Тавоноӣ аз китобхонист
Тамоми комёбиҳои инсон бо китоб алоқамандӣ дорад. Китоб калидест, ки қуфли дари махзанҳои маънавиро барои одамон боз менамояд ва онҳоро ба ҷодаҳои мунаввар раҳанамоӣ мекунад. Ганҷинаи хирад дар китобҳо нуҳуфта аст. Китоб ҳикмати асрҳоро дар худ ҳифз месозад, аз наслҳо ба наслҳо мерасонад ва ғанитар менамояд. Ҳар қадар инсонҳо ба китоб рўй оранд, бо он анису ҳамдам шаванд, онро варақ гардонанду аз ганҷи маънавияш баҳрабардорӣ кунанд, ҳамон қадар комёбу сарбаланд ва пешрав хоҳанд буд. Дурӣ аз китоб, ноогоҳӣ аз ин хазинаи хирад боиси нокомию шикастҳо ва маҳрумияту мағлубиятҳо мешавад. Ба таъкиди аҳли адаб, ҳар фардро дўст зиёд аст, аммо содиқтарин рафиқи одам маҳз китоб мебошад ва аз ин ҷост, ки фармудаанд: «Рўе, ки нагардад зи касе, рўи китоб аст».
Ҳар ҷомеае, кишваре, миллате, ки китобро арҷ мегузораду ба мардум мутолиаи пайвастаи онро талқин мекунад, имрўзу фардои дурахшон хоҳад дошт ва аз ҳар гуна хатар эмин хоҳад буд. Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо китоб маснаду мартабаи баланд дорад, ин ҷо ба китоб ҳамчун ба сарчашмаи донишу тавоноӣ арҷгузорӣ мешавад. Калонтарину зеботарин китобхона дар Осиёи Марказӣ дар кишвари мо – дар шаҳри Душанбе ҷойгир асту хазинаи бузургеро дорост. Бо дастури Сарвари кишвар,
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат китобхонаҳо бунёд ёфтаанд ва бо китобҳои тозанашр таъминанд. Ҳамчунин, бо ибтикори Президенти муҳтарамамон соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ озмуни бонуфузи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешавад ва довталабони зиёде дорад. Ин озмун такони тозае бахшид, барои бештар ҳамдами китоб гардидани кулли сокинони мамлакат. Дар он теъдоди зиёди хонандагони мактабҳо ширкат варзида, маҳорату истеъдоди баланди худро собит месозанд. Акнун озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳукми анъанаро дарёфтаасту ҳамасола баргузор мешавад.
Мо, омўзгорон, бояд бар он бикўшем, ки шогирдонамон ҳамеша китоб рўи даст дошта бошанду мунтазам китоб мутолиа намоянд ва ин хислат ба одати якумраи онҳо табдил ёбад. Барои ин ҳар чӣ бештар бояд тарғиби китоб ва аҳамияти китобхониро карду худ аз ин лиҳоз барои шогирдон намунаи ибрат буд.
Салоҳ дониста мешавад, ки имрўз дар тамоми таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ маҳфили «Китобхонҳои фаъол» созмон дода шавад. Доноӣ аз китобхонист ва «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад».
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё