Фарзанд амонатест дар дасти падару модар
Бидон, ки фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва он дили пок чун гавҳари нафис аст ва нақшпазир ва аз ҳамаи нақшҳо холист; Ва чун замин аст, то ҳар тухме, ки дар вай афканӣ, бирӯяд. Агар тухми хайр афканӣ, ба саодати дин ва дунё бирасад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бад афканӣ ва ӯро бад-ӯ бозгузорӣ, ҳар чӣ хоҳад кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад ва аз ӯ хайру салоҳ хоҳӣ ва хизматгорӣ ва ҳақгузорӣ тамаъ дорӣ, ғояти аблаҳӣ ва хомтамаъӣ бошад. Дили ӯ мисли қоғази сафед аст, ки дар ӯ ҳар чӣ нависӣ, қабул кунад, хоҳ русӣ бошад, хоҳ тоҷикӣ. Барои ҳамин кӯшиш кунед, то чизе нависед, ки дар дунёву қиёмат дармонда нашавед. Чунки Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки нигоҳ доред худро ва аҳлу фарзандони худро аз оташи дӯзах.
Имоми Аъзам раҳматуллоҳу алайҳи мегӯяд, ки фарзандони кофирон ва ҷуҳудон ҳам таваллуд шаванд, то вақти балоғат дар имони фитратанд, яъне дар имони азалӣ. Дар вақте ки арвоҳҳои мо дар рӯзи мисоқ ахду паймон карда буданд, ба ҳамон имон таваллуд мешаванд, леқин онҳоро падару модарашон маҷусӣ ё насронӣ мекунанд ё дар дигар динҳои ботила мегардонанд. Инчуни фарзандони мусалмононро дар ҳолати хурдӣ падару модар кадом тарафе, ки баранд, мебаранд.
Дар амри тарбияти фарзанд писар ва духтар ҳар ду баробаранд. Тарзи фикре, ки баъзе падару модар дар бораи фарзандон доранд, чунончи писарро аз духтар болотар медонанд, ин фикри ғалат ва аз ахлоқи инсонӣ дур аст. Писарро ҳеҷ гуна имтиёзе бар духтар нест, падар ё модар наметавонанд ба хотири писар дили духтарро ранҷонанд.
Ислом андешаи нодурустеро, ки писаронро бар духтарон бартарӣ медоданд, аз байн бардошт ва барои ҳимояти духтарон ва ҷонибдорӣ аз онҳо ба падарон супориш додааст.
Расули Худо (с) фармуд: беҳтарин фарзандони шумо духтаронанд. Писарон неъматанд аз ҷониби Худованд бар падару модар ва духтарон бошанд, ҳасана, яъне некӣ.
Дар рӯзи қиёмат Худованд падару модарро аз неъмат ҳисобот мегирад ва аз ҳасана бошад, ҳисобот намедиҳанд, балки савоб мегиранд. Ба Пайғамбар (с) хабар расониданд, ки Шумо духтар ёфтед. Ӯ бисёр хурсанд шуда гуфт, духтар гуле аст, ки ӯро мебӯям ва рӯзии ӯро Худованд медиҳад. Ва фармуданд он касе, ки се духтар ё се хоҳарро сарпарастӣ кунад, биҳишт бар ӯ воҷиб гардад. Ислом дастур медиҳад, ки агар падаре ҳадияе барои фарзандон биёрад, аввал бояд, ки духтаронро бидиҳад, баъд писаронро, ҷунки дили духтар бисёр нозук аст ва меранҷад. Бисёр нораво ва зишт аст рафтори он падаре, ки духтарашро шаллоқе бизанад ва ё мушту лағат бизанад.
Луқмони Ҳаким мегӯяд: фарзанди нохалаф монанди марди шашангушта аст, агар бибурӣ, дард кунад ва агар набурӣ, айб бувад.
Мавлоно Муҳиддини Хонӣ мегӯяд: рӯзе дар шаҳре ваъз мегуфтам ва дар ҳаққи падару модар сухан мерафт. Писаре бархост ва гирён шуда гуфт: ё Мавлоно, чӣ мефармоед дар ҳаққи фарзанде, ки риши падарро бигирад ва чӯб бар сари падар занад.
Гуфтам: аз падар чӣ кор омӯхтааст?
Гуфт: харбонӣ..
Гуфтам: ҷурми аввал аз тарафи падар аст, ки ӯро дар хурдӣ ба мактаб нафиристодааст, то илму адаб биёмӯзад ва бо солиҳон сӯҳбат кунад ва бо падар бехурматӣ накунад ва таъзими падар ба воҷибӣ адо намояд. Аммо чун аз кӯдакӣ ба харбонӣ одат карда бошад, чӯб бар сари падар зада, гумон мекунад, ки бар сари хар мезанад.
\* *
Надонӣ, ки сӯҳбат асар мекунад,
Ки беҳурматӣ бо падар мекунад.
Пас фарзандро аз торикии нодонӣ ба рӯшноии илм биовар, ки илм фахр аст. Фарзанд то ба балоғат расиданаш агар тоату ибодат кунад, ҳам ба ибодат кардан одат мекунад ва ҳам ибодати ӯро дар номаи аъмоли падару модараш менависанд.
Агар ӯро ба назди олиме барад ва ӯ Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳимро ёд гирад, Худои таоло падару модар ва устоди ӯро аз оташи дӯзах наҷот медиҳад.
Овардаанд, ки як шахси бузург аз гӯристоне мегузашт, ба илми ҳол дид, ки шахсе ба азоби қабр гирифтор аст. Баъди чанд муддате гузараш боз ба ҳамин гӯристон афтод, дид, ки мард аз азоб халос шуда дар роҳат аст. Дар тааҷҷуб монда аз ҳазрати Худованд талаб кард, ки сабаби аз азоб халос шудани мардро ба ман маълум намо. Нидое шунид, ки ин шахс дар дунё амали неке надошт, аз ҳамин ҷиҳат ба азоб гирифтор буд, лекин баъд аз вафоташ аз ӯ фарзанде ба дунё омад.
Модараш ӯро ба назди олиме бурд ва ӯ Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳимро ёд гирифт Худои таоло ба баракати хондани писараш ӯро аз азоби қабр халос кард.
Бародарон ва хоҳарони муҳтарам, бубинед, ки ба сабаби аз оёти Қуръон хондани фарзанде, ки ӯ аз падар ятим монда буд. Худои таоло падари ӯро аз азоби қабр озод кард. Агар падару модар худашон дар ҳолати ҳаётияшон фарзандро қуръонхон кунанд ва аз қафои вай сарфу харҷ кунанд, пас чӣ қадар аҷру савоб мегиранд, худатон фикр кунед.
Дар ин мавзӯъ суханҳо бисёр аст, лекин барои шахси бофаҳм ҳамин ҳам кифоя аст.
Худовандо, ҳамаи моро ба сӯи роҳи рост ҳидоят намуда, ба гуфтаҳои китоб амал карданро насибу рӯзӣ гардонӣ.
Эй ЗИ хокат офарида, хокиё, ҳушёр шав,
Хок будӣ, хок гардӣ, дар миён ҳушёр шав.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё