Зеҳн

Неку бади Иинтернет

ЗЕ
Зеҳн2 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Интернет ҷаҳони нопайдоканорест, ки ҳар нафар ба он ворид шуда, вобаста ба савияи дониш ва ҷаҳонбиниву мақсад аз он бардошт менамояд. Интернетро ба як мағоза ё дорухонаи бузург шабоҳат додан мумкин аст, ки ҳар нафар аз рўи эҳтиёҷу дарди худ ба он муроҷиат менамояд.

Зикр намудан бамаврид аст, нафароне, ки савияи донишашон дар сатҳи баланд қарор дорад, онҳо интернетро огоҳмандона ва ба таври манфиатбахш истифода мебаранд. Зеро ҷиҳатҳои мусбии интернет хеле бисёр буда, метавон аз он ғизои маънавӣ гирифт.

Ҳамчунин, барои як гурўҳ мардум,

хосса сокинони кишварҳои мутараққӣ интернет сарчашмаи даромади молӣ маҳсуб меёбад. Барои корхонаву ташкилот интернет воситаи асосии реклама ва муаррифии моли истеҳсолшуда мебошад.

Тавассути интернет ба корҷўён пешниҳод намудани кор ва ташкили интернетмағоза ва садҳо ҳазор воситаи дигари даромад вуҷуд дорад, ки ин ҳамаро метавон паҳлуҳои манфиатноки ин шабакаи ҷаҳонӣ номид. Ҳамчунин, вақте ки мо дар бораи ҷиҳатҳои мусбати ин шабакаи сайёравӣ суҳбат мекунем, наметавонем аз аҳамияти сомонаҳои интернетӣ, ки ҳамарўза ҳазорон ҳазор муроҷиаткунанда истифода намуда, матолиби заруриро дастрас мекунанд, сарфи назар намоем. Бо ибораи дигар, интернет китобхонаи бузургеро мемонад, ки аз он дилхоҳ кутубро метавон дар шакли электронӣ пайдо намуд.

Аммо қайд кардан зарур аст, ки дар баробари ин ҳама ҷиҳатҳои хуби интернет, баъзе паҳлуҳои манфии онро зикр кардан аз манфиат холӣ нест. Зеро имрўз ҷомеаи мо дар марҳалаи буҳрони маънавӣ қарор дорад ва насли навраси мо наметавонад аз ин муъҷизаи аср самаранок истифода намояд. Ба он хотир ки корбасти маҳсулнок ҳамон вақт даст медиҳад, ки инсон дониши қавӣ ва шуури сиёсиву ҳувияти миллии комил дошта бошад. Дар сурати набудани дониши зарурӣ ва ҳушёрии сиёсӣ метавонад бо андак ваъдаҳову суханони ба зоҳир хуб фирефта шавад ва зиндагии худро дар хатар гузорад ва бо ин аъмоли ношоиста ба номуси ақрабову ватани хеш иснод орад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе ҷавонону наврасони мо, ки саводи кофӣ ва зиракии сиёсӣ надоштанд, ба зудӣ туъмаи террористону тундгароён гардиданд ва асосан онҳоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин доми муҳлик равона сохтанд.

Вақте ки интернет чунин имкониятҳои фарох дорад, бояд мо насли наврасро дар рўҳияе тарбият намоем, ки аз он самаранок истифода кунад, на барои вақтхушиву корҳои пучу бемаънӣ, ки оқибатҳои нохуш доранд.

На ҳамаи фанҳо таърихи қадимӣ доранд ва алоқамандии онҳо бо воқеият, бо ҳаёти одамон яксон аст. Геометрияро метавон дар қатори қадимтарин фанҳои ҷаҳон ба забон овард. Он ба фаъолияти инсонҳо пайванди қавӣ дорад ва аслан, дар асоси ҷараёни зиндагию кори онҳо арзи ҳастӣ кардааст. Ҳамчун як фасли математика (риёзиёт) геометрия (тарҷумаи айнӣ: заминченкунӣ) шаклҳои фазоии олами воқеӣ, робитаҳои фазоии ашёи гуногун, инчунин, шаклу робитаҳои дигареро меомўзад, ки аз ҷиҳати сохт ба шаклу робитаҳои фазоӣ шабоҳат доранд. Дар таърихи илми халқи тоҷик геометрия бо мафҳуми ҳандаса маъмул аст. Бозёфтҳои бостоншиносон ва сарчашмаҳои таърихӣ бозгўи онанд, ки 3100 сол то милод мисриён барои банақшагирии замин, ҳисоби масоҳату ҳаҷмҳо дар рафти корҳои сохтмонӣ ва тарҳрезӣ усулу қонунҳои риёзиро таҳия карда будаанд. Назар ба таъкиди таърихшиносон, геометрия ҳамчун илм дар асри 6 то милод аз Миср ба Юнон интиқол дода шуда, минбаъд дар ин сарзамини донишварон рушд ёфтааст. Бисёр қонуниятҳои геометрияро алломаи маъруфи аҳди қадим Уқлидус дар асараш «Тарз» (Усул) тавзеҳ бахшидааст. Ченкуниҳои одитарин дар замин ва фазо ба нигоштаҳои ин олим алоқаманданд. Илми геометрияро пас аз Уқлидус дар Юнон олимони барҷаста Архимед, Апполони Перги, Менелай... инкишоф бахшиданд. Масалан, Архимед усули муайян кардани ҳаҷм ва маркази вазнинии бисёр ҷисмҳоро дарёфт намуд. Апполони Перги хосиятҳои буришҳои махрути (конуси)-ро таҳқиқ карда, ба усули координатаҳо замина гузошт.

Дар инкишофи илми геометрия нақши олимони Машриқзамин, аз ҷумла, ниёгони тоҷикон хеле барҷаста аст. Донишмандони ҷаҳоншумул Умари Хайём ва Насриддини Тўсӣ ба шоҳкории Уқлидус «Тарз» шарҳҳои муфассал таълиф карданд. Ин олимони маъруф аввалин шуда дар ҷаҳони илм алгебраро дар ҳандаса (геометрия) татбиқ намуда, ба робитаи амиқи ин ду фан асос гузоштанд. Дастовардҳои пешиниёнашро олими дигари барҷаста Муҳаммади Хоразмӣ инкишоф бахшида, ба комёбиҳои навин дар илми геометрия муваффақ гашт. Яке аз асарҳои ў, ки ба илмҳои алгебраю геометрия мутааллиқ буд, ҳанўз дар асри 12 ба забони лотинӣ тарҷума шудааст.

Минбаъд олимони зиёди тоҷик ба таҳқиқу баррасии ҳандаса шуғл варзида, асарҳои пураҳамият офаридаанд. Бояд гуфт, ки дар рушди илми геометрия олимони рус низ (махсусан, Н.И.Лобачевский) ҳиссаи сазовор гузоштаанд...

Имрўз геометрия яке аз фанҳои хеле пешрафтаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Муваффақияти роҳбари синф бисёр вақт ба алоқаи зичи вай бо оила ва падару модарони хонандагон вобаста аст.

Ин робита, пеш аз ҳама, барои аз тарафи мактаб ва волидони хонандагон таъмин намудани таъсири тарбиявию ахлоқии шогирдон зарур аст. Роҳбари синф бо падару модарон вохўрда, онҳоро ба талаботи мактаб шинос менамояд, дар бораи методу усулҳои муассири корҳои тарбиявӣ маслиҳат медиҳад. Алоқаи зич бо оила барои ба тарбия ва таълими кўдакон амиқу ҳаматарафа ҷалб намудани падару модарон мадад мерасонад.

Алоқаи доимии роҳбари синф бо падару модарони хонандагон ба ў имконият медиҳад, ки таҷрибаи ибратбахши тарбияи оилавиро муқаррар намуда, онро дар дигар оилаҳо паҳн кунад. Масалан, ҳангоми ба хонаи яке аз хонандагон рафтан мушоҳида гардид, ки падару модари хонанда ба вай дар тайёр намудани вазифаҳои хонагӣ кумак намуда, супоришҳои доимӣ ва муваққатӣ пешниҳод мекунанд ва иҷрои он ҳамаро,

тафтиш карда меистанд. Дар маҷлиси навбатӣ инро ба ҳамаи падару модарон нақл кардан мумкин аст. Баъзан аз падару модарон хоҳиш кардан мумкин аст, ки дар бораи дар оила тарбия намудани фарзандон табодули таҷриба намоянд.

Мутаассифона, имрўзҳо маҷлисҳои падару модарон нисбат ба маҷлисҳои қаблӣ дар баъзе мактабҳо таъсири худро гум карда, на ҳама омўзгорон-роҳбарони синф ба тарбияи дастҷамъона диққати зарурӣ медиҳад. Барои рух додани чунин ҳолатҳо вазъияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявии оилаҳо низ таъсири манфии худро мерасонад, зеро аксарияти падарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда барои таъмини ризқу рўзии оила ба кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд. Албатта, чунин ҳолат ба тарбияи хонандагон таъсири манфӣ расонида, барои тарбияву таълим ва маърифати хуб гирифтани хонандагон монеаҳо эҷод менамояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба