МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ЯҲЁ ВА ИСО ДАР ШИКАМИ МОДАР
Модари Яҳё (а) рўзе ба Марям (р) – модари Исо (а) гуфт:
–Ман яқин дорам кўдаке, ки дар шиками туст, Паёмбари Худост, чун рўзе кўдаке, ки ман дар шикам дорам ва ба он обистанам ба ҳоли саҷда ба сўйи ту баромад. Чунон ки аз ҷунбиши дасту пойи ў диламро дард гирифт.
Марям гуфт:
–Рост мегўйӣ. Ман ҳам дар даруни худ чунин ҷунбишеро эҳсос кардам.
Мардуми нодон мегўянд, ки ин афсона аст ва набояд бовар кард.
Аблаҳон гўянд к-ин афсонаро,
Хат бикаш, зеро дурўғ асту хато.
Чун Марям, ҳангоме ки ҳомила буд, беруни шаҳр мезист ва аз дидори касон парҳез мекард, ҳаргиз модари Яҳёро ҳам надида буд, то бидонем ин афсона рост аст ё на. Аммо ин зоҳири кор аст. Агар касе дар пайи ботин бошад, метавонад басо нишонаҳои дурустии ин достонро ба даст биёварад, чунки:
Эй бародар, қисса чун паймонаест,
Маънӣ андар вай мисоли донаест.
Донаи маънӣ бигирад марди ақл,
Нангарад паймонаро гар гашт нақл.
Моҷарои булбулу гул гўш дор,
Гарчи гуфтӣ нест он ҷо ошкор.
Моҷарои шамъ бо парвона ту,
Бишнаву маънӣ гузин з-афсона ту.
Достони «Калила ва Димна»-ро шунидаӣ? Чӣ гуна Калила бе забон сухан мегуфт ва Димна бе баён мефаҳмид. Чӣ гуна Димна аз шер ба гов ва аз гов ба шер паём мебурд ва ҳар дуро мефирефт. Гов чӣ гуна вазири шер мешуд ва фил чаро аз дидани акси моҳ дар об ҳаросид. Агар даду дом ҳарфи якдигарро мефаҳмиданд.
Одамӣ аз куҷо медонад онҳо чӣ мегўянд? Булбулу гул бо шамъу парвона бо ҳам чӣ гуна розу ниёз мекунанд.
Албатта, инҳо ҳама аз тамсил аст. Касе, ки дубин аст, вақте дар осмон нигоҳ мекунад, ду моҳро мебинад ва агар ба ў мегўянд «моҳ якест», мегўяд, «дурўғ аст».
Агар ба шўхӣ ба ў бигўянд «моҳ дутост», мегўяд, ки рост мегўед! Вале, ба ростӣ, як моҳ дар осмон аст. Ҳама ҷо набояд ба зоҳир нигарист, ба маънӣ ҳам бояд таваҷҷуҳ дошт. Афсонаҳо одамиро ба диёри маънӣ мебаранд. Тарзе ки ба чашм наояд, аммо воқеият нишони он медиҳад.
ДОСТОНИ ДАРАХТИ ЗИНДАГӢ
Гуфт доное барои достон,
Ки дарахте ҳаст дар Ҳиндустон.
Ҳар касе к-аз меваи ў хўрду бурд,
Не шавад ў пир, не ҳаргиз бимурд.
Подшоҳе ин шунид аз содиқе,
Бар дарахту мевааш шуд ошиқе.
Қосиде доно зи девони адаб,
Сўйи Ҳиндустон равон кард аз талаб.
Марди сафаркардае достоне гуфт, ки дар Ҳиндустон дарахте ҳаст, ҳар кас меваашро бихўрад, на пир мешавад ва на мемирад. Подшоҳе ин достонро шунид ва бовар карду яке аз дарбориёни донишманди худро ба сарзамини Ҳинд фиристод, ки он дарахтро ҷустуҷў кунад.
Он мард ба диёри Ҳинд рафт ва ҳама шаҳрҳоро гашту аз ҳар кас аз он дарахт пурсид. Ўро ришханд карданд, ки чӣ гуна мумкин аст чунин дарахте бошад ва мо надонем.
Ҳеч аз мақсуд асар пайдо нашуд,
З-он ғараз ғайри хабар пайдо нашуд.
Риштаи уммеди ў бигсаста шуд,
Ҷустаи ў оқибат ноҷуста шуд.
Кард азми бозгаштан сўйи шоҳ,
Ашк мебориду мебуррид роҳ.
Охир аз гардишу ковиш ба ҷое нарасид. Навмеду хаста қасди бозгашт кард ва нигарон буд, ки нокомии худро ба шоҳ бозгўяд. Дар ин ҳол шунид, ки дар шаҳре, ки буд, пире орифу донишманд зиндагӣ мекунад. Пеши ў рафт, то шояд гиреҳе аз кораш бикушояд.
Гуфт: «Шайхо, вақти раҳму риққат аст,
Ноумедам, вақти лутф ин соат аст».
Шайх хандиду гуфт:
–Эй мард он дарахте, ки ту дар ҷустуҷўяш ҳастӣ, дарахти дониш ҳасту далел ин ки надидаӣ, барои ин аст, ки ту дунболи зоҳир мегардӣ. Ба сурат нигоҳ карда, аз маънӣ ғофил шудаӣ. Ин дарахт номҳои гуногун дорад. Гоҳе онро дарахт, гоҳе офтоб, гоҳе дарё ва гоҳ абр мехонанд.
Ту чӣ барчафсӣ бар ин номи дарахт?
То бимонӣ талхкому шўрбахт.
Даргузар аз ному бингар дар сифот,
То сифотат раҳ намояд сўйи зот.
Ихтилофи халқ аз ном уфтод,
Чун ба маънӣ рафт, ором уфтод.
ДОСТОНИ ЧАҲОР МАРД, КИ ЗАБОНИ ЯКДИГАРРО НАМЕФАҲМИДАНД
Чаҳор нафар, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезаданд ва якдигарро намефаҳмиданд, дар сафар ҳамроҳ шуданд. Дар роҳ марде ба онҳо дираме дод, ки ба он ҳар чӣ мехоҳанд, бихаранд. Форсизабон гуфт: «Ангур бихарем», арабзабон гуфт: «Инаб бихарем». Туркзабон «Узум» хост ва румӣ гуфт: «Ман ҳеҷ кадомро намехоҳам, истофил бихарем».
Дар танозўъ он нафар ҷангӣ шуданд,
Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.
Танозўъ – бо ҳам низоъ кардан, бо якдигар душманӣ кардан.
Мушт барҳам мезаданд аз аблаҳӣ,
Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ.
Бо ин ки ҳар чаҳор нафар як чизро мехостанд, аммо номҳои мухталиф ба кор мебурданд ва кашмакаш мекарданд. Агар забондони доное он ҷо мебуд, ба онҳо мегуфт:
–Бо ҳамин як дирам орзуи ҳамаро мебарорам. Агар бо ҳам ҳамзабон буданд, ҳамин як дирам кори чаҳор дирамро мекард. Ба илова, бо ҳам дўст мемонданд ва корашон ба даъво намекашид.
Соҳиби сирре, азизе, садзабон,
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.
Пас бигуфтӣ ў ки ман з-ин як дирам
Орзуи ҷумлатонро медиҳам.
Чунки биспоред дилро бедағал,
Ин дирамтон мекунад чандин амал.
Як дирамтон мешавад чор, алмурод
Чор душман мешавад як з-иттиҳод.
Паёмбари акрам (с) фармуд: «Мусалмонон чун бо ҳам яке шуданд, корашонро пеш бурданд ва ҳамин ки бо ҳам ба душманӣ пардохтанд, дигар кори хубу арзишмандеро анҷом надоданд».
ДОСТОНИ ЧЎҶАҲОИ МУРҒОБӢ ВА МУРҒИ ХОНАГӢ
Зери мурғи хонагӣ тухми мурғобӣ ниҳоданд.
Чўҷаҳо сар аз тухм бароварданд ва мурғ ба парвариши онҳо пардохт.
Мурғ аз обу дарё метарсид, вале ҷўҷаҳои мурғобӣ дар дилу дар табиат хостори обу дарё буданд ва мекўшиданд худро ба об андозанд. Ин майли обро аз модар ба ирс бурда буданд, аммо мурғи хонагӣ намедонист, ки онҳо аз об наметарсанд.
Инсонро, ки Худованд гиромитарин офаридаи хеш номидааст, агарчи рўйи хок зиндагӣ мекунад ва таъбаш ба пастӣ мегарояд, монанди чўҷаҳои мурғобӣ аслаш аз дарёст. Бинобар ин, бояд бошарафу обрўманд умри хешро ба поён бирасонад.
Ту ба тан ҳайвон, ба ҷонӣ аз малак,
То равӣ ҳам бар замин, ҳам бар фалак.
Ту ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об тавонӣ зиндагӣ кардан. Агар бимирӣ, танат дар хок меравад, вале рўҳ равонаи роҳи осмон аст. Дили мо аз ин роҳ огоҳ аст, вале чашми зоҳир намебинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё