Зеҳн

ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТИВУ ХЕШТАНШИНОСӢ ТАРБИЯТ НАМУД!

КИ
Китобдор30 октябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Шахси бомаърифат гуфта шахсеро мегӯянд, ки аз ҷиҳати одобу рафтор, суханронӣ ва ақл бой бошад. Одобу рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳар шахс маданияти баланди гуфтор, муомила ва ҳурмату эҳтироми махсусро талаб мекунад. Якчанд амалҳое ҳастанд, ки ҳангоми риоя накардани онҳо бемаърифатии касро нишон медиҳад. Масалан: бо овози баланд гап назадан, аввал бо иҷозати умум сухан гуфтан ва ҳар як суханро фикр кардаю санҷида бо далелҳои раднашаванда гуфтан, ба суханони дигарон бодиққат гӯш кардан, ҳангоми ба автобус ё троллейбус ва умуман тамоми нақлиёти мусофиркаш бо навбат даромадан. Дар дохили нақлиётҳои мусофиркаш эҳтироми калонсолонро ба ҷо овардан.

Мушоҳидаи ҳаёти имрӯза, дидану шунидану рафторҳои баъзан ҷавонони имрӯза мо, омӯзгоронро ҳаррӯза дар ҳайрат меорад, ки ҷавонон, донишҷӯён дар баробари ба нақлиёти мусофиркаш дохил шудани калонсолон ё маъюбон телефонҳои мобилии худро бо гушмонакҳояш (наушник) дар гӯш монда гӯё ягон касро на мебинанду на мешунаванд. Як зарари телефони мобилӣ ҳамин аст, ки дар дохили нақлиёти мусофиркаш барои ҷавонон баҳонаи тайёр аст, чун худашонро танҳо дида ба калонсолон ҳатто ба маъюбон низ аҳамият намедиҳанд. То ягон нафар аз калонсолон ба онҳо ишораи ҷой доданро накунанд, онҳо тамоман аҳамият намедиҳанд ва аз ҷой намехезанд. Ҷавонони ботарбияю баодоб дар ҷаҳони имрӯзаи мо кам ба чашм мерасанд. Аз ин бармеояд, ки тарбияи фарзандон дар хона аз тарафи волидайн он қадар хуб нест, ба фарзандон кам аҳамият медиҳанд ва кам сухан аз тарбия мекунанд. Агар ҳар як падару модар ба фарзандони худ дар хона нишаста аз одобу ахлоқу рафтору ҳурмати инсонгарӣ сухан кунанд, ин хело ба ҷамъяту миллати мо манфиати калон меоварад.

Аз ин рӯ, мо метавонем дар ҳар як қадам дар ҳар як лаҳзаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятию дар дарсҳо ба ҷавонон аввалан аз тарбия, аз одобу муошират, аз ахлоқу маданияти баланд сухан кунему тарбия диҳем. Суханварӣ ё сухангӯӣ низ яке аз сифатҳои дорои маърифати баланди инсонӣ мебошад. Сухан бузургтарин неъмат ва атои табиат аст. Қадру қимати инсоният қабл аз ҳама, дар суханронии ӯ ифода меёбад. Сухан воситаи муошират аст, вай пеш аз ҳама бояд маъно ва мантиқ дошта бошад. Барои суханҳои беҳтаринро гуфтан луғатдонию калимадонӣ лозим аст. Барои бисёртар сухан донистану бисёр фарҳангро донистан ҳар як шахс бояд аз мутолиаи китоб, аз хондани газетаю маҷаллаҳо дур набошад. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ,пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Кас ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамолики зиёд ошно мегардад. Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан, Чу зар санҷида, он гоҳ харҷ кардан.

Ба шахси бофарҳанг бошад либос ва тарзи либоспушӣ дохил мешавад. Либос хушрангу зебо касро хушнамуд, дилрабо, гуворо ва ба дараҷае мафтункунанда менамояд. Аз ин рӯ мақоли халқиест, ингуна: «Хонаю палос, одаму либос». Бояд қайд кард, ки дар либоспушӣ як норасоии ҷиддӣ мавҷуд аст, ки он ҳар як либоси зеборо ба дараҷаи ночиз табдил медиҳад. Ашхосе ҳастанд, ки худи либос, вақту соати пушидани онро дуруст дарк намекунад, намудҳои мухталифашро бе ягон мувофиқат мепӯшанд. Ин вазъи либоспӯшӣ бемаданиятию бефарҳангии ашхосеро нишон медиҳад, ки мувофиқу номувофиқ, зебою нозебоии либосро дуруст дарку фарқ карда наметавонанд ё онро намехоҳанд. Ҳол он ки риояи ин ҷиҳатҳои либоспӯшӣ барои намуди зоҳирии ҳар як шахс аҳамияти калон дорад ва умуман маданияту фарҳанги ӯро нишон медихад. Тозаву озода пӯшидани либос низ ҷиҳати муҳими тарзи либоспӯшӣ мебошад. Шахси табиатан озода онро ҳамеша тозаву покиза ба тан мегирад. Масалан пӯшидани куртаи миллии тоҷикӣ, аз ҷумлаи куртаи атласу куртаи чаканро мегирем, куртаи миллии тоҷикии атлас ба тан чи кадар зебанда аст. Дар ҳар як давлат тарзи либоспушии одамон гуногун аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир бо назардоштӣ фарҳангу анъанаи миллӣ либоси ягона барои хонандагони макаби миёна ва мактаби олӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст.

Аксарияти ҷавонон кӯр-кӯрона ба либоспушии бегона тақлид мекунанд. Инро ҳам аз тарафи донишҷӯдухтарон ва ҳам аз тарафи донишҷӯписарон риоя накардани талабот дида мешавад ва таъсири фарҳанги бегона бештар ба чашм мерасад. Баъзе ҷавонон ба бегонапарастӣ тақлид мекунанд, ки он аз як ҷиҳат паст гардидани ахлоқ дар ҷомеа мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, пӯшидани либоси муносиб вобаста ба муҳиту ҷойи кор омили муҳим ба ҳисоб меравад. Либос инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст.

Шарифзода Ф. Ҷ.-

ассистенти кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба