Зеҳн

Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Боби Аввал

АХ
Ахбор28 октябри 2024 · 21 дақиқа хондан

ДАР БАЕНИ МАНБАЪ ВА МАЗҲАРИ ФУТУВВАТ ВА МАЪНИИ ТАРИҚАТ ВА ТАСАВВУФУ ФАҚРУ ОДОБ ВА АРКОНИ ОН.

Ин боб муштамил бар чаҳор фасл аст.

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР БАЁНИ МАЗҲАРИ ФУТУВВАТ ВА ОДОБИ ОН

Бидон, ки ҳар кӣ аз мазҳари сифати футувват бошад, ўро фатӣ гўянд ва фатӣ дар асл луғати ҷавониро гўянд ва ин лафз мавзўъ аз барои марди ҷавон аст. Пас, итлоқи (баҷо овардан) фатӣ бар ҷавон ҳақиқат бошад ва бар ғайри он маҷоз: Он маҷозро аз рўи маънӣ итлоқ кунанд бар касе, ки ба камоли фазоили инсонӣ расида бошад ва ваҷҳи маҷозӣ он аст, ки солик, модом ки дар қайди ҳавои нафс ва орзӯи табъ бошад ба масобаи кўдаке бошад, норасида ва чун аз мартабаи нафс тараққӣ намуда ба мақоми дил расад, ба манзалаи ҷавон бошад, расида ва чунончи ҷавонро қувватҳои сурӣ ва камолоти баданӣ ҳосил аст, ҷавонмардро низ камолоти инсонӣ ва қувватҳои маънавӣ ҳосил бувад ва дар ин мартаба ўро фатӣ гўянд...

Ниҳояти ҷавонмардӣ он аст, ки аз сари ҷон бархезад, чуноне ки Хоҷа Хусрави Деҳлавӣ дар ии боб овардааст:

Ҳаст ҷавонмарди дирам сад ҳазор,

Кор чу бо ҷон фитад, он ҷост кор.

Ҳақиқат он аст, ки ақсоми ҷавонмардӣ мунҳасир (ғунҷондашуда) дар ду сифат аст: яке нафъ ба дўстон расонидан ва он ба саховат ҳосил шавад ва дуюм зарари душман аз эшон боздоштан ва он ба шуҷоат вуҷуд гардад...

Нори хандон боғро хандон кунад,

Сўҳбати мардон-т аз мардон кунад.

Санг агар хорову гар мармар бувад,

Чун ба соҳибдил расад гавҳар шавад,

Агар пурсанд, ки аркони футувват чанд аст, бигўй, дувоздаҳ: шаш рукни зоҳир ва шаш рукни ботин. Аммо аркони зоҳири футувват аввал, банди забон аст аз ғайбат ва бўҳтони кизб (дурўғ) ва сухани беҳуда. Ва аҳди футуват аз касе дуруст аст, ки аз забони ў мардум ба саломат бошанд:

Агар мардӣ, забони худ нигаҳ дор,

Зи кизбу ғайбату бўҳтону озор.

Дуюм, банди самоъ аст аз ношуниданиҳо, чунончи... шунавандаи ғайбат аз ҷамъи ғайбаткунандаган аст

Дигар бибанд гўш зи ҳар ношуданӣ,

К-аз гуфтугўи ҳазл шавад ақл торумор.

Сеюм, банди басират аз нодиданиҳо, чунончи:

Чашм бипўшону мадеҳ, дил зи даст,

К-аз назари туст балое, ки ҳаст.

Чаҳорум, банди даст аст аз гирифтани ҳаром ва озурдани халқ:

Дасти худро бибанд аз озор,

Лек бикшо ба додани динор.

Панҷум, банди қадам аст аз ҷое, ки набояд рафт ва ба ғамзу кина ва озори халқ қадам наниҳодан;

Пой бибанд аз рахи норафтанӣ,

То ки дар ин роҳ ба ҷое расӣ.

Шашум, банди шикаму фарҷ аст, аз хўрдани ҳаром ва кардани зино, ки албатта аҳди футувват аз зино дуруст набошад ва уқди футувват аз ҳаромхор рост наояд:

Иффати фарҷу батн мебояд,

То дилат аз футувват орояд.

Аммо он шаш рукни ботин аввал саховат аст, ки бе суол ато кунад ба маҳал ва мулоҳизаи истеҳқоқ намояд:

Саховат кун, ки ҳар кас к-ў сахӣ буд,

Раво набвад, ки гўям дўзахӣ буд.

Дуюм, тавозўъ аст, ки касро беҳ аз худ донад ва бо ў фурўтанӣ кунад:

Такаббур кунад пояи мард паст,

Тавозўъ туро беҳтар аз ҳар чӣ ҳаст...

Сеюм, қаноат аст... Ҳар меҳнатеву шиддате, ки ба халқ мерасад бештар аз ҳирси бешталабй аст, чунончӣ дар «Маснавӣ» Мавлавӣ мефармояд:

Косаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.

Чаҳорум, авфу марҳамат аст. Яъяе бар халк шаф-қат кардай ва аз сари гуноҳи эшон даргузаштан ва бз он миқдор, ки макдур (мувофиқи қудрат ва имкон) бошад, бо эшон некўй варзидан ва меҳрубонй намудан:

Меҳрубонй кун, ки марди меҳрубон Дорад аз асли чавонмардй нишон.

Панчум, нафи (инкори) учбу наҳват (ғурур) аст, яъне харчаед аз вай аъмоли шоиста дар вучуд ояд, бояд ки бад-ў мағрур нашавад ва муаччаб нагардад, ки иблис ба воситаи наҳват малъуну мардуди абад гашт:

Шайтон зи аҷаб ноқису малъуну тар аст, Ҳар кас, ки аҷаб кард зи иблис б-атар аст.

Шашум, таваҷҷўҳи тамом ба мақоми қурбу васлат аст , яъке хонаи дилро ба ҷорўби риёзат аз хасу хошок пок созад, то тахтгоҳи тоҷи султони ишқ гардад... ва модом ки дил аз ғавғои тааллуқ пок нашавад, назаргоҳи муҳаббати дўст нахоҳад шуд.

То дил аз занги тааллуқ нашавад софии ҳол,

Аз паси пардаи ғайбат нанамоянд ҷамол.

Агар пурсанд, ки шароити футувват чанд аст, бигўй ҳафтоду як: чилу ҳашт вуҷудӣ ва бисту се азалӣ. Аммо он чи вучудӣ аст, аввал, ислом; дуюм, имон; сеюм, ақл; чорум, илм; панҷум, ҳилм; шашум, зўҳд; ҳафтум, вараъ; ҳаштум, сидқ; нўҳум, карам; даҳум, мурувват; ёздаҳум, шафқат; дувоздаҳум, эҳсон; сездзҳум вафо; чордаҳум, ҳаё; понздаҳум, таваккал; шонздаҳум, шуҷоат; ҳабдаҳум, ғайрат; ҳаждаҳум, сабр; нуздаҳум, истиқомат; бистум, насиҳат; бисту якум, таҳорати нафс; бисту дуюм, аълоҳимматӣ; бисту сеюм, пўшидани ас-рор; бисту чорум, раҳм; бисту панҷум, мутобиати шариат; бисту шашум, амри маъруф:,.. бисту ҳаштум, ҳурмати волидайн: бисту нўҳум, хидмати устод; сиюм, ҳаққи ҳамсоя; сиву якум, нутқи бо савоб; сиву дуюм, хомўшӣ аз рўи дониш; сиву сеюм, талаби ҳалол; сиву чорум, ифшони салом; сиву панҷум, сўҳбат бо некон ва покон; сиву шашум, сӯҳбат бо оқилон; сиву ҳафтум, шукргузорӣ; сиву ҳаштум, дастгирии мазлумон; сиву нўҳум, пурсиши бекасон; чилум, фикрат ва ибрат; чилу якум, амал ба ихлос; чилу дуюм, амонатгузорӣ; чилу сеюм, мухолифати нафсу ҳаво; чилу чорум, инсоф до дан; чилу панҷум, ризо; чилу шашум, иёдати (аёдат) мариз; чилу ҳафтум, дурӣ аз ноҷинс; чилу ҳаштум, мудовимат бар зикр.

Ва аммо он чӣ аз он эҳтироз бояд кардан: Аввал, мухолифат аст; дуюм, каломи қабеҳ гуфтан; сеюм, ғайбати некон кардан; чорум, мазоҳи бисёр кардан; панҷум, суханчинӣ кардан; шашум, бисёр хандидан; ҳафтум, хилофи ваъда кардан; ҳаштум, ба ҳиллаву макр бо мардум маош намудан; нўҳум, ҳасад бурдан; даҳум, ситам кардан; ёздаҳум, ғаммозӣ кардан; дувоздаҳум, сарватҷўӣ варзидан; сездаҳум, ҳарис будан; чордаҳум, амали дароз пеш гирифтан; понздаҳум, айби мардум ҷустану гуфтан; шонздаҳум, савггнд бар дурўғ гуфтан; ҳабдаҳум, тамаъ дар моли мардум кардан; ҳаждаҳум, хиёнат варзидан; нуздаҳум, бўҳтон задан ва аз нодида хабар додан; бистум, хамр хўрдан; бисту якум, рибо хўрдан; бисту дуюм, зино кардан; бисту сеюм, бо мардуми бадмазҳаб мусоҳибат намудан. Ҳар кӣ ин ҳафтоду як шарт хабар надорад бўи футувват (ҷавонмардӣ) ба ў нарасидааст...

Агар пурсанд, ки хислатхои аҳли футувват чанд аст, бигўй, ки аҳли футувватро аз даҳ хислат чора нест: Аввал, бо кори ҳақ ба сидқ; дуюм, инсоф ба халқ; сеюм, қаҳр ба нафси худ; чорум, бо бузургон ба хидмат; панҷум, бо хурдон ба шафқат; шашум, бо дўстон ба насиҳат; ҳафтум, бо уламо ба тавозўъ; ҳаштум, бо ҳукамо ба ҳилм; нўҳум, ба душманон саховат; даҳум, бо чоҳилон ба хамўшӣ...

Агар пурсанд, ки футувватро бо чӣ чиз ташбеҳ кар-даанд, бигўй бо дарахти ток... Агар пурсанд, ки ваҷҳи мушобиҳат ва муносибат миёни дарахту футувват чист, бигўй, чуноне ки дарахтро бех, пўст, шох, соқу барг ва шукуфаю мевае мебошад, ҳамчунин футувватро шохеву барге, соқеву пўсте ва меваеву бехе ҳаст.

Агар пурсанд, ки ҳар яке кадом аст, бигўй, бехи дарахти футувват, ки асли он аст ва бе он дарахт нашъунамо надорад ва баргу мева наёварад, муҳаббати пок аст.... соқи вай тавозўъ, шохи вай бурдборӣ, барги вай парҳезкорӣ аст ва пўсти вай адабу шарм аст ва шукуфаи вай хулқу лутф аст ва меваи вай саховату карам аст.

Агар пурсанд, ки мурувват чист, бигўй, мурувват ҷузъест аз футувват, чунонки футувват чузъест аз тариқат...

ФАСЛИ ДУЮМ

Дар маънии тариқат ва он чӣ бад-он мутааллиқ аст.

Агар пурсанд, ки тариқат чӣ маънӣ дорад, бигўй, тариқат дар луғат роҳи ростро гўянд. Дар истилоҳ сиратеро гўянд, ки мақтае (анҷом) бувад бар сулук аз қатъи манозил ва тараққӣ дар он мақомот.

Агар пурсанд, ки асли тариқат чанд чиз аст, бигўй, се чиз: дам, қадам ва карам.

Агар пурсанд, ки ҳар яке чӣ маънӣ дорад, бигўй, дам, яъне дам даркашидам аз ногуфтаниҳо. Қадам, яъне қадам наниҳодан дар накарданиҳо ва карам, яъне кор кун ва даркор кун. Ҳар кӣ аз ин се асл яке надорад ва якеро надонад, аз тариқат бебаҳра аст...

Агар пурсанд, ки мақомоти тариқат чанд аст, бигўй, чор саду чилу чор. Аммо маҷмўи он дар чаҳор мақом ҷамъ аст. Аввал тавба, ки ду навъ аст, яке тавбаи зоҳирӣ аз гуноҳ; дуюм, тавбаи ботин аз худбинӣ:

Омро тавба зи кори бад бувад,

Хосро тавба зи диди худ бувад...

Дуюм, хуф:

Ҳар кӣ дар ҳуф аст эминаш кунем,

Ҳар ки ў банд аст озодаш кунем.

Сеюм, ҷиҳод, яъне ҷанг кардан аст бо нафс:

Эй, шаҳон, куштем мо хасми бурун,

Монд аз он хасми бадтар аз дарун.

Куштани он кори ақлу ҳуш нест,

Шери ботин сухраи1 харгўш нест,

Чаҳорум, сабр:

Калиди дари ганҷи мақсуд сабр аст,

Дари баста он кас бикшуд, ки сабур аст,

1 Суҳра — масхара, истеҳзо.

Агар пурсанд, ки аҳкоми тариқат чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, маърифат: дуюм, саховат; сеюм, таваккал; чорум, тафаккур; панҷум, сидқ; шашум, яқин.

Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст, бигўй, шаш: Аввал омўхтани илм, он чӣ бар ў фарз бошад. Дуюм, илмро ба амал расонидан, ки илми бе амал дарахтест бе мева ва чароғест бе равған. Чуноне ки Саъдӣ фармудааст:

Бори дарахти илм надонам гар амал ба илм, Бо илм агар амал накунӣ, шохи бебарӣ.

Сеюм, бо халқ хулқи накӯ варзидан:

Хўи нек ар додат эзид ҳеҷ дигаргў мабош, Хўи нек, эй одамӣ, аз ҳар чӣ дорӣ беҳтар аст.

Чорум, риёзат кашидан, то оинаи дил ба сайқали муҷоҳидат равшан гардад:

То дил аз сайқали таҷрид мусаффо нашавад, Чеҳраи дўст дар он оина пайдо нашавад.

Панҷум, пайваста дар зикри дўст будан. Шашум шавқи тамом ба лиқои дўст доштан.

Агар пурсанд, ки суннати тариқат чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, вақт бо ҷамоат гузаронидан; дуюм, авқоти субҳу шомро ҷамъ доштан; сеюм, пайваста пок будан; чорум, дил нигоҳ доштан; панҷум, зикри таъзим гуфтан; шашум, пирону падаронро бо некӣ ёд кардан.

Агар пурсанд, ки мустаҳиби тариқат чанд аст, бигўй, Шаш: Аввал бо мардон рўй кушода доштан; дуюм, таом танҳо нахўрдан; сеюм, ҳарчанд заҳмат пеш ояд, рўй туруш накардан; чорум, ба ҳама кас эҳсон варзидан; панҷум, дар ҳама ҷо ҳифзи ҳурмат варзидан; шашум, номуси худро ва пирону устодонро нигоҳ доштан...

Агар пурсанд, ки наҳйи тариқат чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, тарки ҳавои нафс; дуюм, тарки сарват; сеюм, тарки дурўғ; чорум, тарки зино; панҷум, тарки хамр; шашум, тарки хиёнат.

Агар пурсанд, ки абҷади тариқат чанд аст, бигўй, абҷади сағир мехоҳӣ ё абҷади кабир. Агар пурсанд, ки абҷади сағир кадом аст, бигўй, абҷади сағир чордаҳ калима аст: Аввал, худро бо тавозўъ замин сохтан; дуюм, ба бели муҷоҳидат шўронидан сеюм, тухми муҳаббат дар вай пошидан; чорум, ба оби маърифат парваридан; панҷум, ба доси риёзат даравидан; шашум, ба таноби таваккал ба хирмангоҳи қаноат кашонидан; ҳафтум, ба қуввати бозуи тақво хирманро кўфтан; ҳаштум, ба мадади сабр дона аз коҳ чудо сохтан; нў-ҳум ба килаи (мубоҳисаи) муҳаббат паймудан; даҳум, ба осиёи ризо орд сохтан; ёздаҳум, ба оби караму мурувват хамир сохтан; дувоздаҳум, дар танўри ишқ ба оташи шавқ пухтан; сездаҳум, ба табақи ихлос ниҳодан ва чордаҳум, ба мардум расонидан:

То наафтад бар ту мардеро назар,

Аз вуҷуди хеш кай ёбӣ хабар.

Агар пурсанд, ки абҷади кабир кадом аст, бигўй, ки он 29 калима аст: «а» (алиф)—Оростагии зоҳиру ботин; «б»—бурдборӣ намудан; «т» — тақво варзидан; «с»—.савоби куллӣ ба хайр ҳосил кардан; «ч» — ҷамъияти хотир ҷустан; «ҳ» — ҳалолу ҳаромро фарқ кардан; «х» хуфу риҷоро (умедро) шиори худ кардан; «д» — далел будан ва ҳар толибро ба мақсуд расонидан; «з» — залил будан дар чашми худ ва аз худ ҳисоб гирифтан; «р» — риёзату фақр кашидан; «з» — зиё-рати дилҳо кардан; «с» — сирри аҳли фақр нигоҳ доштан; «ш» —шукргузории халқ кардан; «с» - сидқу сафо варзидан; «з» — зоеъ накардани вақт; «ф»—фурсат ғанимат шуморидан; «т» — тамаъро ба куллӣ аз хотир дур кардан; «з» — зулму ситам бар ҳеч кас раво надоштан; «айн» — илмро дўст доштан ва бо уламо нишастан; «ғайн» — ғайбати халқ накардан ва ба худ машғул будан; «қ» — қаноатро перояи ҳолу сармояи кори худ сохтан; «к» — камоли маърифат ба қадри тоқати башария ҳосил кардан; «л» — ливои дилнавозӣ ва хотирҷўӣ барафрўхтан; «м» — маломат кардан: «н» — ниёзмандӣ ба ҳама кас намудан; «в»—-вафодорӣ дар аҳд; «ҳ» — ҳамроҳӣ кардан бо ҳама кас дар тариқи ростӣ ва дар каҷҷӣ мададгор набудан; «л» — лол будан аз сухани фаҳш ва дурўғу зиёнро ба ростӣ ҷорӣ кар-дан; «й» — ёд кардан.

Агар пурсаид, ки имони тариқат чист, бигўй, истодани нафс, яъне ба амри пиру устод истодагӣ кардан.

Агар пурсанд, ки тариқат ба чанд чиз тамом мешавад, бигўй, ба даҳ чиз: Аввал зикр; дуюм, шукр; сеюм, хидмат; чорум, тоат; панҷум, мурувват; шашум, қаноат, ҳафтум, муҳаббат: ҳаштум, таслим; нўҳум, таваккал ва даҳум, тавҳид.

Агар пурсанд, ки такбири тариқат чист, бигўй. ду-русту рост гуфтан.

Агар пурсанд, ки рукни тариқат чист, бигўй, сухани хос бо хос гуфтан.

Агар пурсанд, ки суҷуди тариқат чист, бигўй, сухани тамом гуфтан ва бо айёрмардон (ҷавонмардон) рост овардан.

Агар пурсанд, ки миёни шариат ва тариқат ва ҳа-қиқат чӣ фарқ аст, бигўй, эшон ҳар се бозбастаанд.

Шариат—онро донӣ, (ки) равшан аст, нишон аст. ҳурмат аст.

Тариқат —ўро ҷўй, (ки) кӯшиш аст, баён аст, хидмат аст.

Ҳақиқат — ўро бинӣ, (ки) биниш аст, аён аст, ҳиммат аст.

Агар пурсанд, ки самараи ҳар як чист, бигўй, самараи шариат—вафост ба аҳд, самараи тариқат— фаност, яъне аз худ гузаштан аст, самараи ҳақиқат—бақост, яъне аз ботил буридан ва ба кори ҳақ пайвастан аст.

Агар пурсанд, ки обрўи тариқат чист, бигўй, ду: Аввал, он ки дасти тиҳӣ назди дарвешон наравад. Дуюм он ки пайваста бо таҳорат (пок) бошад,

Агар пурсанд, ки ҳуруфи шариат, тариқат ва ҳақиқат ишорат ба чӣ чиз аст, бигўй, шариат панҷ ҳарф аст: «Ш»— шарти ибодат ба ҷой овардан, Р — раво аз нораво донистан; «И» —якдил будан, Ъ — илм... омўхтан ва «Т» — талаб... кардан аст.

Тариқат низ панҷ ҳарф аст: Т талаб кардан, «Р»— розӣ будан, «Й» — яқин (фикри ягона) ҳосил кардан, «Қ» — қурб (наздикӣ) ҷустан, «Т» — таваҷҷўҳи тамом фармудан.

Ҳақиқат низ паҷ ҳарф аст: «Ҳ» — ҳузури дил, «Қ» — қадам ба бодияи таҷрид ниҳодан, «Й»—дар мартабаи тафрид якҷиҳат шудан, Қ — қайди ҳастии маҷозӣ ва қадами таин бардоштан, то назар ба ҳақоиқи ашё кушода шавад ва «Т» — тавҳид. Ин понздаҳ сифат дар ҳар як фард мавҷуд бошад, марди комилу мукаммал бошад ва иршоди тариқатро шояд ва ўро расад, ки қадам бар сари саҷҷодаи шайхӣ ниҳад.

ФАСЛИ СЕЮМ

ДАР БАЕНИ МАЪНИИ ТАСАВВУФ ВА ОДОБУ АРКОКИ ОН

Бидон, ки тасаввуф яке аз мақомоти тариқат аст. Ва ихтилоф кардаанд, ки ин исм ҷадид аст ё қадим. Баъзе бар онанд, ки ин исм баъд аз замоии зуҳури ислом пайдо шуд-... Вале маълум мешавад, ки номи тасаввуф дар замони пеш аз исломӣ низ буда ва дар китоби «Унс алсуфия» нақл мекунад, ки аввалин касе ки ўро сўфӣ гуфтаанд Шиш— яке аз фарзандони Одам будааст... Либосҳои ў аз суфи сабз будааст ва ин исм аз рўзгори Шиш дар ҳаққи пашминапўшон машҳур шуд. Ҳар кӣ ташбеҳ бад-ии тоифа мекунад, ўро аҳли тасаввуф ном мекунанд. Пас, ҷамоате, ки ба ҷидду ҷаҳд толиби аҳволи сўфиёни соҳибкамоланд, эшонро мутасуфия мегўянд.

Агар пурсанд, ки тасаввуф чист, бигўй, инро ҷавоб бисёр гуфтаанд: Аввал, тасаввуф гуфтаанд, тахлия (тасаввур кардан) аст ва ба ахлоқи ҳамида ва васфи писандида... Дуюм, тасаввуф тасфияи (покиза кардан) рўҳ аст аз ағёр. Сеюм, тасаввуф хузўъ (шикастанафсӣ) ва хушўъи (фурўтанй) аркон аст дар тариқи маърифат. Чаҳорум... тасаввуф тарки даъво кардан аст ва маъниро аз мардум пўшидан, яъне то мард аз даъво нагузарад ба маънӣ нарасад ва то маънии худро пин-ҳон надорад аз тасаввуф насибе наёбад. Панҷум, тасаввуф ишорат аст ба ҳусни ибодат. Шашум, тасаввуф хор доштани нафс аст ва азиз доштани амр. Ҳафтум, тасаввуф ҳама адаб аст за ҳар кӣ ба яке аз одобя фақр таҳовун (мусолиҳакорӣ) кунад аз тасаввуф ҷуз номе намедонад.

Агар пурсанд , ки ин тоифа, ки номи тасаввуф бар худ ниҳодаанд, чанд гурўҳанд, бигўй, се гурўҳ: Аввал, мустасуф ва ў касест, ки барои мол, ки поймоли ҳар кас ба чиҳати ҷоҳ, дастфарсуди ҳар кас аст, ташбеҳ ба дарвешон карда бошад ва аз ҳеҷ мартаба бохабар набувад ва дар ҳақки чунин кас гуфтаанд:

Норафта раҳи сидқу сафо гоме чанд,

Бадномкунандаи накўноме чанд.

Дуюм, мутассуф ва ў он аст, ки ба сарманзили мақсуд расад. Сеюм, сўфӣ ва ў он аст, ки аз худ фоннӣ ва ба ҳақ боқист... Гуфтаанд, ки сўфиён се қисманд: Муаширон, мутарасмон ва муҳаққиқон. Муоширон муҳиббону дўстдорони ин тоифаанд ва эшонро умедварии тамом аст... Аммо мутарасмон онҳоанд, ки ба расму сурати дарвешон бароянд ва ба зоҳиран тақлиди аҳвол ва ақволи эшон кунанд ва ба ботин толиби вақту ҳоли эшон бошанд ва доим ба забони ҳол мегўянд:

Гар нек оем моро зи эшон шумаранд,

В-ар бад бошем, моро бад—эшон бахшанд.

Ин гурўҳ низ дур нест, ки дар файзи муассири эшон насибе ёбанд. Аммо, муҳаққиқон — эшон ҷамоатеанд, ки суф пўшанд ба сафо ва бичашонанд нафсро таоми ҷафо ва дунёро биандозанд аз қафо ва сулук кунанд бар тариқи нек...

Агар пурсанд, ки сўфӣ чӣ маънӣ дорад, бигўй, дар маънии сӯфӣ сухани бисёр гуфтаанд ва мо аз он ҷумла панҷ ваҷҳ эрод кунем: Аввал, сўфӣ он аст, ки ба зоҳир банда бошад ва ба маънӣ озод. Яъне зоҳири худро бар тоату ибодат ва хидмат вақф карда бошад, ботини худро аз тамома алоқаҳо чун озодмардон пок сохта бошад.

Дуюм, сўфӣ он аст, ки ҳеҷ чиз дар банди вай наёяд ва вай дар банди ҳеҷ чиз набошад. Ин ду калима ишорат ба мартаба аст: Яке ихлос, ки банда мутлақан аз сифати башария фонӣ шуда бошад ва яке ҳуррият (озодӣ). Он ишорат аст бад-он ки солиқ аз факри зотии худ бозраста бувад ва ба ғинои зотии худ пайваста. Сеюм, сўфӣ он ки сирри ў софӣ бошад ва ақли ў кофӣ бошад ва дили ў ба аҳди муҳаббат вофӣ бошад. Чаҳорум, сўфӣ он аст, ки зоҳираш аз қудурати алоқаҳо бар канор аст ва ботинаш ба тафаккур моил аст ва дар дидаи ҳимматаш зарру хок яксон аст. Панҷум сўфӣ он аст, ки он чӣ ба дам дарёфта бошад, ба қадам ан ҷо шитофта бошад, яъне аз рутбаи илмал-яқин ба пояи айнал-яқин тараққӣ намояд.

Агар пурсанд, ки ин тоифаро чаро сўфӣ гўянд, бигўй, инро низ панҷ ҷавоб гуфтаанд. Аввал, он ки эшон дар сафи авваланд, яъне аз ҷумлаи солиҳон пеш афтодаанд. Дуюм, эшон тавалло ба асҳоби суффа кардаанд ва асҳоби суффа гурўҳе будаанд аз аъмоли дунё эътироз карда ва ба авҳоли охир иқбол намуда. Ба рўйҳои зард, дамҳои сард, субҳу шом дар зикр муаозимат мекунанд. Пас, сўфӣ онро гўянд, ки чун асҳоби суффа аз ҳама алоқаву дилбастагиҳо зътироз намуда бошад ва аз рўи ҳузури ҳозир ба тоату ибодат та-ваҷҷўҳ фармуда ва ин ду ваҷд, агарчи ба қонуни арабият рост нест. Сеюм, гуфтаанд иштиқоқи (баромадан) ин исм аз сафост ва чун бар дилҳои эшон сафо ғолиб аст, эшонро сўфӣ гуфтаанд. Чаҳорум, гуфтаанд иштиқоқи ин ном аз суфуҳ аст ва суфуҳ хулосаи чизеро гўянд... Пас, ин ҷамоатро ба воситаи ӣн сўфӣ гуфтаанд, ки хулосаи халқ эшонанд..

Мўътакифони ҳарами кибриё,

Шуста зи дил сурати кибру риё.

Шоҳнишинони бисоти қадам,

Роҳнишинони работи адам.

Панҷум, эшонро барои он сўфӣ мегўянд, ки сўфӣ дар луғат пашмро гўшд ва чун эшон дар аксар вақт ҷомаи пашмина пўшанд, эшонро сўфӣ гўянд ва ин сухан ба ҳасби арабия саҳеҳ аст, чи нисбат ба суф сўфӣ ояд.

Агар пурсанд, ки бинои тасааввуф бар чанд чиз аст, бигўй, ба даҳ чиз: Аввал, илм; дуюм, ҳилм; сеюм, тақво; чаҳорум, сахо; панҷум, шукр; шашум, сидқ; ҳафтум, вафо; ҳаштум, ризо; нўҳум, сафо; даҳум ишқ.

Агар пурсанд, ки аркони тасаввуф чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, ҳол; дуюм, сирр; сеюм, хотир; чаҳорум, ишорат.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи тасаввуф чӣ маънӣ дарад, бигўй, «Т» — таҷрид аст, яъне ба зоҳир тарки тааллуқ гирад, «С» — сидқу сафост, яъне ботинро равшан созад, «В» — вафо, яъне ба аҳду муҳаббат вафо кардан, «Ф» — ишорат ба фаност, яъне худро дар баҳри мушоҳидаи анвори ҷамол мустағриқ созад.

Агар пурсанд, ки тасаввуф ба чанд чиз тамом шавад, бигўй, се чиз; Аввал, таҷрид. Дуюм, тафрид ва сеюм, тавҳид...

Агар пурсанд, ки ҳуруфи сўфӣ ишорат ба чист, бигўй, ҳар як ишара ба сифатест, ки сўфиро аз он чора нест: Аввал «С» — нитоҳ доштани хилватхонаи дил, аз он ки ғайри дўст касе огоҳ нагардад. Дуюм, «У» (вов) — ишорат ба вақояти сирр, яъне сирри худро чунон нигоҳ дорад, ки дасти ғорати шайтон ба он нарасад ва мурод аз ин мартаба ихлос аст.

Ҳар ки ба ихлос қадам мезанад.

Исии вақт аст, ки дам мезанад.

Сеюм, «Ф» — ишорат аст ба файз гирифтан ва файз расонидан, яъне аз болотари худ фоида гирад ва ба фурўтар аз худ фоида расонад, чуноне ки гуфтаанд:

Аз бузургон мустафидам бо фурўдастон муфид, Олами таҳсилро ҳам содирам ҳам воридам.

Ниҳоят «Й» яқин аст...

Пой ба рафтори яқин сар шавад,

Санг ба пиндори яқин зар шавад,

Роҳи яқин ҷўй ба ҳар манзиле,

Нест муборактар аз ин ҳосиле...

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР БАЁНИ ФАҚР ВА ОДОБУ АРКОНИ ОН

Бидон, фақр ҷавҳарест аз кони вилоят берун омада ва ахтарест ба осмони ҳидоят тобон шуда ва дар сифати фахр ҳамин нукта бас аст, ки пири маънавӣ — Мавлоно Ҷалолиддин дар дафтари аввали «Маснавӣ» мефармояд;

Кори дарвеши вароъи1 фаҳми туст,

Сўи дарвешон бимангар суст-суст.

Ҳаст дарвешӣ чу болоин табак,

Аз ҳама бурданд дарвешон сабақ.

1 Вароъ — пас, ақиб,

Агар пурсанд, ки аломати фақр чанд аст, бигўй, се: Аввал, шафқате чун офтоб, ки бар ҳама кас метобад ва ҳеҷ чизро дар партави ҷамоли худ бебаҳра намегузорад. Дуюм, тавозўъ чун замин, ки ҳар кӣ бар он пой мениҳад, аз неку бад таҳаммул мекунад ва аз мақоми худ намеравад. Сеюм, саховате чун абр, ки бар хушку тар меборад ва гўристону гулистон фарқ намекунад...

Агар пурсанд, ки мақомоти фақр чанд аст, бигўй, фақрро чаҳорсад мақом аст ва онро ба чиҳил бозовардаанд ва он чиҳилро ба чаҳор дарҷ сохтаанд: Аввал, хидмат; дуюм, иззат; сеюм, тарки ҳавои нафс ва чаҳорум таслим.

Агар пурсанд, ки зоди тариқи фақр чанд аст, бигўй, даҳ: Аввал, ҳилм; дуюм, ҳаё; сеюм, адл; чаҳорум, по-кии зоҳир; панҷум, покии ботин; шашум. ҷавонмардӣ; ҳафтум, сирпўшӣ; ҳаштум, таваккал; нўҳум, мададгорӣ; даҳум, ихтиёр.

Агар пурсанд, ки калиди дари фақр чист, бигўй, тавба, ки то он ҳосил нашавад, дари фақр ба рўи касе кушода нашавад.

Агар пурсанд, аркани тавба чанд аст, бигўй, се: Аввал, истиғфор ба забон; дуюм, пушаймонӣ ба дил; сеюм, азимат дуруст кардан, ки ҳаргиз ба сари он гуноҳ наравад.

Агар пурсанд, ки аз кадом роҳ ба фақр даромадӣ, бигўй, аз роҳи ниёз. Агар пурсанд, ки ҳамроҳат кӣ буд, бигўй, сидқу эътиқод. Агар пурсанд, ки сари сидқу эътиқод чӣ буд, бигўй, муҳаббати дарвешон. Агар пурсанд, ки фақр ба чӣ чиз тамом шавад, бигўй, ба хулқи некў. Барои он ки ҳар кӣ хулқ дорад, сифатҳои дигар, ки дар фақр ба кор оянд ҳам дорад. Ба воситаи ин маънӣ бузургон гуфтаанд, ки ҳар чӣ дар тамоми аркони фақр мавҷуд аст дар хулқ мавҷуд аст, зеро ки ҷое ки хулқ бошад, лозим аст, ки илм бошад. Ҳар ҷое ки илм бошад, лозим аст, ки ҳилм бошад ва ҳар ҷо ки ҳилм бошад, лозим аст, ки зўҳд бошад...

Агар пурсанд, ки ҳуруфи дарвеш ишорат ба чӣ чиз аст, бигўй, ин маъниро Шоҳ Қосими Анвор ба назм овардааст:

Дарвеш, ки ҳарфи ў ба сурат панҷ аст, Андар маънӣ бидон, ки беш аз пеш аст. «Дол» аст далели он ки бо дард бисоз, Гар бар тани ту ҳар сари мў сад неш аст. «Ро» рўю риё макун, ки аз рўю риё, Расвоии бегонаву ранҷи хеш вст.

«Вов» аст видои ғайр мавло кардан,

В-ин кор чунин кор яке бе хеш аст.

«И» якдилу якранг шав андар раҳи ишқ,

Якдил набувад касе, ки ў бо хеш аст.

«Шин» он ки кунад шукру шикоят накунад,

В-андар паи хасми хеш некандеш аст.

Онро, ки чунин панҷ фазилат дорад,

Дарёбу дар ў гурез, к—ў дарвеш аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба