МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ МУШ ВА ЧАҒЗ
Як мушу як чағз дар соҳили ҷўйи обе бо ҳам вохўрданд ва дўст шуданд. Бо ҳам қарор доданд, ки дар вақти муайян дидорбинӣ кунанду аз дидори ҳамдигар шод шаванд.
Чағз – ғуки обӣ, қурбоққа.
Нарди дил бо ҳамдигар мебохтанд,
Аз васовис сина мепардохтанд.
Дар ин дидорбиниҳо дарди дил мегуфтанд ва қиссаҳо ҳикоят мекарданд, аз ҳар боб сухан меронданду хушу хуррам рўзгор мегузарониданд.
Ҷўши нутқ аз дил нишони дўстист,
Бастагии нутқ аз беулфатист.
Дил, ки дилбар дид, кай гардад туруш,
Булбуле гул дид, кай монад хамуш?
Рўзе муш ба чағз гуфт:
–Эй ёри гиромию доно, дили ман мехоҳад ҳамеша бо ту бошам ва ҳеҷ гоҳ аз бари ту дур нагардам. Аммо хонаи ман дар хушкӣ асту хонаи ту дар об. Ман ҳар гоҳ лаби ҷўйи об биёям, туро овоз медиҳам, вале ту овози маро намешунавӣ.
Вақтҳо хоҳам, ки гўям бо ту роз,
Ту даруни об дорӣ турктоз.
Бар лаби ҷў ман туро наъразанон,
Нашнавӣ дар об нолай ошиқон.
Чағз гуфт: –Барои ҳамин ҳам мо вохўриҳоро дар соату ҷойи муайян қарор додаем. Аммо дили муш мехост, ки гоҳу бегоҳ, дам ба дам ба дидори ғук бишитобад.
Гуфт, к-эй ёри азизи меҳркор,
Ман надорам бе рухат як дам қарор.
Аз мурувват бошад ар шодам кунӣ,
Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ.
Ту дар шабонарўз фақат ҳангоми нимарўз вохўрӣ қарор додаӣ ва ман тоби дурӣ аз ту надорам. Акнун ту, ки зираку доно ҳастӣ, чорае биандеш, ки ҳар вақт дилам танг шавад, ба ту дастрасӣ дошта бошам.
Пулдоре ба дарвеш гуфт: –Мехоҳӣ, ки як силие ба ту бизанаму имрўз як динор бидиҳам ё фардо се динор? Дарвеш гуфт, ки беҳтар мебуд агар дирўз ним динор, имрўз як динор ва фардо сад динор медоштам:
Силии нақд аз атои нася беҳ,
Ман қафо пешат кашидам, нақд деҳ.
Мушу чағз маслиҳат карданд ва чораҳо андешиданд. Дар охир бар ин қарор омаданд, ки ресмони дарозе пайдо кунанд. Як сари онро ба пойи муш ва сари дигарро ба пойи чағз бибанданд, то ҳар гоҳ ки дили муш танг шуду соҳили ҷўйи об омад, он ресмонро бикашад ва чағзро аз омадани худ огоҳ намояд.
То ба ҳам оем з-ин фан мо ду тан,
Андаромезем чун ҷон бо бадан.
Ҳаст тан чун ресмон бар пойи ҷон,
Мекашонад бар заминаш з-осмон.
Чағз (ғук) аз ин побандии хеш бо муш осуда набуд, зеро ўро ҳамҷинси худ намедонист ва дилаш намехост озодии худро аз даст бидиҳад. Аммо шарти дўстӣ набуд, ки дили дўсти худро бишканад, бо вуҷуди он ки дилаш қабули ин корро намепазируфт. Бисёр иттифоқ меафтод, ки одамӣ медонад, ки набояд ба ҷойи муайян биравад ё ба кори муайяне даст бизанад, қазову қадар кори худро мекунад ва одамиро бар хилофи майли худ ба сўе ё коре мекашад.
Ин дилам ҳаргиз намегўяд дурўғ,
Ки зи нури Арш дорад дил фурўғ.
Аммо дар баробари қазо коре аз дасти касе намеояд, чун қазо ояд, табиб аблаҳ шавад. Аз ин сабаб ҳам гоҳе нобиное аз чоҳ мегузараду бино дар чоҳ меафтад.
Силӣ – шапотӣ задан.
Ин аҷаб набвад, ки кўр афтад ба чоҳ,
Булаҷаб афтодани бинои роҳ.
Ҳам бидонад, ҳам надонад дил фанаш,
Мум гардад баҳри он муҳр оҳанаш.
Ҳангоме ки подшоҳи Ҳабаш ба Макка ҳуҷум кард, пешопеши лашкараш филҳо ҷойгир буданд ва сардастаи филон фили сафеде буд. Чун наздики Макка расиданд, фили сафед истоду пеш нарафт, ҳарчанд кашиданд, бефоида буд. Ҳама хаёл карданд, ки пойи ў хушк шудааст ва марги ў наздик аст.Онҳо намедонистанд, ки дили фили сафед ба ҳуҷум кардани ў ба Макка ва хароб кардани он роҳ намедод. Ҳамин ки филбон сари ўро аз
Макка ба сўйи Ҳабаш гардонид, фил ба роҳ афтод ва ҷон гирифт.
Бармегардем ба кори дўстон. Оқибат мушу чағз ресмоне ёфта, ҳар кадом сари ресмонро ба пойи худ баст ва ба ин васила ҳар гоҳ дилашон мехост, метавонистанд ҳамдигарро биёбанд ва дар соҳили ҷўйи об дидорбинии нав кунанд.
Рўзе муш ба ҷустуҷўйи дўсти худ дар қароргоҳ ҳозир шуд ва ресмонро кашид, ки чағзро хабар кунад.
Дар он ҳол зоғе аз осмон мушро дид ва ба сараш фурўд омада, ўро дар чанголи худ фишурду ба ҳаво парид.
Мардум диданд, ки зоғе дар чанги муш парвоз дорад ва бо ресмоне чағзро аз қафои худ дар осмон мебарад.
Ҳама ҳайрон буданду мегуфтанд:
–Чӣ гуна чунин коре имкон дорад? Чағз ҳеҷ гоҳ сайди зоғ набудааст.
Чағз фарёд зад:
– Ин бало бар ман аз ёри ноҳамҷинс расид!
Эй фиғон аз ёри ноҷинс, эй фиғон,
Ҳамнишини нек ҷўед, эй меҳон!
Ман чағз будаму хонаам дар об буд. Маро бо муш, ки манзилаш дар хок аст, чӣ нисбат буд? Сазои ҳар касе, ки бо ноҳамҷинс ёр шавад, ҳамин аст!
ДОСТОНИ СУЛТОН МАҲМУД ВА ДУЗДОН
Шаб чу шаҳ Маҳмуд бармегашт фард,
Бо гурўҳе қавми дуздон бозх(в)ард.
Шабе Султон Маҳмуди Ғазнавӣ барои огоҳӣ аз вазъи шаҳру мардумони он ба гардиши шабона рафта буд, ки ба дастае аз шабгардони дузд вохўрд. Онҳо аз ў пурсиданд, ки ў кист ва чӣ корааст.
–Ман ҳам мисли шумоҳо шабгардам.
Дуздҳо гуфтанд: –Ту ҳам ба ҷамоати мо бипайванд.
Ў бо онҳо ҳамроҳ шуд. Чун ҷое ором гирифтанд, қарор шуд, ки ҳар кадом ҳунари хоси худро ҳикоят кунад. Он гоҳ бидонанд, ки дар ин бобат кӣ чӣ медонаду метавонад.
Он яке гуфт: «Эй гурўҳи макркеш!
То бигўяд ҳар яке фарҳанги хеш.
Аввалӣ гуфт: – Ҳунари ман дар ду гўши ман аст. Ҳар садоеро бишнавам, ба мақсади соҳиби овоз пай мебарам ва ҳатто чӣ гуфтани сагу ҳайвоноти дигарро мефаҳмам.
Дувумӣ гуфт: –Хосияти ман дар чашмҳои ман аст, ҳар касеро дар торикии шаб бинам, дар рўз ҳар куҷо бошад, ўро мешиносам.
Ҳар кӣ имшаб бинам андар қирвон,
Рўз бишносам ман ўро бегумон.
Севумӣ гуфт: – Ҳунари ман дар бозуи ман аст, бо дастҳоям метавонам ҳар ҷо бихоҳам нақб бизанам.
Чаҳорумӣ гуфт: –Бинии ман ҳар бўйро фарқ мекунад. Агар хокро бў кунам, медонам, ки чӣ маъдане дар зери он пинҳон аст ва агар ганҷе нуҳуфта бошад, ҷойи онро нишон хоҳам дод.
Панҷумӣ гуфт, ки рўзии ман дар панҷаҳои ман аст, камандандози тавоное ҳастам ва ба ҳар деворе ба осонӣ мебароям.
Он гоҳ дуздон аз Султон Маҳмуд пурсиданд, ки ҳунари ту чист ва ба кадом кор машғулӣ?
Пас бипурсиданд з-он шаҳ, к-эй санад!
Мар туро хосият андар чӣ бувад?
Шоҳ гуфт: –Ҳанари ман дар риши ман аст. Ҳар гоҳ онро биҷунбонам, ҳар гунаҳгоре, ки пойи дор бошад, халос хоҳад ёфт.
Муҷримонро чун ба ҷаллодон диҳанд,
Чун биҷунбад риши ман, онҳо раҳанд!
Дуздон шод шуданд ва гуфтанд:
–Чун ту рўзе сабаби наҷоти мо аз бадбахтӣ хоҳӣ шуд, туро сарвари худ интихоб мекунем ва бо ин қарор ба роҳ афтоданд, ки ба қасри шоҳ бираванд ва хазинаи ўро бидузданд. Ҳамагӣ ба роҳ даромаданд ва то назди девори қасри султон расиданд. Саге ав-ав кард. Он ки забони ҳайвонотро мефаҳмид, гуфт: – Ин саг мегўяд, ки шоҳ дар миёни мост.
Он ки бўй мекард, гуфт: – Бўйи хазинаи султонро дар наздикии ин девор мефаҳмам.
Он дигаре, ки камандандоз буд, ҳамаро ба хазинаи шоҳ расонид. Сипас нақбзан, деворро шикофт ва ҳама вориди хазина шуда, ҳама зару гавҳари бударо бардошта ба қароргоҳи худ рафтанд. Султон Маҳмуд ҳам аз қафои онҳо рафт, ки манзили онҳоро бидонад. Баъд фурсати муносиб ёфта, ба қасри подшоҳӣ баргашт ва фавран гурўҳи посдоронро фиристод, то дуздон ва молҳои дуздидаи онҳоро ба назди ў биёваранд. Сарбо зон ҳамаашонро дастбаста пеши Султон Маҳмуд оварданд.
Дастбаста сўйи девон омаданд,
В-аз наҳеби ҷони худ ларзон шуданд.
Чун дуздон ба ҳузури шоҳ омаданд, он ки чашмаш ҳар киро шаби торик медид, рўз ба хубӣ мешинохт, султонро дар тахт дид ва донист, ки шарики шабрави дишаба ўст ва ба ҳамин сабаб гирифтор шудаанд.
Шоҳро бар тахт диду гуфт: «Ин
Буд бо мо дўш шабгарду қарин.
Он ки чандин хосият дар риши ўст,
Ин гирифти мо ҳам аз тафтиши ўст».
Пеши худ гуфт: –Худоё, оне ки овози ҳайвонотро мефаҳмид, аз овози саг шоҳро шинохт. Ман, ки чашмам чунин мебинад, ўро дар маснади шоҳӣ дида будам. Мо дуздонро ҳунарҳоямон бо ҳам гирд оварда буд ва қудрату тавоноие доштем. Аммо ин ҳунарҳо чун дар роҳи нек набуданд, моро гирифтор сохтанд:
Зарра-зарра, к-андарин арзу самост,
Ҷинси худро ҳар яке чун каҳрабост.
Аммо танҳо шоҳ буд, ки аз ҷинси мо набуд ва ҳунари ў бартар аз ҳунарҳои мо бояд бошад, зеро бо ҷунбиши риши ў гунаҳкорон аз ҷазоҳо раҳоӣ меёбанд.
Ҳар яке хосияти худро намуд,
Он ҳунарҳо ҷумла бадбахтӣ фузуд.
Он ҳунарҳо ҷумла ғули роҳ буд,
Ғайри чашме, к-ў зи шаҳ огоҳ буд.
Дар ин вақт чашми шоҳ ба онҳо афтод ва донист, ки он дузд ўро шинохтааст ва шарики шаби гузашта, мувофиқи ваъда, онҳоро аз ин гирифторӣ наҷот диҳад.
Султон Маҳмудро аз дидори онҳо шармаш омад ва гуфт:
– Ҳунарҳои дуздон сабаби бадбахтии онҳо шудааст, вагарна он ки аз овози саг шоҳро мешиносад, қадраш камтар аз саги Асҳоби Каҳф нест.
Саг чу бедор аст шаб чун посбон,
Бехабар набвад зи шабхези шаҳон.
Ҳин, зи бадномон набояд нанг дошт,
Ҳуш бар асрорашон бояд гумошт.
Ҳар кӣ ў як бор худ бадном шуд,
Худ набояд ном ҷусту хом шуд.
Эй басо зар, ки сияҳтобаш кунанд,
То шавад эмин зи тороҷу газанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё