Зеҳн

Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми

КИ
Китобдор23 октябри 2024 · 8 дақиқа хондан

Ҳикоят

Шахсе меҳмонеро дар зери хона хобонид. Ними шаб садои хандаи вайро дар болохона шунид. Пурсид, ки дар он ҷо чӣ мекунӣ?

Гуфт:— Дар хоб ғалтидаам.

Гуфт:— Мардум аз боло ба поин ғалтанд, ту аз поин ба боло ғалтидӣ?

Гуфт:— Ман ҳам ба ҳамин механдам.

Ҳикоят

Маҷди Ҳамгар зане зиштрў дар сафар дошт. Рўзе дар маҷлис нишаста буд. Ғуломаш давон-давон биёмад, ки эй, хоҷа! Хотун ба хона фуруд омад!

Гуфт: —Кош, хона ба хотун фуруд омадӣ!

Ҳикоят

Султон Маҳмуд дар зимистоне сахт; ба Талҳак гуфт, ки бо ин ҷомаи якло дар ин сармо чӣ мекунӣ, ки ман бо ин ҳама ҷома меларзам?

Гуфт: — Эй, подшоҳ! Ту низ монанди ман кун, то наларзӣ.

Гуфт: -Магар,ту чӣ кардаӣ?

Гуфт: -Ҳар чӣ ҷома доштам, ҳамаро дар бар кардаам.

Ҳикоят

Вақте Мазидро саг газид. Гуфтанд: —Агар мехоҳӣ, дард сокин шавад, он сагро тарид бихўрон.

Гуфт: — Он гоҳ ҳеҷ саге дар ҷаҳон намонад, магар он ки бизияд ва маро бигазад.

Ҳикоят

Шахсе тире ба мурғе андохт, хато кард. Рафиқаш гуфт: —Аҳсант!

Тирандоз барошўфт, ки ба ман ришханд мекунӣ. Гуфт: —На. Мегўям аҳсант, аммо ба мурғ.

Ҳикоят

Кафши Талхакро аз масҷид дуздида буданд ва ба даҳлези калисо андохта. Талҳак гуфт: —Субҳоналлоҳ, ман худам мусулмонам ва кафшам тарсост!

Ҳикоят

Ду муғаннӣ бар сари оҳанге низоъ мекарданд. Ҳар як ба дигаре мегуфт: —Ту ба ман гўш деҳ!

Соҳиби хона аз низои эшон ба сутўҳ омад. Гуфт: —Эй, хоҷагон, ҳар ду ба ман гўш диҳед!

Ҳикоят

Шахсе ғуломе ба идора мегирифт ба музди серии шикам ва исрор бад-он дошт, ки ғулом ҳам андаке мусомаҳа кунад.

Ғулом гуфт: —Эй, хоҷа, рўзи душанба ва панҷшанбаро ҳам рўза медорам?

Ҳикоят

Шахсе хона ба кироя гирифта буд. Чўбҳои сақфаш бисёр садо мекард. Ба худованди хона аз баҳри мураммати он сухан бикушод. Посух дод, ки чўбҳои сақф зикри худованд мекунанд.

Гуфт: — Нек аст, аммо метарсам ин зикри мунҷар ба суҷуд шавад.

Ҳикоят

Воизе бар сари минбар мегуфт: —Ҳар гоҳ бандае маст мирад ва маст дафн шавад, маст сар аз гўр бароварад.

Хуросонӣ дар пои минбар буд, гуфт: — Ба худо, он шаробест, ки як шишаи он ба сад динор меарзад.

Ҳикоят

Қазвинӣ дар ҳолати назъ по афтод. Васият кард, ки дар шаҳр карбоспораҳои кўҳнаи пўсида биталабанд ва кафани ў созанд. Гуфтанд: —Ғараз аз ин чист?

Гуфт: — То чун Мункар ва Накир ш биёянд, пиндоранд, ки ман мурдаи кўҳнаам, заҳмати ман надиҳанд.

Ҳикоят

Хатибе бар сари минбар ба ҷои шамшер чўбдасте бар даст дошт. Пурсиданд, ки чаро шамшер барнагирифтӣ?

Гуфт: -Маро бо ин ҷамоат чӣ ҳоҷат ба шамшер аст. Агар хатое бикунанд, бо ин чўбдастӣ мағзашон барорам.

Ҳикоят

Шахсе мост хўрда буд. Қадре ба ришаш чакида. Яке аз ў пурсид, -ки чӣ хўрдаӣ? Гуфт: -Кабўтарбача.

Гуфт: -Рост мегўӣ, ки зиблаш бар дари бурҷ пайдост.

Ҳикоят

Ҳаҷӣ дар қаҳтсолӣ гурусна ба деҳе расид. Шунид, ки раиси деҳ ранҷур аст. Он ҷо рафт. Гуфт: —Ман марди табибам.

Ӯро пеши раис бурданд. Иттифоқан дар хонаи эшон нон мепўхтанд. Гуфт: —Илоҷи ў он аст, ки як ман равған ва як ман асал биёред. Биёварданд. Дар коса кард ва ноне чанд гарм дар он ҷо шикаст. Як-як луқма бармедошт ва гирди сари бемор мегардонид ва бар даҳони худ мениҳод, то тамом бихўрд.

Гуфт: —Имрўз он қадар муолиҷат тамом бошад то фардо. Чун аз хона берун омад, раис дарҳол бимурд.

Ўро гуфтанд: —Ин чӣ муолиҷа буд, ки кардӣ?

Гуфт: —Ҳеҷ магў. Шаб агар ман он намехўрдам, пеш аз ў аз гуруснагӣ мемурдам.

Ҳикоят

Хоҷа шайхеро ба меҳмонӣ бурд ва бар сари ниҳолӣ из нашонд. Диноре чанд дар зери ниҳолӣ буд. Шайх даст кард ва бидуздид. Хоҷа зар талаб мекард, наёфт.

Шайх гуфт: — Аз ҳозирон ба ҳар кас, ки гумон мебарӣ бигў, то аз ў талаб дорем.

Хоҷа гуфт: —Эй, шайх! Ман ба ҳозирон гумон мебарам ва ба ту яқин.

Ҳикоят

Ҳакиме гуфт, ки ҳушёр дар миёни мастон монанди зинда дар миёни мурдагон аст. Аз нуқулашон мехўрад ва бауқулашон механдад.

Ҳикоят

Ҳарун И6 ба Баҳлул гуфт: -Дўсттарини мардумон дар назди ту кист?

Гуфт: -Он, ки шикамамро сер созад.

Гуфт: - Ман сер месозам. Пас, маро дўст хоҳӣ дошт ё на?

Гуфт: -Дўстӣ нася намешавад,

Ҳикоят

Абомашиди Шерозӣ гўсфанде бирён кард. Магар лоғар буд, касе намехарид. Нахост гандид П8. Чора он донист, ки ба дари хонаи ғассол рафт, гуфт:

—Метарсам, ки ногоҳ аҷал бирасад ва кас ғами ман нахўрад. Бирёне дар дўкон дорам, бистон ва чун маро фариза П8* бирасад, ғусл деҳ.

Ғассол шод шуд ва ҳолӣ бирён ғанимате донист, биситад ва бо аёл бихўрданд. Баъд аз ҳафтае Бомашид ғассолро бигирифт, ки ман ба Димишқ меравам, бо ман биё.

Гуфт: —Ин чӣ маънӣ дорад?

Гуфт: — Туро аз баҳри он ба иҷора гирифтаам, то маро ба ди-гаре эхтиёҷ наяфтад. Мискин баъд аз заҳмати бисёр баҳои бирён бидод ва аз дасти ў халос ёфт.

Ҳикоят

Абўбакри Рубобӣ Хармағзии Ҷангиро ба хона бурд. Зимистон сахт буд. Шаб бихуфтанд. Хармағзиро аз сармо хоб намегирифт.

Гуфт: —Хоҷа Абўбакр, чизе бар ман андоз!

Бурёпорае дар хона доштанд, бар ў пўшонид. Замоне дигар бигзашт.

Гуфт: —Чизе бар ман андоз!

Нардбоне дар хона буд, он низ бар болои ў ниҳод. Замоне дигар гуфт: —Чизе бар ман пўшон!

Магар ҳамсоягон дар хонаи ў рахт шуста буданд, таште пуроб он ҷо ниҳода буд. Абўбакр он низ бар болои нардбон ниҳод. Хармағзӣ биҷунбид, порае об аз сари ташт биҷаст ва ба сўрохҳои бурё фурў рафт ва бад-ў расид. Бонг зад, эй: хоҷа Абўбакр! Лутф кун, лиҳофи болоин аз ман бардор, ки ҳазор дона арақ кардам!

Ҳикоят

Яке аз Талҳак пурсид, ки кулангро чӣ гуна кабоб кунанд? Гуфт: — Аввал ту бигир.

Ҳикоят

Яке аспе аз дўсте ба орият хост. Гуфт: -Асп дорам, аммо сиёҳ аст.

Гуфт: -Магар аспи сиёҳро савор нашояд шуд?

Гуфт: — Чун нахоҳам дод, ҳамин қадар баҳона бас аст.

Ҳикоят

Иброҳим ном девона дар Бағдод буд. Рўзе вазири халифа ўро ба даъват бурда буд. Иброҳим худро дар он хона андохт. Хилоф аз қурси ҷав ба дасти Иброҳим бияфтода, бихўрд. Замоне бигзашт. Гуфтанд: —Ёқуте се мисқолин гум шудааст. Мардумро бараҳна карданд, наёфтанд. Иброҳим ва ҷамъе дигарро дар хона карданд. Гуфтанд: —Шумо ба ҳалқ фурў бурда бошед. Се рўз дар ин хона мебояд буд, то аз шумо ҷудо шавад.

Рўзи сеюм халифа аз зери он хона мегузашт. Иброҳим бонг зад, ки: эй, халифа! Ман дар ин хона қурси ҷаве хўрдам, се рўз аст, ки маҳбусам кардаанд, ки ёқуте се мисқолин бурдӣ. Ту, ки он ҳама неъматҳои алвон хўрдӣ ва ба зиён бурдӣ, бо ту чиҳо кунанд?!

Ҳикоят

Наҳвӣ дар киштӣ буд. Маллоҳро гуфт: -Ту илми наҳв хондаӣ?

Гуфт: -На.

Гуфт: -Зайяъта нисфи умрака . Рўзи дигар тундбоде баромад. Киштӣ ғарқ хост шуд. Маллоҳ ўро гуфт: -Ту илми шино омўхтаӣ?

Гуфт: —На.

Гуфт: —Лақад зайяъта тамоми умрака.

Ҳикоят

Шахсе аз (мавлоно Азудаддин пурсид, ки яхи Султо-ния сардтар аст ё яхи Абҳар? Гуфт: —Суоли ту аз ҳар ду сардтар аст.

Ҳикоят

Қазвинй пеши табиб рафт ва гуфт: -Мўи ришам дард мекунад. Пурсид, ки чӣ хўрдаӣ?

Гуфт: -Нону ях.

Гуфт:—Бирав, бимир, ки на дардат ба дарди одамӣ мемонад ва на хўрокат!

Ҳикоят

Хоҷа Шамсуддини соҳибдевон паҳлавон Авазро ба Луристон \* мефиристод. Гуфт: —Чанд саги тозӣ бо худ биёр.

Паҳлавон бирафт ва сагро фаромўш кард. Чун боз ба Табриз омад, саг ба ёдаш омад. Бигуфт, то саге чанд дар бозор бигрифтанд. Бо худ пеши хоҷа бурд.

Хоҷа гуфт: -Ман саги тозӣ хостам.

Гуфт: -Саги тозӣ чӣ гуна бошад?

Гуфт: —Саги тозиро гўш дароз бошад ва дум борик ва шикам лоғар.

Гуфт: —Ман дум ва гўш намедонам. Агар панҷ рўз ин сагон дар хонаи хоҷа бошанд, аз гуруснагии шикам чунон лоғар шаванд, ки аз ҳалқаи ангуштарӣ биҷаҳанд.

Ҳикоят

Соҳибдевон паҳлавон Авазро гуфт: —Якеро, ки ақле дошта бошад, ки ба ҷое фиристодан мехоҳам.

Гуфт:— Эй, хоҷа! Ҳар киро ақл буд, аз ин хона берун рафт.

Ҳикоят

Хоҷа Шамсуддини соҳибдевон паҳлавон Авазро гуфт: -Чун бошад. ки ҳазор динор ба ту бахшам?

Гуфт: -Хоҷа агар ақле дошта бошанд, чунин кунанд.

Ҳикоят

Мардум аз илми ў таачдуб бинмуданд ва Абуали ҳайрат овард. Чaндон таваққуф кард, ки ў аз кор фориғ шуд. Пеш рафт ва гуфт: -Ту инҳо аз куч,о маълум кардй?

Гуфт: -Аз он ч,о ки туро низ шинохтам, ки ту Абўалий.

Гуфт: -Ин мушкилтар.

Чун илҳоҳ кард, гуфт: —Он зан чун он қорура ба ман намуд, ғубор бар остинаш дидам, донистам, ки чуҳуд аст ва чомаҳош кўҳна буд, донистам, ки хидматгори касе бошад. Ва чун чуҳуд хидмати мусулмон накунад, донистам, ки ходимаи ин кас бошад. Ва пораи мост бар чомаи ў чакида дидам, донистам, ки дар он хонаи эшон мост хўрдаанд ва қадре низ ба бемор дода бошанд. Ва хонаҳои чуҳудон аз тарафи машриқ аст, донистам, ки хонаи ў низ он чо бошад.

Гуфт: -Инҳо мусаллам. Маро чун шинохти?

Гуфт: —Имрўз хабар расид, ки Абўалй аз Алоуддавла гурехтааст. Донистам, ки ин чо ояд ва донистам, ки хилоф аз ту касеро зеҳн бадин бозй нарасад, ки ман кардам.

Ҳикоят

Қаландаре набз ба табиб дод. Пурсид, ки маро чӣ ранҷ аст? Гуфт: —Туро ранҷи гуруснагист.

Ва ўро ба ҳариса меҳмон кард. Қаландар чун сер шуд, гуфт: —Дар лангари мо даҳ ёри дигар ҳамин ранҷ доранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба