош дошта бошӣ, метавонӣ бо пулу моли ҳалол рўзгор ва оилаатро таъмин созӣ. Нафароне ҳам ҳастанд, ки барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дуздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд. Ин тоифа гурўҳи одамони баду зиёноваранд. Чун ҳамеша бо амалҳои нохуби худ ба ҷомеа зарари моддию маънавӣ мерасонанд. Аммо баъзе амалҳои бади ғайриинсонӣ низ вуҷуд доранд, ки бахшиданашон гуноҳ аст. Ин хиёнат ба халқу Ватан мебошад. Ҳар он ки ба ин амал пойбанд шуд, бе шакку шубҳа аз зишткортаринҳои дунёст. Нафаре, ки ба ин роҳ қадам мениҳад, нисбати ў раҳму шафқат карда нашвад. Ҳар кӣ ба он мегаравад, баҳри дилсўзиаш нигоҳе ҳайф аст. Касоне, ки хиёнаткоранду ба ин амали пасту мазамматшуда даст мезананд, харобиҳои зиёдеро ба амал меоранд. Мутаассифона, шумори ба чунин чоҳ афтидагон кам нестанд.

Вақте ки хиёнат мегўем, дар пешорўямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дўстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷойи онро девори нафрату кина ишғол менамояд. Бешак, пеши назар амали афроде падид меояд, ки ба луқмаи нони дигарон дастдарозӣ мекунанд. Дар андешаи инсон намеғунҷад, ки чӣ гуна метавон ба офарандаву парваранда – ба Ватан хиёнатро раво дид?! Шояд ин кирдорҳо дар ботини бадтарин ҳайвонҳои дарандаи хунхор дида нашавад.

Ҳар шахси комилҳуқуқе, ки ақли солим дорад, медонад, ки Ватан зодгоҳи ў ва модари ўст ва ба Ватани хеш хиёнат даҳшат аст. Фарзандоне, ки қалби саршор аз меҳр доранд ва сифати инсонии худро гум накардаанд, Ватани худро ҳамчун инсон дўст медоранд. Некиву накукорӣ яке аз хислатҳои бузурги инсонист.

Нўшервони одил аз вазири худ мепурсад:

-Тавонгар кист?

Бузургмеҳр ҷавоб медиҳад:

-Он ки ба ҳама некӣ кардан

мехоҳад.

Нўшервон боз мепурсад: -Бадтарин кас кист?

Бузургмеҳр мегўяд:

-Бадтарин кас онест, ки бадхоҳи

одамон асту ба онон бадӣ мекунад. Ҳар шахсе, ки фикри солим дорад, медонад, ки Ватан пушту паноҳ ва номусу нанг, муҳофизгари авлоду волидони ўст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2