Оё марг намешуд
Устоде, дар дарси дин ба толибилмони мактаби миёна, ки тақрибан синфҳои 7–8-тум буданд дарсро оғоз кард. Мавзӯъ: Имон ба малоикаҳо буд. Устод ба тахтаи синфӣ номи мавзӯъро навишт ва шурӯъ кард ба таърифи малоикаҳо. Малоикаҳо ҳамеша ва ҳаммавақт дар зикру ибодоти Аллоҳ(ҷ.ҷ) мебошанд, онҳо гуноҳ намекунанд, кори бад намекунанд. Дар ин ҳолат як толибае зуд аз ҷояш хеста гуфт:
- Аммо, Устод, Азроил ҳам?
Устод:
- Нафаҳмидам писарҷон, чи гуфтан мехостӣ?
- Чунки Азроил, ҷони ҳамаи инсонҳоро мегирад ва руҳашро аз вуҷудаш ҷудо мекунад, магар ҳамин кори хуб аст?
- Бале писарҷон: ин ҳам кори хуб аст. Марг барои инсонҳо бохайр аст, яъне хуб аст.
Тамоми синф дар ҳайрат афтоданд ва бодиққат гӯш мекарданд. Маълум буд, ки дар чеҳраҳои духтарҳо як тарсу ҳарос намоён буд, ба ин нигоҳ накарда онҳо гӯш мекарданд, ҳатто ҳаракат намекарданд.
- Бале, марг ҳам хуб аст. Аллоҳ(ҷ.ҷ) ҳамаи чизро зебо, бохайр ва бо ҳикмат офаридааст. Марг ҳам хайр аст.
- Як бор фикр кунед, агар пиронсолон ҳеҷ намемурданд?
- Ба ин қадар пиронсолони мӯҳтоҷ буда, кӣ нигоҳ мекард?
- Агар ҳама ба нигоҳубини пиронсолон машғул мешуданд. Кӣ барои рӯзғори хона кор мекард. Ҳама аз нигоҳубини пиронсолон хаста мешуданд, муҳаббат, эҳтиром, ҳурматҳо нисбати пиронсолон хеле кам мешуд. Боз ба пиронсолон ҳам душвор мешавад, чунки онҳо намехоҳанд мӯҳтоҷ ба дигарон бошанд. Аммо ба онҳо нигоҳ кардан вазифаи мост, бо муҳаббат ва ҳурмат кардан ҳам.
- Акнун фикр кунед, ки дар як оила, чандин қадар пиронсолон ҷам шаванд, онҳоро чигуна нигоҳубин мекунанд?
- Рӯз аз рӯз аҳволаш вазнин мешавад, қувваташон кам мешавад, дастошон меларзад, чашмҳояшон намебинад, хӯроку обашонро хӯрда наметавонанд, яъне эҳтиёҷоти худашонро дида наметавонанд.
- Акнун гӯед, ки ҳамин тавр зиндагӣ кардан хуб аст, ё ба касе мӯҳтоҷ нашуда мурдан хуб аст?
- Инсоне, ки мӯъмину мусалмон бошад, ботақвою боимон бошад, магар, ба инхел инсон марг бад аст?
- Ба инсоне, ки дуруст зиндагонӣ кардааст: яъне бономус, диндор, боимону ботақво, боибодату некиҳо, магар ба инхел инсонҳо марг як воқеаи тарс аст?
- На!
- Ба монандӣ, ҳаминхел инсони мӯъмин, аз ин дунёи фони, парешонию дарду ранҷу азоб озод шуда ба дунёи ҶАННАТ гузаштан беҳтар аст.
- Баъзе бемороне ҳастанд, ки дард ва изтироб доранд ёки ба дардҳояшон даво нест, чандсолҳо азоб мекашанд ва марг барои онҳо як озодӣ ва роҳат аст.
Инсоне, ки барои наҷоти охираташ зебо зиндагӣ кардааст, дарҳои дунёи абадии босаодат ва хушбахтии тамомнашаванда кушода мешавад.
Аз ин маълум мешавад, ки Азроил бади намекардааст.
Барои инсони боимон шиносномаи (паспорт) ҶАННАТ -ро медиҳанд ва азобу кулфатҳои дунё тамом шуд, абадӣ, хурсандӣ ва роҳатро эълон мекунанд.
- Азроил малоикаи калон ба инсонҳо хуби мекардааст ё бадӣ?
Занги танаффус садо дод ва дарс ба охир расид…
- Толибае ки дар оғози дарс савол дода буд гуфт:
- Устод ман акнун фаҳмидам ки барои инсони боимон, марг бад нест .
- Аллоҳ(ҷ.ҷ) ҳамачиро зебо офаридааст. Офаридаҳояш фоиданок ва зебост.
Бале ин ҳақиқат ва рост аст, Аллоҳ(ҷ.ҷ) ҳамаи офаридаҳояшро зебо ва бохайр гардонидааст. Дар паси ҳар як пардаҳо зебои нуҳуфта аст. Вақте мо корҳои хайр ва фармонҳои Аллоҳ(ҷ.ҷ)-ро ба ҷой меорем, соҳиби зебои ва мукофот мегардем, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират. Аз илмҳои ғайби Аллоҳ (ҷ.ҷ) мо хабардор нестем. Аллоҳ(ҷ.ҷ) ҳамаи бандагонашро дӯст медорад ва ба бандагонаш сахтию азобро намехоҳад. Аллоҳ(ҷ.ҷ) бо воситаи Қуръон ба бандагонаш роҳи дурусти зиндаги карданро, роҳи Иҳдинас сиротал мустақим ро нишон додааст.
Худовандо ба тамоми бандагонат чашми зебо диданро, қалби зеборо ки пур аз муҳаббати худат бошад, бештару беҳтар бигардон.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё