Зеҳн

Китоби Тоҷикон дар ҳар хонадон

ЗЕ
зеҳни сунъӣ6 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Дар ҳар давраи таърихӣ дар ҷомеаи башарӣ соҳибназароне зуҳур мекунанд, ки бо осори мондагори хеш нақши носутурдание бар ҷой мегузоранд. Офаридаҳои онҳо барои имрўзиёну бозояндагон ҳамчун дастуру роҳнамо ва намунаи намоёни дарси ибрату худшиносӣ ва сабақомўзӣ аз таърихи пурифтихори гузашта мебошад. Чунин қисмат насиби на ҳар кас мешавад. Ин рисолат насиби онҳое хоҳад шуд, ки рўзу рўзгорашонро вақфи хидмати миллату давлати хеш намуда, дар ватандориву дифоъ аз манфиатҳои миллату давлат аз ҳеҷ чиз дареғ намеварзанд. Таърихи ҳар қавм оинаи тамомнамои он буду ҳаст ва мемонад. Таърихи пурҳаводис ва дар навбати худ пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик оганда бо муборизаҳои адолатхоҳӣ, ватандорӣ, дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ мебошад, ки барои наслҳои ҳар давраи таърихӣ чун роҳнамо хизмат кардааст. Сабақҳои омўзандаи таърих ҳамнавъони моро дар маърифат намудани аслу моҳияти воқеоти пешин роҳкушо гардида, дарку фаҳмамонро дар шинохту суд бардоштан аз он ҳодисаҳо, ки гузаштагонамон бо он рў ба рў будаанд, такмилу тақвият мебахшанд.

Таърихи аҳли башар дар ҳеҷ замоне ёд надорад, ки роҳбари ин ё он давлате бо камоли садоқат ва арҷгузорӣ ба ҳар хонадони сарзамини хеш асаре бо теъдоди афзун интишор намуда, тақдим дошта бошад. Чунин амал аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. Корномаи оганда бо ифтихори миллии Пешвои миллат бо нашри муҷаддади “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки собиқа надорад, дар ҷаридаи таърихи миллат бо хатҳои заррин сабт хоҳад ёфт. Рўҳи муаллифи шаҳкитоби “Тоҷикон” аз лутфу ибтикори Пешвои муаззами миллат шод гардидааст ва ҳамакнун, дар кошонаи ҳар оилаи тоҷикистонӣ ин осори мондагор дар ҳоли тақсим шудан буда, моро ҳушдор аз он медиҳад, ки аз таърихи пурғановату ғурурофари миллатамон сабақ андўхта, бо мутолиаи он хотираи таърихамонро боз ҳам қавитар намоем. Ин нуктаи пазируфтанӣ дар пешгуфтори нигоштаи Пешвои миллат ба он китоб таҳти унвони “Шиносномаи миллат” чунин таъкид шудааст: “Ҳар фарди бедордили миллат бояд омўзиши таърихи халқи азизамонро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корномаҳои фарзандони мардуми боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш ҷой диҳад”.

Воқеан ҳам, дар таърих ва фаъолияти арбобони тараққипарвари он басе нуктаҳо, ҳикматҳо, таълимҳо, панду андарзҳо ҳастанд, ки барои имрўз ва ояндаи миллат, ба хусус, насли ҷавони он сабақомўзанд.

Беҳуда набуд, ки Раҳбари давлат аз оғози фаъолияти хеш зарурати эъмори давлати миллиро, ки поя бар ҳуқуқи башар ва вежагии ҳамбуди иҷтимоии мардум дошта бошад, асоси консепсияи сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии худ қарор дода, саъю талоши ҳокимияти сиёсиро барои инкишофи шуури миллат сафарбар карданд.

Роҳбари кишвар бо тақдим намудани ин китоб ба аҳли ҷомеа масъалаи таълимии ҳадафманди таърихи кишвар, дарки масоили сарнавиштсози он, чеҳраи шахсиятҳои таърихӣ, бузургони инсонпарвар ва тараққихоҳи гузаштаро, ки ифтихороти моро ташкил медиҳанд, ба миён мегузоранд. Раҳнамоиҳои маънавии Пешвои миллат дар боби худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ арзиши бунёдӣ дошта, ҷомеаи тоҷикони имрўзаро ба роҳи камолоти маънавӣ ҳидоят менамояд.

Дар даврони Шўравӣ ва замони истиқлоли давлати миллиамон се шоҳасари пурмуҳтавои илмиву таърихӣ тавлид ёфт, ки ба манзалаи шиносномаи миллат дар муаррифии миллати куҳанбунёди тоҷикон нақши носутурданӣ бар ҷой ниҳоданд. Ин осори сегонаи таърихӣ ба қалами абармардони таърихнигори миллатамон, устод Садриддин Айнӣ “Намунаҳои адабиёти тоҷик”, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” тааллуқ дорад. Ба ҳар яке аз ин асарҳо дар шинохту асолати давлати маънавибунёди тоҷикон ба хонандаи бедору ҳушманд маълумоти муфассал медиҳаданд.

Таълифоти ин нодирамардони миллат, ки бо бардошт “зи аъмоқи фаромўшхонаҳои тираи таърих” ва бо баҳрабардорӣ аз мадраку сарчашмаҳои эътимодбахши соҳибназарони ватаниву хориҷӣ бо пажўҳишоти густурдаву ҷусторҳои мутассил рўи чопро дидаанд, аз асолату роҳи тайнамудаи аҷдодамон моро ошно сохтанд ва ба ҷаҳониён аз мардуми бумӣ ва қадимӣ будани тоҷикон дарак доданд.

Китоби арзишманди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» бо такя ба мадраку санадҳои муътамади таърихӣ иншо ёфта, пешгуфтори он бо ин суханони пурмуҳтаво оғоз ёфтааст: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахуст аҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?». Воқеан, ин суолҳо ва дигар масъалаҳои дар ин асари бунёдӣ матраҳ гардида, моро ба дарёфту ҷустуҷўҳои саҳеҳу дурусти масъалаҳо вомедоранд. Сарвари кишвар бо шеваи саволгузорӣ ба мо ҳушдор медиҳанд, ки аз сарнавишти пешиниёнамон огоҳии комил дошта бошем ва ҷавобан ба он ҳама таъқидҳои ироагардида дирўзи ҳикматбори ниёгонамонро пеши дида оварда, дар таҳлилу таҷдиди он бомасъулиятона муносибат намоем.

Зуҳури чунин китоб дар даврони истиқлолият падидаи муҳимми таърихиву фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Нашри он на танҳо ба насли ҷавони ҷомеа, балки ба кулли ҳаводорону ташнагони таърихи куҳани диёрамон муҳим буда, ба хонандаи ҳушманд ҳисси виқору ғурури миллӣ меангезад ва ҳамагонро ташвиқ менамояд, ки ҷўёи шинохти аслу насаби хеш бошанд. Таъкиди ин нуқта низ муҳим аст, ки муаллиф дар навиштани китоб аз истифодаи калимаҳои муғлақу душвор парҳез намуда, матлаби хешро бо забони ширину зебо ва шевою фаҳмо рўи сафҳа овардааст, то ки тамоми табақаҳои ҷомеа аз он баҳрабардорӣ карда тавонанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба