Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Боби Чаҳорум
ДАР БАЁНИ ХИРҚА ВА СОИРИ ЛИБОСҲОИ АҲЛИ ФАҚР ВА ПЎШИДАНУ ПЎШОНИДАНИ ОН ВА РАСОНИДАНИ ХИРҚА БА МУРИДОН ВА ШАРОИТИ ОН ВА ОДОБУ АРКОНИ ОН.
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ ХИРҚА
Бидон, ки шиори дарвешон пўшидани марқаъ ва хирқа аст. Агар пурсанд, ки хирқа чӣ маънӣ дорад, бигўй, аз рўи луғат хирқа пораеро гўянд аз ҷома ва аз роҳи истилоҳ ҷомаеро гўянд, ки аҳли фақр пўшанд ва сўрохӣ дошта бошад ва чун аксари ҷомаҳои эшон кўҳнаву сўрох шуда бошад, онро хирқа гўянд.
Агар пурсанд, ки хирқаро аз чӣ гирифтаанд, бигўй, аз харак ва харак пора кардан бошад. Пас соҳиби хирқа бояд, ки риштаи тааллуқ аз ҷамии алоқаҳо пора кунад... то ўро пўшидани хирқа зебад. Ва гуфтаанд, ин номро аз харк гирифтаанд ва он биёбони фароху ҳамвор аст, яъне соҳиби ин ҷома дар бодияи бениҳояти ишқ сулук (рафтор, муомила) менамояд ва биёбони муҷоҳидатро ба қадами риёзат ба сар мебарад. Ва гўянд, аз хирқ гирифтаанд ва он марди бузургвори сахӣ мебошад. Маънии сухан он аст, ки чун касе хирқа пўшад, бояд ки худро бузургвор дорад. Яъне ба шумии тамаъ худро хор насозад ва саховатро шиори худ дорад. Ва баъзе гўянд, ин исмро аз хирқа гирифтаанд ва он сўрохии нармаи гўш аст, ки ҳалқа дар вай кунанд. Пас, соҳиби хирқа бояд, ки ҳалқа ба гўши мардон бошад. Яъне ҳар чӣ фармоянд, ба гўши дил бишнавад. Ва гўянд, ин исмро аз хирқа гирифтаанд ва он равзане бошад дар хона ва мақсади сухан он аст, ки аз бўстон дар хонаи дил бояд, ки равзане карда бошад ва пайваста дида бар он равзана ниҳад, то насиме, ки аз он гулшан бирасад, онро ба шомаи рўҳ ҳис кунад.
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР БАЁНИ ХИРҚА ПЎШИДАН
Агар пурсанд, ки хирқа пўшидан аз кӣ мондааст ва аввалин касе, ки хирқа пўшид кӣ буд, ... бигўй, дар зоҳир аввалин кас Одам буд...
Он дам, ки миёни обу гил буд одам.
Дар олами ҷону дил паямбар ў буд...
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР ШАРОИТИ ХИРҚА ПЎШИДАН
Агар пурсанд, ки чӣ фоида аст дар он ки ҳар мар-деро хирқа пўшонанд, бигўй, се фоидаи куллӣ ҳаст: аввал он ки чун зоҳири мурид ба кисвати шайх ороста шавад, ҳароина ин маънӣ боиси он шавад, ки ботинаш низ ба либоси тақво, ки иборат аз сифоти комилаи ўст зилат ёбад. Дуюм, он ки баракати дасти шайх ба вуҷуди мурид расад, то бошад ки мисли вуҷудаш ба иксири (кимё) назари он бузургвор зарри тамом гардад. Маснавӣ:
Қатра ба баҳр ояду гавҳар шавад,
Мис чу ба иксир расад, зар шавад.
Ҳа кӣ зи маънӣ хабаре ёфтааст,
Аз дили соҳибназаре ёфтааст.
Ҳар назаре, к-аз сари сидқу вафост,
Чун ба ҳақиқат нигарӣ кимиёст.
Сеюм, ин ки хирқа сабаби пайванд миёни шайху му-рид шавад. Агар пурсанд, ки пир муридро кай хирқа тавонад пўшонд, бигўй, вакте ки мурид қадам дар олами иродат ниҳод ва нақди қалбро ба нақши сиккаи амонат пайваст, муршиди комил хирқаи фақр ба ў пўшонад ва онро ба ранги худ бароварад. Агар пурсанд, ки ғарази куллӣ аз хирқа пўшидан чист, бигўй, ғарази куллӣ ва мақсуди аслӣ он аст, ки хирқа ҷомаи ошноӣ аст. Пас бояд ки феъли бегонагон накунад ва агар бикунад худро аз ошноии фақр бегона кунад. Шеър:
Ало, эй мураққаъ бипўшида ҷуст,
Қадам дар раҳи фақр менеҳ дуруст.
Дар озори ҳеҷ офарида макўш,
Ки озор бад бошад аз хирқапўш,
Қабопўши хунрези бегонахўй,
Беҳ аз хирқапўшони озорҷўй.
Агар пурсанд, ки одоби хирқа пўшидан чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, хирқаро дар муриди қобил пўшонидан; дуюм, шароити пўшонидани он ба мурид расонидан; сеюм, такбиру таҳлил фиристодан; чаҳорум, пирони гузашта ва соҳибони кусутро (пешгузаштагон-ро) ёд кардан.
Агар пурсанд, ки аркони хирқа пўшидан чанд аст, бигўй, ду: Аввал он ки худ олим бувад ба одоб, то муридро ҳар гоҳ воқеае пеш ояд, ҳалли он тавонад кард; дуюм, бояд ки аз дасти пир хирқа пўшида бошад, то дигареро тавонад пўшонад.
Агар пурсанд, ки шароити хирқа пўшидан чанд аст, бигўй, се: Аввал хирқа поку покиза сохтан; дуюм, аз ваҷҳи ҳалол тартиб фармудан; сеюм, аз тариқи бидъат дур доштан.
Агар пурсанд, ки аркони хирқа пўшидан чанд аст, бигўй, се: Аввал онро аломати фақр ва ошнои фуқаро донистан; дуюм, хирқаро доми гадоӣ ва баҳонаи ҳурмати риёӣ насохтан; сеюм, даъворо ба маънӣ расонидан.
Агар пурсанд, ки одоби хирқа пўшидан чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, он ки пок бошад; дуюм, он ки чун хирқа бипўшад, чархе бизанад; сеюм, хирқаро ҳар гоҳ берун кунад ба ҳурмат дар ҷои пок ниҳад; чорум, агар кўҳна шавад, аз барои табаррук ямоқ дўзад ва нагузорад ки якборагӣ бефоида гардад.
Агар пурсанд, ки чарх чаро бояд зад ва чӣ маънӣ дорад?
Байт:
Дил чу паргор ба ҳар сў даваронӣ мекард,
В-андар он доира саргаштаи по барҷо буд.
ё)
Ҳамчу паргор зи саргаштагиаш боке нест,
Ҳар кӣ дар доираи ишқи ту собитқадам аст.
Агар пурсанд, ки имони хирқа чист, бигўй, сатторӣ (пўшида).
Агар пурсанд, ки эҳсони хирқа чист, бигўй, ростгорӣ,
Агар пурсанд, ки шариати хирқа чист, бигўй, пар-ҳезкорӣ.
Агар пурсанд, ки тариқати хирқа чист, бигўй, амо-натдорӣ.
Агар пурсанд, ки ҳақиқати хирқа чист, бигўй, аз ғайр бегона будан,
Агар пўрсанд, ки сирри хирқа чист, бигўй, иродати тамом.
Агар пурсанд, ки ҷони хирқа чист, бигўй, муҳаббати бардавом.
Агар пурсанд, ки фазилати хирқа чист, бигўй, тарки ҳаво.
Агар пурсанд, ки фарзи хирқа чист, бигўй, сўҳбати пирон.
Агар пурсанд, ки суннати хирқа чист, бигўй, хидмати мардон.
Агар пурсанд, ки калиди хирқа чист, бигўй, такбир ва таҳлил.
Агар пурсанд, ки гиребони хирқа чист, бигўй, роз нигоҳ доштан.
Агар пурсанд, ки остини хирқа чист, бигўй, дасткў-тоҳ будан.
Агар пурсанд, ки домани хирқа чист, бигўй, аз сари гуноҳи хасм даргузаштан.
Агар пурсанд, ки беруни хирқа чист, бигўй, нуру сурур.
Агар пурсанд, ки даруни хирқа чист, бигўй, сабр.
Агар пурсанд, ки тани хирқа чист, бигўй, вафо.
Агар пурсанд, ки дили хирқа чист, бигўй, шукру сидқ.
Агар пурсанд, ки осмони хирқа чист, бигўй, дасти пир.
Агар пурсанд, ки замини хирқа чист, бигўй, тани фақир.
Агар пурсанд, ки нақди хирқа чист, бигўй, одобу ҳурмат.
Агар пурсанд, ки номи хирқа чист, бигўй, ҳаё.
Агар пурсанд, ки коми хирқа чист, бигўй, ҳушнудӣ.
Агар пурсанд, ки асли хирқа чист, бигўй, бад надида кардан.
Агар пурсанд, ки ғусли хирқа чист, бигўй, тарк.
Агар пурсанд, ки намози хирқа чист, бигўй, покӣ.
Агар пурсанд, ки ямини хирқа чист, бигўй, таваккал.
Агар пурсанд, ки ясори хирқа чист, бигўй, суботу тамкин.
Агар пурсанд, ки қиблаи хирқа чист, бигўй, пири комил.
Агар пурсанд, ки камоли хирқа чист, бигўй, ақидаи пок.
Агар пурсанд, ки аҳкоми хирқа чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, тавба; дуюм, сахо; сеюм, қаноат; чорум, ризо; панҷум, риёзат шашум, ҳадди миёни хуфу риҷо.
Ин саволҳо ҳар ҳиркапўш, ки надоранд, дар кори худ нотамам аст. Агар пурсанд, ки чаҳор бурҷи хирқа кадом аст, бигўй, аввал ризо; дуюм, фано; сеюм, сафо; чорум, вафо.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи хирқа чанд маънӣ дорад, бигўй, хирқа чаҳор ҳарф аст ва ҳар харфе се маънӣ дорад, ки маҷмўъ дувоздаҳ бошад.
«X» — далолат ба хайрхоҳӣ, яъне хирқапўш бояд, ки некхоҳи ҳамаи халқ бошад. «Р»—далолат ба роҳати халқ аст, яъне хирқапўш бояд, ки худро фидои халқ кунад ва ранҷи худ бар роҳати эшон бигзорад, то аз фақр насиби тамом дошта бошад. Ҳамчунин далолат ба рафқу раъфат (дўстон) яъне бар ҳама кас меҳрубон ва хушхўй бояд, ки дили халқ бирабояд.
Хубии мардум на накўрўӣ аст,
Хўи накў мояи некўӣ аст.
«Қ» — далолат бар қаҳри нафс, яъне соҳиби хирқа бо-яд, ки нафсро саркўб кунад, то саломат бошад. Ҳамчунин далолат ба қурб, яъне хирқапўш бояд, ки аз ботил дурӣ ҷуста ба кори ҳақ яганагӣ ҷўяд. Инчунин хирқапўш бояд қабули дилҳо талабад, то мақбули ҳама гардад. «Аммо «Ҳ» — хирқа, ки дар асл «а» аст, далолат ба «аз худ» бигрезад ва талаби рост кунад ва дар тавфиқу таҳқиқ бошад.
Гар набошад инояти тавфиқ,
Кай тавон ёфт давлати тасдиқ,
В-ар зи тасдиқ партаве нарасад,
Дил нагардад мунаввар аз таҳқиқ.
ФАСЛИ ЧАҲОРУМ
ДАР БАЁНИ РАНГҲОИ ХИРҚА
Бидон, ки рангҳои хирқа мухталиф аст ва ҳар ранге ишорат ба ҳолатест.
Агар пурсанд, ранги сафед аз они кадом тоифа аст, бигўй, ранги сафед ранги рўз аст ва аз они ҷамоатест, ки дили эшон равшан бошад ва синаи эшон аз кудуратҳо соф бувад. Ҳар кӣ ин ҷома бипўшад, бояд ки чун субҳи содиқ бувад ва чун рўз ҳама касро равшанӣ бахшад.
Агар пурсанд, ки ранги сабз аз они кист, бигўй, ранги сабза ва об аст ва аз они олиҳимматон ва зиндадилон аст, ки рангро бисёр писанданд. Ҳар кӣ ин ранг ҷома пўшад, бояд ки чун сабза хандону хуррам бошад ва монанди об ҳаётбахшу дилпазир бошад.
Агар пурсанд, ки ранги сиёҳ аз они кадом гурўҳ кардаанд, бигўй, ранги сиёҳ ранги шаб аст ва ранги мардумаки дида ва аз они мардумест, ки дили эшон хазинаи асрор бошад ва ҳоли худро аз ҳама кас махфӣ медоранд ва монанди мардумаки дида ҳама касро бубинад ва худбинӣ накунад, чунон ки гуфтаанд:
Аз мардумаки дида бибояд омўхт,
Дидан ҳама касрову надидан худро,
Агар пурсанд, ки ранги кабуд киро зебад, бигўй, ранги кабуд ранги осмон аст ва касеро зебад, ки дар ҳоли худ тараққӣ карда бошад... Ҳар кӣ ин ранг ҷома пўшад, бояд ки чун осмон олиқадр ва баландҳиммат бувад. Бар ҳама кас соя афканад ва рўзу шаб аз ҳаракат наёсояд.
Агар пурсанд, ки худрант аз они кист, бигўй, ин ранги хок аст ва аз они мардуми некўниҳод. Ҳар кӣ ин ранг ҷома пўшад, бояд ки сифати таҳаммул бар вай ғолиб ояд.
ФАСЛИ ПАНҶУМ
ДАР БАЁНИ ОН КИ ХИРҚАИ АҚЛИ ФАҚР АЗ ЧӢ ҶИНС МЕБОЯД
Бидон, ки ҳама ҷома хирқаро мешояд, илло абре-шим, ки бар мардон нашояд. Дарвешро пашм пўшидан авлост. Агар пурсанд, ки чаро пашмина авлост, бигўй, барои он ки то ҳаловатро дар дилҳои худ дарёбанд.
Агар пурсанд, ки асли хирқа чанд аст, бигўй, чаҳор: Якум, пашм; дуюм, пахта; сеюм, палос; чорум, пўст.
ФАСЛИ ШАШУМ
ДАР БАЁНИ ЛИБОСҲОЕ, КИ ДАР ИН РЎЗГОР СЎФИЁН ВА ФУТУВВАТДОРОН МЕПЎШАНД
Он чаҳордаҳ навъ аст: ҳазорбахия, чаҳорчок, дучок, ялқ, оламдор, курсидор, фаровезбароварда, остиншикофта, шуша, қосимӣ, қурайшӣ, салимӣ, мафтулӣ, капанак. Ҳар яке аз ин номгўй хоси ҷамоатест...
ФАСЛИ ҲАФТУМ
ДАР МУТАФАРРИҚОТ
Агар пурсанд, ки пашминапўшро чанд сифат бояд, бигўй, чаҳор сифат: Аввал, он ки дари муроди нафс дарбандад. Дуюм, синаро аз кина пок дорад, Сеюм, бетакаллуф зиндагонӣ кунад. Чаҳорум, роҳату осудагиро тарк кунад.
Ин ки дар бар кардаӣ пашминаро,
Пок соз аввал зи кина синаро.
Хирқаи пашминаро бар дўш кун,
Шарбате аз номдорӣ нўш кун,
Бетакаллуф бошу ороиш маҷў,
Тарки роҳат гиру осоиш маҷў...
ФАСЛИ ҲАШТУМ
ДАР ВАСЛАҲОЕ, КИ СУФИЁНУ ДАРВЕШОН БАР САР МЕНИҲАНД
Бидон, ки дар ин замон қариб ҳама тоҷҳои дарве-шон ва аҳли тариқ тоҷи намад бошад, ки онро тоҷи мавлавӣ хонанд. Агар пурсанд, ки тоҷи намад аз кӣ мондааст, бигўй, ҳазрати Мавлонои Румӣ ба ин навъ тоҷ фармуданд ва ба мавлавӣ машҳур шуд ва аз вай ба дарвешону муфридон расид. Агар пурсанд, ки ин тоҷ киро расад бар сар ниҳодан, бигўй, касеро ки ливои ишқ бар сари майдони мардонагӣ ва фарзонагӣ... барафрозад.
Агар пурсанд, ки киро зебад тоҷи пўст пўшидан, бигўй, он касро ки ба сифати нафъ расонидан бар сар омада бошад ба воситаи он ки пўсти гўсфанд нишонаи он аст. Пас ҳар кӣ тоҷи пўст мепўшад, мебояд, ки бад-он миқдор метавонад фоида ба халқ расонад ва сари таслим бар хати фармон ниҳад ва ҳар чӣ ба ў расад, рўй натобад:
Гар лутф менамоию гар теғ мезанӣ, Гардан ниҳодаам чу асирон ба чанги ту.
ФАСЛИ НЎҲУМ
ДАР БАЁНИ ОН ЧӢ БАР РЎИ ТОҶ БАНДАНД
Агар пурсанд, ки алифи намад ба рўи тоҷ бастан чӣ маънӣ дорад, бигўй, алиф сурати ростӣ аст ва чун ба шакли доира бар гирди тоҷ печидаанд, доираи росте бошад ва маънии ў он аст, ки мо сар аз доираи ростӣ берун надорем ва ҳар кӣ рост аст мо ба ў сар дар миён орем:
Гоҳ он рўи накў оинаи заррот аст,
Гоҳ заррот ҳама оинаи рўи накўст...
Агар пурсанд, ки шамла (дастори бўи хуш дошта), кӣ метавонад баст, бигўй, он кас ки шафқат ва марҳамати ў ба ҳама кас расад. Ба ҷиҳати он ки шамларо аз шамл гирифтаанд ва шамл ҳамаро фароз расидааст, яъне касе, ки шамла бандад, бояд ки бар ҳама кас меҳрубону мушфиқ бошад.
ФАСЛИ ДАҲУМ
ДАР БАВНИ (РАНГ) ТОҶҲО ВА ВАСЛАҲО, КИ БАР РУИ ТОҶ БАНДАНД
Ранги ҳар тоҷе ва ҳар васлае, ки бар рўи тоҷ аст ишорат ба маънӣ аст, ки ҳаводори оини футувват бо маънии он расида бошад. Агар пурсанд, ки сафед ишорат ба чист, бигўй, ишорат ба ранги шир, ки сабаби тарбият ва ғизои кўдакон аст. Пас, ҳар кӣ тоҷи сафед пўшад, бояд ки чун шир аз ҳавову ҳаваси шаҳвонӣ ва палидиҳои шайтонӣ поку покиза бошад. Ва ба шири лутфу меҳрубонӣ дар парвариши сифоти ҳаққонӣ кўшад, то ба мартабае расад ва ба дараҷае анҷомад, ки фуқаро дар зилли тарбияти ў баросоянд...
Агар пурсанд, ки сабз ишорат ба чист, бигўй, ки сабза аз замин мерўяд ва ўро соқ (тана) набошад ва ҳар чӣ бо соқ рўяд анро шаҷар гўянд ва сабзаро хосиятест, ки тозаву тар бошад ва сабаби хуррамӣ гардад ва равшанӣ дар дида бияфзояд. Пас, ҳар кӣ тоҷи сабз пўшад ва ё васлаи сабз бандад, бояд, ки пайваста шукуфтаву хурраму хандон бувад, то дидаи ҳамсўҳбатон ба ҷамоли ў равшан гардад.
Агар пурсанд, ки кабуд ишорат ба чист, бигўй, ба ранги осмон... пас, ҳар кӣ тоҷи кабуд пўшад ё васлаи кабуд бандад, бояд, ки олиҳиммат ва бузургқадр бошад ва ҳоҷати дардмандон раво кунад.
Агар пурсанд, ки худранг ишорат ба чист, бигўй, ба хок ва заминро хосиятест, ки ҳарчи бад-ў супоранд ба зиёдат боз диҳад ва гулҳову раёҳин ба зуҳур расонад. Пас, ҳар кӣ тоҷи хокранг пўшад, бояд ки чун замин амин бошад. Ҳарчанд хори номуродӣ дар роҳаш афкананд, гули дилнавозиву райҳон бирўёнад, то ҳамчун хок баландқадр гардад:
Хок шав, хок, то бирўяд гул,
Ки ба ҷуз хок нест мазҳари гул.
ФАСЛИ ЁЗДАҲУМ
ДАР СОИРИ ВАСЛАҲО, КИ ТААЛЛУҚ БА СЎФИЁН ВА ДАРВЕШОН ДОРАД МОНАНДИ САҶҶОДА, ИЗОРУ РИДО (ҶОМА) ВА КАМАРИ СЎҲБАТ ВА НАЪЛИН (КАФШИ ЧЎБИН) ВА ПЎСТИ ТАКЯ ВА МАОНИИ ҲАР ЯК
Агар пурсанд, ки саҷҷода чист, бигўй, мубтадиёнро (оғозкунанда) остонаи хидмат аст ва мунтаҳиёнро (охир) бисоти қурбат аст. Агар пурсанд, ки одоби саҷҷоданишинӣ чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал он ки бар рўи саҷҷода ба ду зону нишинад ва агар зарурат бувад пои рост бароварад ва пои чап бияфканад. Дуюм, он ки нагузорад, ки пои вай бараҳна шавад. Сеюм, бинӣ наяфшонад ва оби даҳон наяфканад. Чорум, чунон созад, ки аз вай чизе дар вуҷуд ояд ё қавлӣ ё феълӣ... Ҳар кӣ ба рўи саҷҷода нишинад, бояд ки чун кўҳ собитқадам бошад ва ба ҳар боде аз ҷой наҷунбад
Агар пурсанд, ки изор чист, бигўй, изор банди ми-ёнро гўянд ва он камарбанд аст. Агар пурсанд, ки миёнро ба чӣ бастаӣ, бигўй, ба хидмат ва он чӣ шароити миён бастан бувад ва одобу аркони он бувад.
Агар пурсанд, ки ридо чист, бигўй васлаест, ки дар болои ҷомаҳо бар дўш афкананд ва дар ин замон дар гардан низ меафкананд.
Агар пурсанд, ки маънии ридо чист, бигўй, маънии он пўшидани асрор аз назари ағёр...
Агар пурсанд, камар чанд навъ аст, бигўй, ду навъ, аввал, камари сўҳбат; дуюм, камари хидмат.
Агар пурсанд, ки камари сўҳбат кӣ тавонад баст, бигўй, фарде, ки ҳуқуқи сўҳбат чунончи бояд адо кунад.
Агар пурсанд, ки ҳуқуқи сўҳбат ба чӣ навъ адо тавон кард, бигўй, ба он навъ, ки панҷ; сифат риоят кунад: Якум, ҳурмат; дуюм, шафқат; сеюм, иззат; чорум, мурувват; панҷум, тарки ғаразхоҳӣ.
Агар пурсанд, ки камари хидмат барои кӣ мебояд баст, бигўй, барои дарвешон:
Давлат он набвад, ки султонро парастӣ чун сагон, Хизмати дарвеш кун, к-ин поя фарри ў фар аст.
Агар пурсанд, ҳуруфи қамар чӣ маънӣ дорад, бигўй, «Қ» — нишони кифоят аст, «М» — аломати масканат аст, «Р» — далели ризо аст, яъне ҳар кӣ камар баста бошад, бояд ки ба кори мардум кифоят кунад ва пайваста ба мискинон нишасту хост кунад ва масканат варзаду соҳиби иззат бошад.
Агар пурсанд, ки наълин кӣ тавонад пўшид, бигўй, он кас ки роҳи талаби ҷидду ҷаҳди ў зйёда бошад, барои он ки ҳар кӣ пойбараҳна бошад, чунин роҳ натавонад рафт. Агар пурсанд, ки ҳуруфи наълин ишора ба чист, бигўй, «Н» — ишорат ба ниёз аст. «А» — ишорат аст ба иззат, яъне ҳар кӣ наълин пўшад, бояд ки қадам ба тариқи иззат ниҳад, пой аз доираи ҳурмат берун накашад, то ҳама ҷо мўҳтарам бошад. «Л» — ишорат бар лутфу марҳамат, яъне бо ҳама кас лутф варзад ва бар ҳама кас меҳрубон бувад, то шоистаи раҳмат гардад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё