Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Боби Шашум
ФАСЛИ ЯКУМ
ДАР МАЪНИИ МАЪРАКА ВА ОН ЧӢ КИ БА Ў ТААЛЛУҚ ДОРАД
Бидон, ки маърака дар асл луғати ҳарбгоҳро гўянд.., ва дар истилоҳ мзвзеъеро гўянд, ки шахсе дар он ҷо бозистад ва гурўҳе мардум он ҷо бар вай ҷамъ шаванд ва ҳунаре, ки дошта бошанд, ба зуҳур расонанд ва ин мавзеъро маърака гўянд, барои он ки... дар маъракаи ҳарб ҳар марде, ки ҳунаре дошта бошад..., изҳор мекунад. Чунончӣ, дар ҳарбгох, баъзе ба ҳунар намудан машғуланд ва баъзе ба тафарруҷ ин ҷо низ яке ҳунар менамояд ва гурўҳе тафарруҷ мекунад... Агар пурсанд, ки сари маърака кадом аст, бигўй дониш, ки ҳар кӣ бедониш бошад, қадам дар маърака нихад, аз сари худ хабар надорад.
Агар пурсанд, ки поёни маърака кадом аст, бигўй, қа- були дилҳо, ки агар дилҳо соҳибмаъракаро қабул накунад, муҳимми (кори муҳимми) ў ба поён нарасад.Агар пурсанд, ки рукни маърака кадом аст, бигўй, файз гирифтан ва файз расондан.Агар пурсанд, ки аркони маърака чанд аст, бигўй чаҳор. Агар пурсанд, ки чаҳор рукни маърака кадом аст, бигўй, аввал шустушўй, яъне маъракагир бояд, ки поку покиза бошад, ки ба маърака дарояд, ба чиҳати он ки қадам ба ҷои покон ба покӣ бояд ниҳод. Дуюм, рўфтурўб, яъне бояд, ки дар мавзеъе, ки маърака мегирад, аз хору хошок пок созад. Сеюм, гуфтугўй, яъне сухане ки дорад, адо кунад, бар ваҷҳе ки дар дили мустамеъ ҷой гирад. Чаҳорум, ҷустуҷўй, яъне он чӣ ки аз ҳозирони маҷлис тамаъ медорад, биҷўяд...
Агар пурсанд, ки маъракагирро чанд чиз бояд дар маърака, то писандидаи хотирҳо бошад, бигўй, даҳ чиз. Аввал, он ки кушодарўю хандон бошад. Дуюм, бояд ки чусту чолок ва сабукрўҳ бошад. Сеюм, дар маърака бевақт наояд... Чаҳорум, дар мавзеъ ва маҳалли васеъу пурфазо маърака гирад. Панчум, агар касе ночойгоҳ ис-тода ё нишаста бошад, бо вай ба лутф ва нармй сухан гўяд. Шашум, аз ҳозирон ҳиммат ва мадад талабад. Ҳафтум... устодонро ёд кунад. Ҳаштум, агар бузурге ва азизе дар он диёр бошад, ўро низ ёд кунад. Нўҳум саловат диҳад. Даҳум, киноят ва таъриз накунад ва ҳама касро ба дилу ҷон дуогўй бошад.
Агар пурсанд, ки шаш ҷиҳати маърака кадом аст, бигўй, аввал ниёз, яъне маъракагир бояд ниёзманд (мўҳтоҷ) бошад ва аз дари дилҳо дарюза (гадоӣ) кунад, то муродаш ҳосил гардад. Дуюм, иродат, яъне ҳар ҷо ки маърака мегирад, ба иродат ва рағбат гирад, на ба кароҳат ва кудурат. Сеюм, карам, яъне агар дарвеше ба маъракаи вай дарояд, ҳам аз худ ба вай файзе расонад ва ҳам поймардӣ кунад. Чаҳорум, исор, яъне бо вуҷуди эҳтиёҷ ва ваҷҳи маош, агар азизе бирасад ва талаби маърака кунад, бо вай музояқа нанамояд. Панҷум, ҳилм (нармдил) яъне бурдбор (ботамкин) бошад ва агар касе бо вай сафоҳат (рафтори ношоиста) кунад, ё ҷамъе аз маърака бираванд таҳаммул кунад ва малўл нашавад. Шашум, қаноат, яъне бад-он чӣ... насиби вай карда бошад, қаноат кунад ва муболиғаи зиёдатӣ нанамояд.
Агар пурсанд, ки камоли маъракагирӣ дар чанд си-фат аст, бигўй, дар панҷ сифат: Аввал, он ки эътиқоди ў пок бошад... Агар росту дуруст набошад, дар кори худ ноқис бувад. Дуюм, он ки аз ҳасад дур бувад ва ба таассуби (бар қасди) бародар маърака нагирад. Сеюм, он ки аҳли таваккал бувад ва агар дар ҳаволии вай сад маърака падид ояд, аз он занни (гумон) бад набарад... Чаҳорум, аз ғаразу риё пок бошад, то сухани вайро дар дилҳо асар бувад. Панҷум, уҷб (худписандӣ) ва такаббур наварзад, балки мутавозеъ ва хокниҳод (хоксор) бошад.
Агар пурсанд, ки адаби берун шудан аз маърака чанд аст, бигўй, шаш. Аввал он ки вақти... мардум танг накунад ва зуд маърака барҳам занад. Дуюм, он ки ус-тодонро ёд кунад ва ҳар кӣ ҳадя ба вай дода бошад ва ҳар кӣ надода бошад, ҳамаро дар дуо шарик кунад... Чаҳорум, агар дарвеше мустаҳақ (мўҳтоҷ) бинад, хўрдае (хўрокворие) ба вай диҳад. Панҷум, чун берун ояд, пои чап фаро пеш ниҳад. Шашум, агар бародарони тариқ ҳозир бошанд, футўҳе (муваффақияте) ки расида бо-шад, сафои (манзури) назари эшон кунад ва инҳо гуфта ки шуд, ом (умумӣ) аст, бояд ки ҳама аҳли маъракаро бошад ва боз ҳар тоифаро аз эшон зикр хоҳем кард.
Агар пурсанд, ки маърака чанд навъ аст, бигўй, ду навъ: яке мақбулу писандида ва он маъракае аст, ки дар вай суханони хуб гузарад ва дуюм, нописандида, он маъракае бувад, ки дар вай суханони номашрўъ (нописанд) ва ҳаракоти нолоиқ воқеъ бошад.
Агар пурсанд, ки аҳли маърака чанд тоифаанд, би-гўй, се тоифаанд: Аввал, аҳли сухан. Дуюм, аҳли зўр. Сеюм, аҳли бозӣ.
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР ШАРҲИ АҲЛИ СУХАН АЗ МАЪРАКАГИРОН
Эшон се тоифаанд: азвал, маддоҳон, ғаррохонон (ға-залхонон) ва саққоён. Дуюм, хосагўён ва бисотандозон. Сеюм, қиссахонон ва афсонагўён. Баёни ҳар як дар қисмате меояд.
ҚИСМАТИ АВВАЛ
ДАР ЗИКРИ МАДДОҲОН ВА ҒАЗАЛХОНОН
Бидон, ки аз ҷумлаи аҳли шадду байат ҳеҷ тоифаи баландмартабатар аз маддоҳон нестанд ва далел бар ин он аст, ки муҳаббати аҳли байт (хонаводагӣ) ҳар одамро лозим аст ва касе ки касеро дўст медорад, мебояд ки доим зикри ў кунад ва ба ситоиши ў машғул шавад... Маддоҳон ин ҳол доранд, ки пайваста муноқиби аҳли байт хонанд ва ба ёду сухани эшон вақт гузоранд.
Агар пурсанд, ки маддоҳон бар чанд ваҷҳанд, бигўй, бар чаҳор ваҷҳ: Аввал ҷамоате, ки аз қуввати табъи худ иншо кунанд ва ҷавоҳири ривоёту ҳикоёт дар риштаи назм кашанд. Дуюм, гурўҳе ки манзумот ва суханоне, ки дигарон назм кардаанд адо менамоянд ва фоида ба халқ мерасонанд. Ин тоифаро ровиён хонанд ва эшон низ аз ҷумлаи маддоҳонанд Сеюм, тоифае, ки бо вуҷуди маддоҳӣ кори дигар мекунанд ва аз он файз ба халқ мерасонанд, чун саққоён ва аз эшон гурўҳе (бағоят) мақбуланд. Чаҳорум, ҷамъе, ки абёти пароканда ёд гирифтаанд ва бар дарҳои хонаҳо мехонанд ва қасидае ва ноне мефурўшанд ва мадҳро доми гадоӣ сохтаанд, ки онҳоро агарчи дар сурат маддоҳ гўянд, ба ҳақиқатан дар ин ҷамъ дохил нестанд.
Агар пурсанд, ки одоби маддоҳӣ чанд аст, бигўй, панҷ. Аввал он ки дар тақвову таҳорат (пок) бошад... Сеюм, он ки мадҳ аз барои ғаразу ҷазо нахонад. Чаҳорум, сарватпараст набошад. Панҷум, он ки дар мадҳ ба таърифи ғулу напардозад.
Агар пурсанд, ки маддоҳро чанд сифат мебояд? Мад-доҳро бист сифат бошад ва сӣ сифат набошад. Агар пурсанд, ки бист сифат кадом аст, бигўй: сидқ, сабр, шукр, зўҳд, тоат, қаноат, маҳосаба (ҳисобгирӣ), муроқиба, тавозўъ, таслим, ихлос, карам, нисор, муҷоҳида, тафаккур, таваккал, кам хўрдан, кам хуфтан ва бистум шафқат намудан.
Агар пурсанд, ки он сӣ сифат кадом аст, бигўй: ғаф-лат, ғурур, айб, риё, хамр хўрдан, кудурат кардан, зино кардан, бадхўӣ, ситеза кардан, суханони ношоиста гуфтан, хилофи ваъда кардан, истеҳзо кардан, таънаи ноҷоӣ задан, суханони дурўғ гуфтан, савганди дурўғ хўрдан, ғайбати бародарон кардан, бўҳтон гуфтан, суханчинӣ кардан, ғаммозӣ кардан, мардумонро ба дурўғ сутудан, хашми бемавқеъ гирифтан, ҳасад варзидан, макр кардан, ғайбати мардум кардан, дар талаби мол ҳарис будан, бухл варзидан, зулм кардан, бисёр хўрдан ва бисёр хуфтан.
Агар пурсанд, ки маддоҳонро ба якдигар чанд қоида риоят бояд кард, бигўй, шаш: Аввал, он ки ба якдигар дўстӣ варзанд... Сеюм, он ки бе мувофиқаи якдигар кор накунанд кор накунанд. Чаҳорум, он ки заифонро аз миёни худ наронанд. Панҷум, он ки дар ҳурмати якдигар сари мўе фуругузошт нанамоянд, то ҳама ҷо мукарраму мўҳтарам бошанд.
Агар пурсанд, ки маддоҳӣ чанд аст, бигўй, се навъ. Аввал, он ки манзумотро хеле содда хонанд. Дуюм, он ки ҳама насру мўъҷизот ва маноқибро ба наср адо кунанд ва он қавм ғаррохонон бошанд. Сеюм, он ки насру назм дар якҷоягй хонанд, ин тоифа мурассаъхонон мебошанд ва камоли фазли эшон зиёда аз он ду қавми дигар бошад.
Агар пурсанд, ки он чи хосаи маддоҳон аст, аз ало-матҳо чӣ чиз аст, бигўй, маддоҳонро аломат ба ҷомаву хирқа нест. Ба воситаи он ки эшонро ҳама навъ ҷома пў-шидан ҷоиз аст. Аммо аломате, ки хосаи эшон аст: найзаву тавқ {ба шаддаву суфра) ва табарзин... Найза барои ҳимояти худ, тавқ нишонаи ба кадом мартаба будани маддоҳ, суфра нишонаи кушодадастиву саховат аст. Чаро? маънии равшандилӣ, яъне муҳаббати мардонро дар зовияи дил равшан дорӣ, худро бисўза ва маҷлис бияфрўзӣ ва сафои назар ҷамъ кунӣ.
ДАР БОБИ САҚҚОЁН
Бидон, ки саққоён ҳам маддоҳонанд ва ҳам саққоён ҷамоати мўҳтараманд ва санади эшон басо бузург аст,
Рубоӣ:
Дар баҳри амиқ ғўтта хоҳам хўрдан,
Ё ғарқа шудан, ё гуҳаре овардан.
Ин кор мухотир аст хоҳам кардан,
Ё рўй бад-ин сурх кунам ё гардан.
Ба баъзе исноди саққоёнро ба Салмони Форсӣ ку-нанд, ки пайваста машқи об ба дўш кашидӣ ва ба хонаҳо... овардӣ ва ин нақд дуруст аст. Шайх Саъдӣ низ ин тоифаи мардонро хаётбахшон мегўяд,
Агар пурсанд, ки одоби саққоён чанд аст, бигўй, даҳ: Аввал, пок бошад, ҷуз покон ин кор натавонанд кард, Дуюм, ба ҳасби маънӣ низ пок бошад, Сеюм, дар вақти саққоӣ ибтидо аз дасти рост кунад. Панҷум, оби ҳалолу пок ба мардум диҳад. Шашум, бар саққоӣ тамаи музд накунад, балки бо тавозўъ бо халқ муомила кунад, Ҳаштум дар ҳеҷ маҷлис бе иҷозат дарнаёяд ва асл он аст, ки то ўро ба маҷлис наталабанд дарнаёяд, магар ки маҷлиси ом бошад, дар мавзее, ки халқро аз он маън накунанд. Нўҳум, бар ҳамкорони худ ҳасад набарад ва агар якеро аз саққоён равнақе шавад ба он хуш шавад, Даҳум, кори худро ба тамоми ҷузъиятҳояш хуб донад.
ҚИСМАТИ ДУЮМ
ДАР ШАРҲИ ХОСАГЎЁН ВА БИСОТАНДОЗОН
Бидон, ки баъд аз маддоҳон ин тоифа бар дигарон муқаддаманд ба воситаи он ки эшонро дар анвои улум мебояд, ки мадхал бошад, то ин кор тавонанд кард. Мисли илми фикҳу тиб ва нуҷуму рамл... ва монанди ин.
Агар пурсанд, ки ин кор аз кӣ мондааст ва ба таъ-лими кадом мард пайдо шуд, бигўй, ба таълими Луқмони Ҳаким ва он чунон буд, ки дар замони Луқмон аз Одиён подшоҳе буд, ўро Амлиқи Од мегуфтанд ва бутпараст буд ва халқро ба парастидани бутон даъват кардӣ ва ўро ду вазир буд, якеро Содиқ гуфтандӣ ва дигареро Саддуқ ва эшон худопарастӣ карданд... Бинобар ихтилофҳои мазҳабӣ подшоҳ вазиронро аз вилояти хеш берун кард ва онҳо назди Луқмон рафтанд... Луқмон барои онҳо баъзе гиёҳҳои доругиро мегуфт ва эшонро аз асрори нуҷум ва дақоиқи таъбири хоб чизе даромўхт ва гуфт: — Биравед ва маърака бисозед ва онро майдони султонӣ тасаввур кунед ва соябон барафрозед ва сандуқ биниҳед ва онро тахти султонӣ хаёл бандед, Китобҳое, ки доред бар ҳам чинед ва онро дафтархона ангоред. Чун мардум бар шумо ҷамъ шаванд, хосияти ин доруҳо бигўед ва бад-эшон фурўшед, то ҳарчи ба дасти шумо ояд ва ҳамон амру наҳӣ дошта бошад... бигўед. Пас Содиқу Саддуқ ин қавлро кор бастанд ва бад-он гуна, ки таълим дода буд, маърака бароростанд ва ҳар рўз чизе бар он изофа шуд, то бад-ин мартаба расид.
Агар пурсанд, ки он чӣ махсус бад-эшон аст, чист, бигўй, зилваҷа ва доира ва чаҳормех ва тосу милу кутуб. Агар пурсанд, ки зилваҷа ишорат ба чист, бигўй, дар асл ишорат ба мартабаи вазорат бувад. Аммо назди аҳли тариқ ишорат бад-он аст, ки мо худро фарше зери пои мардон дорем ва рух бар хоки ниёз мемолем ва рўй бар кафи пои аҳли дилон месоем...
Агар пурсанд, ки доира ишорат бар чист, бигўй, ишо-рат бад он маънӣ ки мо аз доираи муҳаббат берун нестем. Ё маънӣ он аст, ки бар гирди худ мегардем ва ҳар чӣ металабем аз худ металабем, ки маркази доираи маърифат моем.
Маркази доираву нуқтаи паргор туӣ, Гар ба худ дарнигарӣ оинаи ёр туӣ.
Агар пурсанд, ки чаҳормех чӣ маънӣ дорад, бигўй, маънӣ он аст, ки соҳиби ин маърака, бояд ки аз чаҳор рукни бисот хабардор бошад ва ба чаҳор сифат мавсуф бувад: Аввал, илм; дуюм, ҳилм; сеюм, сабр ва чаҳорум, карам.
Агар пурсанд, ки маънии тосу мил чист, бигўй маъ-ниаш он аст, ки он чй дар тосҳое ҳаст барои инсон аст, чунончи тос намунаи фалак бошад ва ҳар кӣ тосу мил дар маърака ниҳад, чун фалак олиҳиммат бошад.
Агар пурсанд, ки кутуб дар маърака барои чӣ ни-ҳанд, бигўй, барои он ки ҳар чӣ ба забони эшон гузарад исботи он аз китоб тавонанд кард.
Агар пурсанд, ки одоби хавосгўён чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, он ки ғарази эшон аз гуфтугўй матои дунё набошад, балки мақсуди эшон нафъ ба одамон бошад. Дуюм, он ки дар ҳар чӣ мегўянд муҳофизати ҳуқуқ... бикунанд. Сеюм, дурўғ нагўянд ва мардумро нафиребанд. Чаҳорум, дар фурўхтани доруву шарбатҳо инсоф нигоҳ доранд. Панҷум, агар касе барои хариди дору пул надошта бошад бебаҳо ба вай диҳанд, Шашум, забон аз фаҳшу озор нигоҳ доранд. Ҳафтум, ба корҳои маъншуда напардозанд.
ҚИСМАТИ СЕЮМ
ДАР БАЁНИ ҚИССАХОНОН ВА АФСОНАГЎЁН
Бидон, ки қисса хондан ва шунидан фоида бисёр дорад. Аввал, он ки аз аҳволи гузаштагон хабардор шавад. Дуюм, он ки чун ғароибу аҷоиб шунавад назари ў... кушода гардад. Сеюм, чун меҳнат ва шиддати гузаштагон шунавад, донад ки ҳеҷ кас аз банди меҳнат озод набудааст, ўро тасалло бошад. Чаҳорум, чун заволи мулку моли салотини гузашта шунавад, дил аз моли дунё (сарватдўстӣ)... бардорад ва донад, ки он бо касе вафо накарда ва нахоҳад кард. Панҷум, ибрати бисёр ва таҷрибаи бешумор ўро ҳосил ояд. Пас, маълум шуд, ки дар қиссаҳои гузаштагон фоидае ҳаст, агар воқеӣ бошад ва бар он ваҷҳ, ки вуҷуд дошта бошад, хонда шавад, хонандаю гўянда ва шунавандаро аз он фоидае расад ва агар ғайри воқеӣ бошад, гўяндаро вубол (гуноҳ) бошад ва шунаванда фоидаи худ баргирад, чунончи гуфтаанд:
Нагўянд аз сари бозича ҳарфе,
К-аз он панде нагирад соқиби хуш.
В-гар сад дафтари ҳикмат бар аблаҳ,
Бихонӣ оядаш бозича дар гўш.
Агар пурсанд, ки маънии сандалӣ ниҳодан чист, би-гўй, маънӣ он аст, ки ҳар кӣ ҳунаре дорад бояд ки аз мардуми дигар болотар нишинад, то ҳама аз дидори ў баҳра ёбанд. Агар пурсанд, ки сандалӣ аз барои кӣ ме-ниҳанд, бигўй, аз барои ҳунармандон ва ба воситаи он аст, ки дар ҳунармандӣ ва паҳлавонӣ ба сар омада, салотин ўро бар сандалӣ нишонанд. Пас, ҳар кӣ паҳлавони майдони сухан бошад, ўро расад ки бар сандалӣ нишинад. Агар пурасанд, ки сандалӣ чанд рукн дорад, бигўй, чаҳор рукн: ду зер ва ду боло. Агар пурсанд, ки ду рукни боло ишорат ба чист, бигўй, яке аз дониш ва яке аз биниш. Яъне, ҳар кӣ ба сандалӣ нишинад бояд, ки ҳар чӣ гўяд ва ба назари биниш бубинад ва донад, ки ҳар маърака қобили чӣ навъ сухан аст.
Агар пурсанд, ки ду рукни зери сандалӣ ишорат бар чист, бигўй, ки яке ба сабр, дуюм ба сабот (устуворӣ). Яъне, ҳар кӣ сандалинишин аст, бояд ки ҳар чӣ бад ў расад, сабр кунад ва дар кори худ собитқадам бошад ва ба ҳар чизе аз ҷо наравад, чунончи гуфтаанд, байт:
То зи ҳар боде наҷунбӣ, по ба доман каш чу кўҳ,
К-одамӣ мушти ғубору умр боди сар-сар аст.
Агар пурсанд, ки қиссахонӣ чанд навъ аст, бигўй, ду навъ: Аввал, ҳикоятгўӣ ва дуюм, назмхонӣ. Агар пурсанд, ки одоби ҳикоятгўён чанд аст, бигўй ҳашт: Аввал, он ки қиссае адо хоҳанд кард, агар мубтадӣ (аввалин) аст, бояд ки бар устод хонда бошад ва агар мунтаҳӣ (охир) аст, бояд ба худ такрор карда бошад, то фурў (хомўш) намонад. Дуюм, он ки чусту чолок ба сухан дарояд ва хому гаронҷон (танбал) набошад. Сеюм, бояд донад, ки маърака лоиқи чӣ навъ сухан аст ва ҳадди нузул (поён рафтан) ва монанди он бештар аз он гўяд, ки мардум роғиби (моили) он бошад. Чаҳорум, насрро вақт-вақт ба назм ороста гардонад, на бар ваҷҳе, ки мавъиде (шунаванда) ба малол шавад. Бузургон гуфтаанд, ки назм дар қиссахонӣ чун намак аст дар дег агар кам бошад таом бемаза бувад ва агар бисёр гардад, шўр шавад. Пас, эътидол (дараҷаи миёна) нигоҳ бояд дошт. Панҷум, сухани маҳолу (номумкин) газоф (дурўғ) нагўяд, ки дар чашми мардум сабук (беқадр) шавад. Шашум, суханони таъриз (пўшида) ва киноя нагўяд, ки дар дилҳо гарон гардад. Ҳафтум, дар гадоӣ муболиға накунад ва бар мардум танг нагирад (азоб надиҳад). Ҳаштум, зуд бас накунад ва дер низ накашад, балки тариқи эътидол маръӣ (риоятшуда) дорад. Агар пурсанд, ки одоби назмхонӣ чанд аст, бигўй, шаш: Аввал он ки ба оҳанг хонад. Дуюм, суханро дар дили. мардум биншонад. Сеюм, агар байте мушкил пеш ояд, шарҳи он ба ҳозирон бигўяд. Чаҳорум, чунон накунад, ки мустамеъ (шунаванда) малул гардад. Панҷум, дар га-доӣ савганди бисёр надиҳад ва муболиға нанамояд. Шашум, соҳиби он назмро дар аввали маърака ё дар охир ёд кунад. Ва афсонахонон мислн ҳикоятгўёнанд. Эшонро низ ҳамин адабҳо риоят бояд кард.
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР ШАРҲИ АҲЛИ ЗЎР АЗ МАЪРАКАГИРОН ВА ЭШОН ҲАШТ ТОИФААНД; ГЎШТИГИРОН, САНГГИРОН, НОВАКАШОН, САЛЛАКАШОН, ҲАММОЛОН, МАҒИРГИРОН, РАСАНБОЗОН ВА ЗЎРГАРОН
ҚИСМАТИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ ГЎШТИГИРОН
Бидон, ки гўштӣ гирифтан ҳунарест мақбул ва писан-дидаи мулуку салотин. Ҳар кӣ бад ин кор машғул ме-бошад, ағлаб (бештар) он аст, ки ба покӣ ва ростӣ мегузаронад.
Агар пурсанд, ки маънии гўштӣ чист, бигўй, он ки одамӣ табдили (тағйири) ахлоқ кунад ва ҳақиқати ин сухан он аст, ки пайваста миёни сифоти ҳамида (писандида) ва ахлоқи замима (нописанд) гўштӣ воқеъ аст. Яъне ҳар як мехоҳад, ки зидди худро дафъ кунад...
Агар пурсанд, ки асл дар гўштӣ гирифтан чӣ чиз аст, бигўй, илми ин санъат. Агар пурсанд, ки қувват чӣ гуна аст, бигўй, қувват эътибор надорад, ба воситаи он ки ҳайвонот бошанд, ки эшонро қуввати бисёр бошад ва чун дониш надоранд, ҳеҷ ҳурмат надоранд.
Агар пурсанд, ки илми боқувват чӣ гуна аст, бигўй, дар ғояти некўӣ, ба воситаи он ки бузургон гуфтаанд: «қуввати бедониш чун подшоҳи беадл аст ва дониши бе-қувват чун подшоҳи одилу белашкар» ва чун донишу қувва бо ҳамдигар ёр бошанд, корҳо ба мурод гардад. Агар пурсанд, ки гўштигирӣ илм аст ё амал, бигўй, илмест муқтарин (пайваста) ба амал ва ҳар кӣ чизе омўзад мумкин, ки бад-он амал накунад ва дар ин ҳунар то илм набувад, амал наметавон кард. Пас, илму амал ба ҳам ороста аст. Агар пурсанд, ки одоби устодони гўштӣ чанд аст, бигўй дувоздаҳ: Аввал он, ки худ поку беиллат бувад. Дуюм, шогирдонро ба покӣ иршод (ҳидоят) кунад. Сеюм, бахил набошад ва чизе аз шогирдон дареғ надорад. Чаҳорум, бар шогирдон мушфиқ бошад. Панҷум, ба моли эшон тамаъкор набувад. Шашум, ҳар якро ба қадри қобилияти эшон таълим диҳад. Ҳафтум, рўю риё (фиреб) накунад. Ҳаштум, ба шогирдони худ бад нахоҳад. Нўҳум, агар касе гўштӣ бад гирад, ва гўяд бад гирифтӣ, балки ба нармӣ сухан гўяд. Даҳум, агар таълим гўяд дар маърака, пўшида гўяд, ки хасм (душман) воқиф нагардад. Ёздаҳум, бояд ки аз илми гўштӣ бохабар бошад. Дувоздаҳум, дар ҳеҷ маърака зикри пир ва устоди худро фаромўш накунад.
Агар пурсанд, ки одоби шогирдон чанд аст, бигўй, он ҳам дувоздаҳ. Аввал, он ки рост бошад. Дуюм, ок ки порсо (покиза) ва некмаош (некмуомила) бувад. Сеюм, он ки некусират ва покизаахлоқ бувад. Чаҳорум, некният бошад. ...шашум, хидмати устодон ба сидқ кунад. Ҳафтум, бар ҳеҷ кас ҳасад набарад. Ҳаштум, бухл наварзад ва ҳар чӣ дорад фидои пир кунад. Нўҳум, бо дигар шогирдон ба дилу забон мутаффиқ бошад. Даҳум, аз дилҳо дарюза кунад. Ёздаҳум, ба зўри худ мағрур нашавад. Дувоздаҳум, ба шикасти хасм хушдил нашавад.
Агар пурсанд, ки устоди комил кадом аст, бигўй, он ки аз шаш илм соҳибвуқуф (огоҳ) бошад: Аввал, илми тиб то донад, ки шогирдро чӣ зиён медорад. Дуюм, аз илми нуҷум, то вақт ва соати гўштӣ гирифтан бар ваҷҳе ихтиёр кунад, ки мувофиқ бошад. Сеюм, аз илми рамл (фол), то ғолиб ва мағлубро бидонад ва шиносад, ки кадом шогирд бар кадом шогирд ғолиб меояд, Чаҳорум, илми даъват (дуо) то пайваста дафъи сеҳр аз шогирдон бикунад. Панҷум илми фаросат, то аз шакл ва ҳайати (сурат) шогирд маълум кунад, ки аз ў чӣ кор меояд. Шашум, илми санъати гўштӣ. Ва он чӣ аз ў машҳур аст, сесад банду гиреҳ аст ва ҳар яке рўе (мақсаде) дорад ва боз ҳар рўе дафъе дорад, ки маҷмўъ ҳазору ҳаштод масъала бошад. Ҳар устод, ки ин улум ва масоилро надорад, комил набошад.
Агар пурсанд, ки паҳлавон киро тавон гуфт, бигўй, он касеро ки дувоздаҳ сифат дошта бошад... Сеюм, тани қавӣ. Чаҳорум, забони хуш. Панҷум, дили далер. Шашум, хиради комил. Ҳафтум, сабри тамом. Ҳаштум, илми ба камол. Нўҳум, ҷаҳди доим. Даҳум, хулқи писандида. Ёздаҳум мастурӣ (парҳез кардан) аз ҳаром. Дувоздаҳум, неъмате бардавом...
Агар пурсанд, ки гўштӣ чанд навъ аст, бигўй ду навъ: Аввал қабз (ба дастгирифтан). Дуюм, изтирор (беихтиёр). Агар пурсанд, ки ҳар як чи гуна аст, бигўй, қабз гўштӣ гирифтан (аз они) аҳли Хуросон ва Ироқ аст, ки онро шаҳривор гўянд ва изтирор гўштӣ гирифтан аз аҳли Гелон ва Шервон ва баъзе аз Озарбойҷон аст ва онро дайламивор хонанд.
Агар пурсанд, ки забони гўштигирон кадом аст, би-гўй, даст. То даст фурў накўбанд, барначасфанд.
Агар пурсанд, ки даст фурў кўфтан чанд аст, би-гўй, ду: Аввал он, ки дар аввали гўштӣ даст фурў кўбанд ва онро нақораи ҷанг гўянд ва пеш аз он, ки хасм даст фурў кўбад гўштӣ гирифтан писандида нест. Дуюм, он ки дар миёни гўштӣ даст фурў кўбанд ва он нишонаи зинҳор (амон) хостан аст ва мувофиқат дар он шарт аст. Яъне чун хасм дар миёни гўштӣ даст фурў кўбад, маънӣ он аст, ки зинҳор хостам, туро даст фурў бояд кўфт, яъне зинҳор додам.
Агар пурсанд, ки дастгири гўштигирон кадом аст, би-гўй, пушт афкандан.
Агар пурсанд, ки модари гўштиҳо кадом аст, бигўй, пушти даст гирифтан ва аз пушти даст ба ҳама ҷойҳо бирасад: ҳам ба сар, ҳам ба пой ва ҳам ба миён.
Агар пурсанд, ки афтодан аз чист, бигўй, ё аз он ки надонад, ё аз он ки натавонад.
ҚИСМАТИ ДУЮМ
ДАР БАЕНИ САНГГИРОН
Эшон низ мардуми поку порсо бошанд ва кори эшон зарби рост аст. Он аз ҳазрати Иброҳим мондааст.
Агар пурсанд, ки адаби санггирон чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, он ки кор ба нияти он кунанд, ки эшонро қуввати тамом падид ояд ва онро ба муқобили душман сарф кунанд. Дуюм, он ки дар аввал, ки даст ба санг накардаанд, пирону пешқадамонро ёд кунанд. Сеюм чун даст ба санг расонанд ҳиммат намоянд. Чаҳорум, аз аҳли маҷлис истимдоди ҳиммат кунанд. Панҷум, чашму забон ва дасту дил аз ношоистҳо пок доранд. Шашум, чун фориғ шаванд, такбиру салавот гўянд.
ҚИСМАТИ СЕЮМ
ДАР БАЕНИ НОВАКАШОН
Эшон низ беқалбиву дағалӣ (далеру нотарс) бошанд ва аз онҳо нафъи бисёр ба халқ расад.
Агар пурсанд, ки чаҳор рукни нова кадом аст, бигўй аввалу охири нова, зоҳир ва ботини ў.
Агар пурсанд, ки сирри ҳар як чӣ навъ аст, бигўй, аввали нова ёд кардан, охири нова салавот фиристодан, зоҳири нова мардист ва ботини нова ҷавонмардӣ аст,
Агар пурсанд, ки ямину ясори нова кадом аст, бигўй ямини нова ростиву дурустист ва ясори нова ёриву дилдорӣ аст.
Агар пурсанд, ки фавқу таҳти нова кадом аст, бигўй, фавқи нова сурати кулл аст ва дар маънӣ сифати одат, таҳти нова дар сурати одамист ва дар маънӣ бардошти он...
Агар пурсанд, ки пасу пеши нова кадом аст, бигўй, пеши нова ҳиммат ва паси нова назари мардон аст, ки корро меронад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи нова ишорат ба чист, бигўй, «Н» — нақди муҳаббат ба даст овардан аст. «А» — (алиф) —дар кори худ рост будан аст. «В» — вараъ ва тақво (яъне покӣ) варзидан аст. «Ҳ» — ҳаводории бародарон кардан аст.
Агар пурсанд, ки шароити нова кашидан чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, он ки хидмат кардан аст. Дуюм, хушнудии бародарон ба даст овардан. Сеюм, он ки исботи кори худ донистан. Чаҳорум, он ки доим суфра кашад ва бухл накунад.
Агар пурсанд, ки аркони новакашӣ чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, пок будан... Сеюм, аз ҳозирон мадад талабидан. Чаҳорум, пиру устоди худро ёд кардан, Панҷум, саловот фиркстодан. Шашум, сирри худро бо касе нагуфтан.
Агар пурсанд, ки одоби новакашӣ чанд аст, бигўй, ҳашт: Аввал пок бошад. Дуюм, дар тоат тақсир накунад. Сеюм, пайваста бо вузў бошад. Чаҳорум, ҳасад набарад. Панҷум, такаббур наварзад. Шашум, ба зўри худ ғарра нашавад. Ҳафтум, дар ҳамкорони худ ба чашми ҳақорат нангарад. Ҳаштум, ҳамкорони худро ёриву мадад расонад.
Агар пурсанд, ки махсуси новакашӣ чист, бигўй, нард-бон ва агар хоҳанд тунбон пўшанд ва мўҳра банданд...
Агар пурсанд, ки кардбон ишора ба чист, бигўй, ба тарбияти пир, ки ҳар замон муридро ба пояи баландтар расонад...
Агар пурсанд, ки ҳуруфи нардбон чӣ маънӣ дорад, би-гўй, ки «Н» — ниёз аст, «Р» — ризо аст, «Д» — диёнат аст. Яъне, бояд ки покизаву эмин бошад ва чашму дасту дил ва забонро аз хиёнат кигоҳ дорад. «Б» — басорат аст, яъне бояд ки дар кори худ доно (ва бико) бошад. «А» — (алиф) — инсоният аст, ки бояд хушхўю некуниҳод бошад ва «Н» — неъмат аст, бояд ки доим аз он чӣ тавонад дарвешонро хидмат кунад ва дар бахшиш дареғ надорад.
ҚИСМАТИ ЧАҲОРУМ
ДАР ШАРҲИ САЛЛАКАШОН
Эшон низ мардуми паҳлавон мебошанд.
Агар пурсанд, ки саллакашӣ аз кӣ мондааст, бигўй, аз Одам Алайҳиссалом ва пас аз Салмони Форсӣ.
Агар пурсанд, ки шакли салла далолат бар чӣ дорад, бигўй, бар доираи маърифат, ба воситаи он ки ҳайати салла шабеҳи доира аст ва ҳар кӣ салла бар сар ниҳод, бояд ки сар аз доира берун набарад, то он кор аз ў зебанда бувад.
Агар пурсанд, ки сарвона ишорат ба чист, бигўй, ба маркази доира, яъне салла доира аст ва сарвона маркази доира ва маънии ин он аст, ки соҳиби салла, бояд ки ба сирри инсонӣ, ки маркази доираи мавҷудот аст, донову бино гардад ва донад, ки ҳама барои инсон ва инсон барои шинохтани худ аст...
Агар пурсанд, ки суфра чаро гўянд, бигўй, барои он ки ҳама касро аз он фоида расад, чуноне ки аз суфраи таом. Ва ҳар саллакаше, ки аз суфраи ў наволае ба фақире нарасад, соҳиби сиккаву суррат нест.
Агар пурсанд, ки поиза (камарбанд) кӣ тавонад дошт, бигўй, касе ки масоф кардан бошад ва кори ў пи-сандидаи аҳли ҳукм бувад ва ба иҷозати ҳаким поиза овехта бошад.
Агар пурсанд, ки поиза ишорат ба чист, бигўй, ки бад-он ки агар иҷозаи ўро чун риштаҳои поиза қитъа-қитъа созанд аз тариқи футувват рў нагардонад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи салла чӣ маънӣ дорад, би-гўй. «С» — ишорат ба саломатии нафс аст, яъне мардум аз вай ба саломат бошанд. «Л» — ишорат ба лутфу марҳамат, яъне саллакаш, бояд ки бо ҳама кас дар мақоми мулоимот бошад ва ба он чӣ тавонад нафъ расонад. «А»— ишорат ба хаводорӣ ва мададгорӣ аст. Яъне салладор бояд ки пайваста ҳаводору мададгори бародарон бошад
ҚИСМАТИ ПАНҶУМ ДАР ШАРҲИ ҲАММОЛОН
Сурати ҳаммолӣ ишорат ба ҳамли (бардоштани) бо-ри амонат аст. Пас, ҳаммол бояд, ки шароити ин кор ба ҷой орад, то сурат ва маънии ў ба ҳам ороста бошад.
Агар пурсанд, ки шароити ҳаммолӣ чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, он ки чун бор бардорад аз бардоштани бори амонат ёд кунад. Дуюм, дар зери ин бор бо эҳтиёт равад.., то пой налағжад ва аз роҳи рост наафтад. Сеюм, дар ин бор хиёнат кардан раво нест. Чаҳорум, . он борро ба манзил бояд расонад, то музд тавон гирифт...
Агар пурсанд, ки одоби ҳаммолӣ чанд аст, бигўй, ду-воздаҳ. Аввал он ки... пок бошад ва то касе пок набувад, кори покон натавон кард... Чаҳорум, чашм бар пуши пой дорад ва ба ҳар сўю ба ҳар кас нанигарад. Пан-чум, чун ба миёни мардум расад, эшонро аз рафтани худ огоҳ созад, то касеро аз вай зараре нарасад. Шашум, агар дарвешеро дармонда бинад, бори ўро ба ҷиҳати савоб бардорад ва ба манзил расонад. Ҳаштум борҳое, ки ҳарому макрўҳ (зишт) бошанд набардорад... Даҳум, ба ҳамкорони худ низоъ накунад. Ёздаҳум, кори худро бар ёрон нисор (бахшад) кунад. Дувоздаҳум, дар банди уҷрат(музд) набошад ва дар ин боб муболиға нанамояд ва аз инсоф дарнагзарад.
Агар пурсанд, ки он чӣ хосаи ҳаммолон аст, чист, бигўй, ду чиз: Аввал, боркашӣ. Дуюм, боркунӣ.
Агар пурсанд, ки бинои ҳаммолӣ бар чист, бигўй, бар се чиз: Аввал қудрат, ки бе қувват ин кор натавонад кард. Дуюм, тоат, ки бе тоат ҳаммол чаҳорпой бошад. Сеюм, ҳиммат, ки ҳар кӣ бе ҳиммат бувад, ҳаргиз бор ба манзили мақсуд нарасонад.
Агар пурсанд, ки ҳаммолиро чанд мартаба аст, би-гўй, панҷ: Аввал, кашидани борҳо. Дуюм, кашидани бори маърифат. Сеюм, кашидани бори рйёзат, то нафс аз кудуратҳо соф гардад. Чаҳорум, кашидани бори ҷафои халқ. Панҷум, кашидани бори ҳақ…
ҚИСМАТИ ШАШУМ
ДАР ШАРҲИ МАҒИРГИРОН
Эшон як тоифаанд, аз зўргарон, ки ба ин кор мах-сусанд. Асли гурз аз амуд аст...
ҚИСМАТИ ШАРҲИ РАСАНБОЗОН
Эшон ба сурат аз аҳли бозианд. Мадори кори эшон бар ҷуръату қувват аст, лоҷарам эшонро дар миёни аҳли зўр овардаанд.
Бидон, ки расанбозӣ кори азимест ва аҳли ин кор, бояд ки мардуми покизарўзгор бошанд ва ба сифати покӣ ва ростӣ мутассафанд (ҳамсафанд).
Агар пурсанд, ки дар ин кор чанд намудор аст, би-гўй. ду намудор. Агар пурсанд, ки ин ду намудор кадом аст, бигўй, аввал намудори пул ва он расан аст. Дуюм, намудори тарозу ва он мизон аст. Агар пурсанд, ки расанро ба пул чӣ нисбат, бигўй, расани борик, ки бар чўбе ё деворе бастаанд ишорат аст бар пули борик...
Агар пурсанд, ки нуқтаи мизон чӣ гуна аст, бигўй, чуноне ки расанбоз бе мизон натавонад рафт ва агар чунонки зоҳиран мизоне ба даст надорад, дастҳои вай мизон хоҳад буд. Чунончи мурғонро дар паридан болҳои онҳо мизон аст.
Агар пурсанд, ки намудори мизон дар дунё чист, бигўй, ҳуфу риҷо, ки мизони адл аст. Ҳар кадом, ки мизони ақл ба даст оранд, эшонро ҳеҷ бок нест ва ҳар кадомро, ки ин мизон ба даст нест ё як тарафи мизон майле дорад қадами эшон бар ростӣ субот надорад ва аз ин ҷо гуфтаанд, ки бисёрии хуф то ба ҳадде, ки ба навмедӣ кашад, куфр (бад) аст ва касрати риҷо то ғояте, ки аз ҳад гузарад низ куфр бошад.
Эмин машав, ки маркаби мардони мардро,
Дар санглохи бодия найҳо буридаанд.
Навмед ҳам мабош, ки риндони боданўш, Ногаҳ, ба як хурўш ба манзил расидаанд.
Агар пурсанд, ки он чӣ махсуси расанбозон аст, чист, бигўй, расан ва мизон.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи расан чӣ маънӣ дорад, би-гўй, расан се ҳарф аст ҳам ба арабӣ, ки онро ҳабл гўянд ва ҳам ба форсӣ, ҳар як маънӣ дорад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи арабии он чӣ маънӣ дорад, бигўй, «Ҳ» — ишорат ба ҳилм аст, яъне хашм фурў хўрдан ва таҳаммули озори нокасон кардан. «Б» — ишорат ба бар (самар, мева) аст, яъне.. некўӣ намудан ва дар ҳаққи эшон шафқат фармудан. «Л» — ишорат ба лутф аст, яъне ба хулқи неку бо халқ муносибат кардан ва озор нарасонидан.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи форсӣ чӣ маънӣ дорад» би-гўй, «Р» — ишорат ба ростӣ аст, «С» — ишорат ба саховат ва «Н» — ишорат ба нестист (дар худ ғарқ шудан, худро шинохтан). Яъне расанбоз, бояд ки аввал қадам ба ростӣ ниҳад. Дуюм, ҳар чӣ дорад, дарбозад. Сеюм ҳастии худро дар миён набинад...
Агар пурсанд, ки ҳуруфи мизон чӣ маънӣ дорад, би-гўй, «М» — аз мурувват аст. «И» — аз яқин аст ва «3»-— аз зўҳд, «А» — аз инсоф ва «Н» — аз нафъ, яъне ҳар кӣ мизон ба даст гирад, аввал бояд ки бомурувват бошад. Дуюм, соҳиби яқин (ақидаи ягона) бошад, Сеюм, ба дунёпарастӣ майл накунад. Чаҳорум, бояд аҳли инсоф бошад. Панҷум, бояд ки нафъ ба халқ расонад ва ҳар расанбозе, ки ин панҷ сифат надорад, ўро мизон ба даст гирифтан нашояд.
Агар пурсанд ,ки сари расан кадом аст, бигўй, нияти пок. Агар пурсанд, ки пои расан кадом аст, бигўй, ҳиммати пирон ва мардон.
Агар пурсанд, ки расанбозӣ ба чӣ чиз тамом меша вад, бигўй, ба се чиз: Аввал, ҳиммати ҳозирон. Дуюм, дуои пешқадамон. Сеюм, покии дил аз занги шакку шубҳа.
ҚИСМАТИ ҲАШТУМ
ДАР ШАРҲИ ЗЎРГАРОН
Эшон анвои корҳое доранд. Аввал, мардгирӣ. Дуюм, сангшиканӣ. Сеюм, устухоншиканӣ. Чаҳорум, дорбозӣ. Панҷум, сангафканӣ. Шашум санги осиё бардоштан. Ҳафтум, пилзўрӣ кардан ва дигар корҳое ҳаст аз тир гузаронидан, ҷаҳандагӣ ва монанди он. Аз ҳар як ба қадри ҳол фарохури ин мухтасар шаммае боз намоем...
Агар пурсанд, ки дар ҳақиқат маънии мардгирӣ чист, бигўй, ҳар киро бардоранд ва наафкананд.
Агар пурсанд, ки маънии сангшиканӣ чист, бигўй, он ки сифати дуруштхўӣ ва сангдилиро бишканад ва аз худ дур кунад.
Агар пурсанд, ки маънии устухоншиканӣ чист, би-гўй, устухон ҳиҷоб ва мағзи ҳақиқат аст. Пас устухон-шиканӣ он аст, ки ба зўри бозуи мардиву ҷавонмардӣ ҳиҷоби худӣ аз пеш бардорад ва ба мағзи ҳақиқат бино гардад.
Агар пурсанд, ки маънии дорбозӣ чист, бигўй, маъ-нии ин он аст, ки аз ҳама чизҳо ростиро ихтиёр кардаем.
Агар пурсанд, ки маънии сангафканӣ чист, бигўй, ҳа-мон аст, ки сифати дуруштхўӣ ва сахтдилиро аз худ дур афканад.
Агар пурсанд, ки маънии санги осиё бардоштан чист, бигўй, санги осиё ишорат ба ду сифат аст: Санги боло ҳаракати доимӣ дорад ва он нишони ҷидду ҷахд дар талаб аст. Санги зер суқути доимӣ дорад ва он аломати бурдборӣ аст. Пас ҳар кас санг бармедорад, ишорат ба тартиб кардани он сифати нек аст.
Агар пурсанд, ки маънии пил бардоштан чист,би- гуй, пил сифати азамат аст ва бардоштани он ишорат ба он аст, ки заррае хокро нарасад, ки бо халқи афлоқ азамат кунад.
Агар пурсанд, ки ҷаҳандагӣ чӣ маънӣ дорад, бигўй, маънӣ он аст, ки нафс душмани хонагӣ аст, аз ў бибояд ҷаст ва паноҳ бурд. Тавфиқ муҳориба бо нафс аст:
Агар зи дўст мададгорие расад як дам, Ҳазор таънаи душман ба ними ҷав нахарам.
Ба яқин бибояд донист, ки ҳақиқати зўргарӣ он аст, ки душмани нафсро поймол созанд, вагарна баъзе ча-ҳорпоён ва дадонро қувват аз одамӣ зиёда аст, пас ба қувват набояд фахр кард ва аз сари ҳавои нафс бибояд гузашт, то паҳлавони маърака марди шадд гардад.
Саъди мегўяд: Мардӣ гумон мабар, ки ба панҷа асту зўри китф, Бо нафс агар бароӣ, донам ки шотирӣ.
ФАСЛИ ЧАҲОРУМ
ДАР СИФАТИ АҲЛИ БОЗӢ АЗ МАЪРАКАГИРОН ВА ЭШОН СЕ ТОИФААНД: ТОСБОЗОН, ЛЎЪБАТБОЗОН ВА ҲУҚҚАБОЗОН
ҚИСМАТИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ ТОСБОЗОН
Агар пурсанд, ки тосбозиро аз куҷо гирифтаанд, би-гўй, аз даври фалак, ки пайваста дар гардиш аст.
Тосбози чарх бин, чархи муламмаъ дар бараш,
Мезанад чархеву бар болои мо мебигзарад.
В-андарин майдон зи фарзандони одам дам ба дам, Мекунад пинҳон якеву дигаре меоварад.
Агар пурсанд, ки маънии тосбозӣ чист, бигўй, дар ин кор чаҳор феъл аст ва ҳар яке маъние дорад: Аввал, ҷубба пўшидан. Дуюм, чарх задан. Сеюм, рахт бардоштан ва пинҳон кардан, Чаҳорум, боз овардан.
Агар пурсанд, ки маънии ҳар як чист, бигўй, чубба пўшидан ишорат ба талаб кардани мақсуд аз худ барои он ки бузургон гуфтаанд: «ҳар чӣ туро бояд бо туст ва матлуби ту дар зери ҷомаи ту».
Дигар, чарх задан, ишорат аст ба сайр кардан дар худ ва аз доираи вуҷуди худ қадам берун наниҳодан.
Дигар, рахт бардоштан, ишорат ба қабули суханони дарвешон ва пазируфтани калимоти эшон, ки ҳар як матоест нафис. Бозовардан ишорат аст ба адо кардани он суханон ва вақту маҳалли он нигоҳ доштан, яъне файзе, ки аз бузургон гирифта бошад, дар вақти эҳтиёҷ ба хўрдон бирасонад.
Агар пурсанд, ки махсуси тосбозон чист, бигўй, ҷуб-баву тоб.
Агар пурсанд, ки ҷубба ишорат ба чист, бигўй, ҷуб-баи тосбозон ба ду чиз аст: аввал он ки пўшандаи айб бошад. Дуюм, он ки бар ў ҳама эътимод тавон кард.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи ҷубба чист, бигўй, «Ҷ» — ҷидду ҷаҳд аст. «Б» — бедорӣ ва ҳушёрӣ аст, яъне соҳиби ин либос, бояд ки дар кори худ бедору ҳушёр бошад ва ғафлат наварзад. «Ҳ» — ҳиммати баланд аст, яъне дар ин либос олиҳиммат бошад ва ба чизҳои дун сар фурў наорад.
Агар пурсанд, ки тос ишорат ба чист, бигўй, тос ишо-рат ба мартабаи сафо ва покизагист ва баъзе гуфтаанд, тос ишорат ба дил тавонад буд, ки тосро дар зери ҷубба мебарад ва берун меоварад. Ин ҷо низ тоси дил, ки дар миёни ҷуббаи бадан пинҳон кардаанд, мебояд, ки ба ҳамон сафои аввал то охир бимонад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи тос ишорат ба чист, бигўй, «Т» — талаб аст, «А» ва «С» — саломат, яъне тосбоз бояд, ки пайваста дар талаби маонӣ ва ҳақоиқ бошад ва улфат бо ёр гирад ва ба ағёр ва дар роҳи саломат равад, то дилаш аз офати роҳ солим бувад.
ҚИСМАТИ ДУЮМ
ДАР ШАРҲИ ЛЎЪБАТБОЗОН
Бидон, эй азиз, ки дар кори лўъбатбозии дарвешони соҳибдил таомулҳо фармудаанд ва басе ҳақоиқ бар эшон кашф шудааст. Бибояд донист, ки ҳар чизе ки дар олами сурат зуҳур мекунад, агарчи дар либоси ҳазл бошад, аммо ба ҳасби ҳақиқат ҷидд бувад... Умари Хайём гуфтааст:
Мо лўъбатаконему фалак лўъбатбоз,
Аз рўи ҳақиқате на аз рўи маҷоз.
Рўзе ду-се омадему бозӣ кардем,
Рафтем ба сандуқи адам як-як боз,
ё худ Мавлавӣ дар «Маснавӣ» овардааст:
Ў ба санъат азар асту ман санам,
Ман шавам чизе, ки вай месозадам.
Гар маро соғар кунад, соғар шавам,
В-ар маро ханҷар кунад, ханҷар шавам.
В-ар маро чашма кунад, обе диҳам,
В-ар маро оташ кунад, тобе диҳам.
Агар пурсанд, ки шарти лўъбатбозӣ чист, бигўй, он ки доно бошад ва аз ҳақиқат бобаҳра гардад.
Агар пурсанд, ки махсуси лўъбатбозон чист, бигўй, хаймаву пешбанд. Бозии хайма дар рўз ва бозии пешбанд дар шаб тавон кард. Пешбанд сандуқеро гўянд, ки дар пеши он хаёлбозӣ мекунанд ва дар рўз бозӣ ба даст ҳаракат кунанд ва дар шаб бозӣ риштае чандро мутаҳаррик (ҳаракаткунанда) созанд.
Агар пурсанд, ки хайма ишорат ба чист, бигўй, ба бадани инсон, ки ҳар лаҳзае лўъбати дигареро аҳвол ва фаъол аз ин хайма сар бармезанад ва дар ин хайма ҷуз яке нест, ки масдари ин мухталифот аст.
Агар пурсанд, ки пешбанд ишорат ба чист, бигўй, ба дили одамӣ, ки сандуқи аҷоиб аст ва ҳар замон аз сифоту аҳволи ў ҳаракат диҳад, ба ин ҷиҳат ўро қалб гўянд, ки гардон аст...
Шамъи саропардаи шоҳӣ дил аст,
Балки назаргоҳи илоҳӣ дил аст.
ҚИСМАТИ СЕЮМ
ДАР БАЁНЙ ҲОЛИ ҲУҚҚАБОЗОН
Агар пурсанд, ки ҳуққабозиро аз куҷо гирифтаанд, бигўй, аз даври фалак, ки мўҳраи меҳру моҳро бо тамоми ситорагон гоҳ пинҳону гоҳо ошкоро гардонад. Хоҷўи Кирмонӣ дар сифоти фурў рафтани кавокиб ва баромадани офтоб гуфтааст:
Сад ҳазорон мўҳраи симин даруни ҳуққа бурд, Ҳуққабози чарх, пас як мўҳраи заррин намуд,
Агар пурсанд, ки ҳуққабозӣ чист, бигўй, он ки бар даври замон эътимод накунад, чи ҳар замон ҳуққаи фалак мўҳраи умри азизе ғоиб месозад ва аз ҳар туе нақши дигар менамояд ва ҷамии шўъбаҳоро бар ин қиёс бояд кард, ки чизе менамояд ва дар воқеъ чунин нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё