Саид Аҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ
Саид Аҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ соли 1864 дар Самарқанд, дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Ӯ дар синни 7-солагӣ аз падар ятим монда, бо машаққат ва заҳмати модараш тарбия ёфта, дар мактаб хату савод мебарорад. Аҷзӣ барои таъмини рўзгор хеле барвақт аз овони бачагӣ меҳнат намуда, дар тамоми умр ба касбу ҳунарҳои гуногун — соатсозӣ, бофандагӣ, кафш-дузӣ, мўҳрканӣ ва деҳқонӣ машғул шудааст. Ӯ соли 1927 дар ватанаш Самарқанд вафот кардааст.
Аҷзӣ ба Россия сафар намуда, ба забони русӣ озод гап мезадааст ва «Шинел» ном повести Н. В. Гоголро ба забони ўзбекӣ тарҷума кардааст. Шоир дар рўзнома ва журналҳо ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва озарӣ шеърҳо чоп намудааст, Ба ғайр аз ин Аҷзӣ якчанд маҷмўаҳо тартиб додааст. Аз ҷумла: 1. «Ганҷинаи ҳикмат», ки соли 1914 дар шаҳри Тошканд нашр гардидааст. 2. «Миръоти ибрат» соли 1913 дар Тифлис ба забони тоҷикӣ чоп шудааст. Шоир ин маснавиашро худаш ба забони ўзбекӣ тарҷума кардааст. 3. «Анҷумани арвоҳ» низ соли 1913 дар Тифлис чоп шудааст.
Раво мадор,ки рўят набинаму мирам,
Мапўш чеҳра зи ман, то ду бўсае гирам.
Ҷудо зи кўи ту афтоданам Худо накунад.
Ба доми зулфи ту афтода бори занҷирам.
Ба ёди васли ту серам зи ҷон ба водии ҳаҷр,
Маро барои Худо аз висол кун серам
Ҷазои ошиқ агар куштан аст, бисмиллаҳ,
Бикуш ва гарна ба мардум бисоз тадбирам.
Асири холу хатат то шудам,фидот шавам.
Насиҳати ҳама олам накард таъсирам:
Ниҳон зи дидаи Аҷзӣ камони абрўро
Кушодаиву намудӣ нишона бар тирам,
\\\*
Бўса аз лаъли лаб он ҳурсифотам надиҳад,
Биллаҳ, ин ғусса чу аз марг наҷотам надиҳад,
Талхии заҳри фироқаш зи вуҷудам наравад,
То ки он сарви Самарқанд наботам надиҳад.
Тарсам аз раҳзании куфри ду кокул ки турост,
Ҷон агарчанд ба лаб омада бошад, наравад,
Дину имон барад аз даст, баротам надиҳад.
То дусат бўса ба вақти сакаротам надиҳад.
Чун ман аз тирагии бахт наyолам, Аҷзӣ,
Гирад он ҷумла сиёҳӣ ба давотам надиҳад.
\\\*
Ғалтида бар ораз зи по зулфат чу паҳлў мезанад,
Ҳар дам ба ҷони ошиқон сад ханҷар он мў мезанад.
Лаъли лаби ҷонпарвараш бинад агар Хизру Масеҳ,
Ин з-оби ҳайвон гардаду он дам зи лаб ў мезанад.
Аз сайди хату холи ў ҳар гаҳ кунам дилро раҳо,
Аз ғамза сад тирам ба ҷон он чашмҷоду мезанад
Моҳи нав, зй сарви равон, афтода ҳар шаб з-осмон,
Сар бар замин бо ёди он меҳроби абрў мезанад.
Ҷамъу парешон гар кунад ногоҳ ба рух зулфат сабо,
Сунбул худ аз ошуфтагӣ ҳар дам ба ҳар сў мезанад.
Эй моҳи оламгири ман, аз баҳри таъзими рухат
Биншаста ховар бар замин ҳар шом зону мезанад.
То дида шамъи оразат ин Аҷзии бепою сар,
Дар субҳ ҳар сў меравад, дам з-он гули рў мезанад.
\\\*
Қалам, яъне сухансанҷи ҳарифон, рози муштоқон,
Аниси аҳли дарду воқифи асрори инсу ҷон.
Аз он рўзе, ки омад аз адам дар олами аквон.
Басар бинмуда роҳи ишқро дар кишвари имкон.
Расонад ҳоли зори бедилони ранҷфарсуда,
Ба дилдорони олӣ фитрати рашки маҳи тобон.
Ман аз ҳаҷри рухи ҷонон на танҳо хонабардўшам,
Ду чашм аз гирья пурхун аст, дил аз фурқаташ сўзон.
Мурувват нест дар симои хубони накўахтар,
Муяссар нест аз васли бутон моро ба ҷуз ҳирмон.
Дамодам санги ҳасрат мерасад бар ҷонам, эй қосид,
Паёме бар Худоро аз мани пурғуссае афғон.
Ҷазоям ин ки қадри васли он гулрӯ надонистам,
Аз он рӯзе, ки з-ин сон з-он париваш дур афтодӣ,
Ту Аҷзӣ оҷизӣ пеш ору магзин шиква аз ҳиҷрон.
\\\**
Баҳори тоза бо гул мекунам улфатгузиниҳо,
Ҷаҳонро сабза берун карда аз ранги заминиҳо.
Зи найранги замон чашми тамошо мебарад ҳайрат,
Фусуни ғафлат аз по карда саъи дурбиниҳо.
Сияҳрўзӣ зи нури офтобе карда маҳрумам,
Саҳар ҳам, дар шаби мо мекунад хилватнишиниҳо.
Ғано то чанд ё раб, каҷравонро ҳамнишин бошад
Ба лўълўъ домани гардун пур аз сайёрачиниҳо.
Ба ҷон, ҳар лаҳза захми тоза аз теғи дигар дорам,
Ба хун то чанд ҷўлад бисмили ман аз ҳазиниҳо,
Канори баҳри ирфон сокину лабташнагӣ то кай?
Рами сайди талаб то чанд бод, аз бекаминиҳо?
Ба сар чоҳе кан, обе каш, зи баҳри манзилободӣ
Хаёли осмонгардӣ макун, бош аз заминиҳо!
Тавозӯъ дар шикасти худписандӣ оламе дорад,
Саре дар саҷда дорад соя, бо ин беҷабиниҳо...
Машав маъюс, агар помоли дунон мешавӣ, ногоҳ!
Сулаймон ҳам фурў аз тахт шуд, дар бенигиниҳо!
Ба фикри иттифоқӣ халқ, то кай хун хўрӣ, Аҷзӣ,
Ҷаҳоне як забон натвон шуд, аз ҳар рангдиниҳо.
«АНҶУМАНИ АРВОҲ»
«Анҷумани арвоҳ» ё худ манзумаи «Илҳомалрӯҳ» аз 332 байт иборат буда, дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси мақсур навишта шудааст.
Дар «Анҷумани арвоҳ» Аҷзӣ аз сафари ҳаҷ кардан дар Арабистон, кўчаҳои сангфарш, мадраса, музей, боғи ҳайвонот ва театрҳои Қоҳира нақл карда, пас дар хусуси гўё ба анҷумани арвоҳҳо афтодани худ хабар медиҳад. Арвоҳи Амир Музаффар ҳамчун воситаи адабӣ барои баён кардани фикру мақсади шоир истифода шудааст.
АЗ «АНҶУМАНИ АРВОҲ»
Ду кас аз осмон гаштанд нозил,
Ҳараш дар курсие бигрифт манзил.
Либоси подшоҳӣ дошт дар бар,
Мурассаъ бо ҷавоҳир тоҷ бар сар.
Вале маъюсу ғамгин менамуданд,
Надонам аз чи рў ин гуна буданд?.
Расидам пештар,кардам саломе,
Алекам гуфт, бишнидам каломе.
Як аз онҳо ба сўи ман назар кард,
Маро кард огаҳу аз худ хабар кард,
Ба навъе дар такаллум гашт, гуфт оҳ,
Музаффархон манам, шоҳи Бухоро.
Пас аз мурдан маро шуд кор мушкил,
Чӣ мушкил, пои шаҳро бошад ишкел.
Ҳузури ман бувад он ҷо ба тасхир,
Вале моро ба ҷунбиш нест тадбир.
Кунун воқиф шудам аз кори дунё,
Рабуда хоби ғафлат буда моро.
Маро дар фитрат, оре, буд тавфиқ,
Ба олам фош созам адли таҳқиқ,
Кунам обод мулки хештанро,
Ба пеш орам ривоҷи илму фанро.
Бигирам об аз дарёи Сурхон,
Аз он ободие орам ба майдон.
Маҷонӣ нагзарад дарё ба Денгиз
Чунин оби самарбахш заромез.
На Қаршӣ об дорад, на Бухоро,
Зи пешаш бигзарад муфт оби дарё.
Халоиқ, оби гармолуд нўшанд,
Аз он сад ришта дар ҷар ҷисм ҷўшанд.
Мапиндор он ки ин аҷсоми беҳад
Намояд ҳамчу ёқут аз забарҷад.
Бубинӣ кирмсурхак аз-обаки зард,
Ҳараш микруб аз якгунаи дард.
Гадои об будан аз Самарқанд.
Худоро, гўй,бошад то каю чанд?
Ки рўзе бо вазирон карда шўро
Намудам арз ҳамчун муддаоро.
Вазирон ҳарчи ў карданд тахмин.
Дусад миллион дар он карданд таъйин.
Чу донистам, ки онҳоро тамаъ зўр
Ба даврам буда он ҷамъи намак кўр.
Зи ман ин муддаоро фавт карданд,
На аз ман зар, на аз наҳр об хўрданд.
Дигар ин фикр маро буд дар ёд,
Ба навъи тоза созам олам обод,
Лисони давлати ҳамсоягонро,
Низоми ҷумла шоҳони ҷаҳонро,
Ба ҳар ҷо ҳар ҳунар бошад, биёрам,'
Миёни мардумон ўро гузорам,
Бино созам ман аз анвоъи мактаб,
Кунам ҳосил аз он ҳар гуна матлаӣ.
Бигирам унсу улфат бо салотин,
Ки орам томи нисбат бо салотин,
Маро з-ин фикрҳо манъам намуданд,
Забонҳо бал ба такрорам кушуданд.
Ҳар он гуфтам, раво набвад, шунидам
Бароям ҳеҷ фитвое надидам.
На аз охунду муфтӣ, на зи аълам
Сухан дар матлаби худ мешунидам.
Ҳар он дар фикр ояд, буд мамнўъ,
Ҳама фикри ман омад ғайри машрўъ.
Ба зангирӣ вале фатво бидоданд,
Ба дастам ҳуҷҷати расво бидоданд,
Ба ин найранг додандам тасалло,
Гузорам то ки созад ҳарчи онҳо.
Бубин найранги онҳо аз чигун аст,
Дилам то ин дам аз ин ғусса хун аст.
Барои нафъи шахсешон ҳазорон
Бароҳин аз ҳадису нафси «Қуръон»,
Шариат гашта чун бозича маҳкум,
Ба дасти муфтиён чун истии мум.
Ба ҳар сурат, ки хоҳандаш дароранд,
Зи уштур астар,аз арнаб хар оранд,
Ду кўҳна бўрёе ҳуҷраи вақф,
Каҷи девор ё шаш вассаи сақф.
Ҳазору панҷсад тилло фурўшанд,
Китоби норавоиро бипўшанд,
Ризои хола бо фатвои аълам
Шуда ҷоиз никоҳи ў ба дирҳам,
Шавад фикри савоби навбати ман,
Диҳад фатво ба фикри бидъати ман.
Чӣ гўям, дар мадорисҳои боранг
Намехонанд ғайр аз илми найранг
Агар найранг набвад гуфтаи мо,
Набошад буд, бошад илми фатво.
Маро он девсират салладорон
Ба сурат инс, бадфитрат зи шайтон.
Ба гардан ресмони макр бастанд,
Шукўҳи шаъни султонӣ шикастанд.
Ба ҳар роҳе, ки мебурданд, бурданд,
Ба ҳар ҷо ҳарчӣ мекарданд, карданд.
Чу рўзе машварат карда ба инҳо
Мадори шаръи ҳомиёни динҳо,
Ки Рус аз хонаи худ гашта берун,
Ба сўи мо юриш кардаст акнун.
Чӣ гуфтам, давлати Русӣ бузург аст,
На танҳо бузург, асбобаш сутург аст.
Ба ў аҳди амон созам чӣ шояд?
Агар паймон диҳам,ин ҷо наёяд,
Гулў карда маро такфир карданд,
Мани бечораро таҳқир карданд.
Ба тарсидан маро карданд маҳмул,
Ба онҳо фикри худҳо буд мақбул.
Барои ман ғазоро фарз карданд
Вагарна куфри моро арз карданд.
Ба арҷаш ҷаннату кавсар намуда,
Ба ин афсун забонҳоро кушуда.
Бигуфта халқро аҷри шаҳодат,
Чӣ бошад кавсару ҳурову ҷаннат?
Вале худ дар дуо машғул бошанд,
Дар андозанду дар хокаш бипошанд.
Дигар ҷамъе аз инҳо шайху эшон
Даруни хонақоҳ зикри субҳон.
Худо ҷўянду нашносанд ўро,
Вале сармоя карда зикри «ҳуро...
Чаро к-инҳо чароғи дини дунёст?
Калиди ҷаннат андар дасти инҳост?
Ки Рус омад ба Шошу кас фиристод,
Ки аҳди дўстӣ дар байн бинҳод.
Ба ў то аҳд бандам,дўст гардам,
Гунаҳгорам намуд, эй халқи дардам!
Ки пешандоз карда лашкарамро,
Намуда гарм бо иғво сарамро.
Ба ночорӣ ғазо кардам зи номус,
Ба ман гардид ғолиб лашкари рус.
Ману дар оштӣ чун ташнаи об,
Чаро сулҳ аст ҳамчун дурри ноёб?
Муҳаббат дар миён орад тавассут,
Бихезад аз миён фикри тасаллут.
Зи қонуни ҷаҳон кардам хабардор,
Намоям хуфтагонро зуд бедор.
Ба шайтонӣ, маро карданд ҳайрон.
Аз инҳо мулкам охир гашт вайрон.
Намуда дўстамро душман охир,
Бихезонанд бар рўи ман охир...
Рафиқашро ишорат кард султон,
Ки гуфт ин кас амир Абдулаҳадхон,
Мани бечора оламро надидам,
Вале номи вилоятҳо шунидам.
Чу ин нисфи ҷаҳонро сайр карда,
Назар бар кори шарру хайр карда,
Зи олам зарра ибрат ногирифта,
Агар чанде зи ҳар ҷо ҷо гирифта.
Наяфганда назар бар кори олам,
Шуда мағрури гиру дори олам.
Фунуни Аврупо сад бор дида,
Бар ҳар ҷо ҳар чӣ гуна кор дида.
Накард оне ки мулк устод карда,
Надода роҳ дар мулк илму фанро,
Сабаб шуд дар хароб охир ватанро,
Ғуломи асб буд ин шоҳи даврон,
Аҷаб шаҳест хидматгори ҳайвон.
Ба олам ин ҳунарро карда ҷорӣ,
Ба ин фан аз раият хост ёрӣ.
Раият чун ало дини мулуканд,
Бубин ҳоло ҳама дар ин сулуканд.
Чу баъзе мардро дар хона нон нест,
Надорад асб ў з-аҳли ҷаҳон нест.
Ба меҳнат шаш дирам рўзе кунад касб,
Ба худ нон нест, гирад емаки асб.
Ба олам гарб бубинӣ ҷумла аъён,
Ҳама гардида саргинкаш ба ҳайвон,.
Ба онҳо мақсад аз ин асбтозӣ
Яке бузғоларо созанд бозӣ.
Ба бозӣ пора-пора гашта ишкам,
Наҷосат — гўшт омезанд об ҳам.
Аз он созанд сабзак шўрбое,
Зи саргин дода будӣ ранги ҷое.
Хуранду сер гарданд аз наҷосот,
Куҷо муфтӣ, чӣ гуфт ин ҷо шариот?
Ба ин султонӣ, бо ин шаҳрйёрӣ,
Ба олам монд ин фан ёдгорӣ.
Кунун фарзанди ин гардида султон,
Кунад дар маснади султони ҷавлон.
Чу донам он аз ин беҳтар набошад,
Ба фикри равнақи кишвар набошад,
Чаро к-он ҳам мутеъи олимон аст,
Асири қайд ҳамчун золимон аст?
Ба давраш ҷамъ даллолони исён
Шаҳи бечораро олудадомон.
Зи дунё олами рўҳ аст берун
Вагарна буд корам аз ҳад афзун,
Расуле мефиристодам ба дунё,
Хабар медодам аҳволи уқбо.
Шаҳонро менамудам ин васият,
Ба муллоён насозад ҳеҷ сўҳбат.
Ки инҳо ҷумла ҷоҳил,ҷумла кўранд,
Ба истиқроми олам дар ғуруранд.
Бурун аз ҷодаи инсоф сад санг,
Бувад дур аз даёнат чанд фарсанг...
АЗ «МИРЪОТИ ИБРАТ»
Манзумаи «Миръоти ибрат» дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси мақсур гуфта шуда, 373 байтро дар бар мегирад. Шоир дар манзума дар хусуси дар хоб дидани шаҳри аҷибе, ки иморатҳои баланду қашанг, растаю боғҳо доштаст ва дар кўчаҳо занҳо бо фарзандонашон сайру гашт мекарданд, сухан меронад. Гўё пире пайдо шуда дар бораи шаҳри Самарқанд мепурсад, ў ватанашро васф мекунад. Пир бо лабханду истеҳзо камбудию дарди Самарқанди зоҳиран зеборо ошкор менамояд ва дар бораи бо хориҷа тиҷорат надоштан дар дорулфунунҳо фақат ба омўхтани сарфу наҳв машғул будан, аз мактаб бенасиб ва дар кўчаҳо сарсону ҳайрон гаштани бачаҳо, дар мактабҳои русӣ нахондани фарзандони мусулмонҳо ва ғайра нақл мекунад:
Аз он рӯзе, ки з-ин сон з-он париваш дур афтодӣ,
Ту Аҷзӣ оҷизӣ пеш ору магзин шиква аз ҳиҷрон.
Шоир чашм мекушояду пирро ба шакли мурғ мебинад. Ў боз дар хоб дар қаъри дарё шаҳреро мебинад ва ба назараш Самарқанд менамояд, ки тамоман обод шуда иморатҳояш устувору мунаққаш ва аз чароғони электрик нурбор гардидааст, миёни саҳни Регистон фаввораи об ба шакли ситора ҷӯш мезанад. Дар шаҳр телефону оинаҳои барқ мавҷуд буда, ҳазорон автомобилу трамвайҳо қатор, дар мадрасаҳо ному унвонҳо навиштаанд.
Дар хотима муаллиф маданияти аврупоиро васф карда мегўяд, ки мутаассифона, халқи ў аз ин тамаддун бебаҳра мондааст.
Шоир ободии кишвар ва бомаърифат гардидани халқро орзу мекунад.
Бале, оре, чунинам гуфт он пир
Ба истеҳсони ман аз роҳи тадбир.
Дар он ҷо тўтие андар қафас буд,
Ҳамеша пир ўро ҳамнафас буд.
Ба рўям дид андар ханда шуд чанд,
Гумон кардам, ки ўро рўдаҳо канд.
Маро ин ханд истеҳзоасар буд,
Магар он ҳам зи дунё бохабар буд,
Вале ман з-аблаҳӣ дар кина будам.
Зи ночорӣ нафас дар сина будам.
Ба рўям дид пири хизркирдор,
Забономез шуд бо шаҳдгуфтор.
Ба ман гуфто, ки эй бигзида меҳмон!
Намудам, ҳарчӣ гуфтӣ, бовари он.
Агар дониста катмон менамоӣ,
Ба ҷони хеш нуқсон менамоӣ,
Вагар воқиф най аз кори олам.
Тааммуқ кун, ки огоҳат намоям.
Масал бошад ба олам кишвари тан,
Ҳама аъзост бо ҳам ёвари тан,
Агар узве зи аъзо ноқис ояд,
Барои кори дунёӣ намояд.
Ту кардӣ васф чандон кишвари хеш,
Макун тавсиф пеши ман аз ин беш.
Ту исботи саломат менамоӣ,
Вале худро маломат менамоӣ.
Самарқанд аст чун маҳбуби марғуб,
Чӣ гўям сад ҳазор аз гуфтааш хуб,
Валекин дарди мўҳлак дар тани ўст
Ба зоҳир сураташ зебову некўст.
Чу донам дарди ў дарди дарунист,
Фасоди маъда вайронии хунист,
Ман аз ҷинси паризодам, париам,
Зи лофи кизбу бӯҳтонҳо бариам.
Ба пеши ман ҷаҳон бошад чу норанҷ,,
Шумори қитъаҳо чун панҷаам панҷ.
Зи кори ҷумлааш бошам хабардор,
Ҳама ҷояш бидонам бохабарвор.
Туро маълум дар дунёст, машҳур,
Ки чизе аз париҳо нест мастур.
Ғизои мулк дон нони тиҷорат,
Биноро боису асбоби қувват.
Яке дигар ба ҳифзи номусу нанг,
Ҳисори илм бошад қалъаи санг.
Агар бишнидаӣ аз ҳарби Болқон
Барои чист? — Баҳри пораи нон.
Чӣ лозим варна ин олоту асбоб,
Туфангу тўбу вопурон дар об?
Кушода панҷа ҳамчу ҷангали шер,
Дарафтода баҳам бо макру тадбир.
Яке баҳри тиҷорат медиҳад ҷон,
Дигар ҳифзи ватанро ҳаст қурбон.
Машав мағрур,к-аз акнофи дунё
Матое бошад аз баҳрам муҳайё.
Биё, то созамат з-ин ҳикмат огоҳ,
Бувад асрорҳо пинҳон дар ин роҳ,
Ба милюнҳо матоъ аз хориҷ ояд,
Зару сими вилоятро рабояд,
Шавад ҳар рўз кам аз халқ дирҳам,
Диҳӣ ҳар молро дирҳам, шавад кам,
Гар аз мулки ту ҳам берун равад мол,
Кунад нуқсони берунрафта помол,
Вагарна кисаи холӣ бимонӣ,
Зару симат куҷо шуд, худ надонӣ.
Тиҷорат чун нафас дар кишвари тан,
Нафас рафту наёмад чист мурдан?
Чу марде касб аз берун насозад,
Ба сўи ҷайб чун яғмо битозад.
Ба нуқсонҳо талофиҳо зи савдост,
Бинои олам аз доду сутудост.
Деҳу мастона қадре имтиҳон кун,
Пас он гаҳ ҳарчи ман мегўям, он кун!
Ба заргирӣ ҳар он пўшию нўшӣ,
Чӣ дорӣ то ки дар хориҷ фурўшӣ.
Намебинам дар акнофи Самрқанд
Барои боби хориҷ молике чанд.
Шавад рўзе, ки зар чун хуни анқо
Гузорад дар забонҳо ном танҳо.
Ба ҷон кўшед баҳри дафъи ин дард,
Вагарна дар ҳалок афтед з-ин дард,
Дар он дорулфунунҳои мунаққаш
Имороти баланду хубу дилкаш,
Чӣ мехонанд, медонӣ, бикун гўш.
Шунав бо гўшу маҳкам гир бо ҳуш
Ба наҳву сарф умре сарф созанд,
Ба рўзе як сабақ гиранд бозанд.
Бувад ҳар рўзшон як ҷумла таҳсил.
Ки дар ҳар ҳафта се рўз аст таътил.
Мисоли дарси якрўзина з-ин амр,
Фақат аз мушти Зайду каллаи Амр,
Бад-он рафтори мушкил солҳо чанд
Бихонанду бихонанду бихонанд.
Ба реги салла пухта каллаи худ,
Фузурда ҳар замон дар саллаи худ.
Агар эрод гирӣ дар каломам
Ба бурҳонҳо кунам собит, тавонам,
Улуғбек ибни Шаҳрух бинни Темур
Дил аз илму маориф дошт пурнур.
Нагашта қонеи илми заминӣ,
Ҳавас шуд з-осмон сайёрабинӣ.
Чу бар наздики наҳри Оби Раҳмат
Расад карда бино бо илму ҳикмат.
Чӣ гуна саъй баҳри он намудӣ,
Чӣ лозим буд, гар лозим намудӣ?
Раҳу бозор пур з-афтоли бекор,
Ҳама аз ҷоми бозӣ масти саршор.
Макотиб баҳри онҳо дида бар роҳ,
Хало чун синаи баъд аз гаҳи оҳ.
Дар он ҷо даҳ нафар якҷо бубинӣ,
Хараш навъи дигар расво бубинӣ,
Яке ҳашшошу дигар боданўш аст,
Яке афъюнкаш, онаш майфурўш аст,
Я-ке дузду яке бадмасти хунхор,
Яке мутриб, яке каззоби таррор,
Яке девонаву дигар қаландар
В-аз инҳо нима кўру нимае кар,
Барӣ моли насиҳатро ба бозор,
Аз инҳо як нафар н-ояд харидор,
Аз ин дигар падаркуш роҳзанҳост,
Ҳазорон фитна меҷўӣ, дар он ҷост.
Тамом инҳо бувад аъдон миллат,
Зананда теша андар пои миллат.
Чаро, к-инҳо зи мактаб бенасибанд,
Ки маҳрум аз фарозӣ дар нишебанд.
Наҳон пеш аз уфуқ, кай мешуморанд,
Аз он берун чӣ мебошад, чӣ донанд?
Бале, ҳар кас ки дорад тўшаи илм,
Бувад осуда андар гўшаи илм,
Наҳон оина пеши дидаи ўст,
Ҳама пеши назар, чун рўй бар ўст,
Гар ин ҷо буд ҷорӣ наҳри ирфон,
Малоик метавон гардид инсон.
Чаро лафзи ҳукуматро нахонанд,
Ки мўҳтоҷи забони тарҷумонанд.
Агар лафзи ҳукуматро надонӣ.
Лисону фанни қонунаш нахонӣ,
Мадорисҳову масҷидҳо фурўшӣ,
Ба дашт аз ҷилди ҳайвон ҷома пўшӣ,
Мусулмонон чаро дар мактаби рус
Намехонанду месозад номус?
Аз ин номус нуқсонҳо биёбанд,
Шавад рўзе ки ҷўянду наёбанд,
Забони ў туро н-орад ба ҷуз суд,
Расӣ аз илми русӣ сўи мақсуд,
Бихонӣ дар мактабҳои рўсӣ,
Шавӣ алломаи машҳури Тўсӣ.
Биёмўзад туро илми тиҷорат,
Зи илми ихтироъу тиббу ҳикмат,
Дигар илми зироатро надонӣ,
Яқин дон, доимо мўҳтоҷи нонӣ
Забони рус бахшад кисаи зар,
Нахонӣ,пеши рўят бастаӣ дар,
Намебинӣ, магар асбобу олот,
Мавошинҳо, громофун ва соот,
Тилефун, тилгироф, оташароба,
Чӣ махмалҳои зебову духоба.
Чӣ гўям, ҷумла санъатҳо ки донанд,
Тариқаш ҷумла дар мактаб бихонанд,
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рўзе ба кор ояд, зарар чист?
Надонӣ, гар забони давлати худ.
Пушаймонӣ, надорад, оқибат суд.
Сухан овард ин ҷо пири барно
Ишорат сўи тўтӣ кард моро.
Бигуфт, ин мурғаки як муштаки пар
Ду болу як думу ду пову як сар,
Ба илму фан камӣ аз Бў Алӣ нест,
Бигўяд ғайбро, аммо валӣ нест.
Бигўяд бо ту асбоби таданнӣ,
Намояд маслаку роҳи тараққӣ.
\\\*
Эй чархи дунсиришт даме сина соф кун!
Бахри Худо ба дунии худ эътироф кун!
Чашми ҳасад ки дўхта будӣ ба ман, бипўш.
Теғи ҷафо, ки мезадиам, бар ғилоф кун!
Аз шаҳрҳо, ки рондиам, акнун илоҷ соз,
Дар қаряҳо, ки мондиам олот муоф кун!
Таҳрири ман даридӣ, шикастӣ қалам маро,
Гуфтӣ ки рў ба бодияю эътироф кун!
Бастӣ, ки рўи ман дари ором солҳо,
Ҳоло биё, аз ин амалат инҳироф кун!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё