МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ СЕ МУСОФИРИ МУСАЛМОН, НАСРОНӢ ВА ЯҲУДӢ
Як ҳикоят бишнав ин ҷо, эй писар!
То нагардӣ мумтаҳан андар ҳунар.
Ин ҷуҳуду мўъмину тарсо магар
Ҳамраҳӣ карданд бо ҳам дар сафар.
Як яҳудӣ, як мусалмон ва як насронӣ дар сафаре бо ҳам ҳамроҳ шуданд. Ҳодисае пеш ояд, ки зоғе ҷуғзу боз дар як қафас биафтанд ё намозхону бенамозе дар як зиндон гирифтор шаванд ё мардумони гуногун аз шарқу ғарб бар асари барфу борон аз ночорӣ дар як корвонсаро шабро ба сар бибаранд.
Он се ҷаҳонгард ҳам ҳангоми шаб ба корвонсарое расида, дар он ҷо монданд. Дар оғози шаб марди накўкоре барои онҳо ҳалво ҳадя овард. Ду мард – насронӣ ва яҳудӣ, азбаски сер буданд, иштиҳои хўрдан надоштанд, аммо марди мусалмон рўза гирифта буд ва гурусна монда. Бинобар ин, мехост бо ҳалвохўрӣ ифтор кунад. Ду нафари дигарӣ гуфтанд, ки беҳтар аст ҳалворо барои фардо бигузорем.
Он ду кас гуфтанд: «Мо аз худ пурем,
Имшабаш бинҳему фардояш хурем.
Сабр гирем, имшаб аз хур тан занем,
Баҳри фардо лутро пинҳон кунем».
Гуфт мўъмин: «Имшаб ин хўрда шавад,
Сабрро бинҳем, то фардо бувад».
Мусалмон гуфт: –Беҳтар аст, ки имшаб ҳалворо бихўрем ва сабрро барои фардо нигоҳ дорем.
Он ду нафар гуфтанд: – Нияти ту ин аст, ки ҳалворо танҳо бихўрӣ?
Мусалмон пешниҳод кард, ки ҳалворо се тақсим кунанд. Ҳар кас хоҳад, ҳиссаи худро бихўрад ва ҳар кӣ хоҳад, нигоҳ дорад:
Ҳар кӣ хоҳад, қисми худ бар ҷон занад,
Ҳар кӣ хоҳад, қисми худ пинҳон кунад.
Насронӣ ва яҳудӣ гуфтанд: –Дар ҳадис аст, ки қисматкунанда аҳли дўзах аст!
Мусалмон гуфт: –Ин ҳадис мегўяд, ки касе худро байни ҳавою ҳавас ва Худо тақсим кунад, аҳли оташ аст.
Қасди он ду нафар ин буд, ки ба хўрдани ҳалво аз тарафи мусалмон роҳ надиҳанд, то ки мусалмони рўзадор шабро бо гуруснагӣ ва азоб рўз кунад:
Қасдашон он, к-он мусалмон ғам х(в)рад,
Шаб бар ў дар бенавоӣ бигзарад.
Оқибат марди мусалмон пешниҳоди онҳоро пазируфт ва ҳар се ба умед хобиданд. Вақте аз хоб бар- хестанд, ҳар як ба равиши боварии хеш ба ибодати Худованд пардохтанд. Он гоҳ бо хушнудӣ гирдиҳам нишастанд ва яке аз онҳо гуфт:
–Ҳар кас хоби дишаб дидаашро бигўяд. Хоби ҳар касе, ки беҳтар бувад, ҳамон ҳалворо бихўрад.
Ин сухан поён надорад, ҳар се ёр
Рў ба ҳам карданд он дам ёрвор.
Марди яҳудӣ гуфт: –Хоб дидам, ки ҳамроҳи Мўсо (а) ба кўҳи Тур рафтем. Чун ба он расидем, ҳар се ғарқи нур шудем:
Гуфт: «Дар раҳ Мўсиям омад ба пеш»,
Гурба бинад дунба андар хоби хеш.
«Дар пайи Мўсо шудам то кўҳи Тур,
Ҳарсемон гаштем нопайдо зи нур».
Кўҳ шикофта шуда, се пора шуд. Яке ба сўйи баҳри шўр рафта ва оби он ширин шуд, пораи дигар дар замин фурў рафт ва чашмае баромад, ки оби он дармони дарди ҳар ранҷур буд. Пораи сеюм ба Каъба ва Арафот пайваст. Аз он руъё берун омадам, кўҳ ба ҷойи худ буд.
Лекин дар зери пойи Мўсо (а) монанди ях меҷўшид, то ин ки ба замин ҳамвор шуд ва зеру забар гардид. Пас аз он дидам, ки боз кўҳ ва Мўсо ба ҳоли нахуст даромаданд ва биёбон пур аз мардум аст ва ҳама дар шакли
Мўсо ҳастанду либосу асои ўро бо худ доранд ва ба сўйи Тур меравад. Баъд чунон шуд, ки ҳамаи онҳо ба сурати худ баргаштанд, гўё ки онҳо паёмбарони гузашта буданд. Ва ман донистам, ки паёмбарон ҳама як нафси воҳид ва монанди ҳам ҳастанд.
З-ин насақ мегуфт он шахси ҷуҳуд,
Бас ҷуҳуде, к-охираш маҳмуд буд.
Ҳеч кофирро ба хорӣ мангаред,
Ки мусалмон мурданаш бошад умед.
Чӣ хабар дорӣ зи хатми умри ў?
То бигардонӣ аз ў якбора рў.
Баъд навбати насронӣ расид. Ў ҳам гуфт, ки ҳазрати Исоро хоб дидааст ва бо ў то осмони чаҳорум боло рафта, шигифтиҳои фаровонро ба чашм дидааст.
Пас мусалмон гуфт: «Эй ёрони ман!
Пешам омад Мустафо, султони ман.
Пас маро гуфт, он яке бар Тур тохт
Бо калими Ҳаққу нарди ишқ бохт.
В-он дигарро Исии соҳибқирон
Бурд бар авҷи чаҳорум осмон.
Хез, эй пасмондаи дидазарар!
Боре он ҳалвою яхниро бих(в)ар».
Мусалмон гуфт:
– Муҳаммади Мустафоро хоб дидам, ки ба ман фармуд:
– Дўстони ту яке бо Мўсои Калим пайваст ва дигаре бо Исои Масеҳ дар Арши Худо ҳамроҳ шуд. Ту чаро бекор нишастаӣ? Бархезу ҳалворо бихўр, зеро он ду нафар бо пайғамбарону фариштагон ҳамкосаанд ва ба орзуҳои худ расидаанд.
Ман ҳам ба фармони Пайғамбари Худо ҳалворо нўши ҷон кардам.
Яҳудӣ ва насронӣ доду фарёд бардоштанду гуфтанд:
–Эй тамаъкори ҳарис, чӣ гуна ин корро кардӣ?
Мусалмон гуфт: – Ту яҳудӣ, оё аз фармони Мўсо (а) саркашӣ мекунӣ? Ё ту, эй марди насронӣ, метавонӣ нишондоди
Исоро (а) ношунида бигирӣ?
Ту, ҷуҳуд! Аз амри Мўсо сар кашӣ?
Гар бихонад дар хушӣ ё нох(в)ашӣ.
Ту, масеҳӣ! Ҳеч аз амри Масеҳ,
Сар тавонӣ тофт? Дар хайру қабеҳ.
Ман зи фахри анбиё сар чун кашам?
Хўрдаам ҳалвову ин дам сарх(в)ашам».
Аз ҷавобҳои мусалмон он ду ҳайрон, гуфтанд:
– Ба Худо, хоби ростро ту дидӣ, чаро ки асараш дар бедорӣ ошкор аст. Асли кор хидмат кардан аст. Хўйи хушу донишу чобукию ҳушёрӣ чӣ фоида дорад? Сомирӣ, ки аз тиллоҳо гўсола сохт ё Қорун, ки ганҷҳои фаровон дошт, чӣ фоида бурданд? Ҳунар он аст, ки ба чашм битобад ва ба даст ламс шавад.
Пас, бигуфтандаш, ки валлаҳ хоби рост
Ту бидидӣ в-ин беҳ аз сад хоби мост.
ДОСТОНИ ШУТУР, ГОВ ВА ҚУЧ
Шутуру гову қуче1 бо ҳам ба роҳе мерафтанд. Ба ҷое расиданд, ки як даста гиёҳ рўйида буд.
Қуч гуфт: –Агар ин алафҳоро байни якдигар тақсим кардан хоҳем, кироӣ нест ва ба касе кифоя намекунад. Беҳтар аст ин алафҳоро якеамон бихўрад, то сер шавад. Беҳтар аст муайян кунем, ки умри касе бештар аст, ҳамон алафро бихўрад. Зеро гуфтаанд, ки як шиками сер аз даҳ шиками гурусна беҳ аст. Ба илова, пайғамбарамон супориш додаанд, ки пирону бузургонро эҳтироми сазовор кунем:
Ки акобирро муқаддам доштан
Омадаст аз Мустафо андар сунан.
Агарчи дар ин замона мардумони паст пиронро танҳо дар ду ҷо эҳтироми пешкорӣ медиҳанд, яъне ё барои чашидани хўроки бисёр гарм ё ҷойи дигар ҷиҳати гузаштан аз пулҳои хароб пеш мегузаронанд.
Касоне, ки ба зоҳир ба бузургону пирону раҳбарон эҳтиром мегузоранд, хубию бадиашон аз якдигар кам фарқ дорад.
Подшоҳе ба масҷид мерафт, ки зоҳиран ғами мардумро хўрдан мехост. Дар сари роҳ навкарон ва посбонон мардумро мезаданд, ки аз сари роҳи ў дур шаванд.
Қуч– гусфанди нар, қушқор.
Бегуноҳеро ҳам бе ҳеҷ сабаб даҳ чўб заданд. Бечора хунрезону гирён фарёд мезад:
–То ин зулмҳои махфиро пайдо кардану бартараф намудан пеши ин зулмҳои ошкоратро бигир. Агар то масҷид рафтан ин кори хуби ту бо ин қадар зулм аст, пас кори бади ту чӣ гуна бошад? Ситамгар аз гург бадтар аст, зеро гург, агарчи ситамгар аст, он фарҳангу бадкирдорию фиреб доданро, ки дар одамӣ ҳаст, надорад:
Гург дарёбад валиро, беҳ бувад,
З-он ки дарёбад валиро нафси бад.
З-он ки гург арчи ки бас истамгарест,
Лекаш он фарҳангу кайду макр нест.
В-арна кай андарфитодӣ ў ба дом,
Макр андар одамӣ бошад тамом.
Тамоми фиребу ҳилаҳо дар одамон асту бас.
Он гоҳ қўшқор гуфт:
–Эй дўстон, ҳар кадоме дарозии умри худро бигўяд, то бидонем, ки кӣ бузургтар аст. Ман худам дўсту ёри қуче (қўшқоре) ҳастам, ки Иброҳим (а) ўро ба ҷойи Исмоил (а) қурбонӣ кард ва бо ҳам дар як чарогоҳ мечаридем.
Гов гуфт: –Ман аз ту солхўрдатар ҳастам, зеро ҷуфти он гове ҳастам, ки ҳазрати Одам (а) ҷуфтронӣ кард. Ман ҷуфти он говам, ки падари одамиён маро ром намуд ва заминҳои худро кишт мекард.
Шутур ба суханҳои онҳо гўш карду гардани дарози худро поён кард ва қабзаи алафро аз замин канда, гарданашро боло кард ва дар ҳоли хўрдан гуфт:
–Ман бо ин ҷуссаву сару гардан ҳоҷат ба таърих надорам.
Чун ҳама кас донад, ҷон падар,
Ки набошам аз шумо ман хурдтар.
Ва бо ин гуфтор алафро канда фурў бурд:
Ки маро худ ҳоҷати таърих нест,
К-инчунин ҷисмеву олӣ гарданест.
ДОСТОНИ ШОҲИ ТИРМИЗ ВА ДАЛҚАК
Саййиди Тирмиз, ки он ҷо шоҳ буд,
Масхарай ў далқаки огоҳ буд.
Подшоҳи Тирмиз дар Самарқанд кори муҳимме дошт ва хост як нафарро ба он ҷо бифиристанд, ки ў зуд бираваду кори ўро анҷом дода баргардад. Барои ин кор фармон дод, ки дар шаҳр фарёд бизананд ва ҳар кас омода ба рафтан бошад, биёяд ва аспу тўшаи раҳро бигирад. Ў далқаке дошт, ки ба деҳа рафта буд. Ҳамин ки ин хабарро шунид, савори асп шуда, бо шитоби тамом роҳи шаҳрро пеш гирифт.
Ҳамин ки ба шаҳр расид, ба дарбори шоҳ рафт ва бе таъхир ба ҳуҷраи ў расид. Мардумон, ки аз мунодии шоҳ хабари касеро ба Самарқанд фиристоданро шунида буданд, ҳоло бо шитоб вориди шаҳр шудани далқакро медиданд. Ў монанди касе, ки хабари муҳимме дорад ва аз сирри калоне огоҳ асту ба хеч кас сухан намегўяд ва масъала он қадар аҳамият дорад, ки шоҳ ҳам ўро бегуфтугў мепазирад. Бинобар ин, ҳама ҳаросону дилбагумон шуда, дар пайи донистани ин хабар ва дар интизори балое барои мардуми шаҳр шуданд. Аммо далқак бо ҳеч кас сухан намегуфт ва танҳо ба ҳузури шоҳ расидан мехост. Ў зуд-зуд нафас мекашид, ба подшоҳ гуфт:
–Иҷозат бидеҳ, нафасамро рост кунам ва сухан гуфтан битавонам. Охир ман фарсангҳо асп рондаам ва атрофи қаср давидаам, то суханамро ба ту бирасонам
Баъди як соат, ки шоҳ аз ваҳму зан,
Талх гашташ ҳам гулўву ҳам даҳан,
Ки надида буд далқакро чунин,
Ки аз ў хуштар набудаш ҳамнишин.
Шоҳ дар интизори сухан гуфтани далқак буд ва ба ёд меовард, ки ин мард ҳамеша бо суханҳои ханда- овару корҳои шодиовар ўро механдонд, то ҳол чунин чеҳраи дарҳаму ҳолати асроромез надошт. Ў ба ҳарос афтод, ки Худо накарда бошад, ки душмани деринаи ў подшоҳи Самарқанд ба Тирмиз лашкаркашӣ карда ва қасди гирифтани шаҳр дошта бошаду масхарабоз хабар шудааст ва зуд омадааст, ки шоҳро огоҳ кунад.
Гуфт: «Зутар бозгў, то ҳол чист?
Инчунин ошўбу шўри ту зи чист?»
Оқибат далқак овоз бароварду гуфт:
–Эй шоҳ, ман дар роҳ будам, шунидам, ки ҷорчии ту фармонатро дар кўчаю бозорҳо эълон кард, ки ҳар кас битавонад серўза то Самарқанд рафта расад ва нишондоди туро кор фармояд, ба ў аспу пул ва мукофот хоҳӣ дод. Ман бо шитоб худамро ба дарбор расонидам, то ба ту бигўям, ки мунтазири ман набош, зеро ман қудрате надорам, ки чунин кореро ба ўҳда гирам.
Гуфт: «Ман дар деҳ шунидам, он ки шоҳ
Зад мунодӣ бар сари ҳар шоҳроҳ.
Ки касе хоҳам, ки тозад то се рўз
То Самарқанду диҳам ўро кунуз.
Ганҷҳо бидҳам варо андар иваз,
Чун шавад ҳосил зи пайғомаш ғараз.
Ман шитобидам бари ту, баҳри он,
То бигўям, ки надорам он тавон.
Инчунин чустӣ наёяд аз чу ман,
Боре ин уммедро бар ман матан»!
Шоҳ гуфт: –Лаънат бод бар ту бо ин шитобу ҳаросат! Мардуми бечораи шаҳрро ба тарс андохтӣ. Ба дили ман ҳам шўр афтод, ки ту чӣ хабаре оварда бошӣ? Кӣ аз ту хоста буд, ки ба Самарқанд биравӣ, ки бо чунин овозаю дарвоза барои он омадаӣ, ки ба ман хабари аз уҳдаи ин кор наомаданро бирасонӣ.
Вазири подшоҳ гуфт: –Ман гумон мекунам, ки Далқак дар ҳақиқат мақсади дигаре доштааст ва чизи дигар ўро бо ин қадар шитоб ба дарбор кашидааст. Аммо ҳоло аз изҳори он пушаймон шуда, барои ин ки аз шоҳ мақсадро бипўшонад, дурўғ мегўяд. Вагарна одами доно ин қадар роҳро шитобон барои ҷавоби коре, ки аз ў нахостаанд ва ў наметавонад иҷро кунад, тай наменамояд. Бояд ўро шиканҷа кунем, то ҳақиқатро бигўяд. Далқак ин суханро шунид, рангаш парид ва нолаву зорӣ кард:
Гуфт Далқак бо фиғону бо хурўш:
«Соҳибо, дар хуни ин мискин макўш.
Бас гумону ваҳм ояд дар замир,
К-он набошад ҳаққу содиқ, эй амир!
Шаҳ нагирад он, ки меранҷонадаш,
Аз чӣ гирам он, ки механдонадаш?»
Гуфти соҳиб пеши шаҳ ҷогир шуд,
Кошифи ин макру ин тазвир шуд.
Гуфт: «Далқакро суйи зиндон баред,
Чоплусу зарқи ўро кам х(в)аред.
Далқак гирякунон мегуфт: – Одамӣ иштибоҳ мекунад ва бо хаёлу ваҳму гумон ба назараш чизе мерасад. Дар ҳаққи ман гумони бад набояд бурд ва ман хаёли бад надоштам. Танҳо мехостам зудтар шоҳро аз нотавонии худ огоҳ созам.
Аммо шоҳ, ки аз кори масхарабоз сахт бесаранҷом шуда буд, панди вазирро қабул кард ва хост ба василаи ҷазо ҳақиқати хости Далқакро бифаҳмад. Бинобар гуфт, ки ўро шиканҷа кунанд, то ба фикри аслии ў пай баранд ё ў ба гуноҳи худ иқрор шавад. Далқак аз шоҳ хоҳиш кард, ки ба ў муҳлат бидиҳад ва бесабаб хуни бегуноҳеро нарезад. Савганд хўрд, ки ҷуз кори кардааш ва сухани гуфтааш ҳақиқатан хаёли дигаре надошт.
Гуфт, ки ў асири дасти шоҳ аст ва ў ҳақ дорад ҳар балое хоҳад, ба сараш биёрад. Аммо беҳтар аст шитоб накунад ва пухтагӣ кунад, то бидонад, ки ман фармонбардори шоҳам ва қасди баде надоштаам. Агар гуноҳе карда бошам, вақт барои ҷазо ҳамеша ҳаст:
Чораи дафъи бало набвад ситам,
Чора эҳсон бошаду авфу карам.
Шоҳ гуфт: – Ҳар кор мавқеъ ва ҷойи дорад. Некўии нобаҷо асари бад бар ҷой хоҳад гузошт. Ҳамчунон ки адл чизе ҷуз анҷоми кори бамавқеъе нест ва зулму ситам баръакси он аст, яъне анҷоми коре дар ғайри мавқеъ ва нобаҷо.
Далқак гуфт: – Ман намегўям маро ҷазо надеҳ. Ман мегўям шитоб накун ва бо сабру ҳавсала ба сухани ман гўш деҳ, то хашми ту фурў нишинад. Он гоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун.
Ҳин, раҳи сабру тааннӣ дар мабанд,
Сабр кун, андеша мекун рўз чанд.
Дар ин хел кору дар ҳар кори дигар сабру машварат пўшаймонӣ намеоварад ва Худованд ҳам ба Паёмбари акрам (с) ҳамин дастурро додааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё