Зеҳн

Воҳидҳои фразеологӣ

КИ
Китобдор23 октябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Вазифаи муҳимтарини калимаҳои аслии тоҷикии дохили воҳидҳои фразеологӣ аз он иборат аст, ки онҳо ба воҳидҳои фразеологӣ рехтагӣ ва устуворӣ бахшида, хусусияти миллии онҳоро бештар таҷассум менамоянд. Чунин нишонаҳоро дар воҳидҳои фразеологии зайл, ки калимаҳои аслии тоҷикии ифодагари шайъҳо сар, санг, лаб, даст, гардан, рӯй, пой, даҳон, гӯш ва ғайра дар онҳо чаҳорчӯбаи бунёди сохторашонро ба вуҷуд овардаанд, равшан мушоҳида кардан мумкин аст: Дасту остин барзадан (ба иҷрои коре омода шудан), лаб накушодан (хомӯш истодан), лаб фурӯ бастан (якбора аз гап мондан), ба сар сели таънаю маломат фурӯ рехтан (сарзаниш кардан), ба чашми духтурҳо хок пошидан (фиреб кардан) , рӯй тофтан (хафа шудан), даступо задан (бетоқат шудан), пойро банд карда мондан(номзад кардан), абрӯ чин кардан (норозӣ будан), чашми талаб дӯхтан (хостани чизе), сар халонидан (нигоҳ кардан), мушти баъди ҷанг ба ёд омадаро ба сари худ задан (пушаймон шудан).

Сонӣ онҳо низ дасту остин барзада ба ҳашар ҳамроҳ шуданд (2,3,52). Аз ҳамон рӯз ба шавҳар аз хусуси пиво дигар лаб накушодааст (2,3,93). ... ҳанӯз либосамро иваз накарда, ба сарам сели таънаю маломат фурӯ рехт (2,1, 335). Аҳрор амак аз сухан лаб фурӯ баста, ба чойнӯшӣ сар кард (2,1,328). ... рафту яке аз ҳамроҳон бо ҳилае ё тақале ба чашми духтурҳо хок пошида, аз комиссияи тиббӣ сиҳат-саломат,... гузашта бошад? (2,1,12). Оллоҳназар ночор туфашро фурӯ бурду рӯй аз ман тофт(2,1,98). ...дар миёнаи издиҳоми бесару сомони ҳоҷиён оҷизона даступо мезаданд (2,1,100). Бародарам оҳистаяк фотиҳаашонро гирифта, пояшро банд карда мондаанд (2,1,127). Мард абрӯ чин кард(2,1,129). ... Маҳмуд Султон ба хонаи Зайнӣ Кӯшак сар халонида бо Қориака дар хусуси истиқоматгоҳи инҷоии мо аҳду паймон баста буд

(2,1,221). Хайр, муште ки баъди ҷанг ба ёд омад, бояд ба сари худ зад (2,1,182).

Ин гуна воҳидҳои фразеологӣ дар асарҳои адибони тоҷик зиёд истифода гардидаанд. Онҳо барои пуробурангу нишонрас шудан ва бо тобишҳои гуногуни услубӣ ифода гардидани фикр ёрӣ мерасонанд. Чунин мисолҳо барои ҳамин ҳам воҳидҳои рехтаи фразеологиро ташкил медиҳанд, ки калимаҳои аслии тоҷикии таркиби онҳо ҳамчун асосу муттакои чунин воҳидҳои рехта аз маънои аслии худ дур рафта ба ташаккули маънои яклухти воҳидҳои фразеологӣ боис шудаанд. Фақат таҳлили чуқури этимологӣ, бо анъанаву урфу одатҳои халқӣ вобаста кардани онҳо, барои муайян кардани сабабҳои пайдоиш ва асоснокии образи онҳо ёрӣ мерасонад. Калимаҳои аслии забони тоҷикӣ аз давраҳои хеле қадими инкишофи забони тоҷикӣ дар таркиби луғавии он ва ба тавассути он дар таркиби воҳидҳои фразеологии он вуҷуд доранд ва барои рушду такомули минбаъдаи забон хизмати бебаҳо намудаанд (1.22,19).

Калимаҳои аслии тоҷикӣ бо хусусиятҳои фарқкунандаи лингвистӣ, мансубияти лексикию грамматикиашон бо куллӣ фарқ мекунанд. Қолабу чаҳорчӯбаи воҳидҳои фразеологии забони тоҷикиро асосан калимаҳои аслии тоҷикӣ ташкил медиҳанд ва ба ин сабаб аст, ки онҳо аксаран ивазнашаванда мебошанд. Маҳз мавҷудияти чунин калимаҳо пояи обуранги миллӣ, устуворию рехтагии сохти онҳоро гузоштаанд. Масалан, ба сохтору маъноҳои воҳидҳои фразеологии дасту по гум кардан ба маънои саросема шудан, чашм дӯхтан нигаристан, сари касеро ҷуфт кардан хонадор кардан, ақли касеро дуздидан (фиреб додан), тири касе хок хӯрд( фиреб хӯрдан), гармию сардии дунёро чашидан (таҷриба ба даст овардан), як тинро ду тин кардан (ҷамъ кардан), ба лаб кулӯх молидан худро ба нодонӣ задан ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, хусусиятҳои дар боло номбаршудаи калимаҳои тоҷикии дохили онҳоро баръало мушоҳида кардан мумкин аст:

Сайёра Муродро дида муддате дасту по гум карда монд(2, 3,83). Лекин ин дафъа тираш ҳам хок хурд (2,3. 96). Наққош оринҷашро ба миз такя дода, ғарқи андеша ба тиреза чашм дӯхта буд (2,3,158). – Ҳозир аз ман ҳеҷ чиз напурс, азизам,-маҳзунона гуфт Исрофил узрхоҳона ба рӯям чашм дӯхта (2,1,176).

Калимаҳои аслии тоҷикӣ новобаста ба кадом қабати лексикаи забон мансуб буданашон нишонаҳои умумии лингвистие доранд, ки имконияти фарқ кардани онҳоро аз калимаҳои иқтибосӣ фароҳам меоварад. Қабл аз ҳама, яке аз нишонаҳои хеле устувор ва фарқкунандаи калимаҳои аслии тоҷикӣ як ҳиҷоӣ будани решаи онҳост. Чунончи калимаҳои якҳиҷогии дил, сар, по, чашм, мӯ, риш, корд ва бисёр калимаҳои дигар дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ ҳамчун унсури асосиву устувор шах шуда мондаанд, аз ҳамин қабиланд:

а) Дил. Бо калимаи дил ибораҳои рехтаи дил кандан хафа шудан, дили касе гарм (касе меҳр дорад), дар дил армон намондан (орзуҳоро шикастан), дили касеро ба даст гирифтан (ба боварии касе соҳиб шудан), дили касе сиёҳ шуд (касе хиҷил шуд), дили касе заъф кард (касе хаста шуд), ба дили касе ваҳм андохтан (касеро тарсонидан), ба дили касе сардӣ даромадан муҳаббатро аз даст додан боз даҳҳои дигар ба вуҷуд омадаанд. Зимнан қайд кардан лозим аст, ки дар «Фарҳанги ибораҳои рехта»-и М.Фозилов зиёда аз 200 воҳиди фразеологӣ бо калимаи «дил» ба қайд гирифта шудааст. Қисме аз воҳидҳои фразеологии зикршударо дар таркиби ҷумлаҳо меорем:

Дил фишор мехӯрад, тук-тукаш паст ва номураттаб мегардад,...(2,2,106). Исрофил намози шом қазо нашавад, гуфта, дилашро мехӯрд ва мо дав-давон ба манзили дарёии худ баргаштем (2,1,74). Агар махфӣ набошад мефаҳмидем, ки худатон ба кадоми онҳо дил бохтаед (2,1,91).Ҳолати Аҳмадбек ба як бор тағйир ёфт. Дилашро сиёҳӣ пахш кард (2,1,160). Акаи Баракаро дил меҷӯшид , мехост дарҳол аз суҳбати имрӯза ба занаш ва Гулбаҳор ҳикоят кунад(2,3,94). Мубоҳисаҳои ғаразнок ба дилам зада буданд (2,1,203)... зани никоҳии расули худо шуда истода, ба Сафон ном ғуломи ҳамсини худ дил дода буд(2,1,228). Ин муомила на ба шаъни ту мезебад, на ба дили худам меғунҷад (2,3,120).

б). Об. Бо ин калима ҳам ибораҳои рехтаи фразеологӣ дар асар вомехӯранд: об карда хӯрдан (ба маънои ба дараҷаи олӣ донистани чизе), об ба лаби ҷӯй баробар шуд (барқарор шудани ваъияти мусоид), обро надида мӯза кашидан (беандешагӣ кардан), дасти худро ба оби хунук назадан ( танбалӣ кардан):

Рӯзе меояд, ки аз ин одам ҳама аламҳояшро мегираду об ба лаби ҷӯй баробар мешавад (2,2,93). Мо, деҳқон мардум-гуфт ӯ асосан ба Наимов муроҷиаткунон,-обро надида мӯза намекашем(2,2, 138).Зеро об аз сар лой буд(2,1,63).- Худат-ку дер меоӣ, болои сӯхта намакоб, боз кӯдакро ҳамроҳ гирифта, ба куҷое бурданат чӣ номаъқулӣ?! (2,3,101).

в) Хок. Бо калимаи хок нисбатан камтар воҳиди фразеологӣ мушоҳида гардид: тири касе хок хӯрд (ба маънои ба мақсад расидан), ба чашми касе хок пошидан (фиреб дода нотавон кардан), хока гиред зар гардад (ба мақсад расад, барака ёбад):

Ба чашми ҳариф хок пошида, баъд нохост ӯро гирифта парчини замин мекунад (2,2,160). Э хок бар сараш!- боз ба чунин хулоса омад(2, 2, 292). Фардо Бузургро ба хок месупоранд, пас фардо бегоҳӣ се мешавад(2, 3,66).

Чӣ тавре ки аз мисолҳо маълум мегардад, калимаҳои аслии тоҷикӣ дар асоси сохторӣ ва маъноии воҳидҳои фразеологӣ мавқеи муҳим доранд. Онҳоро аз рӯйи мансубияти лексикию грамматикиашон фарқ кардан мумкин аст. Онҳо баръакси калимаҳои иқтибосӣ дар доираи ҳамаи ҳиссаҳои нутқ ҷой мегиранд ва дар таркиби луғавии забон мавқеи муайян доранд.

Магистри Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ,

Исмоилова Лайлӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба