Зеҳн

Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Фаслҳо

АХ
Ахбор28 октябри 2024 · 3 дақиқа хондан

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР ШАРАФИ ИН ИЛМ

Бидон, ки илми футувват илми шариф аст ва шўъбаест аз илми тасаввуф ва тавҳид. Ва акобири олам дар ин илм рисолахо сохтаанд ва дар сифату тавҷияи (тафсир) камоли ў нусхахо пардохта... дар китоби «Қавоидалфутувват» ин байтро ба шайх Фаридаддини Аттор иснод кардаанд:

Дидаи дилл аз футувват равшан аст,

Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.

Гар бувад илми футувват бар сарат,

Ҳар замон бахшад сафои дигарат,

Ва дигар рисолаи «Одобулфутувват», «Футувватнома»-и Шайхи Кабир. «Орифулмасриф», «Мирсодулаьбод», «Ҳадиқат-улҳақиқат», «Рисолаи сайр»-и Ҷомӣ, «Зодулахира»-и Зариаи Исфаҳонӣ, «Тазкиратулавлиё» зикри ин   илми шариф — футувват ва таърифа касе ки мазҳари ин сифат бошад, мастур (пинҳон) аст.

ФАСЛИ ДУЮМ

ДАР МАВЗӮИ ИН ИЛМ

Бидон, ки ҳар илмеро мавзўе ҳаст, ки дар он илм баҳс аз аворизи зотии он мавзўъ мекунанд. Чунончи дар илми тиб бадани инсон мавзўъ аст аз ҳайсияти сиҳату мариз. Чун ин муқаддима дониста шуд, бибояд донист, ки мавзўи илми футувват нафси инсонӣ бошад, аз он ҷиҳат, ки мубоширу муртакиби афъоли ҷамила ва сифоти ҳамида гардад....

Ва шарҳи нафси инсонӣ ва баёни маротиби ахлоқ лоиқи ин мухтасар нест ва боз ҳар илмеро масоиле ҳаст, ки дар он илм баҳс аз он кунанд ва худ тамомати илм бар он мақсур бошад. Ва масоили ин илм он аст, ки дар ин рисола аксар бар тариқи саволу ҷавоб баён гардад.

ФАСЛИ СЕЮМ

ДАР БАЁНИ МАЪНИИ ФУТУВВАТ ВА ҲАСБИ ЛУҒАТ ВА ИСТИЛОҲ

Бидон, ки футувват аз рўи луғат ҷавонӣ бошад ва фатӣ марди ҷавонро гўянд ва баъзе дар шарҳи ин луғат бар онанд, ки футувват ҷавонмардӣ бошад. Аз рўи истилоҳ футувват дар урфи ом ибораг аст аз итсоф (машҳур будан) ба сифати ҳамида ва ахлоқи писандида, бар ваҷҳе, ки ба он аз абнои ҷинси хеш мумтоз гардад. Ва ба таърифи хос иборат аст аз зуҳури нури фитрати инсонӣ бар зулмати сифоти нафсонӣ...

Пас, футувват чист? Футувват он аст, ки ҳеҷ коре накунӣ дар ниҳонӣ, ки он ошкор нагардад ва бо ҳама кас ба хулқи некў зиндагонӣ кунӣ, ки дўстии халқро ба хулқи некў ҳосил тавонӣ кард ва чунонки гуфтаанд:

Ба ҳама халқи ҷаҳон хулқи писандида намоӣ,

Ки сўи хулди барин роҳ бар он аст, эй дил!

Ҳамчунин, футувват ба аҳд вафо кардан аст... ва вафо кардан кори ҷавонмардон аст ва нуқси аҳду шикастани паймон нишонаи нуқсони виҷдон аст:

Дасти вафо дар камари аҳд кун,

То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун.

Футувват он аст, ки ҳама касро аз худ беҳтар донӣ ва худро бар ҳеҷ кас тафзил (бартарӣ) наниҳӣ;

Ҳар киро заррае вуҷуд бувад,

Пеши ҳар зарра дар суҷуд бувад.

...Футувват тарки такаллуф кардан аст ва он чӣ дар хона бошад, барои меҳмон ҳозир овардан#

Он чӣ бошад пеши мо, ҳозир кунем,

Гар ҳама нони ҷавину сирка аст.

Шак нест, ки аз такаллуф бўи аноният (худписандӣ) меояд ва мадори футувват бар шикасти нафс ва тарки худпарастӣ бошад:

Ҳар кӣ ў нест гашт, ҳасташ дон,

Ҳар кӣ худ дид, бутпарасташ дон,

Бехабар з-ин ҷаҳону маст, якест Хештанбину бутпараст якест.

Футувватро се мартаба аст: аввал сахо, ки ҳар чӣ дорад аз ҳеҷ кас дареғ надорад. Дуюм сафо, ки синаро аз кибру кина поку покиза созад ва мартабаи охир вафост, ки бо халқ нигаҳ дорад.

Салмони Форсӣ низ дар хусуси футувват фармудааст: «Футувват инсоф додан аст ва инсоф наситондан, яъне ҳар айбе ва нуқсе, ки бошад онро ба худ нисбат бояд кард ва ҳар чизе, ки дар вуҷуд ояд худро дар миён набояд дид» Ва ғайр аз ин дар боби футувват суханон гуфтаанд ва мо ба ин қадар ихтисор кардем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба