Риёзидон бояд ҳамадон бошад
Омода намудани омўзгор нисбат ба муҳандис, иқтисодчӣ, агроном ва дигар касбҳо басо мураккаб аст. Ин ҳолатро то ҳанўз на ҳама дуруст дарк кардаанд. Тайёрии хуби донишҷўён-муаллимони риёзии оянда дар мактабҳои олии омўзгорӣ аз ҳалли бисёр проблемаҳо вобастагӣ дорад. Яке аз ин гуна проблемаҳо масоили мутассил такмил додани нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ аз рўи тахассуси донишҷў ҳисоб меёбад.
Ба андешаи мо, норасоии асосиро дар тайёрии муаллимони оянда, қабл аз ҳама, дар мавҷуд набудани нақшаҳо ва барномаҳои таълимии бардавом ҷустан лозим аст. Нақшаҳои таълимӣ зуд-зуд тағйир меёбанд. Дар таҳияи онҳо принсипи бардавомӣ ба назар гирифта намешавад.
Дар давоми беш аз 20 соли охир нақшаҳои таълимӣ чандин бор иваз шуданд. Солҳои пешин ягон хатмкунандае набуд, ки аз дохилшавӣ то тамомкунӣ бо як нақша мактаби олиро ба анҷом расонида бошад.
Муқоисаи нимасраи нақшаҳои таълимӣ аз математика барои ихтисоси омўзгорӣ аз рўи маълумоти сардори мактабҳои олии Вазорати маорифи собиқ ИҶШС В.К.Розов ва соли 2018-и Вазорати маориф ва илми ҶТ нишон медиҳанд, ки миқдори фанҳои тахассусӣ рў ба камшавӣ ниҳодааст.
Тафовути соатҳо бе шарҳи муфассал аён аст. Камбудии дигари нақшаи таълимӣ аз бисёрфаннии он дар бахши I-фанҳои гуманитарӣ ва бахши II-фанҳои табиӣ-риёзӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад. Дар ин хусус фикру андеша бояд кард!
Дар аҳди Шуравӣ ҳар сари чанд вақт оид ба масъалаҳои модел (аз фр. Modele-намуна, хел)-и мутахассис, принсипҳои методологӣ, методикаи мушаххаси муайян кардани мазмун ва беҳтар намудани нақшаҳои таълимӣ мунозираҳо барпо мегардид.
Аммо, бояд қайд кард, ки ҳар чӣ қадар нақшаҳо ва барномаҳои таълимии мукаммал тартиб дода нашавад, сифати тайёрии муаллимони оянда дар охир аз омодагии касбии онҳо вобастагӣ дорад. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки қисми зиёди хатмкунандагон дар ҷараёни таълим тайёрии илмӣназариявии амиқ намегиранд, аз рўи соҳаи муҳимми ихтисосматематикаи мактабӣ тайёрии суст доранд, китобҳои дарсиро хуб намедонанд, аз барномаҳои таълимӣ воқиф нестанд. Гузориши машғулиятҳои фанҳои тахассусӣ (бахши IV, нақшаи таълимӣ) асосан ба тайёрии умумии донишҷў, бе назардошти ихтисоси омўзгории ояндаи ў нигаронида шудааст. Аз ин рў, нақшаҳои таълимии солҳои охир аз рўи ихтисоси «Математика», «Математика ва физика» тайёрии кифояи ихтисоси муаллимони мактабро таъмин карда наметавонад.
Ба андешаи мо, таълими фанҳои математикӣ бояд ба ихтисоси ояндаи омўзгор ба курси математикаи мактабӣ (КММ) бояд алоқаи зич дошта бошад. Ин алоқамандиро бо самтҳои мухталиф ба амал овардан мумкин аст. Онҳоро баён мекунем.
1.Дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (равияи омўзгорӣ) солҳои гуногун мақсад ва вазифаҳои КММ (бо унвони математикаи элементарӣ: алгебраи элементарӣ ва геометрияи элементарӣ) бо тарзҳои мухталиф муайян гардида, ҳамаи онҳо як мақсад доштанд: курс вазифадор буд, ки донишҷўро бевосита ба таълими математикаи мактабӣ тайёр ва аз тарафи дигар, ба фанҳои математикӣ хизмати бебаҳо кунад. Масалан, дар нақшаи таълимии солҳои 60уми асри ХХ барои донишҷўёни курси I, шуъбаи физикаю математика ба мақсади омўхтани алгебраи элементарӣ 30 соат лексия ва 90 соат корҳои амалӣ ҷудо гардида буд.
Бинобар ин, яке аз сабабҳои муҳимми тайёрии нокифояи касбии муаллимони математика-ин ҷой доштани норасоиҳо дар мазмуни маълумоти математикии мактаби олии омўзгорӣ мебошад.
Ин камбудӣ то ҳанўз бартараф нагардидааст. Маълум аст, ки асоси илмии курси мактаби (аз синфи 1 то 11)-ро мафҳуми адад ва намудҳои он ташкил медиҳад. Адад муъҷизаи математика аст. Ҳамаи назарияҳо, мафҳумҳо, таърифҳо, тасдиқҳо ба адад асос меёбанд, аз он ба амал меоянд. Аммо курсе, ки асоси илмии назарияи ададҳоро ба муаллими оянда меомўзонад («Системаҳои ададӣ»), аз нақшаи таълимии соли 2018 берун мондааст (ДДК ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ) ва ё ҳамчун фанни интихобӣ дар ҳаҷми чор кредит (ДДОТ ба номи С.Айнӣ) омўхтани он дар назар дошта шудааст. Чаро ҳатмӣ нею интихобӣ?! Оё бе таҳкурсӣ биноро сохтан мумкин аст? Ё магар «Асосҳои математикаи мактабӣ» (ба ҷойи «Асосҳои илмии курси математикаи мактабӣ» ивази ном шудааст)-ро бо 3 кредит комилан таълим додан имкон дорад?
2. Ба устодони мактаби олии омўзгорӣ маълум аст, ки дар ҳамаи фанҳои тахассусӣ қисмҳое ҳастанд, ки бевосита ба КММ алоқаманданд. Масалан, ҳангоми таълими «Алгебра ва назарияи ададҳо» аз қисмҳои гуногуни ин курс ба назарияи муқоисаҳо аҳамияти калон додан лозим аст. Бо ёрии муқоиса метод (нишона)-и умумии тақсимшавии ададҳо ис-бот карда мешавад. Ба манфиати муаллимони оянда мебуд, агар натиҷаҳои ин нишона ба методҳо (тарзҳои)-и хусусие, ки дар КММ истифода бурда мешаванд, муқоиса карда шаванд. Ин тасдиқро нисбат ба таҳлили математикӣ ва геометрия низ гуфта метавонем. Ба ин восита далелҳо ва мафҳумҳое, ки дар КММ омўзонида мешаванд, илмӣ асоснок мегарданд. Ин хеле муҳим аст, зеро таълими фанҳои тахассусӣ ба тайёрии касбии донишҷўён нигаронида мешавад.
Бинобар ин, айни замон қайд ва мухтасар баён намудани мавқеи касбии маводи математикӣ талаботи асосии машғулиятҳои аудиторӣ бояд бошад.
Имрўзҳо ҳадафи чоруми Ҳукумати кишварамон-саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Солҳои 60-70уми асри гузашта муаллимони оянда (ба вижа, донишҷўёни шуъбаи физикаю математика) малакаҳои политехникиро ҳангоми омўзиши сохти автомобил, коркарди металл, чўб ва ғайра барои сохтани асбобҳои гуногун дар дастгоҳҳои корхонаи донишкада азбар мекарданд. Муҳиммаш он, ки дар курси охирин практикуми «Ченкуниҳо дар маҳал» ҷорӣ буд. Дар ин курс донишҷўён мафҳумҳои зиёди геометрӣ (секунҷаҳои монанд, аломатҳои баробарии секунҷаҳо, теоремаҳои синусҳою косинусҳо ва ғ.)-ро дар вақти чен кардани масофаҳои дастнорас бо ёрии асбобҳои ченкунанда (рулетка, ресмони ченакдор, паргори саҳроӣ, астролябия, мензула, эклиметр, теодолит ва ҳоказо) аз худ менамуданд. Ҳамон солҳо ба ёрии муаллимони синфҳои V-VII дастури методии Ҳ. Асадов-«Гузаронидани корҳои ченкунӣ дар маҳал» низ чоп шуда буд. Чӣ тавре ки мебинем, курси зикршуда ба политехниконӣ дахлдор буда, ҳоло аз нақшаи таълимӣ гирифта шудааст. Ин боиси таассуф аст, зеро пешрафти техникӣ, кори мошину механизмҳо аз воситаҳои ченкунанда вобастагӣ дорад.
3.Ворид намудани тағйирот дар мазмуни нақшаҳои таълимӣ барои тайёрии мукаммали касбии муаллимони математика ҳанўз кифоя нест. Ҳоло донишҷўён аз рўи системаи тестӣ таълим мегиранд, ки он ба фаъолияти мустақилонаи онҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани қобилияти мустақилонаи донишҷўён зарур аст, ки методҳои таълим ҳаматарафа такмил дода шаванд, зеро камбудиҳое, ки дар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо ҷой доранд, боиси тайёрии сустии муаллимони математика мегарданд.
Масъалаи корҳои мустақилонаи донишҷўён вақтҳои охир ба проблемаи ногузир ва аҳамиятнок табдил ёфтааст. Тадқиқотҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд, рисолаҳои бисёри илмӣ ҳимоя карда шудаанд, вале корҳои мустақилона бештар аз назари умумидидактикӣ дида баромада мешаванд.
Ҳамин аст баъзе масъалаҳое, ки таваҷҷуҳ ба ҳалли онҳо, бешубҳа, барои баланд бардоштани сифати тайёрии касбии муаллимони математика дар мактабҳои олии омўзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё