Зеҳн

Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Боби Панҷум

ВА
Валиев Султон30 октябри 2024 · 45 дақиқа хондан

ДАР ОДОБИ АҲЛИ ТАРИҚ

Бидон, ки бузургон гуфтаанд, ки дарвешӣ тамом адаб аст. Яъне ҳар вақте ва ҳар ҳоле ва ҳар мақомеро одобе аст. Пас, ҳар кӣ муҳофизати одоб кунад, ба мақоми мардон расад ва Саноӣ дар «Ҳадикат улҳақиқат» гуфтааст, ки сўҳбат натиҷаи адаб аст ва адаб натиҷаи ҳурмат ва ҳурмат натиҷаи сафват (покизаву холис) ва сафват натиҷаи дил ва дил хазинаи ақл, ақл бошад хазинаи сирр ва сирр хазинаи маърифат... аст. Ва гуфтаанд: адаби зоҳир нишонаи адаби ботин аст…, яъне адаб покиза сохтани зоҳиру ботин аст. Ҳар кӣ ба ҷое расад, аз адаб расад. Чунончӣ, Мавлоно Ҷалолид-дини Румӣ мефармояд:

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак,

В-аз адаб маъсуму пок омад малак,

ё)

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР ОДОБЕ, КИ АҲЛИ ТАРИҚРО МУҲОФИЗАТИ ДИЛ АСТ ВА МУҲОФИЗАТИ ҲАФТ УЗВ: ЧАШМУ ГЎШ, ЗАБОНУ ДАСТ ВА ШИКАМУ ФАРҶУ ПОЙ

Агар пурсанд, ки муҳофизати дил чӣ гуна аст, бигўй, чунонки аз маосии дил эҳтироз кунӣ ва асли маъсиятҳои дил ҳасад аст ва учбу (ғурур) риё ва ғафлату ғурур ва бухлу ҳирс ва амсоли инҳо.

Дигар, он ки ойнаи дилро... равошан дорӣ ва ин хил-ватхонаро аз хасу хошок ба ҷорўб пок созӣ.

То нарўбанд ба ҷорўби сафо хонаи дил, Манзараш ҷилвагари ҳазрати ҷонон нашавад, Агар пурсанд, ки адаби чашм чанд аст, бигўй, ду: яке он ки онро ба чаҳор чиз бикшоӣ, дуюм он ки анро аз чаҳор чиз барбандӣ. Агар пурсанд, ки он чаҳор чиз, чашм бад-он кушод, кадом аст, бигўй, аввал ба роҳ мебояд кушод, то чун роҳ бираванд, заминро бинанд ва пеши пои худ мулоҳиза кунанд. Дуюм, дар назораи осмону замин бояд кушод... Сеюм ба ибрат мебояд кушод, ки он чӣ бинанд, аз он эътиборе гиранд...

Агар пурсанд, ки он чаҳор чиз ки аз он чашм ме-бояд баст, кадом аст, бигўй, аввал дида бибояд баст аз номаҳрам, ки нигоҳ кардан дар номаҳрам тири заҳролудест, ки бар ҳар дил ки ояд, аз дасти шайтон ҷон набарад. Дуюм, чашм ба ҳам бояд ниҳод аз суратҳои некў, вақте ки ба шаҳват дар он нигаранд ва агар касе аз рўи покӣ дар касе ва дар сурати некў нигарад, ҳеҷ нуқсоне надорад, чунонки гуфтаанд:

Гар нигарӣ покрухи лолафом,

Нест гулу лола ба дидан ҳаром.

Дида, ки дар вай назари пок нест, Сурмаи он дида ба ҷуз хок нест.

Сеюм, дида бояд баст аз айб дидан. ки ҳеҷ, касро бадтар аз айббинӣ нест:

Айби касон мангару эҳсони хеш,

Дида фурў бар ба гиребони хеш.

Чаҳорум, он ки дида бибояд баст аз он, ки ба назари ҳиқорат дар мардум нигаранд ва ба ҳоли касе истиҳфоф (ночиз шуморидан) кунанд, ки ҳеҷ кас... аз ҳоле холӣ нест, чунон ки Хоҷа Имомуддини Фақеҳ фармояд:

Гар подшоҳи мулкию гар сояи илоҳ,

Дар ҳеҷ кас ба чашми ҳақорат макун нигоҳ,

Агар пурсанд, ки адаби гўш чанд аст, бигўй, ду: Аввал он ки ба се чиз бикшой. Дуюм он ки аз се чиз дарбандӣ. Агар пурсанд, ки он се чиз, ки гўш бад-он бояд кушод, кадом аст бигўй... Сеюм, суханони машоих ва аҳли ҳикмат.

Агар пурсанд, ки он се чиз, ки гўш аз он дарбояд баст, кадом аст, бигўй, аввал сухани ботил ва калимоти бидъат. Дуюм, аз истимои ҳазёну фаҳш аз суханони беҳосил. Сеюм, аз шунидаии ғайбату бўҳтон ва айб, ки шунаванда дар вубол (гуноҳ) шарики гўянда аст.

Агар пурсанд, ки адаби забон кадом аст, бигўй, он ки ба шаш чиз бикшоӣ ва аз ҳашт чиз дарбандӣ.

Агар пурсанд, ки он забон, ки бад-он бояд кушод, кадом аст, бигўй, изҳори он чӣ дар дилҳо ниҳон аст аз ҳоҷати зарурия, дар ионати (ёрӣ) мазлумон ва иғосати (фарёдрасӣ) маҳрумон сухане гуфтан, ки бад-он шарри золим аз сари мазлум дафъ шавад. Агар пурсанд, ки он ҳашт чиз, ки забон аз он дарбояд баст, кадом аст, бигўй, аввал дарбояд баст аз дурўғ, ки дурўғгўй адў аст. Дуюм, аз хилофи ваъда, ки он сифати мунофиқон аст. Сеюм, аз ғайбату бўҳтон, ки он амали фосиқон аст. Чаҳорум, аз ҷадал, хусумат ва суханчинӣ ва айбгўй, ки инҳо аз васвасаи шайтон аст. Панҷум, аз сано ва сутудани худ, ки далели уҷб (худписандӣ) ва туғён (аз ҳад гузаштан) аст. Шашум, аз лаънат кардан бар навкарон ва хидматгарон, ки феълӣ ҷабборон (золим) аст. Ҳафтум, аз дуои бад нафриҷ кардан, ки он сабаби кудурати дилу ҷон аст. Ҳаштум, аз мазоҳ ва тамоҳара (ҳазл) ва тасҳар (масхара кардан) ва ҳазл, ки он воситаи ранҷиши фаровон аст.

Агар пурсанд, ки адаби даст чанд аст, бигўй, панҷ; Аавал, он ки касби ҳалол кунанд. Дуюм, он ки касеро наёзорад. Сеюм, он ки ҳаром фаро нагирад. Чаҳорум, он ки дар амонат хиёнат накунад. Панҷум, он ки ба қалам чизе нависад, ки ба забон тавон гуфт.

Агар пурсанд, адаби шикам кадом аст, бигўй, он ки аз ҳаром ва шубҳат пок дорад.

Агар пурсанд, ки адаби пой чист, бигўй, ду: Аввал он ки ба се мавзеъ равон кунӣ. Дуюм, он ки аз се маҳал боздорӣ.

Агар пурсанд, ки он се мавзеъ, ки бояд рафт, кадом аст, бигўй, аввал ба мавзеи хайр равад. Дуюм, он ки ба зиёрати қубур ва қулуб шитобад. Сеюм, он ки ба шафоати гуноҳкоре ба аёдати беморе, ё дафъи зулмеву озоре қадам бояд ниҳод.

Агар пурсанд, ки он се мавзеъ, ки набояд рафт, ка-дом аст, бигўй, аввал ба хонаи золимон ва ҳаромхўрон, магар ба зарурат. Дуюм, ба мавозеи тўҳмат ва ҷоҳои нолоиқ, чун қиморхона ва харобот, Сеюм, аз паси номаҳрам нашоист қадам ниҳодан.

фасли дуюм

дар одоби арбоби тариқ ё ҳар тоифа

Он чанд навъ тавонад буд? Адаб бо пирон ва бо устодон, бо падару модар ва хешон ва бо дўстон ва бо ошноён ва бо ҳамсоягон ва бо беганагон...

Агар пурсанд, ки адаб бо падару модар чанд аст, бигўй, дувоздаҳ: Аввал он, ки ҳурмати эшон ба воҷиб нигоҳ дорад. Дуюм, ба моли дунё бо эшон музояқа (сахтӣ) накунад. Сеюм, ба мурооте, ки ба эшон кунад, миннат бад-эшон оид нагардонад. Чаҳорум, низ дар рўи эшон нангарад. Панҷум, чун бихонандаш, зуд иҷобат (қабул) кунад. Шашум, дар вақти мулоқоти эшон рўй дарҳам накашад. Ҳафтум, ҳар чӣ фармоянд, ки дар он маъсияте (гуноҳ) набошад, ба ҷой оварад, Ҳаштум, дар сухан гуфтан бо эшон ё бо дигаре дар пеши эшон овоз баланд накунад. Нўҳум, бе дастури эшон ба сафар наравад. Даҳум, дар талаби ҳосил кардани хушнудии эшон бошад. Ёздаҳум, эҳсон бо эшон, сонӣ ибодат донад, яъне биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Андар таҳи пои модаран аст.

Агар пурсанд, ки шароити адаб бо хешовандон чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, он ки бо эшон пайванд (дўстӣ) кунӣ, ки силаи раҳм (алоқа ба хешу табор) дар умр бияфзояд. Дуюм, бо мол бо эшон мувосот (кўмак) кунӣ. Сеюм, ба шодии эшон шод гардӣ ва ба ғами эшон ғамгин гардӣ. Чаҳорум, дар вақти мададгорӣ тариқи муаванат (дастгирӣ) фурў нагзорӣ. Панҷум, ҳарчанд бо ту ҷафо кунанд, дар мукофоти он, вафо ба ҷой орӣ. Шашум, бо душманони эшон дарнасозӣ. Ҳафтум, қасди мол ба арзи (матоъ) эшон накунӣ, ки ту низ беномус ва беарз (беқадр) мешавӣ.

Агар пурсанд, ки шарти адаб бо дўстон чанд аст, бигўй, он ки дар дўстии ў ҳеҷ ғаразе тасаввур натавон кард ва аломати инчунин кас он аст, ки дар ў панҷ хислат бошад: Аввал, ақл ки дар сўҳбати беақл ҳеҷ хайр набувад. Акобир (бузургон) гуфтаанд; «Душмани доно, беҳ аз дўсти нодон». Дуюм, некхў бошад, ки бо бадхў сўҳбат ба душворӣ муяссар шавад. Сеюм, салоҳи нафс, ки бо муфсид (бадкор) ва фосиқ неку набувад... Чаҳорум, қаноат, ки ҳар кӣ дунё дўст дорад ва ҳарис (гурусначашм) бувад, дўст нагардад, сўҳбати ў ҳамчу заҳри қотил бошад. Панҷум, ростӣ, ки ҳар кӣ норост ва каҷбоз (фиребгар) ва қалб бошад, дар дўстии вай ҳеҷ роҳат набувад, барои он ки ҳар чӣ гўяд, бар он эътимод натавон кард.

Агар пурсанд, ки дўсти маҷозӣ кадом аст, бигўй, он ки дар дўстии ў ғараз мутасаввир бошад ва он дўстӣ эътемодро нашояд, барои он ки ҳар кӣ ба ғараз дўстӣ кунад, чун ғарази худ ҳосил кунад, дўстӣ ба охир анҷомад ва агар ғарази вай ҳосил нашавад, дўстӣ ба душманӣ мубаддал гардад. Шайх Саъдӣ фармудааст:

Ин дағал дўстоя, ки мебинӣ,

Магасонанд гирди ширинӣ.

То хутоме, ки ҳаст, менўшанд,

Ҳамчу занбўр бар ту меҷўшанд.

В-он замоне, ки деҳ хароб шавад,

Киса чун косаи рубоб шавад,

Тарки сўҳбат кунанду дилдорӣ,

Дўстӣ худ набуд, пиндорӣ!

Рост гўям, сагони бозоранд,

К-устухон аз ту дўсттар доранд!

Агар пурсанд, ки чун дўсти ҳақиқӣ ба даст ояд, одоби ў чӣ гуна риоят тавон кард, бигўй, бад-он навъ, ки бо ў бист тариқ риоя доранд: Аввал, мол аз ў дареғ надоранд, агар ҳама мол натавон, боре он миқдор, ки ҳоҷати вай бад-он раво шавад. Дуюм, рози вай бо касе нагўянд ва дар миёни ҷон нигоҳ доранд. Сеюм, айби вай бипўшанд аз халқ, на аз вай, балки бо вай бигўянд, то ба чораи он машғул шавад. Чаҳорум, сухани вайро ба гўшу ҳуш бишнаванд. Панҷум, бар сухани вай зътироз накунанд ва айби он наҷўянд. Шашум вайро ба номи некў хитоб кунанд. Ҳафтум, некўии вайро шукр гўянд. Ҳаштум, дар ғайбати вай ба некиву хубӣ ёд оранд. Нўҳум, чун ба насиҳат ҳоҷат афтад, ба таъриз (муфассал) ва лутф гўянд ва аз тасреҳ (амиқу ошкоро) ва унф (дағалӣ) дур бошанд. Даҳум, хатоҳои вайро даргузаранд (бахшанд) ва нодида ангоранд. Ёздаҳум, бори худ бар вай наафкананд. Дувоздаҳум, ба шодии вай шодӣ кунанд ва ба малоли вай малул бошанд. Сездаҳум, бар вай ба салом ибтидо кунанд. Чаҳордаҳум, ҳурмати вай ба навъе, ки зиёдат аз он нашояд, ба ҷой оранд. Понздаҳум. дар миёни сухани вай сухан нагўянд. Шонздаҳум, ба вай ҳамон писанданд, ки ба худ писанданд. Ҳабдаҳум, вайро дар маҳалли солеҳ сано гўянд, Ҳаждаҳум, дар маҷлис вайро тақдим кунанд (пеш гузаронанд) ва ҷои некў биншинанд. Нуздаҳум, дар вақти мададгорӣ ҳимоят фурў нагзоранд. Бистум, бо душманони ў дўстӣ наварзанд ва бо дўстони ў душманӣ накунанд ва асл дар ин боб аст, ки бо вай чунон маош (муносибат) кунанд, ки дўст доранд, ки бо эшон маош бар он ваҷҳ воқеъ гардад ва яқин донанд, ки дар олам ҳеҷ саодате баробари ёре некў нест:

Эй дўст, бирав, ба ҳар чӣ дорӣ

Ёре бихару ба ҳеҷ мафрўш.

Пас, дар одоби ёрӣ, чандон ки метавон, мулоҳиза мебояд намуд, чунонки устод фармояд:

3-он ҳама к-одоб накўкорӣ аст,

Мояи аввал адаби ёрӣ аст.

3-он ки дар офоқ зи барнову пир

Ҳеҷ кас аз ёр надорад гузир.

Агар пурсанд, ки шарти адаб бо ошноён чанд аст, бигўй, шаш. Аввал, ки ошноиро ҳар соат зиёдат кунад.

Дуюм, он ки фоида бад-эшон расонӣ ба дасту забон ва ба ҳар навъ, ки тавонӣ. Сеюм, насиҳат аз эшон боз-надорӣ, Чаҳорум, тамаъ аз эшон мунқатеъ (дур) дорӣ. Панҷум, пайваста тафаҳҳуси (пурсиши) аҳволи эшон кунӣ. Шашум, агар бадӣ кунанд, итоб (маломату сарзаниш) накунӣ ва даргузарӣ.

Агар пурсанд, ки адаб бо ҳамасоягон чанд шарт до-рад, бигўй, чаҳордаҳ. Аввал, он ки лутф ва меҳрубонӣ бо эшон фурў нагзорад. Дуюм, насиҳат ва мавъизат (андарз) аз эшон дареғ надорад. Сеюм, агар бадӣ бинад, эшонро фазиҳат (беабрўй) накунад. Чаҳорум, муованат (мададгор) ва ҳимояти эшон бад-он миқдор, ки тавонад, ба ҷой оварад. Панҷум, бори худ бар эшон наниҳад, балки бори дили эшон бардорад. Шашум, агар ҳоҷате азони эшон раво кунад, бар эшон миннат наниҳад. Ҳафтум, агар аз эшон нафъе бирасад, шукр гўяд. Ҳаштум, агар дар бораи ин кас тақсире (нуқ-сон) ба ҷой оранд, шикоят накунад. Нўҳум, агар дарвеш ва мўҳтоҷ бошанд бад-он чӣ дастрас бошад, бо эшон мусамаҳат (мадад) кунанд. Даҳум, агар дастафзоре талабанд, ба хушдилӣ бад-эшон диҳад. Ёздаҳум, обу намак ва ҳезум аз эшон дареғ надорад. Дувоздаҳум, фарзандони хурди эшонро бинавозад. Сездаҳум, дар таъзияту таҳният (муборакбод) ва ғаму шодӣ бо эшон мувофиқат варзад. Чаҳордаҳум, дар оброҳ ва пойроҳ ва равзана (дарича) ва ҳар чӣ эшонро аз он нафъе расад ва дигареро зараре набошад, музояқат (душворӣ) нанамояд ва илал — ҷумла бояд, ки ҳурмати ҳамсоя бар ваҷҳе бошад, ки мазиде бар он мутасаввир набошад.

Агар пурсанд, ки одоб бо бегонагон чанд аст, бигўй, шаш. Аввал, он ки ба ҳеҷ кас ба чашми ҳақорат нигоҳ накунӣ. Дуюм, худро дар миёни сухани эшон наяфканӣ. Сеюм, аз суханони ноҳамвори эшон худро ғофил созӣ. Чаҳорум, агар ношоистагӣ бинӣ, насиҳат кунӣ. Панҷум, шафқат аз эшон во надорӣ. Шашум, то касеро аз эшон қобил (шоиста) надонӣ, дар сўҳбат роҳ надиҳӣ.

ФАСЛИ СЕЮМ

ДАР ОДОБИ ТАКЯДОРОН

Бидон, ки ҳар такя нишонаест, ки мусофирону му-ҷовирон бад-он (нишонае оваранд). Пас мебояд, ки такяро ба чанд сифат махсус ва мумтоз бошад, то такядорӣ ўро мусаллам бувад...

Агар пурсанд, ки такадор чӣ маънӣ дорад, бигўй, ба дарвозаи марг ҳозир будан ва ба як нафас эътимод нафармудан....

Агар пурсанд, ки ҳосили такя чист, бигўй, дидор...

Агар пурсанд, ки мақсади такя чист, бигўй, хидмати фуқаро.

Агар пурсанд, ки қиблаи такя кадом аст, бигўй назар бар дилҳо доштан.

Агар пурсанд, ки санади такя кадом аст, бигўй, ба ниёз даромадан.

Агар пурсанд, ки садри такя кадом аст, бигўй, он ҷо ки комил нишаста аст.

Агар пурсанд, ки сирри такя чист, бигўй, суфра.

Агар пурсанд, ки нури такя чист, бигўй, чароғ.

Агар пурсанд, ки обрўи такя кадом аст, бигўй, покӣ.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи такя чӣ маънӣ дорад, би-гўй, «Т»—далолат кунад бар таваккал, «Қ»-— далолат кунад бар карам, яъне соҳиби такя бояд, ки карим бошад. «И» — далолат кунад ба якрангӣ ва якҷиҳатӣ. Яъне такядор бояд, ки дар кори худ якранг бошад. «Ҳ» — далолат бар ҳаводор, яъне такядор бояд, ки ҳаводори дарвешон ва мусофирон бошад ва ба дилу ҷон фуқароро дўст дорад, то такядориро шояд.

Агар пурсанд, ки бар такядорӣ чанд адаб воҷиб аст, бигўй, дувоздаҳ чиз: Аввал, тавозўъ намудан. Дуюм, ба забон дўстонро навохтан. Сеюм, рўи кушодаву лаби хандон доштан. Чаҳорум, суҷуди тариқат ба ҷой овардан. Панҷум, то се рўз аз мусофирон савол накардан. Шашум, агар сад бадӣ бинад ба карам дар гузаронидану пўшидан, то замоне, ки меҳмонӣ се рўзу се шаб аст бигзарад. Ҳафтум, то се рўз суфра кушодан. Ҳаштум, ба дилу ҷон толиби мусофирон будан ва бо эшон бахилӣ накардан. Нўҳум, аз кору одоби тариқат сухан рондан. Даҳум, хушмашрабӣ кардан ва бо дарвешон зўҳди хушк наварзидан. Ёздаҳум айби ёронро мастур доштан, Дувоздаҳум чун бурун раванд шикоят накардан.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР ОДОБИ ТАКЯ ДАРОМАДАН

Бидон, ки ҳар дарвеше, ки ба манзил расад, бояд ки аз аҳволи сокинони он диёр пурсиш намояд ва ҳар ҷо ки аз аҳли дилу азизе нишон ёбад, худро ба мулозимати ў расонад ва дар омадан ба такяи фуқаро чанд чиз риоят кунад, то донанд, ки ў миён бастааст ва хидмати фуқаро карда.

Агар пурсанд, ки адаби такя даромодан чанд аст, бигўй, се: Аввал, он ки пок (бо вузў) бошад. Дуюм, он ки чун ба остона расад, пои рост пеш ниҳад...

Агар пурсанд, ки мустаҳиби такя даромадан чанд аст, бигўй, ду: Аввал, он ки чун ба такя дарояд дуо хонад. Дуюм, ҷои пок талаб кунад...

Агар пурсанд, ки ҳурмати ба такя даромадан кадом аст, бигўй, он ки агар синоне бар сари асо дорад синонро рўй ба худ кунад, на ба такя.

Агар пурсанд, ки ин чӣ маънӣ дорад, бигўй, маънияш он аст, ки бо синони муҷоҳида бар нафси худ задаем.

Агар пурсанд, ки аркони ба такя даромадан чанд аст, бигўй, ҳашт: Аввал — салом кардан. Дуюм, аз сари тавозўъ рўй бар хок ниҳодан. Сеюм, аҳли ҷамъро мусофиҳа кардан ва ба даст дарёфтан. Чаҳорум, тарҷимон гуфтан. Панҷум, ҷой талаб кардан. Шашум, саҷда ба ҷой овардан. Ҳафтум, ҳаққи қудум гуфтан. Ҳаштум, ҳар ҷо ки ҳавола кунанд, нишастан.

Агар пурсанд, ки шарти такя даромадан кадом аст, бигўй, он ки нишонаи иродат бинамояд.

Агар пурсанд, ки нишонаи иродат кадом аст, бигўй, он ки бе тўҳфаву табрик ба назди пирон наравад...

Агар пурсанд, ки ба такя ба сар омадӣ ё ба пой, бигўй, ба сидқу сафо омадам.

Агар пурсанд, ки чӣ рўй омадӣ, бигўй, ба рўи ниёз.

Агар пурсанд ба бўи кӣ омадӣ, бигўй, ки ба бўи меҳру вафо.

Агар пурсанд, ки такя туро талабид ё ту такяро талабидӣ, бигўй, такя маро талабид ва ман соҳиби такяро.

Агар пурсанд, ки ба чанд аҳд ба такя даромадӣ, бигўй, ба чаҳор аҳд, Агар пурсанд, ки он чаҳор аҳд кадомҳоянд, бигўй, аввал даромадан баҳурмат. Дуюм, нишастан ба иззат. Сеюм, гуфтан ба ҳикмат ва чаҳорум бархостан ба хидмат.

ФАСЛИ ПАНҶУМ

ДАР ОДОБИ НИШАСТАН

Бидон, ки дар нишастан адабе чанд ҳаст, ки риояти он бояд кард. Аммо шайхро навъе бояд нишаст ва фарзандони тариқро навъе.

Агар пурсанд, ки адаби нишастани шайх чанд аст, бигўй, агар бар рўи саҷҷода менишинад... чаҳор адаб аст. Агар бар ғайри саҷҷода нишастааст, чаҳор чиз риоят бояд кард: Аввал, рўй ба қибла. Дуюм, бар ду зону. Сеюм, бисёр ба чапу рост нангарад. Чаҳорум, аз маҷлис барнахезад, магар зарурат бошад.

Агар пурсанд, ки адаби фарзандони тариқ дар ни-шастан чанд аст, бигўй, ҳашт: Аавал ин ки ҳар чӣ эшонро ҳавола кунанд биншинанд. Дуюм он ки ба болову паст ва ба чапу рост нангарад. Сеюм, то касе бо эшон сухан нагўяд, сар аз пеш барнаёранд. Чаҳорум, агар соҳабҷамоле дар маҷлис бошад, бисёр дар вай нангарад. Панҷум, бар ду зону нишинад ва ба тавозўъ бошад. Шашум, бисёр барнахезад. Ҳафтум, талаби тақаддам накунад ва агар касе бар эшон муқаддам нишинад, бо вуҷуди он ки роҳи ў набошад аз он бад набарад, ки бузургон гуфтаанд: «Мард бояд, ки макон бад-ў шараф ёбад, на ў ба макон». Ҳаштум, он ки ҷой бар ҳамнишин танг нагардонад.

Агар пурсанд, ки куҷо нишастаӣ, бигўй, бар замини абадият ва фарши хидмат.

Агар пурсанд, ки барои чӣ нишастаӣ, бигўй, барои назар.

Агар пурсанд, ки бархезу биншин чӣ маънӣ дорад, бигўй, маънӣ он аст, ки аввал бархез ба хидмат, охир биншин ба ҳурмат.

ФАСЛИ ШАШУМ

ДАР ОДОБИ СУХАН ГУФТАН

Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барои он ки нутқ ба савоб (сухани рост) бояд ва илло хомўшӣ беҳ, аз он бувад. Чунонки шайх Саъдӣ фармуда:

Баҳоим хамўшанду гўё башар,

Забон баста беҳтар, ки гўё ба шар.

Ва дар сухан гуфтан чандин адаб аст, ки шайху ғо-либро риоят бояд кард ва чандин адаби дигар аст, ки нозилон (шахси то мартабаи шайх расидаро) нигоҳ бояд дошт. Агар пурсанд, ки адаби ғолибон дар сухан гуфтан чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, он ки сухан фароҳури (муносиби) ҳоли ҳар кас гўяд:

Бо ёри нав аз ғами куҳан бояд гуфт,

Бо ў ба забони ў сухан бояд гуфт.

Дуюм он, ки ба лутф сухан гўяд, на ба унф (дуруштӣ). Сеюм, он ки дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфта бошад, на турушрўю гирифта. Чаҳорум, чандон сухан ба мустамеъи (шунавандаи) он гўяд, ки ба малоли хотири эшон наанҷомад. Панҷум, сухан гўяд, ки манфиати дунё... дар он бошад. Шашум, то сухане тамом баиёр (қадр) набошад, бар забон наронад, ки сухани бузургон ба масобаи (монанди) тухм аст ва агар тухм фосиду бемағз бошад дар ҳар замии, ки афтад, нарўяд ва аз ў манфиате ба ҳосил нарасад.

Агар пурсанд, ки адаби нозилон дар сухан чанд аст, бигўй, ҳашт: Аввал, он ки то аз вай сухан напурсанд, нагўяд. Дуюм, дар вакти сухан гуфтан авоз баланд накунад. Сеюм, ба чапу рост нангарад, Чаҳорум, ғаразомез ва киноят нагўяд. Панҷум, дар рўи шунаванда наҷаҳад ва сухани сахт нагўяд. Шашум, то фикр накунад, сухан нагўяд, то пушаймон нашавад. Ҳафтум дар миёни сухани мардум сухан дарнаёрад ва сухани гўяндаро мунқатеъ (бурида) нагардонад, Ҳаштум, бисёр нагўяд, ки бисёр гуфтан нишонаи андакақлӣ аст, чу-нончи Шайхи Ганҷанишин дар «Лайливу Маҷнун» фармояд:

Кам гўю гузида гўй чун дур,

То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур,

Лоф аз сухани чу дур тавон зад,

Он хишт бувад, ки пур тавон зад,

0б арчи басе зулол хезад,

Аз хўрдани пур малол хезад...

Агар пурсанд, ки ба чӣ забон сухан мегўӣ, бигуй, ба забони сидқ. Агар пурсанд, ки сухан ба кадом гўш мешунавӣ, бигўй, ба гўши қабул.

Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст ё ту аз суханӣ, бигўй, ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст. Агар пурсанд, ки сухани ноқис кадом аст, бигўй, он ки мувофики сухани худову расул бошад.

Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст, бигўй, ки аз он нафъ ба касе расад. Агар пурсанд, ки бад кадом, аст, бигўй, он ки аз он зараре ба касе оид шавад.

ФАСЛИ ҲАФТУМ

ДАР ОДОБИ ТАОМ ХЎРДАН ВА ОБ ОШОМИДАН

Бидон, ки одамиро аз таом хўрдан чора нест... ва ҳайванот низ ба хўрдан зиндаанд. Пас, мебояд, ки миёни хўрдани инсон ва хўрданя ҳайвон фарқ бошад, чи ҳайвон зистан барои хўрдан дорад ва инсон хўрдан барои зистан. Фарқ миёни ин ду хўрдан ба одоб аст. Яъне одамӣ одоб ва аркони таом хўрдаи нигоҳ медорад ва ҳайвонот аз он бехабаранд. Агар пурсанд, ки аркони таом хўрдан чанд аст, бигўй, сию ҳафт. Чаҳор фарз (зарур) аст ва чаҳор суннат (расму қоида) ва чаҳор мустаҳаб (писандида) ва даҳ адаб ва чаҳор ҳурмат ва чаҳор ҳикмат ва ҳафт эҳтиёт.

Агар пурсанд, ки чаҳор фарз кадом аст, бигўй, аввал луқмаи ҳалол пайдо кардан. Дуюм, диҳандаи рўзи худойро шинохтан. Сеюм, шукр ба ҷой овардан. Чаҳорум, таоми пок хўрдан, яъне наҷас (нопок) ва олуда набошад.

Агар пурсанд, ки чаҳор суннат кадом аст, бигўй.., Аввал, бисмилоҳ гуфтан. Дуюм, пеш аз таом даст шустан. Сеюм, таом ба дасти рост хўрдан. Чаҳорум баъд аз таом ҳамд гуфтан.

Агар пурсанд, чаҳор мустаҳаб кадом аст, бигўй, аввал ибтидо ба намак кардан. Дуюм, хатм ба намак кардан. Сеюм, бар суфра чизе хўрдан. Чаҳорум, луқма додани ходим, ҳар гоҳ ки бо қавм бар суфра нишаста бошад.

Агар пурсанд, ки даҳ адаб кадом аст, бигўй, аввал бар пои чап нишастан. Дуюм, аз пеши худ хўрдан. Сеюм дар луқмаи касе нанигаристан, Чаҳорум, аз каронаи (гўшаи) коса хўрдан. Панҷум, ба се ангушт таом хўрдан. Шашум, ангушт лесидан. Ҳафтум, косаро пок сохтан. Ҳаштум, агар луқма аз даст бияфтад, бардоштан ва агар олуда шуда башад, пок кардан ва хўрдан. Нўҳум, дар вақти таом такя бар ҷое назадан. Даҳум, баъд аз таом даст шустан.

Агар пурсанд, ки чаҳор ҳурмат кадом аст, бигўй, аввал он ки дар вақти таом хўрдан сар нахорад. Дуюм, бинӣ пок накунад. Сеюм, оби даҳон наяфканад. Чаҳорум, таом дар даҳон бо касе сухан нагўяд.

Агар пурсанд, ки чаҳор ҳикмат кадом аст, бигўй, аввал, он ки луқма хўрд кунад. Дуюм, он ки нек бихояд. Сеюм, он ки бисёр чизе нахўрад, Чаҳорум, бар сари серӣ таом нахўрад.

Агар пурсанд, ки ҳафт эҳтиёт кадом аст, бигўй, аввал он ки ҳеҷ таомро мазаммат накунад, агарчи бад пухта бошад. Дуюм, то таҳқиқ накунад, ки аз куҷо аст, нахўрад. Сеюм, танҳо чизе нахўрад. Чаҳорум, ҷамъеро дар косаи худ шарик гардонад, ки баракат дар иҷтимоъ аст. Панҷум, таоми муҳобот нахўрад, яъне таоме, ки шахсе пухта бошад барои ном ва даъво. Шашум, аз таоми таъзият бипарҳезад, ки шояд ятимеро дар он ҳақ бошад ё як ворис ғоиб бувад. Ҳафтум бар як навъ аз таом иқтисор (қаноат) кунад...

Агар пурсанд, ки бахши ғоиб ниҳодан чӣ гуна аст, бигўй, ки се навъ аст. Аввал он, ки ғоиб муайян набошад, ки кист? Балки ният он бошад, ки ҳар кӣ бирасад аз он тановул кунад. Дуюм, он ки ғоиб шахси муайян бошад аз аҳли сўҳбат... Сеюм, он ки ҳам барои худ захира кунад ва онро бахши ғоиб ном ниҳад ва ин навъ писандидаву мақбул нест, Дар футувват ин маъниро ҷоиз надоштаанд...

Агар пурсанд, ки аркони ошомидани об чанд аст, бигўй, ёздаҳ, ду фарз, шаш суннат ва се адаб.

Агар пурсанд, ки ду фарз кадом аст, бигўй, аввал, он ки дар инои (зарфи) зару нуқра об нахўрад, аммо аз заркўб ва нуқракўб ҷоиз бошад, ба шарти он ки даҳон ба мавзеи (чои) зару сим нарасад. Дуюм, он ки об пок бошад,олудаву наҷас набувад.

Агар пурсанд, ки шаш суннат кадом аст, бигўй, ав-вал он ки ба се дам об бихўрад. Дуюм, ҳар бор зарфи об аз даҳон боз гирад. Сеюм, нафас дар зарф надамад. Чаҳорум, он ки нишаста об хўрад ва бар пой низ ҷоиз аст ва аммо авло он бошад, ки нишаста хўрад. Агар пурсанд, ки се адаб кадом аст, бигўй аввал он ки аз зарфи бузург ва аз машк об нахўрад. Дуюм, агар соқии маҷлис бошад, охири маҷлис об хўрад.. Сеюм, агар нишаста бошад ва об хўрад, зарфро ба ҷониби рост диҳад на ҷониби чап.

Агар пурсанд, ки дар вақти хўрдани об бо кўза чӣ мегўянд, бигўй, ба забони ҳол мегўянд, ки ман шабу рўз дар хидмат ба сар давидаам, то ин соат ба мақсади худ расидаам.

Агар пурсанд, ки азизе, ки об мехўрад ҷамъе ки ҳо-зиранд, магўянд: сиҳат бод, ин чӣ маънӣ дорад, бигўй, маънӣ он аст, ки умр чун мегузарад ва бар як дам эътимод нест, чун касе об бихўрад, мумкин аст. ки ҳанўз он об ба ҷигар нарасида даргузарад ё об дар гулў гирад ва нафас мунқатеъ шавад.

ФАСЛИ ҲАШТУМ

ДАР ОДОБИ ҶОМА ПЎШИДАН

Бидон, ки пўшидани либос ба он миқдор, ки сатри аврат бошад фарз аст. Дар ин фарз адабе аст риоят карданӣ.

Агар пурсанд, ки аркони либос пўшидан чанд аст, бигўй, понздаҳ: Чаҳор фарз, чаҳор суннат, панҷ адаб ва ду ҳаром.

Агар пурсанд, ки чаҳор фарз кадом аст, бигўй, аввал он ки ҷома аз ваҷҳи ҳалол созад. Дуюм, он ки чандон пўшад, ки дафъи сармо ва гармо кунад. Сеюм, он ки аз наҷосат пок бошад. Чаҳорум, он ки марҳам набошад чун абрешимина ва зардўз.

Агар пурсанд, ки чаҳор суннат кадом аст, бигўй, аввал он ки ҷома кўтоҳ башад... Дуюм, он ки аз ҳар ҷома яке беш надошта бошад, зеро доштани ҷомаҳои бисёр аз мартабаву мақоми футувват дур аст. Сеюм, дар рўзи ид ҷомаи наву покиза пўшад. Чаҳорум бештар ранги сабзу сафед пўшад.

Агар пурсанд, ки панҷ адаб кадом аст, бигўй, он ки дар вақти пўшидан дасти рост дар остин кунад. Дуюм, дар вақти берун кардан аввал аз дасти чап берун орад. Сеюм, ҷомаро покиза нигох дорад. Чаҳорум, изор бар пой нишаста бипўшад. Панҷум, салларо истода дар сар бандад.

Агар пурсанд, ки ду ҳаром кадом аст, бигўй, аввал ҷома аз рўи кибру таъзим пўшидан. Дуюм, ҷомаи мусаввар пўшидан. Агар мунаққаш бошад, ки сурат бар ў набувад ҷоиз аст.

Агар пурсанд, ки дар кафшу мўза пўшидан чанд адаб аст, бигўй, чаҳор: Аввал пои рост дар кафшу мўза кунад. Дуюм вақти берун кардан аз пои чап берун оварад. Сеюм, ба як мўзаву кафш иқтисор накунад... Чаҳорум ҳар ҷо ки кафш берун кунад, агар маҷол бувад бардораду наздики худ гузорад.

Агар пурсанд, ки дар ҳотам (ангуштарӣ) пўшидан чанд адаб аст, бигўй, чаҳор: Аввал он ки аз оҳан (зар) набошад. Дуюм, бояд ки аз нуқра созад ва як мисқоли тамом набошад. Сеюм, нигини акиқ кунад, ки дар он баракати бисёр аст. Чаҳорум, бояд ки ангуштарӣ дар ангушти рост кунад....

Агар пурсанд, ки ридо чанд газ бояд, бигўй, ридо шаш газ дар тул ва се газу як ваҷаб дар арз бувад.

Агар пурсанд, ки ту барои либосӣ ё либос барои ту аст, бигўй, либос сурат барои ман аст ва ман барои либос маъниам.

ФАСЛИ НЎҲУМ ДАР ОДОБИ САФАР КАРДАН

Агар пурсанд, ки одоби сафар кардан бар чӣ минвол (тарз) аст, бигўй, бидон, ки одамиро аз сафар чора нест, балки аз он вақт, ки нутфа (оби мард, манӣ) ҳамеша дар сафар буда ва хоҳад буд то ба охир.

Манзили аввалаш — салби падар, манзили дигараш— раҳми модар ва муддате дар он зулмот бар чанд марҳила гузар кард, то ба манзили сеюм омад, ки дунёст. Пас, ба манзили охир сафар мекунад, ки он манзили охир аст:

Сафар мураббии мард асту остонаи чоҳ, Сафар хазонаи мол асту устоди хунар.

Агар пурсанд, ки сафар барои чӣ чиз мебояд кард, бигўй, аҳли фақр сафар барои се чиз кунанд: ё зиёрати бузургон, ё риёзати нафс, ё барои дарёфтани дидори мардони роҳ. Агар пурсанд, ки фоидаи сафар чист, бигўй, фавоиди сафар бисёр аст, аммо фоидаҳо, ки нек зоҳир аст, ёздаҳ бошад: Аввал, сиҳатии бадан... ва сабаби сиҳат табдили ҳаво бошад ва риёзати аъзо, ки ҳаракат мўҷиби (боиси) таҳлили баъзе рутубати фазлӣ аст... Дуюм, ғанимат ёфтан ва расидан аст ба зиёрати қубури акобир. Сеюм, дафъ шудани коҳилӣ (танбалӣ) аст, ки одамӣ ҳар гоҳ дар як мақом сокин бошад, касолат (сустӣ) бар ў ғолиб мешавад ва чун рутубатҳои зиёдатӣ таҳлил намеёбад, коҳил мешавад. Чаҳорум, маҳв шудани ғам ва ҳам малолат, чи ҳарчанд касе малул бошад, чун ба сафар берун равад, албатта, он андўҳ зоил (маҳв) мегардад. Панҷум, осоиши маош, чи ба ҳасби (мувофиқи) хосият ҳама касро дар сафар маош ба осонӣ гузарад. Шашум, таҳсили улум, ки дар сафар беҳтар ҳосил мешавад. Ҳафтум, одоби мутафарриқа (гуногун) аз ҳар тоифа дидан ва ёд гирифтан. Ҳаштум, ба сўҳбати акобир расидан. Нўҳум, риёзати (ранҷи) нафс, чи дар сафар таҳаммули бори машаққат бояд кард ва аз ёрон ва бародарон ва хешон ҷудоӣ бояд ҷуст ва ин нафсро бағоят сахт ояд. Даҳум, қадри ғарибон бидонад ва дили ў раҳим (меҳрубон) шавад... Агар пурсанд, ки аркони сафар кардан чанд аст, бигўй бисту шаш: ду воҷиб, даҳ суннат, шаш адаб, се мурувват, се фазилат ва ду рукн.

Агар пурсанд, ки ду воҷиб кадом аст, бигўй, аввал қасди сафари хайр ва дуюм, нияти соф доштан.

Агар пурсанд, ки даҳ суннат кадом аст, бигўй, аввал, рафиқи некў ба даст овардан. Дуюм, ҳаққи ҳамроҳ нигоҳ доштан. Сеюм, ба миқдори қуввату тоқати худ тариқи мурувват сипардан. Чаҳорум, чун ба боло барояд мағрур нашудан. Ҳафтум, пайваста бар вузў (пок) будан. Ҳаштум, ба ҳар манзиле, ки фуруд ояд сипосгузор будан. Нўҳум, дар вақти рафтан видои ёрон кардан ва даҳум, ба иҷозат берун рафтан.

Агар пурсанд, ки се мурувват кадом аст? Аввал, ба тўшаи роҳи худ рафиқонро мададгорӣ кардан. Дуюм, некухўю кушодарўй будан. Сеюм, мутоиба кардан ба ваҷҳе, ки маъсият (гуноҳ) набошад.

Агар пурсанд, ки шаш адаб кадом аст, бигўй, мусҳаф доштан, давоту қалам бо худ доштан, шона бардоштан, ибриқ бардоштан ба дасти чап, асо доштан ба дасти рост ва охир коса доштан.

Агар пурсанд, ки се фазилат кадом аст, бигўй, аввал он ки агар пиёда тавонад рафтан муздаш зиёд бувад. Дуюм, то тавонад дар роҳ дарюза (гадоӣ) накунад ба тахсис (хусусӣ кардан) аз ҳамроҳон, то бар дили эшон гарон наояд. То зарурат наояд ба масҷид фуруд наояд ва то тавонад дар вай хоб накунад.

Агар пурсанд, ки ду рукн кадом аст, бигўй, аввал он ки панҷ, чизи оҳанӣ бо худ дошта бошад: корд, микроз(кайчй), сўзан, устура (теғ) ва охир оташбарқ. Дуюм, он ки ду чиз аз пўст ҳамроҳ гирад: аввал пўсти такя, дуюм, наълин.

Агар пурсанд, ки рў ба куҷо дорӣ, бигўй, ба манзили мақсуд. Агар пурсанд, ки сафар чанд аст, бигўй, ду. Якум, сафарк сурат. Дуюм, сафари маънӣ.

Агар пурсанд, ки сафари маънӣ ба чӣ чиз аст? Бигўй, ба қадами ҷову дил. Сафари сурат чӣ, бигўй, ба қадами обу гил.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи сафар чӣ маънӣ дорад, би-гўй, «С» далолат дорад бар саҳар, яъне мусофир бояд саҳархез бошад. Ва «Ф» далел аст бар фоида, яъне ҳар кӣ дар сафар аст, бояд ки фоида гирад за фоида расонад. Ва «Р» далолат кунад бар ризо, яъне ҳар чӣ дар роҳ бад-ў расад, бад-он розӣ бошад ва хушдилӣ дар ризои рафиқон талабад.

ФАСЛИ ДАҲУМ

ДАР ОДОБИ ЗИЁРАТ

Агар пурсанд, ки одобу аркони меҳмонӣ кардан чанд аст, бигўй, чаҳордаҳ: ду шарт, шаш аркон ва шаш адаб.

Агар пурсанд, ки ду шарт кадом аст, бигўй, аввал меҳмонро таоми ҳалолу покиза диҳад... Дуюм, меҳмониро барои ғаразу риё накунад. Агар пурсанд, ки шаш аркон кадом аст, бигўй, аввал, меҳмонро таъзим кардан ва ба ҷои некў нишондан. Дуюм, бо меҳмон кушодарўй ва хандон будан. Сеюм, ҳарчанд меҳмон падид ояд, рўй турш накардан. Чаҳорум, меҳмони нохондаро ҳурмати зиёда доштан. Панҷум, бухл (бахилӣ) накардан ва он чӣ аз даст барояд, аз меҳмон дареғ надоштан, Шашум, такаллуф {мурооти сохта) накардан ва он чӣ макдур (ба қадри имкон) бошад, ҳозир кардан.

Агар пурсанд, ки шаш адаб кадом аст, бигўй, аввал, аз меҳмон суол накардан, ки майли ў ба кадом навъ таом бошад, Дуюм, таоми беҳтар пеши ў ниҳодан. Сеюм, дар хўрдан таклифи бисёр накардан. Чаҳорум, чун берун равад, мушоиат (ҳамроҳӣ) кардан ва камтари он ҳафт қадам аст. Панҷум, узрхоҳӣ нанамудан, ки аз он бўи худпарастӣ ояд, Шашум, миннат наниҳодан, балки миннати (сипосгузории) фаровон доштан, ки... он шахс рўзии худро бар сари суфраи ў тановул намуд, чунончи устод гуфтааст:

Ҳар киро бинӣ ба олам рўзии худ мехўрад,

Гар зи хони туст нонаш в-ар зи хони хештан.

Пас туро миннат зи меҳмон дошт бояд баҳри он, Мехўрад бар хони эҳсони ту нони хештан.

Агар пурсанд, ки одоб ва аркони ба меҳмонӣ рафтан чанд аст, бигўй, чаҳордаҳ; ду шарт, ду суннат ва даҳ адаб.

Агар пурсанд, ки ду шарт кадом аст, бигўй, аввал, он ки ба меҳмонии мардуми солеҳи некном равад, на мардуми фосиқ на ҳаромхор... Дуюм, дар маҷлисе, ки донад, ки дар ў номашрўъ (хилофи қокун) ҳаст, наравад, магар донад, ки ба эҳтироми ў тарк хоҳанд кард.

Агар пурсанд, ки ду суннат кадом аст, бигўй, аввал он ки бихонанд, бе тааллул (ба таъхир андохтан) иҷобат (қабул) кунад, Дуюм, он ки капурсад, ки хўрданӣ чӣ хоҳад буд.

Агар пурсанд, ки даҳ адаб кадом аст, бигўй, аввал, он ки дар вақти рафтан аз пеши мизбон наразад. Дуюм, чун ба дари хона расад, пои рост дар неш ниҳад. Сеюм, чун ба хона дарояд, салом кунад. Чаҳорум, ҳар куҷо, ки вайро биншинонанд, биншинад ва такаллуф накунад. Панҷум, ба зеру боло ва чапу рост нанигарад. Шашум, таом ба навъе хўрад, ки хотири мизбон хуш гардад. Ҳафтум, зуд-зуд аз пеши худ таом барнадорад. Ҳаштум, чун таом хўрда шавад, зуд бархезад, магар мизбон нагзорад. Нўҳум, баъд аз фароғ мизбонро дуо кунад. Даҳум, чун берун равад, шукр гўяд ва шикоят накунад.

ФАСЛИ ЁЗДАҲУМ

ДАР ОДОБИ РОҲ РАФТАН

Бидон, ки одамиро аз роҳ рафтан дар роҳҳо чора нест ва чун ба роҳ меравад, ўро чанд чиз риоят мебояд кард, то муаддаб бошад ва мардум донанд, ки ў хидмати мардон кардааст ва рафтан дар яке аз се мавзеъ хоҳад буд: ё дар шореъи (шоҳроҳ) ом ва ё дар бозор ва ё дар маҳалла ва ҳар як адабе чанд дорад.

Агар пурсанд, ки одоби рафтан дар шореъ чанд аст, бигўй, ҳашт: Аввал, он ки ба ғайри ҳоҷат наравад, Дуюм, пои бараҳна бар замин наниҳад. Сеюм, ба тариқи мутакаббирон наравад. Чаҳорум, то зарурат набошад, сухан нагўяд. Панҷум, аз мавозеи тўҳмат ҳазар кунад. Шашум, қадам аз мавзеи наҷосат (нопок) нигоҳ дорад Ҳафтум, бисёр наравад, магар ба намози ҷамоат. Ҳаштум, гом фарох наниҳад.

Агар пурсанд, ки адаби рафтан дар бозор чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал дўш (китф) бар касе назанад. Дуюм, аз паси мардум нанигарад. Сеюм, оби даҳон наандозад. Чаҳорум, аз дур касеро бонг (фарёд) назанад, Панҷум, бар дари дўконе, ки коре надорад, наистад. Шашум, чизе ки намехарад қимати он напурсад. Ҳафтум, дар миёни савдои ду кас мадхал (дахл) накунад, магар ба тариқи ислоҳ ё муҳокима.

Агар пурсанд, ки одоби рафтан дар маҳаллот чанд аст, бигўй, ёздаҳ: Аввал, он ки чапу рост нанигарад. Дуюм, ба болои бомҳо ва равзанҳо нигоҳ накунад. Сеюм, дар даруни хонае, ки дараш кушода бошад, нанигарад. Чаҳорум, роҳ бар касе танг накунад. Панҷум, бо фарзанди мардум сухан нагўяд ва бўса бар сару рўи эшон надиҳад. Шашум, дар маҳаллае, ки кор надорад, наравад. Ҳафтум, суруд нагўяд ва ба овоз чизе нахонад. Ҳаштум, ба эҳтиёт равад, то ҷонваре дар зери пои ў ҳалок нагардад. Нўҳум, дар пеши бузургтар аз худ наравад. Даҳум, бар дари хонае, ки коре надорад, наистад. Ёздаҳум, дар маҳаллаи аҳли тўҳмат наравад.

ФАСЛИ ДУВОЗДАҲУМ

ДАР ОДОБИ САЛОМ КАРДАН

Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом бояд кард, бигўй, дар ҳафт мавзеъ. Аввал, чун бародари тариқро бинӣ, салом, бояд кард. Дуюм, чун дар роҳ равӣ, ба одамон салом бояд кард. Сеюм, чун ба дари хонаи бародар равӣ, салом бояд кард. Ва инро саломи истизон (иҷозат хостан) гўянд, Чаҳорум, чун ба ҷамъе дароӣ, салом бояд кард. Панҷум, чун аз мавзее, ки нишастӣ бархезӣ ва ҷамъе он ҷо бошанд, салом бояд кард ва инро саломи видоъ гўянд. Шашум, чун ба мақбарае расад, салом бояд кард. Ҳафтум, чун ба хонаи худ дарояд, бар аҳли байти худ салом кунад.

Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом набояд кард, бигўй, дар шаш мавзеъ. Аввал, дар ҳаммом. Дуюм, бар касе, ки ба қазои ҳоҷат машғул бошад. Сеюм, ба қуръонхон. Чаҳорум, ба намозгузор. Панҷум, бар занони номаҳрам. Ва агар дар ин мавзеъҳо касе салом кунад ҷавоб надиҳанд, осим (гунаҳкор) набошанд.

Агар пурсанд, ки одоби салом кардан чанд аст, би-гўй, ҳафт: Аввал, пок бошад. Дуюм, савора бар пиёда салом кунад, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада. Сеюм, он кӣ хурдтар аст, бояд ки бар бузургтар салом кунад ва аққал бар аксар салом кунанд. Чаҳорум, дар салом кардан рўй хандон ва пешонӣ кушода дорад. Панҷум, ба ишорат салом накунад, балки ба лафз бигўяд, ки «Ассалому алайк» ё «салому алайк» ва агар ҷамоате бошанд», «ассалому алайкум»... Ҳафтум, чун ду ба якдигар расанд ва мусофаҳа (вохўрӣ) кунанд.

Агар пурсанд, ки одоби ҷавоб додан чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, он ки ба тозарўӣ ҷавоб диҳад. Дуюм, он ки ба зиёда ҷавоб гўяд. Сеюм, агар касе бошад, ки хориҷи миллати ислом бошад ва бар ин кас салом кунад дар ҷавоб алейк гўяд. Чаҳорум, бояд ки бар таҳорат (тозаву озода) бошад. Панҷум, агар гурўҳе истода бошанд як нафар ҷавоби салом диҳад, басандааст. Шашум, ҷавоби савол бо лафз диҳанд на ба ишорат. Ҳафтум бояд, ки чунон ҷавоб диҳанд, ки саломкунанда шунавад.

Агар пурсанд, ки фазилати салом дар чист, бигўй, дар он ки тақдим кунанд ва зудтар салом гўянд.

ФАСЛИ СЕЗДАҲУМ ДАР ОДОБИ ҲУҚУҚИ БОҚИИ ИХВОН

Аёдати (дидорбинии) бемор. Дар аёдати бемор са-воби бисёр аст ва фазилати бешумор. Бузургон гуфтаанд:

Чу ранҷ барнатавонӣ гирифтан аз бемор, Қадам зи рафтану пурсиданаш дареғ мадор.

Агар пурсанд, ки дар аёдати бемор чанд адаб аст, бигўй, ҳафт: Аввал, он ки баъд аз намози дигар беморро напурсад, ки ба ҳасби (мувофиқи) хосият некў нест. Дуюм, он ки чун дароянд, на хандад, на гиряд, ки хеҷ кадом лоиқ набошад. Сеюм, аз чапи бемор дарояд ва бар рости ў биншинад. Чаҳорум, бар сари болини бемор бисёр сухан нагўяд. Панҷум, даст ба узве аз узвҳои ў, чун сару даст ва пешонию сина расонад ва аз кароҳат (парҳез) надорад. Шашум, бо бемор ба лутфу мулоимат сухан гўяд. Ҳафтум, зуд равад.

Агар пурсанд, ки дар ташиъи ҷаноза чанд адаб аст, бигўй, панҷ: Аввал, он ки дар ақиби ҷаноза равад, Дуюм, дар бурдани ҷаноза агар тавонад мададгорӣ кунад. Сеюм, ба рўю риё наравад. Чаҳорум, чун ба сари хок расад дар дафн кардану хишт чидан ва хок рехтан омодагӣ кунад. Панҷум, майитро бо хайр ёд кунад.

Агар пурсанд, ки дар таъзият гуфтан чанд адаб аст, бигўй, ҳашт: Аввал, сухан кам гўяд. Дуюм, дастор ба эамин назанад. Сеюм, дасту санг бар сина назанад. Чаҳорум, сухани беҳуда нагўяд. Панҷум, дар мусибат ба сабр фармояд, шашуму ҳафтум, чизе ки тавонад мададгорӣ намояд. Ҳаштум, марги он касро сабаби эътибори худ донад.

Эй ки ваъзе шуниданат ҳавас аст, Марги ҳамсоя воизи ту бас аст.

Агар пурсанд, ки адаби атсазананда чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, он ки остин пеши даҳону бинӣ гирад ё рўмоле..., то дар вақти атса аз даҳону бинии ў чизе берун наояд, ки мўҷиби кароҳияти нозир гардад. Дуюм, он ки атса чун аз се зиёда гардад, агар тавонад дафъ кунад ва агар натавонад, аз маҷлис бархезад, ки ногоҳ сабаби малоли мардум нашавад... Чаҳорум, чун касе ҷавоби атсаи ў боз диҳад, ў низ ташаккур гўяд. Агар пурсанд, ки адаби ҷавобдиҳанда чанд аст, бигўй, се: Аввал, он ки чун отие (атсазананда) ҳамд гўяд, ҷавоб ди-ҳанд ва агар ҳамд нагўяд, ҷавоби атсаи ў боз надиҳанд... Сеюм, он ки чун атса аз се карат бигзарад, ҷавоб нагўяд ва гуфтаанд ихтиёр аст: агар хоҳад бигўяд, аммо авло тарк (ҷавоб нагуфтан) аст.

Аммо таҳният (муборакбод) гуфтани бародар дар вақти шодиҳо чунончи фарзанде ўро мутаваллид шуда бошад ё азизе, ки матлуб (каси дилхоҳ) буда, аз сафаре бозомада ва монанди он. Ин мазиди (зиёдшавӣ) сурурн он шахс мешавад.

Агар пурсанд, ки адаби таҳният чанд аст, бигўй: шаш, Аввал, он ки шодии бисёр изҳор кунад. Дуюм он, кигирифта-рўй ва малул набошад, Сеюм, муборакбод гўяд. Чаҳорум, дуое гўяд, ки муносиби ҳоли таҳният бошад, Масалан, агар писар дорад, ўро бо тули (дарозии) умру давлат дуо кунад ва агар арўсие воқеъ шавад, ба хайр ва баракат дуо кунад ва агар мусофире расида, ба сиҳату саломат дуо кунад ва боқӣ бар ин қиёс бояд кард. Панҷум, бисёр нанишинад ва зуд берун ояд, магар соҳиби манзил муболиға (манъ) кунад. Шашум, табаррук ва тўҳфае, ки мақдури (мувофиқи қудрати) ў бошад, гузаронад ва бад-он бухл (хасисӣ) накунад.

ФАСЛИ ЧАҲОРДАҲУМ

ДАР ОДОБИ КАСБ ВА БАЙЪУ ШИРОЪ (ХАРИДУ ФУРЎШ)

Бидон, ки дарвешро касби ҳалол (росту покиза) за-рурат аст, ба ин ваҷд касбро аз воҷибот низ тавон шумурд, зеро фароғати хотир он замон даст диҳад, ки заруриёти маош зоил гардад. Ва ҳар чӣ роҳати тамом нашавад, пас он низ воҷиб бошад. Ва чун аз олаи заруриёт тамом муяссар нашавад, илло бар он ки ранҷ бар мардумон ниҳад, пас ҳар кӣ манфиат гирад ва нафъ нарасонад кор накарда бошад, Пас ҳар кӣ аз дарвешон ба касбе машғул нашавад, бори худ ба гардани мардум ниҳода бошад ва сабаби ранҷи оламиён шуда ва он дар тариқ раво набувад ва собит шуд, кн касб мар дарвешонро аз заруриёт аст, пас ҳароина бояд, ки одоби касб ба ҷой оварад. Ва ҷамии касбҳоро муҷмалан (мухтасаран) адабҳост ва ҳар касберо алоҳида адабе аст ва зикри ҳама ба татвил (тафсил) меанҷомад.

Агар пурсанд, ки одоби маҷмўи касбҳо хулоса чанд аст, бигўй, ҳашт: Аввал, он ки касби худро аз моли ҳаром ва шубҳат пок дорад. Дуюм, он ки касбро барои зарурати маош кунад, на барои ҷамъи мол. Сеюм, касбро сабаби обрўй шиносад. Чаҳорум, бо касе, ки моли ў ҳаром бошад, муомила накунад. Панҷум, дар ҳунари худ кори айбнок ва безътиноӣ накунад ва аз ғилу ғаш (олудагӣ) дур дорад. Шашум, инсоф нигоҳ дорад, ба касе, ки баҳои матоъ нашиносад, бар вай муомила накунад. Ҳафтум, агар аҳли тарозу бошад, кам надиҳад ва зиёда настонад. Ҳаштум, агар аҳли зироъ бошад, зиёда бар худ напаймояд ва кам бар дигарон, то баракат ва ҷамъият дошта бошад.

Агар пурсанд, ки одоби фурўхтани чизе чанд аст, би-гўй, ҳашт: Аввал, он ки бо харанда сухани нарм бигўяд. Дуюм, он ки аз ҳар маҳалла, ки харандаро ёбад, музояка (дареғ) накунад. Сеюм, он чӣ мефурўшад, зиёдат таърифи он накунад. Чаҳорум, чизи дағалу қалб нафурўшад ва агар фурўшад, айби ўро ба харанда бозгўяд. Панҷум, дар вазн ва зироъ қалбӣ накунад. Шашум, агар чизи харидаро бозоранд ва зоеъ (талаф) нашуда бошад, байъи иқолат (савдоро вайрон) кунад ва бозситонад. Ҳафтум, агар азизеро нақде набошад ва чизе ба нася талабад, бад-ў фурўшад ва дар мақоми музояқа набошад. Ҳаштум, зиёд аз қимати вақт нафурўшад.

Агар пурсанд, ки одоби харидани чизе чанд аст, би-гўй, дувоздаҳ: Аввал, он ки ба ваҷҳи ҳалол харад. Дуюм, нақди қалб ва мағшуш надиҳад. Сеюм, ба камтар аз қимати вақт нахарад, магар фурўшанда музояқа накунад. Чаҳорум, бо фурўшанда сухани сахт нагўяд. Панҷум, ўро таклифи бисёр накунад, ки аз фалон ҷо ба фалон чиз буда. Шашум, аз он чӣ мехарад, бисёр бахшад. Ҳафтум, чун чизе харида бошад, бозпас нагардонад. Ҳаштум, чизи харида ба домон наниҳад. Нўҳум, чизи харида дар остин накунад. Даҳум, муздкоса аз фурўшанда наситонад. Ёздаҳум, дар ҷои покиза кунад. Ду- воздаҳум, зоҳир набарад, балки пўшида дорад.

ФАСЛИ ПОНЗДАҲУМ

ДАР ОДОБИ ХОДИМОН

Бидон, ки ходимии дарвешон мартабаи бузург аст ва ҳар кӣ азизеро хидмат кунад, ўро насибе тамом аст.

Бе хидмати ту кас ба ҷаҳон иззате наёфт,

Ҳар кас ки чокари ту нашуд, давлате наёфт.

Шарти ходимӣ он аст, ки ҳар кор, ки ўро би-фармояд, ба шарти ростиву покӣ аз рўи эътиқоду ихлос бикунад. Аммо чаҳор кори ў куллӣ аст. Аввал, ҷорўб задан. Дуюм, табх кардан. Сеюм, ҷома шустан. Чаҳорум, дегу коса шустан. Ва дар ҳар як адабе чанд риоят бояд кард. Агар пурсанд, ки дар ҷорўб задан чанд чиз мебояд, бигўй, бист чиз: чаҳор қавоид, чаҳор адаб, чаҳор аркон, чаҳор ҳурмат ва чаҳор шарт... Агар пурсанд, ки чаҳор адаб кадом аст, бигўй, аввал он ки аз пиру бародарони тариқ иҷозат талабад. Дуюм, он ки об бар замин афшонад. Сеюм, сабр кунад, то хок обро фурў хўрад. Чаҳорум, ибтидои ҷорўб задан аз пеши пир кунад.

Агар пурсанд, ки чаҳор аркон кадом аст, бигўй, аввал он ки ҷорўбро сахт наҷунбонад. Дуюм, он ки дар вақти ҷорўб задан хомўш бошад. Сеюм, он ки ҷое ки рўфта бошад, пой бар он наниҳад. Чаҳорум, он ки эҳтиёт кунад, хошок нанамояд.

Агар пурсанд, ки чаҳор ҳурмат кадом аст, бигўй, аввал он ки об чунон резад, ки васлаи дарвешон тар нашавад. Дуюм, ҷойгаҳи дарвешон ба даст пок кунад, на бо ҷорўб. Сеюм, ҷорўб ба тарафи худ кашад. Чаҳорум, пушт ба дарвешон накунад.

Агар пурсанд, ки чаҳор шарт чист, бигўй, аввал, чо-рўб ба дасти рост гирад. Дуюм, хокрўба ҷое резад, ки аз назари мардум дур бошад...

Агар пурсанд, ки ҷорўб ба замин чӣ мегўяд, бигўй, мегўяд: собитқадам бош, то покиза бошӣ.

Агар пурсанд, ки даст ба ҷорўб чи мегўяд, бигўй, ме-гўяд: ҳар кӣ рўй ба сафо дорад, ўро ба сари худ медоранд.

Агар пурсанд, ки сирри ҷорўб задан чист, бигўй, он ки хонаи дил аз хоки тааллуқ ва шак пок созад, Агар пурсанд, ки дар табх кардан (пухтан) чанд чиз мебояд, бигўй, шонздаҳ чиз. Чаҳор фарз, се суннат, панҷ адаб ва чаҳор шарт.

Агар пурсанд, ки чаҳор фарз кадом аст, бигўй, аввал он ки таом аз ваҷди ҳалол созад. Дуюм, он ки аз наҷосат пок бошад ва муҳаррам (ҳаром) набувад. Сеюм, он ки дегу коса пок бояд ва наҷосат нашояд. Чаҳорум, оби пок дар дег кунад ва олуда набошад.

Агар пурсанд, ки се суннат кадом аст, бигўй, аввал он ки даст бишўяд пеш аз ҳама кор. Дуюм, номи худои таоло барад дар ибтидои амал. Сеюм, ҳар чӣ даст бад-он мекунад, аз адоти (асбоби) табх ҳамаро бишўяд.

Агар пурсанд, ки панҷ адаб кадом аст, бигўй, аввал он ки матбахро (ошпазхона) аз хоку хошок пок дорад. Дуюм, аз сари дегу коса ҷои дигар наравад. Сеюм, дар вақте, ки хамир мегирад ё сар назди дег мебарад, чизе бар бинӣ бандад. Чаҳорум, оби даҳон дар матбах наандозад. Панҷум, дегро кушода нагзорад.

Агар пурсанд, ки чаҳор шарт кадом аст, бигўй, он ки қоидаи ошпазӣ донад ва намакро ба се бор резад. Дуюм, он ки ҳар чӣ пазад ба ишорат, иҷозат ва машварати аксарият пазад. Сеюм, он ки дар асбоби табх хиёнат накунад ва дар таом бе иҷозати пирон тасарруф (сарф) накунад. Чаҳорум, он ки ходимдаста (ёрдамчӣ) таъин кунад, то мададгори ў бошад.

Агар пурсанд, ки шароити оташ кардан чанд аст, би-гўй, ҳашт: Аввал, он ки даст бишўяд. Дуюм, бисмиллоҳ бигўяд. Сеюм, ҳезуми бисёр дар дег наниҳад, то оташ намирад. Ҷаҳорум, ҳимаро (ҳезумро) муҷавваф (ковок) созад, то оташ намирад. Панҷум, бояд ки ҳанўз он ҳима насўхта бошад батамом, ки ҳамаи дигар омода (тайёр) кунад. Шашум, бояд нагузорад, ки хокистар бисёр ҷамъ шавад. Ҳафтум, оташро аз дегдон берун орад, то ҳимаро ҷой бошад. Ҳаштум, дегу косаро аз афтондани хоку хошок дар вай нигоҳ дорад.

Агар пурсанд, ки одоби шустани ҷома чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, ҷомаро пок бишўяд, Дуюм, бар сари даст шўяд, то халал бад-он нарасад. Сеюм, ҷомаи ғолибон (бузургон)-ро муқаддам донад, Чаҳорум, дар ҷои пок андозад, то хушк гардад. Панҷум, чун хушк гардад, таҳ карда бо адот пеши соҳибаш расонад. Шашум, дар молидани собун ифрот накунад, ки бефоида бошад. Ҳафтум, агар ҷомаи фақире дарида бошад, баъди шустан бидўзад.

Агар пурсаид, ки дар дегу коса шустан чанд адаб аст, бигўй: чаҳор. Аввал, он ки ба оба пок бишўяд ва агар эҳтиёҷ ба гарм кардан бошад, гарм кунад. Дуюм, косаро дар даруни дег бишўяд, чунон ки замин тар нашавад. Сеюм, баъд аз шустан дастмол дар вай молад ва хушк созад, Чаҳорум, баъд аз шустан ба ҷои поке биниҳад.

ФАСЛИ ШОНЗДАҲУМ

ДАР ОДОБИ МУТАФАРРИҚА

Агар пурсанд, ки адаби аз хона берун омадан чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, пои рост аз хона берун ниҳодан. Дуюм номи худои таоло ба забон рондан. Сеюм, аз ҷониби рост равад. Чаҳорум, аз рафтани худ нияти ба халқ нафъ расонидан кунад.

Агар пурсанд, ки адаби рафтан ба тафарруҷ (тамо-шо) чанд аст, бигўй, адаб он аст, ки дарвеш ба тафарруҷ ва лаҳву лаъб наравад, магар ба тамошон боғ ва бўстону сабзаи саҳро. Чун дарвеш бад-ин навъ тафарруҷе равад, ўро ҳафт адаб риоят бояд кард; Аввал, бо аҳли ҳусну ҷамол ҳамроҳӣ накунад, ки маҳалли тўҳмат бошад. Дуюм, по бар дари боғу бўстон ва каштзори касе бе иҷозати ў наниҳад. Сеюм, дар назари халқ ба қазои ҳоҷат наншинад. Чаҳорум, бараҳна нашавад. Панҷум бо бегона сухан нагўяд, магар ба қадри ҳоҷат. Шашум, дар ҳар кӣ нигарад, осори кудрат мушоҳида намояд. Ҳафтум, шаб дар мақоми худ ғоиб нагардад.

Агар пурсанд, ки адаби ба гўристон рафтан чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, чун ба гўристон расад, салом кунад. Дуюм, дар миёни гўристон биистад. Сеюм, эшонро ба фотиҳаву такбир ёд кунад, Чаҳорум, оби даҳон наафканад. Панҷум, пой бар гўрҳо нагузорад...

Агар пурсанд, ки адаби такя кардан чанд аст, би-гўй, ҳашт: Аввал он ки дарвеш бояд дар шаб ду соат беш хоб накунад. Дуюм, чун наздики ҷомаи хоб расад, пои рост пеш ниҳад. Сеюм, аввал ба дасти рост такя гирад. Чаҳорум, шаҳодат бар худ арза кунад. Панҷум, хобро намудори марг бишносад. Шашум, бар кинаи бародари худ хоб накунад. Ҳафтум, дар вақти аз ҷои хоб берун омадан пои чап берун ниҳад. Ҳаштум, тозаву пок хоб кунад.

Агар пурсанд, ки адаби ба назди акобир рафтан чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, он ки бе иҷозат пеши эшон наравад. Дуюм, чун дарояд шарти таҳният ва хидмат ба ҷо оварад. Сеюм, баъд аз салом сухан нагўяд, магар ки зарурате бошад. Чаҳорум сухан ба ҳурмат гўяд ва овоз баланд накунад. Панҷум, барои ҷавоб нек гўш бинмояд, то боз напурсад. Шашум, ўро дуои бисёр нагўяд, то ба риё наанҷомад. Ҳафтум, вақт нигоҳ дорад ва дар вақти макрўҳ ба дидани акобир наравад.

Агар пурсанд, ки авқоти макрўҳ кадом аст, бигўй, вақте ки ба ғояти карам бошад. Худро аз мурдагон шуморад, ва ба канори гўристон расад видоъ кунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба