Зеҳн

Чӣ гуна китоб хонем, то онро фаромӯш накунем?

КИ
Китобдор15 сентябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Эҳтимол барои шумо ҳам бисёр пеш омада бошад ҳолатҳое, ки ба суроғи китобҳои қаблан хондаатон меравед, ё ба баҳонае ёдашон меафтед, аммо мебинед тақрибан ҳеҷ чизе аз онҳо дар ёдатон намондааст. Шояд ҳофизаи шумо беҳтар бошад, вале эҳтимолан ба ҳолате, ки зикр кардем, рӯ ба рӯ шудаед.

Чӣ аҳли мутолиа ё ба истилоҳ “кирми китоб” бошем ва чӣ аз он гурӯҳ нафароне, ки ба нудрат китоб мехонанд, ё то маҷбур нашаванд, суроғи китоб намераванд, дар ҳар сурат дӯст дорем чизҳое, ки мехонем, ёдамон бимонад ва битавонем аз онҳо дар зиндагӣ истифода кунем; хусусан, вақте чизеро ба қасди ёдгирӣ ё фаҳмидан мехонем, на фақат барои тафреҳ ва вақт гузаронидан.

Агар шумо ҳам кунҷковед бидонед чӣ равишу усулҳо барои ин кор вуҷуд дорад, дар идома шаш пешниҳоди моро барои ин ки чӣ тавр китоб бихонем, то ёдамон бимонад, мутолиа кунед.

Аввалин маҳорати муҳим ин аст, ки бифаҳмем чӣ китобе арзиши хондан дорад. Касби ин маҳорат ҳам монанди ҳар маҳорати дигаре эҳтиёҷ ба тамрин дорад. Барои шурӯъ метавонем нигоҳе ба феҳристи китоб биандозем, муқаддима ё чанд саҳифаи аввалро сареъ мурур кунем, ё ҳатто як саҳифаро ба сурати тасодуфӣ боз кунем ва бихонем. Дар ҳудуди 10 дақиқа бояд битавонем тасмим бигирем оё китоб бароямон ҷолиб аст ва арзиши хондан дорад, ё на.

Аммо қадами аслӣ ин ҷост: агар китоб назарамонро ҷалб накард, роҳат ва бидуни азоби виҷдон канораш бигзорем. Зиндагӣ кӯтоҳтар аз он аст, ки бихоҳем вақтамонро сарфи мутолиаи китобҳои мутавассит кунем. Мо ҳатто барои мутолиаи ҳамаи китобҳое, ки ба назармон фавқулода ҳастанд, вақти кофӣ надорем. Бинобар ин, бояд ҳунари “бехаёл шудан”-ро тамрин кунем.

Яке аз беҳтарин роҳҳои ба хотир супурдани чизе ин аст, ки онро дар амал ба кор бигирем. Бинобар ин, агар китобҳое бихонем, ки метавонем онҳоро мустақиман дар зиндагӣ ва шуғли худ ба кор бигирем, имкони бештаре вуҷуд дорад, ки муҳтавои онҳо ёдамон бимонад. Албатта, ин аслан ба ин маъно нест, ки фақат китобҳои “корбурдӣ” бихонем, балки манзур ин аст, ки китобҳое бихонем, ки ба навъе бо зиндагии рӯзмарра ё дағдағаҳои мо дар иртибот ҳастанд. Ин кор тамаркузи моро дар замони мутолиа бешатр мекунад ва ба мо ангезаи ёдгирӣ медиҳад.

Нигарон набошед, пешниҳодҳои баъдӣ дар мавриди корҳое аст, ки бояд ҳангоми мутолиа ва баъд аз он анҷом диҳед.

3 – Ёддоштбардорӣ кунед

Баъид аст то ба ҳол ин пешниҳодро нашунида бошед, аммо ночорем онро такрор кунем, чун воқеан муҳим аст. Ҳангоми мутолиа ба ҳар равише, ки роҳаттарем, ёддоштбардорӣ кунем. Метавонем як қалам пеши худ дошта бошем ва зери нукоти муҳим хат бикашем, ё нукоти муҳимро дар ҳошияи китоб бинависем. Китобхонҳои шакли электронӣ ҳам имкони навиштани ёддоштро доранд.

Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ин ёддоштҳо қобили ҷустуҷӯ бошанд ва баъдан битавонем онҳоро роҳат пайдо кунем. Агар нусхаи чопии китобро мехонед, метаонед аз барчаспҳои нишонагузор истифода кунед. Пешниҳоди мо истифода аз дафтарчаҳои диҷитолӣ монанди “Evernote” аст. Чӣ будани ин дафтарчаи электронӣ ва чӣ гуна истифода бурдани онро аз интернет ҷустуҷӯ кунед, бовар дорем, писандатон меояд.

4 – Як хулосаи кӯтоҳ барои китоб бинависед

Навиштани як хулосаи кӯтоҳ аз китоб баъди тамом кардани он усули бисёр муассир аст. Ин хулосаи китоб метавонад як боб ё ҳадди аксар як сафҳа бошад. Мавқеи навиштани ин хулоса ба ҷавоби ин пурсишҳо фикр кунем:

·      Ғояҳои аслии китоб чӣ буд?

·      Мутолиаи китоб чӣ фоидае бароям дошт?

·      Чӣ тавр метавонам хулосаи китобро барои дӯстам таъриф кунам?

Хуб аст ба ёддоштҳоямон ҳам руҷӯъ кунем ва мутмаин шавем, ки ҳамаи нукоти муҳим ва аслиро дар хулосаи китоб овардаем. Навиштани хулосаи китоб ҳам дар арзёбии фаҳме, ки аз китоб доштаем, бисёр муфид аст ва ҳам кумак мекунад муҳтаворо беҳтар ба хотир биспорем.

Ҳамчунин, ин хулоса метавонад маҳалле барои муроҷиоти баъдӣ бошад. Ҳар гоҳе, масалан, поёни ҳар сол хулосаи китобҳоеро, ки навиштаем, мурур кунем, бо ин кор ҳам ғояҳои асли амиқтар дар зеҳн менишинанд ва ҳам фурсате барои пайдо кардани иртибот байни андешаҳои мухталиф ба даст меоварем.

5 – Муҳтавои марбутро дунбол кунед

Нақли қавли машҳуре аз Тумос Окуйнос (Фома Аквинский) аст, ки мегӯяд, “аз фарде, ки фақт як китоб хонда дурӣ кун”. Агар дар ягон мавзӯъе фақат як китоб бихонем, донишамон дар мавридаш эҳтимолан сатҳӣ ва ғайри қобили иттико хоҳад буд. Дар иваз хондани китобҳои марбут ё пайваст ба як мавзӯъ илова бар он ки дониши бештаре дар он ҳавза ба мо медиҳад, боис хоҳад шуд иртибот байни мафҳумҳо ва андешаҳо беҳтар дар зеҳнамон сабт шаванд ва муҳтаворо беҳтар ва амиқтар ба хотир биспорем.

6 – Дубора бихонед

Пешниҳоди охир ин ки китобҳои олиро беш аз як бор бихонед. Ин кор боис мешавад ғояву андешаҳои аслӣ дар умқи зеҳн сабт шаванд ва, албатта, таваҷҷуҳро ба матолибе, ки дафъаи қабл аз чашмамон дур монда буд, ҷалб мекунад. Дар айни ҳол агар мутолиаи доимӣ дошта бошем, бо гузашти замон дониши мо бештар шуда, зовияи нигоҳамон тағйир хоҳад кард. Бинобар ин, бозхонии китобҳои муҳим метавонад андешаву ғояҳои зиёди нав ба мо бидиҳад.

Насим Толиб, нависандаи эронӣ дар ин мавзӯъ мегӯяд, “як китоби хуб баъд аз ду бор хондан беҳтар мешавад ва баъд аз саввумин бор олӣ. Ҳар китобе, ки арзиши ду бор хонданро надошта бошад, куллан арзиши хонданро надорад”.

Ин матлаб аз форсӣ ба сириллик баргардон шудааст.

Дидгоҳи шумо дар робита ба мавзӯъе, ки пешкаш шуд, чӣ гуна аст?

Шумо чӣ роҳеро медонед, ки муҳтавои хондаатонро фаромӯш накунед?

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба