КАБӮТАРАК (Оҳанги Шарофиддин Сайфиддинов)
Кушо - кушо болу парак,
Биё - биё, кабӯтарак.
Нишин - нишин, ки ман ба ту
Диҳам - диҳам дони сарак.
Бигир - бигир ғизои худ,
Бихӯр - бихӯр тозатарак.
Бипар - бипар зи дасти ман
Аз ин барак ба он барак.
Марав - марав ба ҷои дур,
Машав - машав ту бедарак.
МАКТАБХОН
Имсол мактабхон шудам,
Баччаи чаққон шудам.
Ҳар саҳар дар лаби ҷӯ
Худам шуста дасту рӯ,
Либосамро мепушам,
Чоякамро менӯшам,
Сонӣ ман бо китобам
Ба мактаб мешитобам.
Муаллими мо ба мо
Меомӯзад «Алифбо» -
Ҳарфи нав, ҳиҷои нав,
Гапи нав, маънои нав.
Бояд хонему хонем,
Алифбоҷонро донем.
БУЗИЧА
Бузичаи ман.
Чаккону зебо.
Биё, мехонем,
Ҳарду «Алифбо»
Kaнӣ «A»-гӯ, «A»,
Овоз сар деҳ.
Аммо садо дод
- Бузичаам: «Бе-е-е...»
СУЛҲ
Бахту нишоти мо бубин,
Тозаҳаёти мо бубин.
Дар раҳи сулҳ устувор,
Азму суботи мо бубин.
Сулҳ - Садоқати замон,
Сулҳ - Умеди модарон.
Сулҳ - Ливои дӯстӣ,
Сулҳ - Ҳаёти ҷовидон!
Сулҳ ба мо сафо диҳад,
Давлати бебаҳо диҳад.
Кишвари мо барои сулҳ,
Дар ҳама ҷо садо диҳад:
Сулҳ - Садоқати замон,
Сулҳ - Умеди модарон.
Сулҳ - Ливои дӯстӣ,
Сулҳ - Ҳаёта ҷовидон!
Ваҳдати мо - нишони сулҳ,
Ҷахони мо - чаҳони сулҳ.
Эй зиҳӣ миллате, ки шуд
Миллати каҳрамони сулҳ.
Сулҳ - Садоқати замон,
Сулҳ - Умеди модарон.
Сулҳ - Ливои дӯстӣ,
Сулҳ - Ҳаёти ҷовидон!
ОБОИ РОЗ
Бобоям пир аст,
Нафақагир аст.
Аз субҳ то шом
Надорад ором,
Бо кори ҳалол
Бехи ҳар ниҳол:
Себу шафтолу,
Ноку зардолу,
Анҷиру анор,
Хурмои қатор
Мекунад доим
Нарму мулоим.
Аз ин рӯ асло
Дар ҳавлии мо
Намешавад зиқ
Бобои Розиқ.
ТАЙЁРА
Аз болои кӯҳ,
Аз болои дашт,
Тайёраи мо
Парида гузашт.
Дидам дар замин
Мошини бисёр.
Мурчаҳо барин
Паси ҳам қатор.
Будам ман савор
Мисли Гагарин.
Заминро дидам
Харита барин.
СОАТСОЗ
Акои ман соатсоз,
Аз кори худ сарфароз.
Соате вайрон шавад,
Соҳибаш ҳайрон шавад.
Соати худро орад,
Ба акоям супорад.
Акоям онро дида,
Гаштанашро санҷида,
Ба монанди духтурҳо -
Ба вай мебахшад шифо:
«Чиқу чиқу чиқу чиқ»
Раҳ меравад вай аниқ.
Бо соати Кремил
Баробар мезанад дил.
ЧӮПОН
Бобои ман чӯпон аст,
Чӯпони деҳамон аст.
Барраву буз - ҳамаро
Мебарад ӯ ба чаро.
Аз саҳар то вақти шом
Кораш мекунад давом
Бобом бо худ дар сафар
Дорад саги Алопар,
Дорад хари саворӣ,
Ҳам милтиқи шикорӣ,
То наояд гурги шум,
Накунад яке ҳуҷум...
Бегоҳӣ бобом ояд,
Дари оғил кушояд,
Барраҳоро ҳисобад,
Баъд оромакак хобад!
Аз сари шаб то саҳар
Чӯпон шавад Алопар
АФСОНА
Буд - яке, ё набуд.
Дар деҳе як хона буд.
Хонаи як пир буд,
Пири батадбир буд.
Ӯ ҳама дам кор дошт,
Боғи пур аз бор дошт.
Дур намешуд аз он,
То нашавад он хазон.
Пир яке шуд касал,
Боғ бимонд аз амал.
Баъд як андеша кард,
Фикри наве пеша кард.
Баччаи худро бихонд,
Дар сари болин нишонд.
Гуфт ба ӯ: - Гӯш кун,
Ақл куну ҳуш кун.
Ё таҳи себу анор,
Ё таҳи анҷирзор,
Ё таҳи ин ток буд,
Ё таҳи он ток буд,
Ё таҳи хурмову тут,
Ё таҳи нахли муруд,
Ё таҳи шафтолуҳо,
Ё таҳи зардолуҳо,
Ё таҳи ин, ё ки он,
Нест ба ёдам аён,
Ганҷ ниҳон кардаам,
Бар ту баён кардаам,
Бел бигиру бикоб,
Ҳаст агарчи азоб.
Гар ту биёбӣ яке,
Ганҷӣ маро андаке,
Умри ту хуштар шавад,
Турми дарат зар шавад.
Баччаи ҳушёр бош,
Аз пайи ин кор бош.
Пир чу инро бигуфт,
Чашм бипӯшиду ҳуфт.
\\\*
Авҷи баҳорон расид,
Қатраи борон расид.
Бачча ба фикри падар
Баст зи ҳиммат камар.
Бо ҳама ҳастии худ
Аз пайи ганҷина шуд.
Ҳам таҳи себу анор,
Ҳам таҳи анҷирзор,
Ҳам таҳи ҳар токро,
Ҳам таҳи ҳар нокро,
Ҳам таҳи хурмову тут,
Ҳам таҳи нахли муруд,
Ҳам таҳи шафтолуҳо,
Ҳам таҳи зардолуҳо,
Бар ба бари боғро,
Сар ба сари боғро
Белу каланд бинмуд.
Пасту баланд бинму,
Гарчи саропо бикофт,
Ганҷи падарро наёфт.
Хотираш озурда гашт,
Аз нияти худ гузашт.
Лек чу ҳосил расид,
Мева ба ҳил-ҳил расид.
Мева надорад ҳисоб,
Ҷумлаи нахли қатор
Пешу пас омад ба бор:
Як тараф олуву тут,
Ноку бихиву муруд.
Як тараф анҷирзор,
Ангуру себу анор.
Шаҳд шудаст он азоб.
Гашт аён бар писар,
Ҳикмату сирри падар:
Дар таҳаки ину он
Нест зи ганҷе нишон
Балки буда ганҷи ӯ
Меҳнати ӯ, ранҷи ӯ.
Ёфт аз ин қисса ин
Маънии хотирнишин:
Ганҷ биёрад ба даст,
Мардуми заҳматпараст!
АЛИФБО
Иди «Алифбо» омад,
Мо шодастему хандон.
Ҳоло назди муаллим
Месупорем имтихон:
А, Б, В, Г, Г, Д, Е, Ё...
Алифборо медонем.
Ҳарфу калимаҳоро
Навишта метавонем.
Акнун иҷозат диҳед
Мо ҳама бо дили пур
Аз ҷону дил бигӯем:
Устод, сад ташаккур!
ХӮТУКЧА
Ару-ар» омад ба гӯш,
«Ҳанг»-и хар омад ба гӯш
Обу алаф мехоҳад,
Турбаи ҷав мехоҳад.
Ҳам нӯхтаю арғамчин,
Ба пояш наъли заррин.
Мӯяш кашав мехоҳад,
Полини нав мехоҳад.
Охир, вай калон шудаст,
Ҳар сӯ дав-давои шудаст.
Мебарад бори бисёр,
Зӯраш расад ба ҳар кор.
«Иху иху иху их...»
Гӯшота мекунӣ сих,
Роҳ меравӣ беозор,
Як хари таппа-тайёр!
ЧИСТ ОН
Меҳмони ҷомаало,
Дорад ҳама ҷо пар-пар.
Чаппа ҳам хонӣ номаш,
Асло нагардад дигар.
Баҳой ӯ шавад «5»
Ҳар кас, ки ёбад онро.
Канӣ, кӣ зуд меёбад,
Ҷавоби ин чистонро?
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё