Китоб як ҷузъи фарҳанги ҷомеа
Китоб дар тамаддуни мардуми мо мақоми хос дорад. Гузаштагони мо ба китоб ҳамчун махзани илму дониш ва сарчашмаи завқу хиради инсонӣ эҳтироми калон мегузоштанд. Китобро барҳақ ба «дурри маъниву аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ» ташбеҳ намуда, бо ҳазор умеду ният дар гаҳвора, зери сари тифли навзод мегузоштанд, то ин ки ў шахси доно ва сазовори обрўю иззат дар ҷомеа гардад.
Таърихи башарият борҳо шоҳид гардидааст, ки инсонҳои одӣ дар замони ҷангу харобкориҳо, дар баробари наздикону пайвандон китобҳоро низ аз нобудшавӣ наҷот додаанд. Ҳарчанд қисми зиёди мардум имкони омўхтани илму дониш надоштанд, ба таври оммавӣ шунидан ё гўш кардани китоб шавқу рағбати беандоза доштанд. Ба китоб ҳамчун воситаи таъминкунандаи ғизои маънавӣ арҷ гузошта мешуду шахсони донишманд аз обрўю эҳтироми хос бархўрдор буданд.
То ба имрўз китоб муҳимтарин сарчашмаи ба даст овардани илму дониш ва ғизои маънавии инсон ба ҳисоб меравад. Маҳз ба воситаи китоб донишҳои андўхтаи инсоният аз насл ба насл мегузаранд, яъне китоб таҷрибаи инсонро инъикос намуда, ҷаҳонбинии ўро ба вуҷуд меорад ва такмил медиҳад, ба офаридани дониши нав таъсир расонда, инсонро ба кашфиёт ва ҷустуҷўҳои нав водор мекунад ва омили пешрафту тараққиёти ҷамъият мегардад. Ҳатто дар шароити пешрафти техникаву технологияи иттилоотӣ низ ягон сарчашмаи дигар ҷойи китобро гирифта наметавонад.
Мутаассифона, солҳои охир шавқу ҳаваси аҳли ҷомеа, махсусан, ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ коста гардида буд. Аз ин рў, ташкили озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» барои баланд бардоштани завқи наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, ташаккули сатҳи маънавиёт, истеъдоду маҳорати суханварӣ, қобилияти эҷодӣ ва ғановати захираи луғавии онон ниҳоят муҳим мебошад.
Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таъкид намуданд, «натиҷаҳои соли аввали озмуни мазкур нишон медиҳад, ки он ба тафаккури маънавии ҳама қишрҳои ҷомеаи мо таъсири мусбат гузошта истодааст». Ҳаминро бояд таъкид кард, ки мувофиқи банди 18-и Низомномаи озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолибони он, ҳамчунин, омўзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ғолибият ба даст меоранд, дар ҳар давр, ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд карда мешаванд. Ин, бешубҳа, рағбати наврасон, махсусан, хонандагону донишҷўёнро ба мутолиаи китоб афзун менамояд. Албатта, ташкили озмун ва ҳавасманд намудани ғолибон хуб аст, аммо, барои он ки мутолиаи китоб ба як ҷузъи фарҳангу маънавиёти ҷомеа табдил ёбад, падару модарон низ дар оила бояд бетараф набошанд ва фарзандонро аз хурдӣ ҳар чӣ бештар ба мутолиаи китоб водор намоянд. Хуб мешуд, падару модарон бо ҳар баҳона, махсусан, дар ҷашнҳои зодрўз ва дигар ҷашну маросимҳои оилавӣ ба ҷойи туҳфаҳои қиматбаҳо ба фарзандон китоб тақдим намоянд, то шавқу рағбати онҳо ба китобу китобхонӣ баштар гардад.
Ҳар як дарси омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ба мақсади илмомўзии хонандагон ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ, одамгарӣ, гиромӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони қадимаю вожаҳои ноби тоҷикӣ, хештаншиносӣ, хоксорӣ, фурутанӣ ва инчунин, муқобил будан ба амалҳои номатлуби ҷомеаи имрўза, ба монанди бегонапарастӣ, истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддир, бурдани муборизаи оштинопазир ба муқобили терроризм ва экстремизм, эҳтиром намудани суннатҳои миллӣ, бузургдошти чеҳраҳои намоёни ҷомеаи имрўза, расидан ба қадри сулҳу дўстӣ, ягонагӣ ва ҳамчунин, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ равона карда мешавад.
Таъкидҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси тарбияи насли наврас дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар лаҳзаҳои гуногуни дарсӣ метавон истифода бурд. Агар дарс забони тоҷикӣ бошад, барои баланд бардоштани ҳувияти миллии хонандагон мо метавонем аз суханони пурмуҳтавои Президенти кишвар ба монанди: «Забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ ва дунё волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун дурдонаҳои пок то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст».
Ё ин ки «Лафзи модарӣ азиз аст ва онро азизу гиромӣ бояд дошт.» метавонем истифода барем.
Дар ҳақиқат, чун дурдонаҳои пок ин забон аз замонҳои дур ба мо мерос мондааст ва он аз қадимӣ будани забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Лафзи модариро азиз нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шарҳванди баору номус ва фарҳангдўст мебошад.
Пўшида нест, ки имрўзҳо баъзе ҷавонони гумроҳгаштаю камсаводи мо ба қадри забон, миллат, ватани осудаву ободи худ намерасанд. Ба ин гуна ҷавонони сустирода муроҷиат намуда, ба шогирдон аз чунин гуфтору таъкидҳои Президенти кишвар мисолҳо овардан бамаврид мебошад: «Мо, пеш аз ҳама, барои рушди забони давлатӣ тадбирҳои лозимӣ андешида, танҳо дар ҳамин замина омўзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан, русӣ ва англисиро вусъат медиҳем.» ё ин ки «Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таърих, фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ cap мешавад.».
Дар ҷои дигар Президенти кишвар мегўянд: «Забони тоҷикӣ на фақат гавҳари ҳастии миллати мо, балки нишони барҷастаи фарҳанги қадимӣ ва камолоти он аст».
Ба оламиён маълум аст, ки забони тоҷикӣ забони бою қадима буда, таърихи беш аз ҳазорсоларо доро мебошад. Ин забон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрўю эътибори хос буда, бо ин забони зебою ширин асарҳои оламшумули зиёде офарида шудаанд. Аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо китоби нодирро мисол овардан мумкин аст. Дар ин самт низ Президенти ҷумҳурӣ таъкид намудаанд, ки мутолиаи осори бузургон ва аз ҳар яке аз онҳо шеър аз бар намудани ҷавонон ва наврасон ҳатмӣ мебошад. Бо ин ҳидоят дар дили ҷавонону наврасон меҳру эҳтиром нисбат ба гузаштагони фарҳангдўсти худ эҳё мегардад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё