Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ МАРДИ ҚАРЗДОР ВА МУҲТАСИБИ ТАБРЕЗ

Он яке дарвеш з-атрофи диёр,

Ҷониби Табрез омад вомдор.

Вомдор – қарздор.

Дарвеше ба Табрез омад. Дар он шаҳр марди некўкору бахшандае муҳтасиб ё худ раиси шаҳр буд ва

Бадриддин Умар ном дошт. Ў одаме буд, ки пайваста ба кўмаки мардуми шаҳр меомад ва он дарвеш ҳам, ки бо вай ошноӣ дошт, аз ҷумлаи намакхўрдаҳои ў буд.

Ҳотам ар будӣ, гадои ў шудӣ,

Сар ниҳодӣ, хоки пойи ў шудӣ.

Муҳтасиб ҳамеша гирифторону дармондагонро ёрӣ медод. Он дарвеш ҳам чанд вақт боз ба хулқу атвори муҳтасиб шинос буд ва ҳоло ҳам, ки ҳазор динор қарздор шуда буд, ба дархости ёрӣ барои адои қарзи худ ба ҷустуҷўйи муҳтасиб ба шаҳри Табрез омада, умедворона ба дари хонаи вай рафт ва ўро суроғ кард. Бадбахтона, ба ў хабар доданд, ки муҳтасиб чанд рўз пеш аз ҷаҳон даргузаштааст. Дарвеш бо шунидани ин хабар аз шиддати ноумедӣ беҳуш шуд:

Наърае зад марду беҳуш уфтод,

Гўиё ў низ дар пай ҷон бидод.

Бас гулобу об бар рўяш заданд,

Ҳамраҳон бар ҳолаташ гирён шуданд.

То ба шаб беҳуш буду баъд аз он

Ниммурда бозгашт аз ғайб ҷон.

То нимаи шаб дар ҳоли беҳушӣ буд ва чун кам-кам ҳолаш ба ҷо омад, даст ба даргоҳи Худованд бардошту гуфт:

–Эй Худованд! Маро бибахш, ки ба халқ такя кардам ва умед ба дигаре бастам ва туро фаромўш кардам.

Дуруст аст, ки муҳтасиб марди некўкор ва бахшандае буд, ба ман кўмаки молӣ мекард. Аммо он чи ў ба ман медод, инъикоси лутфи ту буд ва ин ту будӣ, ки ба ў хислати бахшандагӣ дода будӣ!

Ў кулаҳ бахшиду ту сар пурхирад,

Ў қабо бахшиду ту болову қад.

Ў зарам доду ту дасти заршумор,

Ў сутурам доду ту ақли савор.

Зар аз они туст, зар ў н-офарид,

Нон аз они туст, нон аз туш расид.

Он сахову раҳм ҳам ту додияш,

К-аз саховат мефузудӣ шодияш.

Ман мар ўро қиблаи худ сохтам,

Қибласози аслро андохтам.

Одамӣ мазҳару инъикоси сифоти Худост ва он муҳтасиб ҳам ойиндори бахшишу дастгирии Худованд буд.

Ҳар чӣ дар вай менамояд, акси ўст,

Ҳамчу акси моҳ андар оби ҷўст.

Бо вуҷуди ин, он марди ғариб бар марги муҳтасиб зор-зор мегирист, то дараҷае, ки дар шаҳр шуҳрат пайдо кард ва як мададгоре пайдо шуд, ки дўсти муҳтасиб буд ва дилаш ба ҳоли он дарвеш сўхт. Ба фикри чораи халосии дарвеш аз қарзаш афтод ва қарор дод, ки бо кўмаки мардум ин корро анҷом диҳад. Бо ин мақсад дар шаҳр мегашт ва қиссаи қарздории дарвешро ҳикоят мекард ва аз ҳама ёрӣ мепурсид. Аммо аз сад динор бештар ҷамъ карда натавонист, ки ин миқдор дарди дарвешро даво намекард. Қарор дод, ки ўро дилдорӣ намояд. Ба ў мегуфт:

–Огоҳ бош, ҳар чӣ ҳаст аз Худованд мерасад, аммо бо сабабу василаи лутфи Парвардигор ин корҳо сурат мегиранд. Дар нисбати ту муҳтасиб васила будааст ва бояд, ки ҳаққи ўро ба ҷо биёрӣ, чаро ки шукри меҳрубониҳою дастгириҳои халқ – шукри Холиқ аст.

Худо эҳсон мекунад ва ин некўӣ ба воситаи дигарон ба одамӣ мерасад.

Бо ин суханон дарвешро бар сари гўри муҳтасиб бурд ва ўро насиҳат кард, ки дар ёд дорад: шукри халқ– шукри Парвардигор аст.

Рўзи қиёмат Худованд аз банда мепурсад, ки барои ман чӣ кор кардӣ?

Банда мегўяд: –Шукри сипоси туро ба ҷо овардам.

Худованд мегўяд: –Чун аз касе, ки ба ту меҳрубонӣ кардааст, сипосгузорӣ накардаӣ, шукри маро ба ҷо наёвардаӣ!

Гўядаш Ҳақ: «Ту накардӣ шукри ман,

Чун накардӣ шукри он икрому фан.

Бар кариме кардаӣ зулму ситам,

На зи дасти ў расидат неъматам?»

Дарвеш ба гўри муҳтасиб расид ва шурўъ ба гиряю зорӣ оғоз кард ва гуфт:

–Ту умеди дармондагон будӣ ва то ҷое, ки метавонистӣ, онҳоро дастгирӣ менамудӣ. Ман ҳам сипосгузори муҳаббату саховати ту ҳастам.

Ту куҷоӣ, то маро хандон кунӣ,

Лутфу эҳсон чун худовандон кунӣ.

Ту шудӣ сўйи Худо, эй муҳтарам,

Пас ба сўйи Ҳақ равам ман низ ҳам.

Чун он дарвеши ғарибу марди мададгор аз сари гўри муҳтасиб бозгаштанд, мададгор ўро ба хонаи худ бурд ва пазироӣ карду ҳамон ҷо хобонид. Ҳамон шаб мададгор муҳтасибро дар хоб дид, ки ба ў гуфт:

–Ман гуфтугўйи туро бо дарвеш шунидам, аммо дар ҳолати доштаам, барои гуфтани фикру андешаам иҷозат надорам. Зеро пас аз марг пардаҳо аз пеши чашми мо дур мешаванд ва ҳама чизро мебинему мефаҳмему медонем, вале лаб кушода наметавонем.

Муҳтасиб дар хоб ба мададгор гуфт:

–Акнун ба ман гўш бидеҳ! Ман ду сол пеш аз мурданам аз ҳолу кори дарвеш огоҳ будам ва медонистам, ки қарздор аст. Ба ин сабаб дар дафтари худ ёддошт кардам ва мунтазир будам, ки дарвеш биёяд ва бо дасти худам қарзи ўро бидиҳам, аммо марг муҳлат надод. Ман барои ў чанд гавҳари гаронбаҳо дар хонаи худ пинҳон кардаам. Қимати онҳо зиёдтар аз қарзи ўст, ҳамааш моли вай аст:

Баҳри ў бинҳодаам он аз ду сол,

Кардаам ман назрҳо бо Зулҷалол.

Мард аз хоб бедор шуд ва хоби худро ба дарвеш гуфт. Иттифоқ карданд, ки ба хонаи муҳтасиб бираванд ва ҷойи пинҳонкардаи гавҳарҳоро ёбанд. Чунин ҳам карданд. Ҳамин тариқ, муҳтасиби накўкор пас аз марг низ ба ёрии дарвеш омад ва ҳамчунон ки дар зиндагонӣ ўро дастгирӣ карда буд, баъд аз мурдан ҳам ўро ёрӣ дод, ки ҳам қарзҳояшро адо кунад ва ҳам аз моли дунё бениёз гардад.

ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА ФАҚЕҲ

Подшоҳе базме барпо намуд ва бо нўшидани шароб сархушӣ мекард. Муллое аз дари қасри ў мегузашт.

Шоҳ ўро диду фармон дод, ки вайро наздаш биёранд, то дар шодию сурури шоҳ шарик шавад.

Чун муллоро пеши шоҳ оварданд, фармон дод, ки ба ў ҳам шароб бидиҳанд. Марди фақеҳ гуфт:

–Ман ҳеҷ гоҳ шароб нахўрдаам ва онро ҳаром медонам. Агар ба ҷойи шароб ба ман заҳр бидиҳед, бароям хуштар аст.

Шоҳ гуфт: –Шаробаш бидиҳед ва гармаш кунед, то хушҳол шавад.

Фақеҳ фарёд мезад, ки нахоҳам нўшид. Шоҳ исрор кард ва мулло инкор. Кор то ба ҷое расид, ки мулло фарёд зад, ки маро бикушеду шаробам надиҳед. Шоҳ ба соқӣ гуфт:

–Бо зурӣ бошад ҳам, бояд ўро шароб бинўшонӣ!

Соқӣ ҳам дар оғоз бо забони хуш ўро ба нўшидан даъват кард ва чун мулло қабул накард, озораш дод ва чанд силӣ ба рўяш зад, то ин ки он мард аз тарси шиканҷа ночор тан ба нўшидан дод. Ҷоме ду-се чун нўшид, сармасту хушҳол шуду дунё дар назараш дигаргун гардид, ту гўйӣ на дине дошт ва на ҳаромеро мешинохт. Шурўъ ба рақсу пойкубӣ намуд ва дар сурудхонӣ бо аҳли маҷлис ҳамовоз гардид. Дар ҳоле ки сарро аз по фарқ намекард, бархосту ба дастшўйӣ рафт.

Дар роҳ канизаки монанди моҳ зебоеро дид ва на бо як дил, балки бо сад дил ошиқи ў шуд.

Чун бидид ўро, даҳонаш боз монд,

Ақл рафту тан ситампардоз монд.

Хост, ки ўро ба зўрӣ дар оғўш бигирад, канизак фарёд баровард ва барои халосии худ ёрӣ талабид, вале мулло даст боз намедошт. Мастию шаҳвати айш бо ҳам як шуда буд ва зани зеборо раҳо накарда, ўро чун хамир бо дастҳояш мефишурд.

Доду фарёди онҳо шоҳу ҳамроҳонашро ба берун овард ва ҳамин ки шоҳ аз моҷаро огоҳ шуд, хашмнок шуда, чашмаш хун гирифт ва хост, ки ҳардуро бикушад. Муллоро, ки аз тарс ҳушёр шуда ба фикри наҷоти ҷони худ буд, барҷасту як пиёлаи пури шаробро аз дасти соқӣ рабуда, якбора дам кашид ва рақскунон ба соқӣ гуфт:

–Чаро ба шоҳ шароб намедиҳӣ? Зуд бош! Ба зўр ҳам, ки бошад, ўро аз шароб серобу сармаст кун, то хушҳолу сархуш шавад!

Шоҳро аз шунидани ин амр ханда омад ва канизро ба мулло бахшид. Гуфт:

–Ҳарду бираведу ҳаёти хуш гузаронед. Ман подшоҳи одил ҳастам. Ҳар чӣ худам мехўрам, ба дигарон ҳам медиҳам ва ҳар чӣ ба худ раво медорам, дар ҳаққи дигарон ҳам раво хоҳам дошт:

Подшоҳам, кори ман адл асту дод,

З-он хурам, ки ёрро ҷудам бидод.

Он чӣ онро ман нанўшам ҳамчу нўш,

Кай диҳам дархурди ёру хешу туш?

З-он хуронам ман ғуломонро, ки ман

Мехурам бар хони хоси хештан.

З-он хуронам бандагонро аз таъом,

Ки хурам ман худ, зи пухта ё ки хом.

Ман чу пўшам аз хазу атлас либос,

З-он бипўшонам ҳашамро на палос.

пешина
аз 47