Зеҳн

Ба китоб меҳр бояд баст

ЗЕ
Зеҳн31 октябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Ба мутолиа ҷалб намудани хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ роҳу шеваҳои гуногунро дар бар гирифта, дар ин самт фаъолияти муташаккилонаю якҷояи муаллимон (роҳбарони синфҳо), китобдори мактаб ва падару модарон муассиру судманд мебошад. Махсусан, робитаи волидон бо мактаб дар заминаи баргузории ҷамъомадҳои умумимактабӣ ҷиҳати ба китобу китобхонӣ шавқу ҳавас пайдо кардани хонандагон нақши калон дошта, дар ин самт тарбия намудани онҳо дар рўҳияи худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, эҳсоси волои меҳанпарварӣ бузург мебошад. Имрўз падару модаронро зарур аст, ки танҳо ба харидани ду-се номгўй китоби бадеӣ маҳдуд нашуда, ба таъсис додани китобхонаи оилавӣ камар банданд. Албатта, таъсиси китобхонаи оилавӣ кори якрўза-дурўза набуда, вобаста ба шароиту имконоти молиявию иқтисодӣ амалӣ карда мешавад. Қабл аз он ки волидон ба хариду ба фарзанд дастрас намудани китоб шурўъ кунанд, бояд нахуст майлу рағбат ва хоҳишу ҳаваси фарзандонро пурсон гарданд. Танҳо баъд аз ин онҳо метавонанд ба хариди китобу ташкили китобхона оғоз намоянд. Бояд хотиррасон намуд, ки вазифаю масъулияти падару модарон танҳо бо таъсис додани китобхона анҷом намеёбад. Бояд худи волидон бо мутолиаи асарҳои бадеӣ намунаи ибрати фарзандон гарданд. Вақте ки фарзанд мушоҳида мекунад, ки падару модараш дар соатҳои фориғ аз ташвишҳои зиндагӣ ба хондани китоб машғул мешаванд, дар дилаш хоҳише ба вуҷуд меояд, ки ў ҳам бояд монанди волидонаш ину он асари бадеии ба синну солаш мувофиқро мутолиа кунад. Вале бояд падару модарон ба он масъала ҷиддан диққат зоҳир намоянд, ки китобхонии фарзандон сатҳӣ ва аз рўйи ҳавою ҳавас набуда, аз сидқи дил ва бо тақозои виҷдонашон сурат гирад. Дар масъалаи ба китобхонӣ ҷалб намудани фарзандон усулҳои зиёде мавҷуд аст, ки волидон метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Аз ҷумла, қироати китобчаҳои афсона барои хонандаи синфҳои 1-2. Дар хона афсонаҳои китоберо қироат карда, падар ва модар ба фарзанд лаҳзаҳои ҷолибу шавқовари онро ҳамзамон, бо эҳсосу ҳаяҷон нақл мекунанд. Байд аз он аз духтарча ё писараки худ хоҳиш мекунанд, ки китобро мустақилона мутолиа кунад. Пас аз мутолиа ба фарзандашон супориш медиҳанд, ки китобро бо овози баланд қироат кунад.

Танҳо баъди анҷоми қироат падар ё модар аз фарзанд пурсон мешавад, ки афсонаҳои мазкур ба ў маъқул шудааст ё не?

Агар маъқул шудааст, барои чӣ, баръакс, маъқул нашудааст, сабаб дар чист? Хуллас, раванди ба мутолиа ва умуман, меҳр бастан ба китоб аз ҷониби фарзанд дар оила бояд пайваста зери назорати волидон қарор дошта бошад.

Аз аҳди қадим дар байни ниёгони мо китоб ҳамчун яке аз ашёи муқаддасу арзишманд эътироф шудааст. Мардум китобро бо эътирому эътиқод рўи даст меоварданд, онро ба дида мемоланду дар ҷойгоҳи махсусе мегузоштанд. Гузаштагони соҳибхиради мо дар бораи китоб суханони баланду самимӣ ва ихлосмандона гуфтаанд, ки мо он суханонро мехонему азёд мекунем ва муҳаббатамон ба китоб боз ҳам меафзояд. Суханварони бузурги халқҳои дигари дунё низ китобро ситоиш кардаву дар борааш бо эътиқоду сидқ ҳарф задаанд. Чанде аз ин гуфтаҳоро ба сифати тақвияти фикр иқтибос меоварем. «Ба воситаи китоб метавон тамоми сайёраро саёҳат кард(М.В.Ломоносов), «Бо хондани китоби хуб ҳар шахс худро донотару тавонотар ҳис мекунад» (Я.Судрабкалн), «Вақте ки ман китоб мехонам, гумон мекунам, ки он зинда асту бо ман гуфтугў мекунад» (Ҷ.Свифт), «Бихонед! Бигзор, дар ҳаёти шумо рўзе набошад, ки китоберо варақ назада бошед» (К.Паустовский), «Китоб нахондан барои ман бо зиндагӣ накардан баробар аст» (И.С.Никитин), «Пас аз соате китоб хондан ман ҳама ғамҳоямро фаромўш мекунам» (Монтеские)...

Дар заминаи гуфтаҳои адибону олимони тоҷик ва суханварони маъруфи ҷаҳон мо, омўзгорон, бояд шогирдони хешро дар рўҳияи эҳтиром ба китоб ва ба китобхонию китобдўстӣ тарбия намоем. Вақте ки шогирдони мо ба китоб унс мегиранду ба китобхонӣ иштиёқи ҳамешагӣ пайдо мекунанд, таълиму тарбияи онҳо низ осонтар мешавад, зеро китоб худ бузургтарин тарбиятгар ва неруи беназиру пуриқтидору пешбар аст. Дар ҳар дарс китоби наверо ба шогирдон муаррифӣ кардану хондани онро таблиғ намудан амали хеле пурманфиат дар ҷодаи тарбияи хонандагон дар рўҳияи китобдўстист. Дар синфҳои алоҳида ё дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ ташкил намудани озмуни «Китобхонҳои фаъол» (як шакли озмун «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст») ба он мусоидат мекунад, ки хурдтаракон ҳар чӣ бештар рўй ба китоб биоваранд. Барои он ки шогирдони мо, воқеан ҳам, китобхон шаванд, ҳамкории мактабу омўзгорон бо падару модарон хеле муҳим аст. Бигзор, дар ҳар хонадон китобхонаи хурди оилавӣ мавҷуд бошад, то фарзандон лаҳзае дур аз китоб намонанд ва ҳамеша бо «аниси кунҷи танҳоӣ бошанд».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба