Зеҳн

Убайди Зоконӣ - Аз рисолаи Сад панд

АХ
Ахбор28 октябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Агар шарбате боядат судманд,

Зи лой шунав нӯшдоруи панд.

Зи парвезани(ғарбел) маърифат бехта,

Ба шаҳди зарофат баромехта.

Эй азизон, умр ғанимат шумаред!

Вақт аз даст мадиҳед!

Айши имрўз ба фардо маяндозед.

Рўзи нек ба рўзи бад мадиҳед.

Подшоҳиро неъмат ва ғанимат ва тандурустӣ ва эминӣ донед.

Ҳозири вақт бошед, ки умри дубора нахоҳад буд.

Ҳар кас, ки поя ва нисбати худро фаромўш кунад, ба ёдаш маёред.

Бар худписандон салом мадиҳед!

Замони нохуширо ба ҳисоби умр машмаред!

Мардуми хушбош ва сабукрўҳ ва каримниҳод ва қаландармизоcро аз мо дуруд диҳед!

Тамаъ аз хайри касон бибурред, то ба риши ҷаҳониён тавонед хандид.

Гирди дари подшоҳон магардед ва атои эшон ба лиқои дарбонони эшон бахшед!

Ҷон фидои ёрони мувофиқ кунед!

Баракати умр ва рўшноии чашм ва фараҳи дил дар мушоҳидаи некўвон донед!

Абрў дарҳамкашидагон ва гиреҳ дар пешони оварандагон ва суханҳои ба ҷидгўён ва туршрўён ва каcмизоҷон ва бахилон ва дурўғгўён ва бададабонро лаънат кунед!

Хоҷагон ва бузургони бомурувватро ба риш тизед!

То тавонед, сухани ҳақ магўед, то бар дилҳо гарон машавед ва мардум бесабаб аз шумо наранҷанд.

Сухани шайхон бовар макунед, то гумроҳ нашавед ва ба дўзах наравед!

Дасти иродат дар домани риндони покбоз занед, то растагор шавед.

Аз ҳамсоягии зоҳидон дурӣ ҷўед, то ба коми дили худ хоҳед зист.

Дар кўчае, ки манора наздик бошад, висоқ магиред, то аз дарди сари муаззинони бадовоз эмин бошед.

Мастонро даст гиред!

Чандон ки ҳаёт боқист, аз ҳисоби меросхорагон худро хуш доред!

Муҷаррадӣ ва қаландариро мояи шодмонӣ ва асли зиндагонӣ донед!

Худро аз банди ному нанг бираҳонед, то озод тавонед зист.

Дар хонаи марде, ки ду зан дорад, осоиш ва хушдилӣ ва баракат маталабед!

Ҳокиме одил ва қозие, ки ришват наситонад ва зоҳиде, ки сухан ба риё нагўяд ва ҳоҷибе, ки бодиёнат бошад... дар ин рўзгор маталабед!

Ҳар дағо, ки битвонед дар нард ва қимор бикунед, то муқомири тамом гуфта шавед ва агар ҳариф сахт шавад, савганди сеталоқ бихўред, ки савганд дар қимор шаръ, нест.

Мардуми бисёргўй ва суханчин ва сифла ва маст ва мутрибони нохушовози заллабанд, ки таронаҳои муқаррар гўянд, дар маҷлис магузоред!

Аз маҷлиси арбада бигрезед!

Бар лаби ҷўй ва канори ҳавз маст наравед, то магар дар ҳавз наяфтед.

Бо шайхон ва навмолон ва фолгирон ва мурдашўён ва кингиразанон ва шатранҷбозон ва давлатхўрдагон ва бозмондагони хонадонҳои қадим ва дигар фалакзадагон сўҳбат мадоред!

Ростӣ ва инсоф ва мусулмонӣ аз бозориён маталабед!

Аз фарзанде, ки фармон набарад ва зани носозгор ва хизматгори ҳуҷҷатгир ва чорпои пир ва коҳил ва дўсти беманфиат бархурдорӣ тамаъ мадоред!

Ҷавонӣ беҳ аз пирӣ, сиҳат беҳ аз беморӣ, тавонгарӣ беҳ аз дарвешӣ, ғаррӣ беҳ аз қалтабонӣ, мастӣ беҳ аз махмурӣ, ҳушёрӣ беҳ аз девонагӣ донед!

Ҳаҷ макунед, то ҳирс бар мизоҷи шумо ғалаба накунад ва беимон ва бемурувват нагардед.

Аз дайюс, ор мадоред, то рўз беғам ва шаб бефикр тавонед зист!

Дар моҳи рамазон шароб дар баробари мардум махўред, то мункири шумо нашаванд.

Дар ростӣ ва вафодорӣ муболиға макунед, то ба қуланҷ ва дигар амроз мубтало нашавед.

Аз миннати хешон ва суфраи хасисон ва гиреҳи пешонии хидматгорон ва носозгирии аҳли хона ва тақозои қарзхоҳон гурезон бошед!

Ба ҳар ҳол аз марг бипарҳезед, ки аз қадим маргро макрўҳ доштаанд.

Худро то зарурат набошад, дар чоҳ маяфканед, то сару пой маҷрўҳ нашавад.

Калимоти шайхон ва бангиён дар гўш магиред...!

Ҳазл хор мадоред ва ҳаззолонро ба чашми ҳақорат мангаред!

Зинҳор, ки ин калимот ба самъи ризо дар гӯш гиред, ки каломи бузургон аст ва бад-он кор бандед!

Ин аст, он чи мо донистаем аз устодон ва бузургон ба мо расида ва дар китобҳо хонда ва аз сирати бузургон ба чашми хеш мушоида кардаем, дар ин мухтасар ёд кардем, то (ки) мустаидон аз он баравар гарданд.

БАЙТ

Насиҳат некбахтон ёд гиранд,

Бузургон панди дарвешон пазиранд

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба