Зеҳн

НАҚШИ АФСОНА ДАР ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

АХ
Ахбор6 ноябри 2024 · 21 дақиқа хондан

Ташаккули ҷаҳонбинии инсон дар давоми тамоми умр ҷараён мегирад. Ин ҷараён, дар раванди таълим бо дигаргуниҳои мунтазам ба инкишофи умумии хонандагони хурдсол вобастагӣ дорад. Дар зинаи аввал, ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ вазифа ташаккули низоми мукаммали ақидаҳо нисбат ба қонунияти инкишофи табиат ва ҷамъият гузошта нашудааст. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинӣ барои хонандагони синни аввали мактабӣ танҳо тавассути эҷодиёти шифоҳӣ, ки дар китобҳои забони модарӣ ҳам оварда шудаанд, ибтидо гирифта, ба воситаи онҳо метавонанд тасаввуроту фаҳмиш, маълумот ва ғояҳои хӯйи маърифатии ҷаҳонбинӣ ташаккул дода шавад. Масалан, ба воситаи хислату характери қаҳрамонҳо ва образнокии табиати. афсонаву ҳикояҳо, тасаввуроти ибтидоии хонандагон дар бораи дигаргунии ҳаёти табиӣ дар фаслҳои сол, бориши барфу борон ва тандуру чароғак, дарк намудани оддитарин алоқамандӣ ва вобастагии ҳодисаҳо дар инкишоф, тасаввурот роҷеъ ба моддӣ будани муҳити атроф ва дар инкишофи доимӣ будани он, фаҳмидани табиати мухолифатҳои таърихию иҷтимоӣ, тасаввурот дар бораи ҳаёти инсонӣ ва ғайриинсонӣ, фаҳмидани нақши ҳалкунанда бозидани оммаи халқ дар таърих ва ғайра оғоз мегардад. Пас метавон гуфт, яке аз воситаҳои муҳимми таълиму тарбия ва ташаккул додани ҷаҳонбинии кӯдакон адабиёт, ба хусус эҷодиёти шифоҳӣ ба шумор меравад. Дар байни эҷодиёти шифоҳӣ афсона яке аз муҳимтарин жанри эҷодиёти шифоҳӣ ба шумор рафта, мавқеи махсус дорад. Истилоҳи “афсона” дар адабиёти шифоҳӣ ва адабиёти таълифӣ ба шаклҳои гуногун: афсона, қисса, достон, ривоят, ҳикоят, саргузашт, нақл ва амсоли ин маънидод шудааст. Афсонаро ҳамчун жанри алоҳида ва махсуси фолклори тоҷик олимону муҳаққиқони зиёде чун Р. Амонов, Б. Шермуҳаммадов, Ҷ. Обидов, Д. Рабиев, Р. Раҳмонӣ, Ш. Мирзоева, Д. Раҳимов, В.Асрорӣ, А. Сӯфизода, Ҷ. Бобокалонова ва дигарон аз нуқтаи назари илмӣ борҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. Ҳар кадоме аз олимон ба ин ё он ҷиҳати афсонаҳои тоҷикӣ таваҷҷӯҳ намуда, тадқиқоти илмиеро анҷом додаанд. Мазмуну мундариҷаи афсонаҳои тоҷикиро омӯхта, онҳоро ба гурӯҳҳои махсус тасниф намудаанд.

Афсона дар “Луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ” чунин маънидод шудааст: “Афсона яке аз намудҳои машҳуру маъмули эҷодиёти даҳанакии халқ буда, ягон ҳодисаи табиӣ ва ё воқеаи ҷамъиятиро бо усули фантастикӣ тасвир менамояд”. Афсона – асари насрии эҷодиёти даҳанакии халқист, ки бо мурури замон ташаккул ёфта, дар фолклор ҳамчун жанр устувор гардидааст. Афсона аз ҳодисаҳои гуногуни бостонӣ, ҳам реалӣ, ки аз воқеаҳои зиндагии одамон таркиб ёфт, бо мақсади дарк намудани ҳаёт, талқини андешаҳои дидактикӣ, ғоявию эстетикӣ вобаста ба ҷараёни мафкураи замон ва гӯянда нақл карда мешавад. Фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ жанри афсонаро чунин таъриф кардааст: “Нақлҳо ва қиссаҳои иҷтимоӣ, маишӣ, ҳаҷвӣ, ишқӣ, ибратангез ва пандомез, ки дар бораи инсонҳои гуногун, ҳайвонот, махлуқоти хаёлӣ ба монанди дев, парӣ, аждаҳо ва низ сеҳру ҷоду ва дигар воқеот ва ҳаводиси саргузаштӣ, ки бо хаёли бадеъ, ба ҳайси андешаҳои рангин ва аҷибу ғариб баён кардаанд ва бо хаёлоти дилангезу пурҳаяҷон ба шунаванда ва хонанда завқу шавқ бахшанд ва орзуҳо ва ормонҳои мардумро инъикос диҳад ва некиҳо чун раҳму шафқату шодию сурурро ба бадиҳо чун нафрату адоватро бедор кунад, афсона номида мешавад”. Афсона яке аз муҳимтарин жанри эҷодиёти шифоҳӣ ба шумор рафта, дар худ хирад ва ғановати маънавии халқро таҷассум менамояд ва бо хусусиятҳои хоси худ аз бисёр жанрҳои дигар фарқ карда, хеле серистифода ва густаришёфта мебошад. Афсонаҳо дар тарбия ва ба камол расонидани шахсияти кӯдакон нақши муҳим доранд. Аз тариқи афсонаҳои хуб кӯдакон ба бисёре аз арзишҳои ахлоқӣ пай мебаранд. Пойдорӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, шуҷоат, навъи дӯстӣ, умедворӣ, озодагӣ ва ҷавонмардӣ, арзишҳое ҳастанд, ки дар маркази бисёре аз афсонаҳо қарор доранд. Афсона аз намунаи инкишофёфтаи наср аст, ки бешубҳа реша дар эҷодиёти шифоҳӣ дорад ва ҳамчун манбаи боарзиш дар инкишофи тафаккур, фаҳмиш, нутқ, камолот ва ҷаҳонбинии насли наврас дар тӯли солҳо хидмат кардааст, зеро дар онҳо масъалаҳои муҳими педагогӣ ба воситаи образҳои дилчасп ифода ёфтаанд. Афсона бо хусусияти антропоформизмаш (ба ҳайвонот қобилияти фикр кардан, гап задан, чун одамон фаъолият намудан бахшидан) фарқ мекунад ва ин муассирии онро баланд мебардорад. Тадқиқоти психофизиологӣ нишон медиҳанд, ки дар наврасон нимкураи чапи майнаи сар бештар фаъолият мекунад ва аз ин рӯ, наврасон ба ҳолатҳое таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ки онҳо тобиши эмотсионалиро доранд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки наврасон одатан ҳасос мешаванд, бинобар ин, афсонаҳо, ки табиатан хусусияти эмотсионалиро доранд, ин таваҷҷуҳи наврасонро ба худ ҷалб мекунад. Афсонаҳо ба таври равони насрӣ гуфта мешаванд, вале дар як қисми афсонаҳо порчаҳои шеърӣ низ метавонанд ҷой дошта бошанд. Ин қабил порчаҳо дар мавриди гуфтугӯйи фикри қаҳрамони афсона истифода мешаванд. Инро дар афсонаи “Гунҷишк”, “Чӯбаки сандалвор”, “Бузаки чинибинӣ” ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст, ки завқ ва диққати хонандагонро бештар ба афсона ҷалб менамояд. Масалан, порчаҳои манзум дар афсонаи “Бузаки чинибинӣ” зиёд истифода гардидаанд. Дар аз лаҳзаи бузи чинибинӣ, ки ба боми рӯбоҳ рафта, худро муаррифӣ мекунад, порчаи шеърӣ чунин омадааст:

Маюм бузаки чинибинӣ,

Ду шох дорум, ду бинӣ.

Ҳур ду биним хидманӣ.

Ҳар ду шохум кидманӣ,

Кӣ хурдай Ҳулули ман?

Кӣ хурдай Балули ман?

Кӣ тиру камон дора?

Мероя ба ҷанги ма?

Афсонаҳо ба наврасон имкон медиҳанд, ки масъалаҳoи барои худашон муҳимро аз мазмуни онҳо пайдо намоянд. Ба ибораи дигар гӯем, афсона ба монанди дарвозае мебошанд, ки кӯдакон тавассути он ба олам ворид мешаванд ва ба маърифати он мегузаранд. Онҳо барои худ қуввату дармони нав пайдо мекунанд ва имкониятҳои навро дар худ муайян менамоянд ва ҷаҳонбиниро ташаккул дода, худашонро маърифат мекунанд. Муҳаққиқ А. Сӯфизода бар ин назар аст, ки ҷаҳоншиносӣ ва ҷаҳонбинии одамизод нахустин бор дар асотир ва афсона, нақл ва ривоятҳои шифоҳӣ ифода ёфтааст. Афсона маҳсули тафаккури бадеии халқист ва ин ҳақиқат кайҳост, ки исботи илмӣ ёфтааст. Бо вуҷуди ин, ҳар афсона дар шароити табиӣ, таърихӣ ва ҷамъиятии ҳар қавм, обу ранги махсусе пайдо кардааст, ки онро метавон хусусияти миллӣ ном бурд. Дар афсонаҳои эҷодиёти шифоҳӣ маъмулан чигунгии муқобала бо мушкилот ва чигунагии роҳи ҳали онҳо баён мешаванд. Афсонаҳо ба таври маъмул намунаҳои мутафовути рафтори марбут ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва табақабандии онҳоро баён мекунанд. Афсонаҳо дар ҳама давру замон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳаёти маънавии халқ барои тарбияи ҷавонон ва васеъ намудани донишу ҷаҳонбинии онҳо, дар мубориза бар зидди баъзе боқимондаи урфу одатҳои кӯҳнаи феодалӣ, ки дар он замон ҷонсахтона умр ба сар мебурд, аҳамияти калон дошт. Аз сӯи дигар, афсонагӯйӣ мақоми аввалро дар омӯзиш, рушди тахайюл, кунҷкобӣ, ҳушмандӣ ва ҷаҳонбинии кӯдакон дар синни томактабӣ ва синни аввали мактабиро дорад. Муҳаққиқон Н.Ҳабибова ва М. Нургулова бар ин назаранд, ки афсонаҳо дар фитрати кӯдак барои тамоми ҳаёт асосҳои рафтор ва муоширатро ташаккул медиҳанд, ӯро аз ҳама чизе, ки дар муносибати ӯ ба олами атроф халал ворид мекунад, огоҳ менамоянд. Aксар афсонаҳои эҷодӣ дар тӯли солҳо ба туфайли сайри ҷаҳон кардани худ аз сарватҳои маънавӣ ва таҷрибаи рӯзгори қавмҳои гуногун баҳра гирифта, то замони мо расидаанд, ки метавон онҳоро як навъ панднома ё ганҷинаи ҳикмат ном бурд. Методикаи кор бо афсона таърихи чандинсола дорад. То замони корҳои таҳқиқотии муҳаққиқон Бруно Беттелгейм, К.Г. Юнг, В.Я. Пропп афсонаҳо аз ҷониби табақаи поёни ҷамъият барои дилхушӣ нақл мешуданд, ки хоси онҳо буд. Баъдҳо, дар асоси таҳқиқоти илмии педагогию психологӣ консепсияи муосири кор бо афсона ба вуҷуд омад.

Равоншиносон ва педагогҳои машҳур ба эҷодиёти шифоҳӣ баҳои баланд додаанд ва афсонаро як навъи педагогикаи халқӣ шуморида, воситаи самарабахши психологӣ ва инкишофдиҳандаи инсон арзёбӣ намудаанд. Дар замони муосир, онҳо дар таҳқиқотҳои худ аз ҳикояву афсона ва масал фаровон истифода намудаанд. Мо ҳақиқатан ҳам таъсири афсонаро мушоҳида мекунем, он танҳо яке аз воситаҳои муассир ва василаи афзунии шавқу завқи кӯдакон ва ҳиссиёти онҳо ба назар мерасад. Усули кор бо афсона яке аз аз корҳои самарабахши тарбияи кӯдакон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ташкили дарси махсуси афсонахонӣ ва афсонагӯиро ҳамчун шакли тарбия ва воситаи инкишофи ҷаҳонбинии кӯдакони синни аввали мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои муҳим бояд шуморида, роҳандозӣ карда шавад. Ва дар раванди дарс, педагог чунин афсонаҳоеро интихоб намояд, ки ҳусни таваҷҷуҳи кӯдаконро ҷалб намоянд ва мундариҷаи афсона барои онҳо фаҳмо ва равон бошад. Ҳамчунин, зикр кардан ба маврид аст, ки афсонанақлкунӣ санъат ва маҳорати махсуси педагогиро талаб менамояд, ки қобилияти бадеии нақлкунанда бо ин тарбият ёфтааст.

Ҳар як мураббӣ танҳо он афсона, сюжет ва хусусиятҳоеро қабул кунад, ки ба таври эҷодӣ кор карда мебарояд, ки онҳо ба ҳавас, хоҳиш, ҷаҳонбинӣ ва рӯҳияи умумии вай мувофиқ ояд. Педагог бояд дар ёд дошта бошад, ки ҳангоми муҳокимаи афсона бо кӯдакон ва порча-порча аз худ кардани матни бадеӣ яке аз хусусиятҳои инкишофи қобилияти тафаккури кӯдак ба шумор меравад. Муррабӣ дар раванди нақли афсона худро яке аз қаҳрамонҳои афсона шуморад ва ҳама ҳаракатро бо диалоги зинда ва драмавӣ кунонидаи амалиёт вобаста кунад ва ҳамчунин лозим аст, ки ҳангоми хондани афсона хислати қаҳрамононро аниқ баён намуда, ба кӯдакон фаҳмонад. Зеро дар афсона байни некию бадӣ, симои хубу бад сарҳади муайяне мавҷуд аст ва кӯдак медонад, ки симои бад ҳатман мағлуб мешавад ва қувваи некӣ ғалаба мекунад. Ин ҳиссиёти мураккаб ӯро ба тартиб медарорад ва хотимаи неки афсона дар замираш боварии қавиеро ба вуҷуд меорад. Асрҳои аср афсона ҳамчун воситаи хуби муассири таъсиррасонӣ ба ҳолати рӯҳии кӯдак истифода мешуд. Одатанд, волидон ва умуман калонсолон пеш аз хоб ба кӯдакон афсона мегӯянд. Ин одати хуб аз анъанаҳои қадимаи миллати мо ба шумор меравад. Бе шубҳа, дар ҷомеаи мо оилае нест, ки ба қадри кофӣ афсонаҳои халқии машҳури “Бузаки ҷингилапо”, “Гург ва рӯбоҳ”, “Хурӯс ва мокиён” ва ғайраро надониста, онро дар тарбияи кӯдаки худ истифода накарда бошанд. Ин анъана аз таърихи тамаддуни башар вазифаи асосии калонсолони хонавода буд. Афсонаҳо танҳо барои андармон ва хоб кардани кӯдакон нақл карда намешаванд, балки дар тарбияи муайян ва инкишофи шуур, хаёл, ҳиссиёт ва ҷаҳонбинии онҳо таъсири амиқ мерасонад. Кӯдакон тавассути афсона доираи назарашонро васеъ мегардонанд, аз қонуну қоида ва меъёру арзишҳои ҷамъиятӣ бохабар мешаванд ва ҳамчунин ба моҳияти неку бад сарфаҳм мераванд ва ҷаҳонбиниашон дар зимни ҳамин меъёрҳо ташаккул меёбад. Шунидани афсона барои кӯдакон имкони тасвирсозиро фароҳам меоварад.

Кӯдак вақте, ки афсонаро мешунавад, саҳнаҳо ва амали шахсиятҳоро дар тахайюлоти худ меофарад. Хаёлбофӣ оғози тасвири офаринанда аст. Ба назар мерасад, ин тавоноӣ бар рушди шинохти иҷтимоии кӯдакон таъсири мусбат дошта бошад. Муҳаққиқ Эллен Грин бар ин назар аст, ки кӯдаконе, ки омадагии бештаре барои намоиши тахайюлӣ доранд, дар ҳамдилӣ бо кӯдакони дигар тавонотар ҳастанд. Афсонаҳои халқӣ, ососи доираи мутолиаи кӯдаконро ташкил медиҳанд. Дар афсонаҳо шавқоварии мазмун, тасвири барҷастаи қаҳрамонҳо, мувофиқати образҳои хаёлӣ бо ҳақиқати воқеӣ ва ифоданокии байни ҳодисаҳо ба кӯдакон таъсири бузурги эмотсионалӣ мебахшанд.

Яке аз навъҳои машҳури ин афсона афсонаҳои тамсилӣ мебошанд. Жанри тамсил яке аз жанрҳои хурди эпикӣ буда, қадимтарин ва муҳимтарин навъи афсонаҳои шифоҳӣ мебошад, ки ба воситаи образи ҳар гуна махлуқот, наботот, ашё ва ғайра муносибатҳои баду неки инсонҳо баён карда мешаванд. Шахсиятҳои ҳайвонот дар эҷодиёти шифоҳӣ аҳамияти махсус доранд.

Аслан, ба назари мо шинохти дурусти ҳайвонот ва робитаи иҷтимоии онҳо дар эҷодиёти шифоҳӣ ниёз ба таҳқиқи алоҳида доранд. Баъзе аз ҷонварон дар ҷамъият гилае аз зиндагӣ доранд. Афсонаҳо дар бораи ҳайвонот дар эҷодиёти ҳама халқҳо, аз ҷумла дар эҷодиёти миллати тоҷик низ хеле зиёд ва маъмуланд. Персонажҳои онҳо дорои хислатҳои одамӣ буда, бо мақсади таълиму тарбия эҷод гардидаанд. Афсонаҳои тамсилӣ дар миёни мардум бо чанд навъи истилоҳ: “афсонаҳои ҳайвонот”, “афсонаҳои тамсилӣ” ва баъзан “афсона” мавриди истифода қарор доранд. Дар ин навъи афсонаҳо, илова бар ҳайвонот, шахсиятҳо ва дигар унсурҳо ба монанди инсон, гиёҳ ва дигар мавҷудоти беҷон низ ҳузур доранд.

Фолклоршиноси тоҷик В. Асрорӣ афсонаҳои тамсилиро аз ҷиҳати мазмун ва услуб ба ду гурӯҳ тақсим намудааст: 1) афсонаҳое, ки дар онҳо воқеаҳои шавқовари саргузаштӣ тасвир гардидаанд. Масалан, намунаи чунин афсонаи саргузаштӣ афсонаи “Рӯбоҳи маккор”аст.

“Рӯбоҳ либоси шайхони парҳезгорро дар бар карда, бедонаву мурғу хурӯсро ба доми худ гирифтор мекунад”. Ё афсонаи “Хомӯшак”: “Ба пои хомӯшак хор мехалад. Ӯ назди буз, гург, сайёд, муш, гурба ва монанди инҳо рафта, илтимос мекунад, ки хорро аз пояш кашида гиранд.

Онҳо намехоҳанд. Дар охир шамол бузро маҷбур мекунад, ки хори пои хомӯшакро хӯрад”. 2) афсонаҳои пандомез, ки ҳодисаву воқеаҳои ҳикматнок тасвир мегарданд. Хаёлот дар афсона одатан дар асоси ҳақиқати зиндагӣ ба таври махсус эҷод мегардад. Ҳар афсона, новобаста аз ин ки чи гуна мазмуни хаёлӣ дорад, ҳатман дар он зиндагӣ ва рафтору амали меҳнати инсон тасвир мешавад ва муносибату муомилаҳои мардум ва андешаву ҷаҳонбинии онҳо ифода меёбад. Масалан, афсонаи “Аз ҳама кӣ зӯр?”, ки чунин аст:

“ -Мӯрча- ако!

- Лаббай!

- Саратон чаро ин қадар калон?

- Аз бисёри давлатамон.

- Миёнатон чаро ин қадар борик?

- Аз бисёр меҳнатамон”.

Ин афсона, ба кӯдакон панд медиҳад, ки дар ҳаёт на он нафаре, ки дасту панҷаи пурзӯр дорад, зӯр аст, балки ҳамон нафаре, ки зиёд меҳнат мекунад, аз ҳама зӯртар аст.

Афсонаҳои тамсилӣ таҷрибаи рӯзгорро барои кӯдакон аз ҳама беҳтар меомӯзонанд. Мавзӯи аслии ин афсонаҳо ба зиндагии воқеӣ ва роҳҳои ҳали мушкилоти рӯзмарра марбут аст.

Афсонаҳои тамсилӣ як нақли мӯъҷази бетасвири бадеии воқеист, ки бо хусусияти эҷоди шифоҳии халқ вобаста аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳар гуна афсона унсури ҳақиқат ҳаст: агар шумо ба бачагон афсонае мегуфтед, ки дар он хурӯс ва гурба ба забони одам гап намезаданд, бачагон ба он ин гуна афсона таваҷҷуҳ намекарданд. Тариқи омӯзиши ин гуна афсонаҳо, кӯдакон дарк мекунанд, ки чигуна бо дигарон иртибот пайдо намоянд ва муносибати худро бо атрофиён дар асоси чӣ устувор кунанд. Дар кадом ҳолат хислатҳои писандида ва рафторҳои нописандида мавриди сарзаниш қарор мегирад. Кӯдакон, ҳамчунин, дарк ва фарқ гузоштану шинохтани дӯсту душманро дар худ касб мекунанд. Дар эҷодиёти кӯдаконаи ҷамъияти мо гург, харгӯш, асп, фил, буз ва рӯбоҳ бештар нақш меофаранд. Гург, харӯш, фил, асп ва рубоҳ дар афсонаҳои зиёде чун “Гург ва Харгӯш”, “Саъва ва Фил”, “Гурги нодон” ва ғайра нақш доранд. Рӯбоҳ дар ҳар афсонае нақши гуногунеро бозӣ мекунад ва бо ҳилаву найранг ва тезҳушияш дар бисёр мавридҳо мағлуб ва гоҳо пирӯз аз майдон берун меояд. Кӯдакон аз чунин навъи афсонаҳо, ҳамчунин дар мавриди зиндагии хирс дар зимистону баҳор, тарзи шикори гург ва ё ноком гаштани ӯ дар шикор, хусусиятҳои харгӯш ва аз дигар ҳайвонотҳо маълумоти гуногунро меомӯзанд. Дар чунин афсонаҳо, ҳамчунин, камолоти ахлоқӣ, шуҷоат, иттиҳод, эҳтиром ба калонсолон ва дустиву рафоқат баён шуда, дар муқобили сифатҳои зиддиахлоқӣ, ба монанди танбалӣ, ҳасудхӯриву муфтхурӣ, фиребгарӣ ва ғайра низ зикр мешаванд. Халқ хулқу атвори ҳар ҳайвон, паранда ва ҳашаротро мушоҳида карда, хулосабарорӣ намудааст ва типҳои мусбату манфиро офарида, онҳоро дар осори худ бо мақсади тарбияи насли наврас истифода кардааст. Масалан, мӯрча, ки ҳамеша дар ҳаракат аст, ҳамчун меҳнаткаш; харгуш, ки аз одитарин ҳаракати инсон дар ҳарос аст, тарсончак; саг, ки ҳамеша бо аҳли хонавода дӯстӣ дорад, вафодор; шер, ки бо ҷасорату ҷанговариаш миёни дигар ҳайвонҳо машҳур аст, шоҳ ва ғайра номгузорӣ шудаанд.

Дар афсонаҳои тамсилӣ, аз як ҷониб хислатҳои хоси ҳар як ҳайвон ба инобат гирифта шуда бошанд, аз ҷониби дигар, ҳама хати сюжет ва амалиёти персонажҳо муносибати ҷамъиятӣ, хулқу атвори гуногуни ҳаёти одамият дар мадди назар гирифта шудааст. Як намуна аз афсонаи “Гурги нодон”-и кӯдаконаро дар зер меоварем : Будааст, набудааст, як гург будааст. Вай бисёр гурусна мондаасту дара ба дараю саҳро ба саҳро гашта, дар ҳеҷ ҷо хӯрок наёфтааст. Гурги гурусна харобу беҳол шудааст. Рӯзе вай ғамгину маъюс дар роҳ бо Бузаке вохӯрдааст.

– Оҳ, Бузаки меҳрубон! – гуфтааст Гург.

– Туро ёд кардам.

– Аз гапҳоят маълум, ки маро хӯрдан мехоҳӣ, гуфтааст Бузак. Агар розӣ бошӣ, ман ба паси кӯҳ рафта, зираю пиёз хӯрда меоям. Гӯштам бомаза мешавад. Кайф карда мехӯрӣ! Гург ба суханони Бузак бовар карда, розӣ шудааст. Бузак рафтаасту дигар бар нагаштааст. Гурги гурусна боз машғули ҷустуҷӯйи хӯрок шудааст. Ногаҳон аз пеши ӯ Аспе баромадааст.

– Ба пойи худат омадӣ, – гуфтааст Гург пеши роҳи Аспро гирифта.

– Маро хӯрдан мехоҳӣ? – пурсидааст Асп.

– Ин тавр бошад, як хоҳиш дорам. Ман ба як ҷо хат бурданиям. Агар каме дар ҳамин ҷо биистӣ, зуд бармегардам, баъд маро маза карда мехӯрӣ.

– Ку, он хатро нишон бидеҳ! – талаб мекунад Гург. – Хат дар даги пойи ақибам, бовар накунӣ, худат омада бин! – гуфтааст Асп.

Гург ба таги пойи рости Асп нигоҳ карданӣ шудааст. Асп ба рӯйи Гург чунон лагади сахт задааст, ки ҳамаи дандонҳои вай шикаста, беҳуш шуда афтидааст. Асп хандида, чорхеззанон рафтааст. Гург баъд аз чанд вақт ба ҳуш омада, дидааст, ки ҳам Асп аз даст рафтаасту ҳам бедандон мондааст. Вай ҳарчанд зӯр задааст, лекин аз ҷояш хестан натавонистааст.

Дар афсонаи зикргардида, қаҳрамони он гурги нодоне ҳаст, ки гурусна монда, дар ҷустуҷӯйи хӯрок будааст ва аз содагии хеш сайди худро аз даст медод. Ҳадафи асосии афсона дар он аст, ки насли наврас бояд дар зиндагии хеш ба ҳар кас бовар накунанд ва ҳамчунин, дар замони кунунӣ зираку ҳушёр бошанд, то аз фиребу маккории дигарон дар амон бошанд. Бояд дар назар дошт, ки макр фақат дар баъзе мавридҳо маънии манфӣ дорад, дар бештар мавқеъ навъи дурандешӣ, зиракӣ ва хирадварзӣ маҳсуб мешавад. Дар бисёр маврид, ба заифону мазлумон истифода аз ин тавсиф мешавад. Натиҷаи корбурди макр тавасути заифон, пирӯзӣ бар қудратмандон аст. Он чи мумкин аст аз назари дигарон макру ҳила ба ҳисоб ояд, дар ин гуна афсонаҳо мафҳуми мутобиқ бо андеша меояд. Аз таҳлили афсонаи “Гурги нодон” бармеояд, ки ҳайвонҳо амали шабеҳи инсон доранд ва ба осонӣ метавон онҳоро бо типҳои гуногуни инсонҳо татбиқ дод. Гург ҳамеша дар натиҷаи нодонӣ, соддалавҳӣ ва аҳмақии худ ба суханҳои бузуг асп бовар карда, луқмаи худро аз даст додааст. Ин мавзӯъ низ ба вижагии омӯзишӣ ва тамсилии ин афсонаҳо марбут мебошанд. Корбурди макру ҳила дар афсонаҳои тамсилӣ, аз вижагиҳои хосе бархурдор мебошанд, ки дар дигар афсонаҳо камтар ба мушоҳида мерасанд. Ин такрори фаровон аз аҳамияти амалӣ ва корбурди макр дар таърих ва муносибати иҷтимоии башар ва ба вижа аҳамияти он дар муқобил бо соҳибони қудрат ва зӯрмандон нишон дорад. Яке аз вижагии афсонаҳои тамсилӣ ин аст, ки маъмулан ҳодисаҳои кам дар онҳо рӯй медиҳад. Масалан, рӯбоҳе гургеро фиреб медиҳад, то ба хӯрок бирасад ё хирсе аз дасти дӯсти инсонӣ худ озурда мешавад ва аз ӯ мехоҳад, то бо табар сарашро ду пора кунад ва ғайра. Масъалаи дигаре, ки дар афсонаҳои тамсилӣ мушоҳида мегардад, марбут ба гуфтугӯи шахсиятҳост. Дар ин афсонаҳо гуфтугӯ ҷойгоҳи махсус дорад. Бахши мулоҳизаҳои аз мавзӯъҳои матраҳшуда дар афсона, аз тариқи гуфтугӯ баён мегардад. Ба назари мо, шояд як тарафи масъала ҳамин гуфтугӯ аст, ки диққати кӯдаконро бештар ба худ ҷалб мекунад ва ҳангоми нақли чунин афсонаҳо, аҳёнан кӯдакон нисбат ба ҳодисаи пешакӣ андеша карда, бо тахайюли кӯчаки худ образ бофта, фикрашонро баён мекунанд. Ҷонварон дар афсонаҳои кӯдакона бар асоси ҷуғрофия ҳам ҳузур пайдо мекунанд. Ҳар иқлиме ҷонварони хоси худро дорад, ки дар дигар иқлимҳо ҷонварони ноёб ё камёб ҳастанд. Барои мисол, ҳайвони хонагии австралиягӣ кенгру аст, дар ҳоле ки дар Ховари Миёна кенгуру вуҷуд надорад. Ва ё паланг, гавазн ва ҳамчунин шутур, ҷонвари махсуси минтақаҳои гарму биёбонӣ аст, аммо дар афсонаҳо зикр мешаванд, ки фаҳму дарк ва тахайюли кӯдаконро нисбат ба ин гуна ҳайвонҳо бедор месозад. Масалан, яке чунин афсонаҳо, афсонаи “Паланг, гавазн ва рӯбоҳ” мебошад, ки чунин аст: Боре паланг дар пастхамии теппае сайругашт карда мегашт. Якбора дид, ки гавазни хурдакаке дар зери дарахтон дар алаф чарида гаштааст.

Гавазн палангро дид ва аз тарс дар ҷояш шах шуда монд. Роҳи гурез набуд. Он гоҳ гавазн тамоми далерии худро ҷамъ намуда, хост палангро фиреб диҳад. Вай пай бурд, ки ин паланг то ҳол ҳеҷ гавазни зиндаро надидааст. Барои ҳамин худро чунин нишон дод, ки гӯё палангро намебинад ва рӯяшро гардонида, чаридан гирифт. Паланг дар тааҷуб монд, ки: “Барои чӣ ин ҳайвони аҷоиб намегурезад?” Вай ба гавазн назиктар шуда пурсид: - Гӯед азизам, барои чӣ дар болои сари шумо шох аст? - Барои палангро пора кардан! - Гӯед, барои чӣ дар баданатон ин қадар доғҳои сафед бисёранд? –пурсид боз паланг. Гавазн ҷавоб дод: - Ҳар боре, ки ман як паланг хӯрам, дар бадани ман як доғи сафеди нав пайдо мешавад. Ман бародарони туро чунон бисёр хӯрдаам, ки акнун ҳама доғҳои баданамро ҳисоб карда наметавонам! - Паланг инро шунида тарсид ва гурехта рафт. Паланг дар роҳ рӯбоҳро дида монд ва ба ӯ дар бораи тарси худ нақл кард. Рӯбоҳ хандида фиристонд. - Гавазни хурдакак туро фиреб кардааст! – гуфт рӯбоҳ.

-Вале паланг ба гапи ӯ бовар накарда бошӣ, - гуфт рӯбоҳ, - иҷозат деҳ, ки ман дар пушти ту савор шавам ва мо якҷоя ба пеши гавазни хурдакак рафта, ҳамаашро фаҳмида гирем. - Вақте ки гавазн онҳоро дид, фаҳмид, ки рӯбоҳ ҳама ҳақиқатро ба паланг гуфта додааст. Акнун чӣ тавр халос шавад? Якбора ба ӯ ба тамоми овоз фарёд зад: - Раҳмат, азизам, хоҳарак-рӯбоҳ! Дирӯз ту ба ман ваъда дода будӣ, ки паланги калонеро меорӣ. Мебинам, ту ба гапат истода метавонӣ! Чи хел паланги зебоеро барои ман овардӣ! Дар вақташ омадӣ, айнан дар вақти хӯроки пешин!

Паланг инро шунида, худро ба қафо кашид ва рӯбоҳи бечораро газида гирифта, бо тамоми қувва гурехта рафт. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки хонандагони синни хурди мактабӣ жанри афсонаро барои имконияти ҳамдардӣ ба қаҳрамонҳои дӯстдоштаашон бештар мепарваранд Аз ин рӯ, метавон гуфт, афсонаҳо дар бораи ҳайвонот таҷрибаи зиндагиро аз ҳама беҳтар ба кӯдакон меомӯзонанд. Дар афсонаҳои кӯдакона, ҳамчунин гиёҳҳо ҳам нақш офаридаанд. Шахсияти гиёҳӣ ё худ агар аз назари адабиётшиносӣ бубинем онро «санъати ташхис» низ меноманд, ба тамоми шахсиятҳое гуфта мешавад, ки аз ҷинси гиёҳ бошанд ва бо бархе рафтор ва сифатҳои инсонӣ шахсиятпазир шаванд.

Гиёҳон дар афсонаҳо бар хилофи ҷонварон амалгар нестанд, балки хусусияти амалпазирӣ доранд. Сабаби ин ҳам, дар хислати гиёҳон мебошад. Ҳар нерӯе, ки табиат ва инсон бар амалу кирдори онҳо нишон диҳанд, бо хилофашон рӯбарӯ намешаванд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки шахсиятҳои гиёҳии афсонаҳо таркибӣ ҳастанд. Муҳаққиқ Муҳаммадҳодии Муҳаммадӣ бар ин назар аст, ки шахсиятҳои гиёҳӣ бар се навъ тақсим мешаванд: а) шахсиятҳои гиёҳии решадор, ба монанди дарахт, бута ва ҳар шахсияти гиёҳии дигар, ки бо реша дар замин бошанд; б) шахсиятҳои гиёҳии донаӣ ва мевагӣ, ба монанди тамоми ғалладонаҳо, аз ҷумла гандум, лӯбиё ва ғайра ва ҳамчунин, шахсиятҳои мевагӣ ба монанди себу шафтолуву ҳандалаку каду ва ғайра; в) шахсиятҳои гиёҳии гулмонанд, ба монанди қосидак, навҳои гуногуни гул, ки аз бута ҷудо мешаванд.

Аҳамияти педагогии жанри афсонавиро арзиш додан хеле душвор аст. Он кӯдаконро бо меъёрҳои ахлоқӣ, қонунҳои зиндагӣ шинос мекунад ва онҳоро мувофиқи ин қонунҳо зиндагӣ карданро меомӯзонад. Бо шарофати образҳои бадеӣ ва забони махсуси афсонагӯи дар кӯдакон эҳсоси зебоипарастӣ рушд мекунад. Афсона пардаро ба олами асрор ва муъҷизаҳо, ба олами марғуб, вале ба таври возеҳ эҳсосшаванда мекушояд.

Ҳар афсона маънои нуҳуфта, пинҳонро дорад, онҳо ростқавлӣ, адолат, ростқавлӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шафқатро тарғиб мекунанд.

Мафҳумҳои ахлоқие, ки дар тасвири қаҳрамонҳо ба таври возеҳ ифода ёфтаанд, дар ҳаёти воқеӣ ва муносибат бо наздикон амалӣ мегарданд, ба меъёрҳои ахлоқие табдил меёбанд, ки хоҳишҳо ва амалҳои кӯдакро идора мекунанд.

Ниҳоятан, метавон гуфт, дар замони муосир усули кор бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар заминаи афсонаҳо ва қаҳрамонони он дар тарбияи хислату нишонаҳои таҳаммул ва эҳтироми кулли инсонҳо аз ҷониби олимони равоншинос, педагогика ва логопедия фаъолона таҳия мегардад. Чунки ҳатто, дар афсонаҳои аз ҳама лаҳзаҳои пандомӯзу дорои хусусиятҳои волои тарбиявӣ ва ахлоқӣ мақоми пурарзиш доранд. Жанри афсонаҳо, ба андешаи мо, василаи боэътимод дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, башардӯстӣ, инсонпарварӣ ва таҳаммулпазирии хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳсуб меёбанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба