Зеҳн

Нуҳ ибни Марям

АХ
Ахбор6 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Нақл аст, ки Нуҳ ибни Марям, қозии шаҳри Марв буд. Ӯро духтаре буд, бузургони шаҳри Марв духтарро хостгорӣ мекарданд, аммо қозӣ хостгорҳоро рад мекард. Вай мегуфт, ки ман духтарамро танҳо ба ҷавони парҳезгор медиҳам ва барои духтараш ҷавони муносиб меҷуст. Ҳарчанд ҷӯст, ҳеҷ касро аз ғуломи худ Муборак парҳезгортар ва диндортар надид. Пас ӯро озод кард ва духтари худро ба ғуломи худ никоҳ карда дод.

Муборак то чил рӯз гирди духтар нагашт. Модари духтар аз он ҳол хабардор шуда, шикоят кард ва ба шавҳараш гуфт:

-Духтари порсову покизаи худро ба ғуломи худ додӣ. Ӯ бошад, ҳанӯз майле ба вай намекунад, ин чӣ кор буд, ки ту кардӣ?

Қозй Муборакро ба наздаш хонда гуфт:

-Эй Муборак, ту магар аз фарзанди ман ноз мекунӣ, ки ба ӯ илтифоте надорӣ?

Муборак гуфт:

-Эй қозии мусалмонон, маро бо фарзанди шумо чӣ гуна ноз расад, аммо чун мансаби қозигӣ ба шумост, метарсам, ки ин духтар дар хонаи шумо луқмае хӯрда бошад, ки шояд шубҳанок бошад. Ман эҳтиёт мекунам ва ӯро таоми ҳалол мехӯронам, то даруни вай пок шавад. Агар Ҳақ таоло фарзанде тақдир карда бошад, шоиста ва босалоҳ бошад.

Чун чил рӯз расо бигзашт, духтарро тасарруф кард ва чун ӯ дар луқма эҳтиёт ба ҷой оварда буд, Ҳак таоло ба ӯ Абдуллоҳро насиб гардонд.

Абдуллоҳ ибни Муборак ба чаҳор чиз дар ҳамаи рӯи замин монанд надошт, дар замони худ. Аввал ба илм, дуюм ба ҳилм, сеюм ба шуҷоат, чаҳорум ба саховат шӯҳрат дошт. Ҳамин аст, ки ҳар кас кор аз барои Худо кунад, ҳаргиз зиён накунад.

Пас, бояд, ки шахси мусалмон аз барои дунёи мурдор шуда, фарзанди худро ба дасти нопокон надиҳад.

Дар ин мавзӯъ суханҳо бисёранд, лекин барои шахси бофаҳм ҳамин ҳам кифоя аст, чунки ҳазрати пайғамбар (с) гуфтааст, ки беҳтарин сухан он аст, ки кӯтоҳ бошад ва далолат ба мақсад кунад.

Аз Худованди карим хоҳони онем, ки ҳамаи мову шумopo тавфиқ диҳад ва ба ин гуфтаҳо амал карданро арзонӣ дорад.

Бигу одамиро назар кун дуруст,

Ки ӯ аз чӣ шуд халқ рӯзи нахуст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба